23:15:03 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

БОЗГАШТ АЗ ДЕҲЛӢ БА ДУШАНБЕ БО ИМЗОИ 12 САНАД

Ҳайати баландпояи Тоҷикистон таҳти сарварии президент Эмомалӣ Раҳмон аз Деҳлӣ ба Душанбе баргашт. Як манбаъ дар Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ба мо гуфт, ки шоми 4-уми август Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳаш пас аз анҷоми сафари расмии чоррӯзаи худ ба Душанбе бозгашт.

/images/stories/2012/09/05_janob-india-050912.jpgБа гуфтаи ин манбаъ, дар ҷараёни ин сафар бар иловаи 6 санаде, ки миёни вазоратхонаҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои давлатии Ҳиндустон дар бахши энергетика, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва варзиш ба имзо расида буд, боз 6 санади муҳими дигар миёни сохторҳои масъули давлатии Тоҷикистон бо ширкатҳои мухталифи давлатию хусусии Ҳиндустон ба имзо расидааст.

Аз ҷумла миёни Вазорати энергетикаву саноати Тоҷикистон бо ширкатҳои Khoday groop, ширкати таҷҳизоти барқии BHELL, Gemfields, Chadha Power, ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст. Ва Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати  “Ходай груп”-и Ҳиндустон (Khoday groop) оид ба ҳамкории фаннӣ-илмӣ тавофуқ кардаанд.

Ҳамчунин Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва бунёди байналмилалии Ҳиндустону Осиёи Марказӣ ICAF як қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Бо имзои ин санадҳо, сафари панҷумини Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳиндустон ба поён расид.

Ин боздиди президенти Тоҷикистонро таҳлилгарон дар амри рушди ҳамкориҳои ду кишвар бисёр муҳим арзёбӣ мекунанд. Ҳиндустон Тоҷикистонро шарики калидии худ дар Осиёи Марказӣ номида, изҳори омодагӣ кардааст, ки равобити дуҷонибаро ба сатҳи шарикии стратегӣ хоҳанд расонид.

Дар баёнияи муштараке, ки миёни Тоҷикистону Ҳиндустон интишор дода шуд, дар масъалаи терроризм дар минтақа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шудааст.

Душанбе ва Деҳлӣ бар зарурати ҳамкориҳои муштарак барои аз байн бурдани хатари терроризм, аз ҷумла дар мавзӯи мубодилаи иттилоот, маълумот, маблағгузории терроризм ва масъалаҳои ба он алоқаманд, таъкид карданд.

Ҷонибҳо инчунин қабул кардани “Конвенсияи фарогир оид ба терроризми байналмилалӣ” аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳидро зарур шуморидаанд.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 06.09.2012 15:17
man ba rohati metavonam hads bizanam ki on 12 sanad chist. 5 sanad jalbi hofizoni hundi va 5 sanadi on jalbi rakosahaoi hindi ba tojikiston ast . ammo 2 sanadi digar karz giriftani tjk az hinduston meboshad .
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi