11:24:11 20-уми Июли 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ш.ШАБДОЛОВ: «ЗАРУРАТ БА ИСЛОҲОТИ ҚОНУНИ АСОСӢ АСТ»

Раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон мегӯяд, дар шароити кунунӣ зарурати ислоҳот ба Қонуни асосии кишвар пеш омадааст. Шодӣ Шабдолов мегӯяд, «дар шароити феълӣ бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва мавозини байналмилалӣ, зарурати ислоҳот ба Қонуни Асосии кишвар пеш омадааст».

/images/stories/2012/11/06_shodi-shabdolov-61112.jpgШодӣ Шабдолов, ки ҳамзамон вакили порлумони Тоҷикистон аст, рӯзи сешанбе дар робита ба 6 ноябр - Рӯзи қабули Қонуни асосӣ бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, «камбуди ҷиддие, ки дар Қонуни асосӣ дида мешавад, ин мунсифона набудани тақсими қудрати сиёсӣ миёни се шохаи давлатдорӣ, яъне мақомоти қонунгузорӣ - порлумон, ҳукумат ва низоми додгоҳӣ аст. Ҳоло қудрати сиёсӣ танҳо дар дасти президент ва ҳукумат аст».

Ҷаноби Шабдолов мегӯяд, «дуруст аст, ки Қонуни Асосӣ дар соли 1994 дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон қабул шуда буд ва шояд он замон зарурати танҳо дар дасти президент ва ҳукумат будани қудрати сиёсӣ вуҷуд дошт, аммо ҳамакнун вазъи сиёсӣ ором буда, сулҳу субот пойдор аст ва бояд тақсимоти низом низ дуруст сурат бигирад».

Раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон бар ин аст, ислоҳот дар ин росто як амри ногузир буда ва ҳар ниҳоду мақом бояд дар назди шохаи қонунгузор, яъне порлумон гузориш диҳад ва масъулият дошта бошад.

Аз сӯи дигар Шодӣ Шабдолов, бо таваҷҷӯҳ ба тавсеаи сармоядорӣ, афзалияти моликияти хусусӣ, рақобати озод ва тақсим шудани ҷомеа ба гурӯҳи сарватманд ва фақирон ва дар ин ҷода рӯ задани сарватмандони пинҳониро низ аз камбуди Қонуни асосӣ арзёбӣ мекунад.

Раҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон мегӯяд, бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодие, ки ҳоло ҷомеаи Аврупо ва Амрикоро фаро гирифтааст, Тоҷикистонро низ пойбанд кардааст. Ин аст, ки Шодӣ Шабдолов мӯътақид аст, танҳо ва танҳо ислоҳот ба Қонуни Асосӣ метавонад омили рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ бошад.

Ҳарчанд ба таъкиди раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Қонуни Асосӣ озодиҳои шаҳрвандон, озодии баён ва виҷдон шароитро барои мардуми кишвар фароҳам овардааст.

Қонуни асосии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул шуда, ба он то ба ҳол ду бор тағйиру иловаҳо ворид шудаанд. Бори аввал, моҳи сентябри соли 1999 бо пешниҳоди мухолифини собиқ иловаҳо ворид шуданд, ки тибқи онҳо, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи ташкили ҳизби мазҳабиро ба даст оварданд.

22 июни соли 2003 тағйиру иловаҳои зиёде ба Қонуни асосӣ ворид гардид, ки яке аз онҳо тамдиди мӯҳлати раёсатиҷумҳурӣ аз 5 ба 7 сол буд. Ҳамчунон бар пояи ин иловаҳо як фард имкон пайдо намуд, ки ду бор паи ҳам сарвари кишвар интихоб шавад.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
+1 #1 dehkon 07.11.2012 11:28
shabdolov agar dar 70 soli kamunisti yak bor konun ivaz karded ? masalan yak bor gufted dinhoi osmoni ozod boshand? tu bo in nazarho mexohi chi kor kuni sari kudrat bioi va boz ham hamun xdoi xud yane leninro bar gardani mardum bor kuni? diga der shudaast shabdolovvvvvvv vvvvvvv.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi