10:41:56 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАСКАВ БА АҲДАШ ВАФО МЕКУНАД?

Ҳукумати Русия барои модернсозии Артиши Тоҷикистон 200 миллион доллар ихтисос додааст. Расонаҳои расмии Русия рӯзи 6-уми ноябр бо пахши ин хабар навиштаанд, ки Маскав барои ислоҳоти ҷидии нерӯҳои мусаллаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар маҷмӯъ 1.5 миллирад доллар сарф хоҳад кард. Ва аз маҷмуи умумии ин  маблағ, 1 миллиарду 100 миллион доллари он ба бахши низомии Қирғизистон ва 200 миллион доллар ба Тоҷикистон сарф хоҳад шуд.

/images/stories/2012/11/06_putin-rahmonov-61112.jpgБар изофаи ин маблағ, ҳукумати Русия боз 200 миллиони дигар ҳамчун имтиёз барои интиқоли маводи сӯхт ба ҳукумати Тоҷикистон хоҳад дод. “Коммерсант»- рӯзномаи чопи Маскав менависад, ки ҳадаф аз ин тасмими Маскав, тақвият додани ҳузури низомии Русия дар ин минтақа пас аз хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон буда ва ҳадафи дигар, таъмин аинияти худи Русия маънидод мешавад.

Аммо Александр Малашенко, таҳлилгари маркази Корнегӣ дар Маскав мегӯяд, ки Маскав бо ин «сахигарӣ»-и худ мехоҳад ба режимҳои бесуботи Қирғизистону Тоҷикистон такя занад, аммо муносибати бе ин ҳам масъаладори худ бо Узбакистон - кишвари дигари минтақаро мушкилтар хоҳад кард. Таҳлилгарони Маскав ба сурати умум ин иқдоми Русияро «ҳассостарин қадам» арзёбӣ мекунанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳукумати Русия дар ин амали худ ҷое барои намоиши сахигарии худ надорад, балки ҳангоми имзои «Созишномаи шароит ва ҳузури пойгоҳи низомии Маскав дар Тоҷикистон», ки як моҳ қабл, дар таърихи 5-уми октябр сурат гирифт, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ваъдаи кӯмак дода буд.

Ҳамчунин чанд санади дигар миёни мақомоти зидахли Душанбе ва Маскав ба имзо расиданд, ки тибқи он Русия дар навсозии артиши Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард ва шароити муҳоҷирони кории тоҷикро беҳтар хоҳад намуд.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #2 only Student 17.11.2012 19:32
Xodo medona iyati russiyaro neki mo boyad Vatani azizamonro nigahbon bowem hamtu barodaro
 
 
0 #1 dehkon 07.11.2012 11:11
charo baroi kazokiston 1,5miliard dollar vale baroi tjk 200 millon dollar judo kard? mardumi tjk ogoh boshand ki rassia loy molid raft.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi