11:30:33 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Боздошти Зайд Саидов: Имтиҳон? Барои кӣ?

Бисёре аз коршиносони сиёсӣ ва ҳуқуқдонҳо дар Тоҷикистон боздошти Зайд Саидов, тоҷири матраҳ ва вазири собиқи саноеъи ин кишвар ва иттиҳомоти ворида алайҳи вайро як иқдоми "шитобзада" хонда ва онро "суфориши сиёсӣ" медонанд, ҳарчанд мақомот таъкид кардаанд, ки ин иқдом ба сиёсат рабте надорад. Ҳамчунин ба гуфтаи аксари коршиносон боздошти як вакили маҷлили намояндагони шаҳрӣ ва соҳибкори муваффақ, дар осотонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ба суди давлати ин кишвар тамом нахоҳад шуд.

tj zaidsaidov 24052013Аз сӯйи дигар ҳуқуқдонҳои тоҷик мегӯянд, ки дар ҳоле, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳамвора бо таъкид ба мушкили собит кардани мавриди ришваситонӣ, мегӯянд, ки наметавонанд, даст доштани мақомоти баландпоя дар фасод дар Тоҷикисторо боздошт кунанд, пас чи тавр онҳо ба осонӣ тавонистаанд, бо ироаи шавоҳиди як нафар дар бораи додани ришва ба оқои Саидов, ӯро муттаҳам ва боздошт кардаанд. Онҳо мегӯянд қонун ба сурати гузиниши нисбати афроде истифода мешавад, ки барои давлат хушоянд нестанд.

Ин дар ҳолест, ки боздошти Зайд Саидов, ҳамчунин яке аз мавзуъоти доғи баҳс миёни сокинони шаҳр шудааст. Гуфта мешавад. ки оқои Саидов дар миёни иддае аз сокинони Тоҷикистон аз маҳбубияти зиёде бархурдор будааст.

Зиндонии сиёсӣ

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ғайридавлатии мавсум ба "Перспектива плас" мегӯяд, ки афроди ҷиноятпеша бояд тибқи қонун барои содир кардани ҷурм дар ҷомеъа посух диҳанд. Вале вай мегӯяд, ки дар қазияи Зайд Саидов суоле пеш меояд, ки то чи ҳадд, кормандони интизомӣ метавонанд, ба оқои Саидов ва дар назди ҷомеъаи Тоҷикистон собит кунанд, ки иттиҳомоти воридаи онҳо алайҳи ин соҳибкор ҷой дорад ё хайр?

Хонум Бобоназарова афзуд: "Зеро бибинед, ки дар як муддати кӯтоҳ кормандони интизомӣ чандин бор иттиҳомоти гуногунро алайҳи Зайд Саидов ворид карданд. Нахуст сӯҳбат дар мавриди чандҳамсарӣ рафт ва сипас гуфтанд, ки ӯ амволи давлатиро дуздидааст ва ахиран ӯро дар ришваситонӣ муттаҳм карданд. Вале имрӯз боз масъалаи корхонаи "Тоҷикатлас" матраҳ шуд."

Ин ҳуқудони маъруф мегӯяд, ки дар сурате, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидовро ба осонӣ таҳқиқ ва ӯро равонаи зиндон кунанд, дар Тоҷикистон аз ӯ ба унвони "зиндонии сиёсӣ" ном хоҳанд бурд.

Дарвоқеъ дар авоили соли ҷорӣ Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод дар посух ба суоле, ки чаро бисёре аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла вузаро ва раҳбарони кумитаҳо бо вуҷуди маъоши ночизе, ки дарёфт мекунанд, манозили баландошёна бунёд мекунанд ва фарзандони онҳо савори мошинҳои гаронқимат ҳастанд, вале ин ниҳод барои даст доштани онҳо дар фасод иқдоме намекунад гуфта буд, ки собит кардани фасод ва ришваситонӣ мушкил будааст. Оқои Саидов гуфт: "Мошинҳои гаронқимат ва манозили баландошёна дар номи ин афрод сабт нашудаанд"

Аммо вай рӯзи 21 май изҳор карда, ки Зайд Саидов тибқи қисмаи 4 моддаи 219 қонуни кайфархони Тоҷикистон, ришваситонӣ, бар асоси шавоҳиди Низомхон Ҷӯраев муттаҳам ва боздошт шудааст. Ин дар ҳолест, ки боздошти Зайд Саидов, ҳамчунин яке аз мавзӯъоти доғи баҳс миёни сокинони шаҳр шудааст. Гуфта мешавад, ки оқои Саидов дар миёни иддае аз сокинони Тоҷикистон аз маҳбубияти зиёде бархурдор будааст.

 Корзори давлат алайҳи Зайд Саидов

Аз сӯйи дигар давлати Тоҷикистон дар се рӯзи ахир корзори иттилоъотиеро алайҳи Зайд Саидов роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла шабакаи аввали телевизюни давлатӣ ҳамвора барномаҳоеро аз муқассир будани Зайд Саидов дар ҷароими мухталиф, аз ҷумла чандҳамсарӣ, сирқат ва тасарруфи ғайриқонунии корхонаҳои санъатӣ ва гирифтани ришва пахш мекунад.

Дар ин ду рӯз ҳамчунин ҷузваи аз ҳудуди 8 саҳифа иборатбуда, ки муаллифи он М.Мамадазимов, хабарнигор ва ё нависандаи ношинос дар Тоҷикистон будааст, дар бораи Зайд Саидов дар байни мардум тавзеъ шудааст.

Ин ҷузва, ки "ИЛЛАТИ МИЛЛАТ" ё "Зайд Саидов кист ва чаро майдони сиёсӣ меҷӯяд?" ном гирифтааст, ду рӯзи қабл ба дуконҳои китобфурӯшӣ оварда шуда ва ба гуфтаи аксари фурушандагони дуконҳо фарде, ки онро ба дуконҳо овардааст, худро муаррифӣ накарда ва дархости тавзеъи ройгони ин ҷузваҳо ба мардумро кардааст. Бисёриҳо ҳадс мезананд, ки нашр ва тавзеъи он бо ризоят ё ҳимояти мақомот сурат гирифтааст.

Вукалои мудофеъи оқои Саидов корзори расонаҳои давлатиро дар мавриди эъломи муттаҳам будани мувакилашонро якҷониба ва муғойир ба қонуни Тоҷикистон медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо ҳанӯз таҳқиқоти парванда идома дошта ва афзун бар ин танҳо додгоҳ метавонад иттиҳомоти ворида ба Зайд Саидовро муҳокима ва собит кунад.

Бар асоси иттилоъоти ҷадид ҳоло яке аз иттиҳомоти аслие, ки оқои Саидов бо дар он муттаҳам мешавад, ба таври иҷборӣ аз худ кардани корхонаи "Тоҷикатлас" буда ва масъулони ожонсӣ мегӯянд, ки оқои Саидов ин корхонаро аз Низомхон Ҷӯраев гирифтааст.

"Суфориши сиёсӣ барои тарсонидани мухолифон"

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, яке аз чеҳраҳои маъруфи мазҳабӣ дар Тоҷикистон ва аз раҳбарони мухолифони пешин боздошти Зайд Саидовро, "иқдоми суфоришиии сиёсӣ" хондаааст. Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, ки ҳадаф аз ин иқдом тарсонидани афроде будааст, ки ақидаи мухолиф ба сиёстии имрӯзии давлат ва мақомоти феълӣ доранд.

Оқои Тӯраҷонзода иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро беасос хонд ва гуфт: "Оқои Саидов фарди эҳтиёткор буд ва гумон намекунам, ки вай ба соддагӣ иқдом барои таъсиси ҳизби сёсӣ кунад. Аммо ман тарзи бархӯрди ниҳодҳои интизомӣ ва давлатиро бо оқои Саидов қабул надорам. Бубинед, ки бо вуҷуди масунияти намояндагӣӯро боздошт ва манзили ӯро бозҷӯйӣ карданд. Вале ҳеҷ ниҳоде, ин амали ғайриқонунии ожонси мубориза бо фасодро баррасӣ накард. Оё қонун барои ҳамагон набудааст?"

Ӯ гуфт, ки оқои Саидовро аз авоили солҳои 1990 ба унвони соҳибкори муввафақ мешиносад. Аммо вай афзуд, ки баъд аз ба мақоми вазир расидани оқои Саидов даҳ сол иртиботи онҳо канда шудааст.

Оқои Тӯраҷонзода ҳамчунин мегӯяд, ки тибқи қонун ҳангоми хусусикунии корхонаи давлатиии "Тоҷикатлас" ин корхона дар он солҳо нахуст ба Кумитаи амволи Тоҷикистон ироа шуда ва сипас имкон дошт, ки он хусусӣ гардонида шавад. Аз ин рӯ ба гуфтаи вай ришва додани Низомхон Ҷӯраев ба вазири саноеъ, яъне Зайд Саидов низ мармуз ба назар меояд.

Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, ки ин иқдоми давлат ихтироъест барои афроде, ки ақидаи мухолиф ба давлати феълӣ доштааст, то онҳо бидонанд, ки дар сурати гуфтани ҳарфи ҳаққ муҷозот хоҳанд шуд.

Ҳизби умда дар баробари ҳизби ҳокими ҳалқи демукрот

Бештаре аз коршиносони сиёсӣ ва ҳуқудонҳо яке аз сабабҳои аслии боздошти оқои Саидовро дар тасмими вай барои таъсиси ҳизби сиёсӣ медонанд. Вале раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфтааст, ки таҳқиқот дар даст доштани оқои Саидов дар ришваситонӣ ҳудуди як соли ахир дар ин кишвар идома доштааст.

Ҳамчунин иддае аз соҳибназарон баъид намедонанд, ки нахуст таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" барномаи муштараки давлат ва оқои Саидов барои заъиф кардани мавқеъи аҳзоби мухолиф ба давлат, аз ҷумла ҲНИТ, дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ будааст.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони саршинос дар тақвияти ин ақида мегӯяд: "Аммо пасон ҳангоме, ки дар атрофи Зайд Саидов афроде бо ақоиди мухолиф ба давлат гирдиҳам омаданд, мақомоти феълӣ эҳсос карданд, ки Зайд Саидов як фарди маҳбуб дар миёни мардум метавонад дар оянда бо таъсиси ин ҳизб, мавозеъи ҳизби ҳокими халқи демукротро дар кишвар заъиф кунад."

Гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" яке аз аҳдофи аслӣ аз фаъъолияти ҳизбро ҷалби афроди рӯшанфикри тоҷик барои бозгашт ба Тоҷикистон ва ҷилавгирӣ аз ихроҷи мағзҳо аз ин кишвар унвон карда буданд.

Бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ бар ин ақидаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла бисёре аз рӯшанфикрон, олимони ҷавон ва пизишкону афроди алоҳида ба сабаби мавориди маҳалгароӣ дар миёни мақомоти феълӣ, сиёсати нодурусти кодрӣ ва фасоди густарда дар ин кишвар дар ҳоли тарки ватан будаанд.

Русия ва Зайд Саидов

Зайд Саидов зодаи водии Рашт, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон аст ва коршиносон бо ишора ба ин нукта, ки бисёре аз нухбагони феълии давлат, аз ҷумла раҳбарони ниҳодҳои интизомӣ, аз ҷумлаи ҳамватанони қавмии Президент Раҳмон ҳастанд, баъид медонанд, ки парвандаи ӯ мунсифона бозрасӣ шавад.

Ҳарчанд бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеъаи маданӣ бо интишори баёнияҳо аз мақомоти ин ниҳодҳо дархости муносибати хуб бо оқои Саидов ва баррасии мунсифонаи иттиҳомоти ворида алайҳи вайро кардаанд. Аз сӯйи дигар бархе аз коршиносон мӯътақид ба онанд, ки Зайд Саидов ба хотири иртиботи хуби худ бо Русия қурбонии бозиҳои сиёсӣ миёни ду кишвари Тоҷикистону Русия шудааст.

Оқои Саидов дар даврони ҷангҳои дохилӣ дар Русия ба сар мебурд ва нахустин фаъъоилятҳои умдаи тиҷорӣ ва соҳибкории хешро дар он кишвар оғоз карда буд. Печида шудани муносиботи ин ду кишвар дар ду соли ахир мунҷар шуд, ки зимомдорон дар Тоҷикистон нисбати Русия боэҳтиёт бошанд.

Аркадий Дубнов, коршиноси рус мегӯяд, ки эҳтимол дорад "аломатҳои русӣ" дар ин қазия вуҷуд дорад, аммо намедонад, ки оё Зайд Саидов бо мақомоте дар Кремлин ошноӣ доштааст, ё хайр? Оқои Дубнов афзуд: "Оқои Саидов шояд бо мақомоти миёнаи рус равобите дошта бошад."

Ҳамчунин оқои Дубнов баъид медонад, ки мақомоти Русия ба Зайд Саидов, ки қаблан дар миёни мухолифони давлат қарор дошта буд, эътимод дошта бошанд?

Аммо Аркадий Дубнов ба он бовар аст, ки бо боздошти Зайд Саидов, яке аз афроди наздик ба Маҳмадсайид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, атрофиёни Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрдор ихтор додаанд, ки талоши вай барои расидан ба мақоми баланд дар ин кишвар ноком хоҳад буд.

Мубоҳисот дар бораи сарнавишти Зайд Саидов, соҳибкори муввафақ ва вазири собиқи саноеъи Тоҷикистон дар ҳоле дар ин кишвар идома дорад, ки гурӯҳи мубтакирон барои таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" гуфтаанд, аз иқдом барои таъсиси ин ҳизб бознахоҳанд гашт ва дар ояндаи наздик ин ҳизбро тибқи қонунҳои мавҷуда дар ин кишвар таъсис медиҳанд.

Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi