14:56:08 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/25_--01-a-aaaaaaustodi-buzurg111.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/25_--01-a-aaaaaaustodi-buzurg111.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/25_--01-a-aaaaaaustodi-buzurg111.jpg'

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 5

 

 

СИЛОҲИ ДАСТ БИГЗОШТАНДУ ДАСТИ САЛОҲ БИГРИФТАНД

 

Аз таърихи инсоният медонем мушкилтарин ва муҳимтарин масъалае, ки баъди ҷангҳои шаҳрвандӣ дар ҷараёни барқароркунии Сулҳу оштӣ дар кишварҳои ҷангзада дар назди сиёсатмадорони ҷонибҳои муқовиматкунанда маъмулан матраҳ мегардад, проблемаи муносибат аст ба инсони силоҳдору силоҳи ӯ.  Зеро инсоне, ки таи солҳо ба ҷои олоти меҳнат иҷборан ба даст силоҳ гирифта онро воситаи асосии ба ҳадаф расидани хеш қарор додааст, дар муҳити навраванди истиқрори Сулҳ дар сурати аз маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо дур мондан, метавонад зуд ба як манбаи хавфу таҳдиде ба амнияту осоиштагии ҷомеа мубаддал гардад.

 

Агарчӣ Протоколи масъалаҳои низомии Созишномаи умумии Сулҳ бо мушаххасии худ аз дигар асноди ин ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз бартарӣ ва ҳамчунин фарқияти калоне дошт, вале ҳини дар ҳаёт татбиқ кардани он мо бо мушкилоти боз ҳам бештаре рӯ ба рӯ омадем. Нахуст дар бораи сохтори зеркомиссияи низомии КОМ ҳаминро бояд бигӯем, ки он низ иборат аз шаш нафарсе нафарӣ аз ҳарду ҷониб созмон дода шуд.

 

Вале хеле зуд маълум гашт, ки ҳаҷми кори ин зеркомиссия хеле васеъ аст ва дар назди ин зеркомиссия иборат аз 10 нафар гурӯҳи корие таъсис дода шуд, ки ҳайати онро қисман нафарҳое ташкил доданд, ки қаблан узви Комиссияи муштараки назорат бар оташбаси Теҳрон буданд ва фаъолияташон 24 сентябри 1997 қатъ шуда буд. Бояд зикр кард, ки Комиссияи муштараки назорат бар оташбас дар даври сеюми музокироти сулҳи байни тоҷикон, охирҳои моҳи октябри соли 1994 дар Исломободи Покистон таъсис ёфт ва он фаъолияти худро дар ҳудуди Тоҷикистон аз моҳи ноябри ҳамон сол оғоз кард.

 

Ин комиссия нақши муҳимеро дар барқарории сулҳу субот дар кишвар бозидааст. Аъзоёни ин комиссия аз ҳарду ҷониб барои расидан ба аҳдофи воло ҷонбозиҳо кардаанд. Ҳамраисони Комиссияи Муштараки назорат бар оташбас Ҳоҷӣ Музаффар Раҳмонӣ, Зафар Икромов, Ҷалолиддин Маҳмудов ва дигар аъзои ин комиссия Абдунабӣ Сатторзода, Атобеки Амирбек, Аҳтамшо Саидшарипов, Азиз Рӯзиев, Муҳиддин Ҳасанов, Саид Шарипов, Изатулло Ибодов, Масрурҷон Мирзоев, Муҳаммадюсуф Ҳакимов, Абдуллоҳи Қодирӣ, Саидмух-тор Мирзоев, Ҷӯрақул Бобоев, Зафар Зарифов, Ғарибшо Шаҳбозов, Улфатмо Мамадшоева, Ҳамрохон Зарифов, Шамсиддин Саидов таҳти миёнҷигарии нозирони низомии СММ кореро анҷом доданд, ки заминаи боварӣ ва эътимодро ба қатъи даргириҳо дар байни фармондеҳону размандаҳои муттахосим фароҳам овард.

 

Мутаассифона, ин ҳайати начандон калон низ мутаҳаммили талафот гашт. То ба имрӯз аз тақдири ҳамраиси нахустини Комиссияи муштарак аз ҷониби мухолифин Ҳоҷӣ Музаффари Раҳмонӣ, ки аз тарафи силоҳбадастони номаълум рабуда шуда буд, иттилооте дар даст надорем. Аъзои дигари ин Комиссияи муштарак аз ҷониби мухолифин Муҳиддин Ҳасанов низ аснои сафар ба шаҳри Толиқони Давлати Исломии Афғонистон бе ному нишон гаштааст. Узви комиссия намояндаи ҳукумат Азиз Рӯзиев бар асари сактаи қалбӣ дар айни камолот ҷон ба Ҳақ супорид. Аз фурсат истифода бурда ба аъзои ин комиссия миннатдории бепоёни худамро барои ин ҷоннисориҳояшон дар роҳи Сулҳ изҳор менамоям. Худованд дунёву охираташонро обод бигардонад.

 

Ба маврид аст дар ҳамин ҷо аз хусуси хизматҳои арзандаи дигар гурӯҳи корие ёдовар шавем, ки бо номи ҳайати баландпояи низомию сиёсӣ аз миёнаи моҳи декабри соли 1996 дар минтақаҳои доғи Тоҷикистон ба фаъолияти худ пардохт. Ин ҳайат бо ташаббуси роҳбарони олимартабаи ду ҷониб дар мулоқоти Хустдеҳ созмон ёфта буд ва вазифаи асосиаш ҷилавгирӣ кардан аз дубора шурӯъ шудани даргириҳо дар кишвар буд. Ҷониби мухолифинро Давлати Усмон – раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ роҳбарӣ мекард. Султони Ҳамад, узви ситоди нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ муовини ӯ буд. Дигар аъзоёни ситод Неъматуллоҳи Билол, Маҳмадалии Ҳаит, Абдураҳими Юнус ва раиси бахши фарҳангии НИТ Мирзомуҳаммадии Навид низ шомили ин ҳайати баландпояи низомиву сиёсӣ буданд.

 

Ҳайати баландпояи низомиву сиёсиро аз ҷониби ҳукумат Котиби Шӯрои Амнияти ҶТ Амирқул Азимов роҳбарӣ мекард. Ба ин ҳайат муовини сарвазир Қадриддин Ғиёсов, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров, муовини вазири корҳои дохила Н.Л.Каримов, сардори раёсати гумруки ҶТ шодравон Алиқул Имомназаров, сардори раёсати ВА ҶТ Аҳтамшо Саидшарипов, корманди Шӯрои Амнияти ҶТ Абдуҳаким Шарипов шомил буданд. Хизмати таърихии ин ҳайати муштарак аз он иборат буд, ки дар даврони фаъолияташ аз 17 декабри соли 1996 то 15 сентябри соли 1997, яъне то оғози кори Комиссияи Оштии Миллӣ ва рӯзи қатъшавии ваколаташ, аз ӯҳдаи масъулияти худ бо сарбаландӣ баромад.

 

Хурсандибахш аст, ки дар ин муддат дар ягон ҷои Тоҷикистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифин ягон бархӯрде рух надодааст. Ин ҳайат тавонист, ки авзои мӯътадилро ҳифз намояд ва бо ҳамин роҳро барои имзои Созишномаи ниҳоӣ дар Маскав ҳамвор созад. Гуфтан зарур аст, ки аксари аъзои ин ҳайат дар татбиқи Протоколи низомии Созишномаи умумии Сулҳ низ саҳми сазовор гузоштаанд. Ман барои ин фидокориашон ба ҳамаи аъзои ин ҳайат арзи сипос мегузорам.

 

Ба ҳайати гурӯҳи кории зеркомиссияи низомӣ аз ҳарду ҷониб Хушвахтов Ғоибназар, Қодиров Абдулло, Ҷӯраев Қадриддин, Ёфтаков Исмоил, Мӯминҷонов Баҳриддин, Холов Маҳмадраҳим, Пӯстиев Мадаким, Назаров Олим барин шахсони пуртаҷриба ва салоҳиятдор шомил гардиданд. Ба ғайр аз гурӯҳи коршиносон боз як комиссияи муштараки тиббии даҳнафараи дигаре 28.10.1997 бо фармони Раиси Ҷумҳур Э.Ш.Раҳмонов таъсис дода шуд, ки вазифаи муоинаи тиббии размандагони ИНОТ ба ӯҳдаи ин комиссия вогузор гардид. Сарварии ин комиссия ба дӯши полковники хизмати дохилаи ВКД ҶТ Мирзомуддин Қиёмов бор карда шуд.

 

Аввалҳои моҳи ноябри соли 1997 дар асоси «Протоколи оиди масоили низомӣ» Раиси Ҷумҳур Э.Ш.Раҳмонов бо фармони худ Комиссияи Марказии Муштараки Атестатсиониеро ташкил дод, ки он дар асосҳои баробар аз ҳарду ҷониб 10 нафарӣ мураттаб гардида буд. Раиси комиссия аз ҷониби ҳукумат Ашӯров Музаффар – раиси кумитаи қонунгузорӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси Олии ҶТ ва муовини ӯ намояндаи ИНОТ, собиқ корманди Прокуратураи ҶТ Мақсудов Додарҷон таъин гардиданд. Дар ҳайати ин Комиссия шахсиятҳои маъруфи ҶТ аз ҷумлаи ходимони сиёсиву низомӣ шомил буданд. Албатта ба ҷуз ин гурӯҳҳои корие, ки аз онҳо ном бурдем, дар раванди татбиқи Пртоколи низомӣ саҳми босазоеро нозирони низомии СММ гирифтанд, ки дар мавридаш дар бораи онҳо низ сухан хоҳем гуфт.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi