13:34:05 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 33

Баъзе асноди қабулкардаи КОМ

Қарори Комиссияи Оштии Миллӣ «Дар бораи Санади ҳамдигарбахшӣ ва Қонуни авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Москва, 10.07.1997  № 001

Иштирок доштанд: С.А.Нурӣ, А.С.Достиев, А.Абдураззоқов, З.Алиев, Ш.Зуҳуров, Ф.Имомов, А.Каримов, О.Латифӣ, Р.Масов, М.Мирзомуҳаммадӣ, Ҷ.Ниёзов, К.Оли-мов, Ҳ.Пӯлодов, Т.Раҳмонов, Ҳ.Сангинов, А.Сатторзода, И.Усмонов, М.Файзмуҳаммад, Ҳ.Ҳайдаров, Х.Ҳамидов, М.Ҳимматзода, Қ.Ғозиев, Ш.Шоев, М.Ҷалилзода.

 sozishnoma-imzo_4555.jpg

Комиссияи Ошти Миллӣ қарор мекунад:

1.Санади ҳамдигарбахшӣ ва Қонуни авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2.Барои татбиқи Қонуни авф иборат аз шаш нафар гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ коршиносону мутахассисон ҷалб карда шаванд.

3.Қонуни авф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шавад.

Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ          Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

САНАДИ ҲАМДИГАРБАХШӢ

Ба номи Ватанамон - Ҷумҳурии Тоҷикистон - вориси маънавӣ ва ахлоқии сарзаминии таърихии тоҷикон;

Барои эҳё ва шукуфоии кишвари маҳбубамон, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, истиқлолиятт ва озодии он;

Ба ёди шаҳидон ва рӯҳи покашон;

Ба поси хотири қурбониёни замони мухолифату муқовимат ва муборизаҳои мусаллаҳона;

Ба хотири таскини дили ятимону бевагон, падарону модарон ва ҳамаи ононе, ки азизонашонро аз даст додаанд;

Бо дарназардошти иродаи мардум ба сулҳ ва оштии миллӣ;

Бо дарки масъулияти таърихии худ ба гузашта, имрӯз ва ояндаи сарзамини бостониамон, бо эҳтироми ҳаққу ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар фарди он.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Оштии Миллӣ ин санади ҳамдигарбахширо қабул ва эълон менамоянд.

Мо ҳамаи ононеро, ки дар замони ҷанг ва муқовимати сиёсӣ силоҳ ба даст гирифтанд ва муқобили ҳамдигар ҷангиданд, авф мекунем.

Бигзор ҳарифону рақибони собиқ ҳамдигарро барои  ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва маънавии расондаашон, барои азияте, ки додаанд, бубахшанд.

Бигзор бо ҳамдастию ҳамкорӣ дар обод гардонидани харобиҳои ҷанг, дар кори созандагӣ ба умеди шукуфоии  Тоҷикистон, бо сарпарастӣ ба ятимону бевагон, бо ғамхорӣ ба маҷрӯҳон ва барҷомондагон дар ҷомеа эҳтиром ва иззату икромро дубора зинда бигардонанд.

Ғазаби Худо ва лаънати халқ ба ононе бод, ки  паи қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоанд.

Мо сӯйистифода аз имконоти расонаҳои омма ва даъвати ошкоро ба нияти халал расондан ба раванди оштии миллӣ, иттиҳоми ҳамдигар ва дар ҳузури ҷамоат аз гузашта ба бадӣ ёд оварданро маҳкум менамоем.

Ҳам Ҳокимият ва ҳам ҳамаи он ҳизбу созмонҳое, ки ба ҳайати Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик шомиланд, ва ҳам ҳизбу ҷунбишҳо ва созмонҳои иҷтимоии дигаре, ки аз ин ба баъд дар фаъолияти сиёсӣ даст ба силоҳ мезананд, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Бо нияти таъмини эътибори амалии Санади ҳамдигарбахшӣ ҳамаи асирони ҳарбӣ озод хоҳанд шуд. Озодӣ ва амнияти иштироккунандагони мухолифати сиёсӣ ва муқовимати низомӣ, ки аз соли 1992 то ба рӯзи қабули Санади мазкур давом кард, бо қабули санадҳои дахлдори Комиссияи Оштии Миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.  

Эмомалӣ Раҳмонов Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        

СайидАбдуллоҳи Нурӣ Роҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик

ҚарориКомиссияиОштииМиллӣ«ДарбораитартибитатбиқиҚонуниавфииштироккунандагонимуқовиматисиёсӣванизомӣдарҶумҳурииТоҷикистон»

Комиссияи Оштии Миллӣ қарор мекунад:

1. Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи мақомоти зерин гузошта шавад:

а) Ба зиммаи судҳо дар хусуси ашхосе, ки:

парванда ва маводи ҷиноятиашон дар баррасии суд қарор дошта то дар амал татбиқ шудани Қонун дар бораи авф дида нашудаанд ва ҳамчунон нисбати ашхосе, ки ҷинояти онҳо муҳокима гардида, аммо ҳукмашон ба қувваи қонунӣ надаромадааст;

шартан маҳкум шудаанд, ҳамчунон маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон ба таъхир гузошта шудааст (масъалаи ба онҳо татбиқ кардани авф бо пешниҳоди мақомоти умури дохила, ки рафтори маҳкумшудагонро назорат менамоянд, сурат мегирад);

ба ҷарима додан ҳукм шудаанд, агар то вақти ба амал ҷорӣ шудани Қонун дар бораи авф ҷарима ситонида нашуда бошад (суде, ки ҳукм кардааст, масъалаи татбиқи авфро муайян менамояд);

аз ҷавобгарӣ шартан – бармаҳал озод карда шудаанд ва қисми ҷазои нокашидаашон то дар амал ҷорӣ шудани Қонун дар бораи авф ба ҷазои сабуктаре иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи амали авфро суде ҳал мекунад, ки дар барои татбиқи аз ҷавобгарӣ шартан – бармаҳал озод кардан, қисми иҷронашудаи мӯҳлати ҷазоро ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз кардан, таъинот баровардааст); 

маҳкумшудагоне, ки барояшон ба сифати ҷазо ҳуқуқи ишғоли ин ё он вазифа ва машғул шудан ба фаъолияти муайяне манъ карда шудааст.

б) Ба зиммаи мақомоти умури дохила:

нисбати ашхоси аз озодӣ маҳрумшудае, ки ҳукмашон ба қувваи қонунӣ даромадааст, аммо дар ҳабс нестанд, ё ашхосе, ки шартан аз озодӣ маҳрум карда шуда, ба таври маҷбурӣ ба кор ҷалб карда мешаванд, аммо ҳанӯз ба ҷои кор фиристода нашудаанд;

нисбати ашхосе, ки ҷазояшон ба сифати кори ислоҳи бе маҳрум аз озодӣ муайян карда шудааст.   

в) Ба зиммаи муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ:

нисбати ашхосе, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ҷазоро адо мекунанд.

г) Ба зиммаи комендатураҳои махсус:

нисбати ашхосе, ки шартан аз озодӣ маҳрум карда шуда, ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда шудаанд ва ҳамчунин ашхосе, ки шартан аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ озод карда шудаанд ва ҳатман ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда шудаанд.

2. Қарор дар бораи татбиқи авф нисбати ҳар як шахс ба таври алоҳида қабул карда мешавад.

3. Қарори татбиқи авф, ки мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, мақомоти умури дохила, ҳамчунон маъмурияти муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ ва комендатураҳои махсус қабул кардаанд, аз тарафи прокурор тасдиқ карда мешавад.

Ҳангоми аз тарафи судҳо татбиқ намудани авф иштироки прокурор ҳатмӣ аст.

4. Қонун дар бораи авф нисбати ашхосе татбиқ мешавад, ки аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд, ҳамчунин нисбати онҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурӣ то қабули Қонун дар бораи авф ҷиноят содир кардаанд.

5. Ҳангоми татбиқи банди 1, 2 Қонун дар бораи авф доғи судии пештара ба назар гирифта намешавад.

6. Бандҳои 1,2 Қонун дар бораи авф ба ашхосе татбиқ мешавад, ки дар муқовимати ҳарбӣ - сиёсӣ аз соли 1992 сар карда то қабули Қонун дар бораи авф иштирок намудаанд.

Ҳақиқатан иштироки ин ашхос дар муқовимати ҳарбӣ – сиёсӣ дар асоси асноди мақомоти марбута ва тибқи рӯйхати пешниҳодкардаи тарафайн муайян карда мешавад.

7. Ба ашхосе, ки нисбати онҳо ҳамзамон ба ҷазое, ки барои ҷинояташон муайян шудааст, чораҳои маҷбурӣ аз амрози майзадагӣ, нашъмандӣ ва венерикӣ муқаррар гардидааст ва бояд тибқи Қонун дар бораи авф аз ҷазо озод карда шаванд, авф баъди ба охир расидани табобат татбиқ карда мешавад.

Асос барои эътироф намудани ба охиррасии табобати маҳкумшудае, ки касалии венерикӣ дорад, хулосаи тиббӣ ба ҳисоб меравад, нисбати ашхосе, ки суд барои онҳо табобати маҷбурӣ аз майзадагӣ ва нашъамандиро муайян кардааст, таъиноти суд дар бораи қатъи табобат маҷбурӣ ба ҳисоб меравад.

8. Суди Олии Чумҳурии Тоҷикистон назорати судиро аз болои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дуруст татбиқ намудани Қонун дар бораи авф таъмин намояд.

9. Прокурори Генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати дуруст татбиқ шудани Қонун дар бораи авфро таъмин кунад ва санади бекор кардани ҷустуҷӯ ва боздошти шахсони таҳти таъқиб бударо ба мақомоти дахлдори ИДМ ирсол намояд.

10.Комиссияи Оштии Миллӣ назорати умумии иҷрои Қонуни авфро таъмин менамояд.

Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ            Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

 

Қонуни авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Комиссияи Оштии Миллӣ бо мақсади татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, мутобиқи банди 7 Низомномаи Комиссияи Оштии Миллӣ

Қарор мекунад:

1. Аз ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ сарфи назар аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда ва ба ҷазои бо маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманд набуда ва навъи ҷиноят, маҳкумшудагоне, ки дар муқовимати сиёсӣ ва низомӣ аз соли 1992 сар карда то рӯзи қабули Қонуни мазкур иштирок доштанд, озод карда шаванд.

2. Ҳамаи парвандаҳои шахсони дар банди 1 ҳамин Қонун зикр шуда, ки тафтишашон боз дошта шудааст, давом дорад ва ё аз тарафи судҳо дида нашудааст, қатъ карда шавад.

3. Дар ҳаққи шахсоне, ки дар давраи муқовимати сиёсӣ ва низомӣ кирдори барои ҷомеа хавфнок содир кардаанд, парвандаи ҷиноятӣ боз карда нашавад.

4. Аз ҷазо ва ҷавобгарии ҷиноятӣ шахсоне, ки бо моддаҳои 63, 74, 76, 96, 104, 105, 121, 240, 240, қ. 1, 241 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикситон пешбинӣ намудааст, айбдор карда шудаанд, озод намешаванд.

Шахсоне, ки дар муқовимати сиёсӣ ва низомӣ аз соли 1992 то рӯзи қабули Қонуни авф иштирок доштанд ва ба содир намудани ҷиноятҳое айбдор шудаанд, ки ба моддаҳои зикршуда мувофиқ аст, вале онро ғаразнок мешуморанд, дар асоси пешниҳоди тарафайн ва қарори Комиссияи Оштии Миллӣ шомили авф мешаванд.

5. Татбиқи авф доғи судиро бартараф мекунад.

6. Қонуни мазкур аз рӯзи нашри расмияш амал мекунад, ба ҳамаи шахсоне, ки аз ҷониби судҳои Тоҷикистон маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотии Ҷумҳурӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, татбиқ мешавад ва дар муддати чор моҳ мавриди иҷро қарор мегирад.

Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ             Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

(идома дорад)



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 27.06.2011 11:53
Табрикоти ман ба Хама:
Табрику тахнияти ман ба хамаи Шумо бо фарорасии иди -Вахдати Млли- фархундаю такдир сози миллати Точик. Барои миллати Мо ва бо хости Худо ин кадами устувору бе бозгашт-ро бо сарварии ва икдоми мардони закию зираку хушёри миллат ба даст овардаем барои созандаги ва бунёдгарии ояндаи ин Миллати сарбаланду химат баланди Точик . ва аз Худованди Сохиби оламу оламиён хохонам ва илтичо дорам ки Мо ва давлту миллати Моро дар ин олами пур аз шуру гавгою фитнахо нигах бон бошад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi