00:56:07 03-уми Июни 2025 сол

14 СОЛ ПАС АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Бо гузашти 14-сол аз имзои Созишномаи сулҳ, шахсиятҳои саҳим дар ин раванд мегӯянд, ин созишнома ҷангро хомӯш кард, аммо адолати иҷтимоиро таъмин накард. Муҳимтарин дастоварди созишномаи Сулҳ, бозгашти субот ба ҷомеъа ва баргаштани даҳҳо ҳазор хонаводаи саргардон ва муҳоҷир ба сари дегу дегдони худашон буд. Муҳоҷирони ҷангӣ баргаштанд, ба навъе оштӣ ҳоким шуд, аммо навбати муҳоҷирати корӣ шуд. Ҷанг нест, субот ҳоким шуд, ҷонибҳо хусумате дар нисбати ҳам намепарваранд, аммо боз ҳам яку ним миллион муҳоҷир берун аз ватан саргардон ва дар талоши ёфтани ризқи худ аст.

ОЁ СУЛҲИ ТОҶИКОН БА ҲАДАФ РАСИД?

muzokira-65666.jpgСабаби аслии ҷанги дохилӣ нигаронӣ аз бозтақсими нодурусти неъматҳои моддӣ буд, ҳоло ҳам гурӯҳҳое дар дохили ҳукумат ва мухолифони давлат даъво доранд, ки воситаҳои молӣ ва захираҳои табиӣ дар ихтиёри як гурӯҳи хос қарор дорад. Аз ҳамин ҷост, ки ин суол аҳамият пайдо мекунад, ки оё сулҳи Тоҷикистон ба ҳадафи худ расид?

Таҳияи гузориш дар остонаи таҷлил аз рӯзи Ваҳдат дар чанд соли гузашта ак қолаби маъмулӣ дошт, ки ҳама аз барқарории субот ба ситоиш мекард, аммо муолифони пешин мегуфтанд, ки шароити сулҳ то поён иҷро нашуд, намояндагони онҳо аз давлат канор зада шуданд. Ва дар муқобил намояндагони давлат аз таҷрибаи беназири сулҳ ситоиш мекарданд. Аммо ҳамсӯҳбатҳои имсоли Озодӣ аз ҷумла шахсиятҳои саҳим дар раванди сулҳ аз ду ҷониби даргир, ҳамзамон мегӯянд, ки ҳадафи ниҳоии аз сулҳ бароварда нашудааст.

Иброҳим Усмонов, узви ҳайати музокироти сулҳ аз ҷониби давлати Тоҷикистон ва узви КОМ давлати Тоҷикистон ва узви КОМ собиқ мегӯяд, ки созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ ба маънои пурра фаро расидани сулҳ дар кишварро надошт. Ӯ бовар дорад, ки мафҳумҳои «душманони ватан» ва «фарзандони содиқи ватан» то ҷое ранг бохтаанд, аммо ҳанӯз ҳам мавриди истифода қарор доранд.

Оқои Усмонов, ки ба истилоҳ аз идеологҳои ҳукумати Фронти халқӣ буд, мегӯяд: «Созишномаи сулҳ дар рӯзи 27-уми июн имзо шуд, аммо ин ба маънои пурра фаро расидани сулҳ набуд. Таърих нишон медиҳад, ки муқовимати гурӯҳҳое, ки аз натиҷаи ваҳдати миллӣ чандон розӣ набуданд, то соли гузашта ҳам идома дошт. Агарчӣ сулҳ фаро расид, аммо гуфта наметавонем, ки ҳамаи орзуе, ки дар ваҳдати миллӣ ҷой дошт, дар амал татбиқ шуд. Аммо рақобати қатъии маҳаллӣ, ки хусусияти мусаллаҳона дошт, аз миён рафт.»

СУЛҲ ЧИСТ?

Аммо акнун суоле, ки матраҳ мешавад ва бисёре аз соҳибназарон ва таҳлилгарон ба он таъкид мекунанд, ин аст, ки оё сулҳ танҳо мутаваққиф кардани ҷанг аст. Ва ё таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеъа сулҳ аст?

Бар асоси Созишномаи сулҳи Тоҷикистон, КОМ таъсис шуд, ки раҳбари мухолифини пешин С.А. Нурӣ раҳбарии ин комиссияро бар ӯҳда дошт. Ва тибқи тавофуқ муҳимтарин коре, ки ин комиссия бояд анҷом медод, ислоҳоти Қонуни асосӣ буд, ки мебоист, роҳро барои ислоҳот ва бунёди ҷомеъаи демократӣ боз мекард. Амммо акнун худи мухолифони пешин мегӯянд, ки ин як ислоҳоти номуваффақе будааст.

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, раҳбари ҳамаи давраҳои музокироти сулҳ аз ҷониби мухолифон ҳамоно мӯътақид ба таърифи юнонии сулҳ аст, ки мегӯяд, мутаваққиф кардани ҷанг ҳанӯз сулҳ нест, таъмини адолати иҷтимоӣ сулҳ аст. Ӯ мегӯяд, орзуҳо роҷеъ ба сохтани як ҷомеъаи мардумсолор нақше бар об монд ва қудрат имрӯз усулан дар дасти як гурӯҳи хосса қарор гирифта ва ҳадафи сулҳ ниҳоӣ ва мантиқӣ нашудааст.

Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд: «Маънои сулҳ агар қатъи ҷанги гарм бошад, бале, ин ҷанг қатъ шуд. Аммо ваҳдати миллӣ ба вуҷуд наомадааст, таҳаммулпазирӣ ба вуҷуд наомадааст, эҳтимроми якдигари тарафҳо вуҷуд надорад, баръакс ҳатто назар ба замонҳои пештар ба озодиҳои сисёсӣ ва динии мардум фишорҳо зиёдтар шуд. Тақаллубкориҳо дар интихобот зиёд шуд. Яъне он чӣ мо аз мусолиҳа интизор доштем, ки як кишвари демократӣ ва як ҷомеъаи мардумсолор бисозем, ҳамон амалӣ нашуд.»

Бар асоси ин, ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки маҳсули кори дусолаи КОМ буд, даври раёсати ҷумҳурӣ аз панҷ то ҳафт сол тамдид шуд. Амале, ки акнун худи мухолифони пешин ва маҳофили сиёсӣ ба зарурати ислоҳи дубораи таъкид мекунанд. Дар ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки дар заминаи созиши сулҳ анҷом шуд, пешниҳодоти ҷониби мухолиф дар мавриди интихобӣ кардани раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоёт ва додани салоҳияти бештар ба сарвазири кишвар ҷой наёфт.

Балки салоҳияти бештаре ба салоҳиятҳои раиси ҷумҳур афзуда шуд. Боз ҳам мавриде, ки боиси мухолифини пешин аз он пушаймонанд ва аз номуваффақии созиши сулҳ унвон мешавад. Як ҳосили ислоҳоти Қонуни асосӣ, парлумони ду маҷлисаи Тоҷикистон буд, аммо акнун аксари аҳзоби сиёсӣ ба шумули мухолифони пешин ду маҷлисро барои Тоҷикистон амре нодаркор медонанд.

"СУЛҲИ ТОҶИКОН-ДАРАХТЕ, КИ МЕВА НАДОДААСТ?"

Ойниҳол Бобоназарова, доктори улуми ҳуқуқ ва аз раҳбарони собиқи ҲДТ сулҳи Тоҷикистонро ба дарахте ташбеҳ мекунад, ки ҳанӯз мева надодааст. Хонум Бобоназарова мегӯяд: «Вақте сулҳро мебандӣ, бояд онро баъдан мустаҳкам кунӣ, аммо мо дидем, ки ҳатто ҳамаи бандҳои созишнома амалӣ нашуданд. Яъне сулҳ шуд, оромӣ шуд, аммо мо ҳанӯз меваи ҳамин сулҳро начашидаем.»

Ба гуфтаи хонум Бобоназарова фасод, ноадолатиҳои иҷтимоӣ, тақсими нобаробари захираҳои моддӣ, дар дасти як гурӯҳ қарор гирифтани бахши аъзами иқтисод омилҳоеанд, ки ба сулҳу субот таҳдид мекунанд. Зиёда аз ин, қабули қонунҳое, ки озодиҳои сиёсӣ ва мазҳабиро маҳдуд мекунад низ пояҳои суботро ноустувор хоҳад кард.

Аммо сарфи назар аз шикоятҳои мавҷуд роҷеъ ба иҷро нашудани шароити сулҳ, боз ҳам барқарории субот ба назари таҳлилгарон бистари муносиберо барои расидан ба ҳадафҳои баъдӣ, ки рифоъ ва пешрафт ва демократия мебошад, фароҳам кардааст.

"СУЛҲ - БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ"

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки бо вуҷуди ками ва костӣ, сулҳи Тоҷикистон бузургтарин дастоварди миллат аст ва маҳофили сиёсӣ ва шахсиятҳои муҳим дар баробари таъкид ба камбудиҳои сулҳ бояд бештар дар фикри рафтан ба ҷониби ҳадафҳое бошанд, ки ба онҳо даст наёфтаанд. Оқои Бекмуҳаммад мегӯяд:

«Ҳарчанд имрӯз башар ба дастовардҳои беназири технологӣ даст ёфтааст, аммо боз вуҷуди субот ва амният мушкилтарин масъала барои башар боқӣ мемонад. Мо феълан шоҳиди нукоти зиёди даргир дар саросари дунё ҳастем. Аммо ҳифзи суботи мо ба он бар мегардад, ки чӣ гуна ба ниёзҳои ҷомеъа посух гуфта мешавад. Ва нагуфтани посух ба ниёзҳои ҷомеъа муҳимтарин таҳдид барои бақои сулҳи Тоҷикистон хоҳад буд.»

ЧАРО СУЛҲ ТАҲАҚҚУҚ НАЁФТ?

Як иллати умдаи иҷро нашудани шароити сулҳ ва таҳаққуқ пайдо накардани шароити сулҳ ва густариш наёфтани демократия ба гуфти соҳибназарон, кӯтоҳ омадани мухолифон ва давлат бар баробари барномаҳои усулии худ буд. Аксари чеҳраҳои мухолифин бо гирифтани курсӣ дар мақомоти давлатӣ, ҳизб ва гурӯҳи сиёсии худро тарк карданд ва ба ҷониби мухолиф гузаштанд. Ва дар ниҳоят созмонҳо ва аҳзоби мухолиф ба заъф рубарӯ шуданд ва натавонистанд аз иҷрои барномаҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои асосии худ бадар биёянд.

Мухолифон ба далели ба гуфтаи онҳо ғайри демократӣ доир шудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1999, онро таҳрим карданд, аммо роҳбари мухолифин С.А.Нурӣ бо ҳузур ёфтан дар ҳавзаи раъйгирӣ дар рӯзи интихобот ба рағми хоҳиши бисёре дигар аз шахсиятҳои мухолиф таҳримро шикаст, ки баъдан боиси шикоф ва хилофи бештар дар суфуфи мухолифон шуд. Мухолифони пешин ба думболи ин, нуфузи худ дар ҷомеъаи Тоҷикистонро аз даст доданд ва дар интихоботи ду моҳи баъди парлумонӣ танҳо ду курсӣ ба даст овард.

Интизор мерафт, бозгашти субот ба кишвар шароитеро барои сарозер шудани сармояи кишварҳо ба иқтисоди Тоҷикистон фароҳам кунад. Аммо субот танҳо шохиси омадани сармоя нест ва таҳти авомили дигар, хусусан густариши фасоди идорӣ ва адами рушди равандҳои демократӣ, Тоҷикистон агарчанд кӯмакҳои Ғарбро дарёфт мекунад, аммо то ҳол муваффақ ба ҷалби сармояи он нашудааст.

"СУЛҲ МАНТИҚӢ ВА НИҲОДИНА НАШУДААСТ"

Истиқрори сулҳ бар баробари боз овардани субот ба кишвар, ҳокимияти раиси ҷумҳуриро низ тақвият кард. Ва саранҷом дар соли 2003 дубора ислоҳоти Қонуни асосӣ сурат гирифт, ки роҳро барои солҳои тӯлонӣ дар қудрат боқӣ мондани раиси ҷумҳури феълӣ боз кард. Ҳоло як эътирози дигари пинҳону ошкори мухолифон ва бархе аз шахсиятҳои дохили ҳукумат ин аст, ки раиси ҷумҳур фарзандони худро ба сиёсати бузург ҳидоят мекунад.

Ба гуфтаи шоиру донишманди тоҷик Мӯъмин Қаноат, то кунун  зеҳният ин аст, ки ширкатдорони як тарафи ҷанги Тоҷикистон худро қаҳрамон ва тарафи дигари он худро муҷоҳид меноманд, сулҳ мантиқӣ ва ниҳодина нашудааст. Ин шоири тоҷик соли гузашта ба он гуфтаҳои даҳ соли пеши худ, ки ҳанӯз кӯҳна нашудааст, афзуд, ҷанги Тоҷикистон ҳанӯз идома дорад, аммо ҷанги бе силоҳ, ки хатарноктар аз ҷанги гарм аст. Ин баёнияи шоир ҷуръати баҳо дадан ба сулҳро бештар кард. Сулҳе, ки ҳанӯз ҳам шикананда аст.

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 27.06.2011 11:47
Моё поздравление Всем :
Поздравляю всех Вас с наступающим очень знаменательным и судьбоносным великим праздником день - Единства Нации Таджикской-Вахд ати Милли Точикон.для нашего народа было дано от Бога и этот очень важный шаг ва имя будушего было сделан со стороны светлых и умных мужей для единства и процветании и будущей нашего государства и нации Таджикской! молю Творца Господа миров времён и народов, о том что в сердце каждого из Нас возрождалось любовь к земле нашей и стремлении к созиданию и процветании народу и государству нашей Таджикской
 
 
0 #1 Guest 27.06.2011 11:46
Табрикоти ман ба Хама:
Табрику тахнияти ман ба хамаи Шумо бо фарорасии иди -Вахдати Млли- фархундаю такдир сози миллати Точик. Барои миллати Мо ва бо хости Худо ин кадами устувору бе бозгашт-ро бо сарварии ва икдоми мардони закию зираку хушёри миллат ба даст овардаем барои созандаги ва бунёдгарии ояндаи ин Миллати сарбаланду химат баланди Точик . ва аз Худованди Сохиби оламу оламиён хохонам ва илтичо дорам ки Мо ва давлту миллати Моро дар ин олами пур аз шуру гавгою фитнахо нигах бон бошад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854