22:01:21 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Талаби омурзиш

(Ҳикояи воқеӣ)

Одили Исломӣ, нависанда

Зиндагӣ ва рӯзгори донишманди тавоно, равшанфикру фидоии миллат Одили Исломӣ аҷиб буд. Ӯ соли 1945 дар ноҳияи зебову воқеан биҳиштии Ховалинг дар оилаи зиёӣ ба дунё омада аз падари бузргвораш шоири халқ Хол Ислом ҳанӯз дар даврони туфулият дарси хештаншиносӣ омӯхта, пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон, факултаи Шарқшиносӣ дохил шуд ва онро бо дипломи сурх хатм намуд.

Муддате дар мактабҳои миёна ва Институти забону адабиёт кору фаъолият намуда, панҷ сол дар Ирон дар Корхонаи зуби фулузоти Исфаҳон ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа намуда, баъдан дар барномаҳои радиёи форсӣ дар Кумитаи радиои собиқ ба ҳайси муҳаррир барои кишварҳои форсзабон барнома омода намудааст. Бинобар сабаби бад шудани саломатиаш дубора ба Ховалинг баргашта, дар мактаб аз фанни забону адабиёт дарс додааст. 

Вақте бо иллатҳои маълум даргириҳои дохилӣ оғоз шуд, ӯ дигар ҷое барои худ пайдо намекард ва мисли кӯдаке, ки ятиму бекас буд, зор-зор гиря мекард ва ба кумак эҳтиёҷ дошт, вале дигар ҳеҷ тасаллое наметавонист соиқаҳои қалбашро даво бахшад. Шабу рӯз аз даргоҳи Худованд масъалат дошт, ки чашму ақлу ҳуши ин миллатро дубора боз кунад ва онҳоро ба ҳам биёварад.

Вале, медид, ки дигар кор аз кор гузаштааст ва чашми ин мардум кӯру қалбҳояшон торику дар зулмот печидааст. Медид, ки чӣ гуна мардум ба ҷони якдигар мерезанд ва якдигарро мекӯшанд. Ин ҳамаро медид ва ба сардамдорони вақт лаънатҳо мехонд, ки чаро мардумро зидди якдигар мешӯронанду мехоҳанд аз хуни шаҳидон барои худ курсиву чавкиҳои раҳбарӣ бисозанд. Ӯ мутмаин буд, ки рӯзе кинатузон худ ба сияҳрӯзӣ дучор меоянд ва киштаи худро бармедоранд, ки воқеан ҳамин тавр ҳам шуд.

…Одили Исломӣ дар тули зиндагӣ мақолаву ҳикоёте таълиф намуда, ки саропо мавзуоти мубраму доғи рӯзро фаро гирифта, дар аксар маврид ба масоили миллӣ ва хештаншиносӣ сару кор гирифта, ин мавзуъро хеле пайгирона ва мӯшикофона баррасӣ ва таҳлил намудааст.

…Махсусан суҳбати як қумондонро бо як асири куҳистонӣ (ҳикояи «Талаби омурзиш») хеле нозук оварда, ки аз гуфтугӯ ва баҳси онҳо маълум мегардад, ки мо чи қадар нотавонбину хурдагир ҳастем, то як идеяи хоми пӯсидаро, ки манфиати гуруҳи хурди ҷомиаро дар бар мегирад, авлотар аз сухани ҳақ ва ғояҳои миллӣ медонем.

Ибодуллоҳи Оқилпур

1 talabi-omurzish 5445Бародари азизам Саидаҳмад, бо ин ки ҳак надорам туро бародар бихонам ва аз зикри ин сухан хиҷолат мекашам, зеро ҳеҷ бародар бародари бегуноҳашро накуштааст, боз ҳам наметавонам номи дигаре бароят пайдо кунам. Аз он рӯзҳои наҳсу даҳшатнок инак чанд сол мегузарад. Чанд сол  аст, ки ту дар қабристони умумӣ зери бори гарони хоки сиёҳ хобидаӣ. Шояд ту аз ҳама гуна ғаму шодӣ, мушкилоту печидагиҳо осудаӣ, вале барои мо зиндагон то меравад мушкилтар мешавад.

Тақрибан шабе нест, ки туро дар хоб набинам. Ҳар дафъа бо тамоми қувва ба пешвозат меравам, бо оғӯши кушод ба сӯят медавам. Мехоҳам туро ба оғӯш гираму бародарвор бибӯсам ва сар ба поят ниҳода узр бихоҳам. Вале, ҳар дафъа ту аз ман рӯ мегардонӣ ва аз ман дур мешавӣ. Ман ҳарчанд, ки медавам, пойҳоям мисли ин ки дар кунда ва занҷиранд. Он гоҳ мисли абри баҳорон зор-зор гиря мекунам  ва дар ин ҳол бедор мешавам. Мебинам, ки болиштам аз оби дидаам тар шудааст ва дилам аз оташи андуҳу алам ба ёди ту месӯзад.

Ҳоло барои он ки ин алам ва асрори ин гуноҳро бо худ ба хок набарам, онро чун талаби омурзиш ба хонанда дар миён мегузорам. Бигузор ҳама, ҳар кас, ки виҷдон дорад дар рӯи ман туф андозад, зеро ба он меарзам.

Фирдавсии бузург беҳуда аз номи Рустам дар куштани Суҳроб нагуфта буд:

Буридан ду дастам сазовор аст,

Ҷуз аз хоки тира мабодам нишаст.

Киро омад ин пеш к-омад маро,

Ки фарзанд куштам ба пиронсаро.

Ба гетӣ кӣ куштаст фарзандро,

Далеру ҷавону хирадмандро.

Чи гӯям чу огаҳ шавад модараш,

Чи гуна фиристам касеро бараш.

Чӣ гӯям чаро куштамаш бегуноҳ,

Чаро рӯз кардам бар ӯ бар сиёҳ.

Соле, ки онро соли ҷанги бародаркушии тоҷикон меноманд, мо як гуруҳ ҷавононро як даста қумондонҳо, ки бештар ба роҳзанони дарёӣ монанд буданд, дар маркази ситодашон гирд оварднд. Аз чашмони онҳо хун меборид. Танҳо аз мушоҳидаи башараи даҳшатнокашон ҳаросу ваҳшат саропои вуҷудамонро фаро гирифта буд. Ҳар кадоми онҳо ба худ лақабе доштанд. Мегуфтанд, ки қумондонҳо дар зиндонҳои Руссия ба дарёфти ин лақабҳои ваҳмангез мушарраф гаштаанд. Ин лақабҳо аз қабили «ханҷар», «кордча», «гург», «хирс», «шер», «паланг», «аждаҳо», «ғул», «наррадев», «уқоб», «кафтар», «бабр» ва ғайра буданд. Барои он ки чи гуна кас будани худро ба мо нишон диҳанд, ду-се нафари моро бо баҳонаҳои мухталиф дар пеши назари саф мурданивор лату кӯб мекарданд.

Қумондонҳо дар ситод шабу рӯз филмҳои одамкӯшӣ ва заҷру шиканҷаро тамошо карда, худашон он усулҳоро машқ намуда ёд мегирифтанд ва дар муқобили ба истилоҳ сарбозони гунаҳкор амалӣ менамуданд.

Чанде баъд моро ба маркази ҷангу задухурдҳои бародаркӯшӣ ба шаҳри Қурғонтеппа бурданд. Ҳамон рӯз қумондон Бабр соатҳои 2-и шаб моро бо садои бонги хатар дар майдони машқ ҷамъ кард. Чанд лаҳза баъд ягон 20 нафар бандиро дар баробари мо қарор намуданд. Қумондон Бабр дар пешорӯи мо пасу пеш қадам зада, ба сӯи фалакзадагон ишора намуда гуфт:

-Медонед инҳо кистанд?

Мо хомӯш будем. Ҳама аз тарс меларзидем. Хиёл мекардем, ки ҳамин ҳозир онҳоро не, моро мепаронанд.

Бабр гуфт:

-Намедонед?  Пас бидонед! Инҳо вовчиканд. Инҳоро паррондан лозим аст.

Ҳоло мехоҳам бидонам, ки аз шумо каси боғайрате ёфт мешавад, ки ин сагҳоро ба он дунё бифиристад?

Аз мо касе ёрои овоз баровардан он тараф истад, сар бардоштан надошт. Он гоҳ Бабр автоматашро, ки пайваста дар сари китфаш буд, ба даст гирифт ва гуфт:

-Беғайратҳо, нигоҳ кунеду ёд гиред. Дафъаи дигар ин корро худатон ба ҷо меоред!

Бабр бо як хунсардии аҷиб автоматашро ба сӯи он бечорагон, ки аз ваҳшати марг ба замин нигоҳ мекарданд, гардонд ва дар як он тирҳояшро ба сари онҳо боронд. Бадбахтон паси ҳам ба замин афтиданд. Иттифоқан ягон тири Бабр хато нарафта буд. Баъд аз муддате, вақте ки мо мурдаҳоро ба мошин бор мекардем, ягон тои онҳо зинда набуд.

Аз фардои он рӯз моро ба қисмҳо таксим карданд. Баъзеҳо ба қисмҳои зарбазан, баъзеҳо ба қисмҳои «пок» кардани маҳаллаҳо ва қишлоқҳо аз вовчикҳо таъйин шуданд. Ман ва чанд нафари дигарро посбони асирони ситод таъйин намуданд.

Ҳар рӯзу шаб гуруҳ-гуруҳ одамонро ба унвони вовчик ба ситод меоварданду баъд аз истинтоқи мухтасар гуруҳ-гуруҳ бароварда мепарронданд. Истинтоқро аксаран қумондонҳо мегузарониданд, вале гоҳҳо худи сарқумондон, ки ӯро бо ифтихор Батко меномиданд, мегузаронид. Истинтоқ гузаронидани Батко аз он шаҳодат медод, ки ҳамон рӯз дар амалиёташ бемуваффақиятие рӯй дода, чанд нафар аз шогирдонашро аз даст дода бошад. Барои он ки худаш бо дасти худаш вовчикҳоро кушта, дилашро тар кунад, ба истинтоқи чанд нафар машғул шуда, пас онҳоро бо туфанги худаш ба қатл мерасонид.

Иттифоқан, як дафъа ман ва чанд ҳамяроқам шоҳиди истинтоқи Батко будем. Мо бо фармони Бабр 10-12 нафар вовчикро ба кабинети Батко дароварда дар ҳолати «хабардор» туфангҳоро ба сӯи бандиҳо рост карда меистодем.

Батко бо муштҳои бузург ва оҳанини худ ба назди ҳар кадом рафта чанд савол медод. Он бечораҳо, ки ҳавли марг дар вуҷудашон ҳукумат дошт, на ёрои гап шунидан доштанд, на ҷавоб додан. Он гоҳ Батко бо як ҳунармандӣ устоди карате будани худро нишон дода, бо як зарб онҳоро нақши замин мекард ва ҷигарашро хунук менамуд.

Аз байни онҳо ҷавонмарде боғайрату нотарс будани худро нишон дода, бо Батко ба баҳс пардохт.

Вақте, ки Батко ҷавони дар паҳлӯи ӯ бударо нақши замин кард, он мард ки номаш Рустам буд, гуфт:

-Шумо, ки ҳамаи моро мекушед, бо кӣ мемонед?

Батко аз ин густохии Рустам ҳайрон шуду пурсид:

Чӣ тавр бо кӣ мемонем? Мақсадат чист?

Рустам гуфт:

-Мақсадам ин аст, ки дар Тоҷикистон қавми тоҷики куҳистон вуҷуд дорад. Шумо, ки тоҷикони куҳистонро мекушед, бо кӣ мемонед?

Батко аз ин савол, ки ӯро ба фикр водор мекард, аз задан бозистод ва гуфт:

-Саги лаъин, мехоҳӣ, ки маро бо ташвиқоти миллатчигиат аз роҳ барорӣ? Наметавонӣ! Мо миллатчӣ нестем. Барои мо ҳамаи миллатҳо баробар ва бародаранд. Аз куштани шумо мо танҳо намемонем. Бародарони рус ҳастанд, узбек ҳастанд.

Рустам гуфт:

-Ҳамон бародароне, ки ду тоҷики куҳистонро ба ҷони ҳамдигар андохтаанд?

Батко гуфт:

Онҳо моро ба ҷони ҳамдигар наандохтаанд, баракс ба мо ёрии падарона расондаанд. Автомат доданд, тир доданд, тупу танк доданд. Агар ёрии падаронаи онҳо намебуд, магар шуморо шикаст додан осон буд?

Рустам гуфт:

-Ин бародарон ҳамон қадар, ки ба шумо  тупу танку тиру туфанг доданд, ба мо ҳам доданд. Оё шумо ягон бор фикр накардед, ки куштану аз байн рафтани тоҷикон ба фоидаи кист?

Батко гуфт:

-Ин ҷо гап дар бораи як миллат намеравад. Ман як умрамро дар зиндонҳо гузаронидам. Мо ҳеҷ гоҳ намемондем, ки намояндаи як миллат худро аз дигарон боло шуморад. Лекин мо набояд кӯрнамак набошем. Халқҳои русу узбак ба мо чӣ бадӣ карданд? Онҳо моро соҳиби як даҳан нон карданд, соҳиби пӯшоку савод карданд.

Рустам гуфт:

-Шумо ба сагатон, ки шаб то рӯз хонаатонро посбонӣ мекунад, нон намедиҳед? Ба харатон, ки дар зери бори шумо шабу рӯз ҷон меканад, коҳ намедиҳед? Инҳо ба мову шумо ҳамин қадар хӯроку пӯшоку савод додаанд, на бештар. Агар мо ба андозаи як рус ё як узбак хӯроку пӯшоку савод медоштем, ҳамдигарро мисли саг намекуштем.

Батко гуфт:

-Гапҳоятро бигӯ, дилатро холӣ кун, то онҳоро бо худат ба гӯр набарӣ!

Рустам гуфт:

-Ба далелҳои ман гӯш кун! Оё дар зарфи 70 сол ягон нафар тоҷики куҳистон дар сари ҳукумати Тоҷикистон буд? Набуд. Дар сари ҳукумат ҳамеша киҳо буданд? Русзабонҳову узбакзабонҳо. Аксари кули аҳолии пойтахтро киҳо ташкил медоданд? Русзабонҳову узбакзабонҳо. Дар пойтахт кадом забонҳо ҳоким буданд? Русиву узбакӣ. баъд тоҷикӣ. Тақрибан, ҳамаи ҷамъомадҳову маҷлисҳо ба забони русӣ баргузор мегардид. Дар тамоми идораҳову муассисаҳо намояндагони ин миллатҳо бартарӣ доштанд. Мо дар хонаи худ хонагадо ва хонағариб будем.

Оё ҳиллаву найранг ва хиёнату ҷинояти ҳамин бародарон набуд, ки марказҳои бостонии адабу фарҳанги мо Самарқанду Бухоро ба дасти бародарони узбак вогузор гардид? Ин бародарон вақте ки вилоятҳои қадимӣ ва аҷдодии тоҷикон Самарқанду Бухороро ба узбакон медоданд, чӣ асосу далеле доштанд?

Батко гуфт:

-Ин сафсатаҳоро мону ҷавоб деҳ, ки сагҳои лаъин, чаро бар зидди ҳукумати қонунӣ сар бардоштед? Чаро нисбат ба Раҳмон Набиев ва Сафаралӣ Кенҷаев барин падарони миллат беҳурматӣ карда, истеъфои онҳоро талаб кардед?

Рустам гуфт:

-Ин бародарон, ки мегӯед, 70 сол дар сояи пуштибонии  режими диктатурии Маскав бар сари мо-тоҷикони куҳистон ҳукмронӣ карданд. Тоҷик аз тарсу фишори режими хуношоми диктотурии Сталин ва пайравонаш ёрои сар баланд кардан надошт. Баъд аз 70 соли салтанати режим аввалин бор имконият пайдо шуд, ки тоҷик ба тарафдории намояндаи асили худ овоз диҳад. Оё мо ҳақ надоштем аз ин имконият истифода барем?

Батко гуфт:

-Чаро тоҷикони Кулобу дигар минтақаҳои Тоҷикистон ин корро накарданд? Чӣ, онҳо ақл надоштанд? Ба андозаи шумо савод надоштанд? Доштанд, лекин онҳо дар гирди ҳизби коммунист ва сарварони ростини он Раҳмон Набиев ва Сафаралӣ Кенгҷаев муттаҳид шуда, ба дифоъ аз ҳукумати қонунӣ бархостанд. Дар ин мубориза онҳо бо бародарони русу узбак такя карда, шумо ба муллоҳою, ҳоҷиҳову муфтиҳо такя кардед. Шумо хостед мамлакатро исломӣ кунед. Чӣ, магар мо мусулмон набудем? Намоз намехондем? Рӯза намегирифтем? Магар дар ҳар қадам масҷиду ҷанозагоҳ намесохтем? Магар тамоми фоидаву даромадамонро сарфи худоиҳову шиками муллоҳо намекардем? Чӣ, ин бас набуд? Ё шумо мехостед, ки 5 вақт намозро 15 вақту 30 рӯзи рамазонро 300 рӯз кунед? Не, ҷавоб диҳед! Ростӣ, мехостед, ки умуман, сарамонро аз саҷда набардорем?  Пас чӣ мехостед? Мусиқӣ ба шумо чӣ бадӣ кард? Занҳо чӣ гуноҳ карданд? Агар шумо он қадар аз шаҳват парҳез мекардед, чор занӣ намегирифтед. Баъзе намояндаҳоятон то 300 зан намегирифтанд, хонаи садҳо муридашро ҳаром намекарданд.

Шумо ҳайвонҳои ҳаром аз бемағзӣ, бесаводӣ, хариву аблаҳӣ сар ба бағали муллоҳои мурдашӯй мондаед. Маҳз шумо хари бесаводед. Магар харӣ ва аблаҳӣ аз ин зиёд мешавад, ки аз 16 солагӣ мисли харони бӯр дар саросари шуравӣ пушт хам карда бор мекашед? Чӣ, дар ватанатон обу нон ёфт намешавад?

Мо шуморо қатл карда, аз боркашӣ ва саҷдаи бисёру гушнагии рамазон халос мекунем. Шумо бояд пушт дар пушт аз мо минатдор бошед.

Акнун ба саволи аввалаат бармегардем. Ту гуфтӣ, ки мо бо кӣ мемонем?

Шумо лаънатиҳо он қадар, ки иттифоқҷӯ ва ваҳдатпараст мебудед, чаро дар вилояти Қурғонтеппа сояи кӯлобиро аз девор метарошидед? Дар як идора, ки ҷо мегирифтед, ягон кӯлобиро роҳ намедодед. Ҳатто аз амборҳо ба шофирҳои Кӯлоб чиз намедодед. Ба кулобиҳо дар ҳама ҷо таназанӣ мекардед, ба кӯлобиҳо духтар намедодед ва аз онҳо низ духтар намегирифтед. Худро аз кӯлобиҳо баланду кӯлобиҳоро паст мешумурдед. Ҳайвонҳои лаъин, боз худатонро босавод мегиред! Аз ин сабаб яктои шуморо зинда мондан ҷиноят аст, фаҳмидӣ, лаънатӣ?

2 talabi-omurzish 5445Шумо худро бандаи ҳалқабагӯши муллоҳои хар карда, дар майдони СЕКА мурдапартов кардед. Боз худро босавод мегиред. Ку ба ман бигӯ ҳамин дини ислом дар кадом таърих тоҷиконро муттаҳид карда буд? Оё қатлҳои ому ҳамдигаркӯшии шиа ва суннӣ мисоли барҷастаи ҳайвонии шумо нест? Лаънатиҳо, шумо чӣ тавр исбот мекунед, ки яке кофар ва дигаре мусулмон аст? Оё ҳамин шумо нестед, ки ҷуҳудро кофар ва помириҳоро аз ҷуҳуд ҳам кофартар мешуморед? Дар сурате, ки ҳамон бечораҳо ҳам аҳли дини ислом ҳастанд!

Рустам ҷилави суханро ба даст гирифту гуфт:

-Шумо метавонед моро ба ҳар сурате, ки дилатон мехоҳад, ба қатл расонед, лекин ҳақ надоред ба бузургонги ислом тавҳин кунед. Махсусан, ки Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Қорӣ Қиёмиддин ва дигарон ниҳоят шахсиятҳои бузургу донишманди олами исломанд.

Батко лабханд заду гуфт:

-Бисёр хуб, фарз мекунем, ки ин шахсиятҳое, ки шумо ном бурдед, бисёр бузурганд, вале бузургии онҳоро шумо дар чӣ чиз мебинед?

Шоире гуфтаст:

Одамият на ба нутқ асту на ба ришу на ба гӯш,

Тутӣ ҳам нутқу буз ҳам ришу хар ҳам гӯш дорад.

Ин бузургони шумо ғайр аз ин ки нутқҳои авомфиребона мекунанд, чӣ кори дигаре аз пеш бурдаанд? Китобе, ё шеъре навиштаанд ё чизе ихтироъ кардаанд? Оё шумо намози ҷаноза хондану се-чор ҳадиси сохтаву пардохта нақл карданро бузургиву олимӣ медонед?

Агар ин бузургони шумо ҳақиқатан олиму донишманду боақл мебуданд, корро ба ҷангу хунрезӣ намекашиданд.

Саъдӣ гуфтаст:

Ду оқилро набошад кину пайкор,

На доное ситезад бо сабукбор.

Агар нодон ба ваҳшат сахт гӯяд,

Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд.

Агар аз ҳар ду ҷониб ҷоҳилонанд,

Агар занҷир бошад, бигсилонанд.

Рустам гуфт:

-Хоҳиш мекунам, дар ҳақки бузургони ислом тавҳин накунед. Онҳо мехостанд, ки дар Тоҷикистон ахлоқи ҳамида ҳукмрон бошад. Барои ҳамин мамлакатро исломӣ кардан мехостанд. Вале, ҳоло ҷомиаи мо ба исломӣ шудан тайёр набуд. Мо дарҳол ҷомиаро исломӣ карданӣ набудем, балки оҳиста-оҳиста онро исломӣ мекардем.

Батко гуфт:

-Ман намедонам, ахлоқи ҳамида мехостед, ҳалима мехостед, лекин аз ин ахлоқи ҳамидаву ҳалима ба халқ чӣ фоида аст? Шумо муллоҳо, ҳатто фоидаи худатонро аз зараратон фарқ намекунед. Охир ҳамаи мардумро ба мурдашӯй табдил дода, чӣ фоида мекунед? Мулло кам бошад, қадраш баланд мешавад. Шумо, ки ҳамаро мулло мекунед, кӣ кор мекунад? Шиками шуморо ки мисли магасҳои ҳаромхӯр дунболи гӯшту равған мегардед, кӣ сер мекунад?

Албатта, дар харӣ, нодонӣ, аблаҳӣ нигоҳ доштани мардум ба фоидаи шумост, вале ҳамаро мулло кардан бемаънигист! Ҳар қадар мардум хари бесавод бошанд, ҳамон қадар пеши шумо барои гирифтани тумору таштову дуову дуруд муроҷиат мекунанд. Шумо барои исломӣ кардан не, балки барои хар кардани мардум мубориза мебаред. Вагарна, худоро шукр дар Тоҷикистон ҳама мусулмон аст. Ҳеҷ кас пеши рӯзаву намозро нагирифтааст. Пас, боз илова бар ин исломӣ кардани кишвар чӣ маънӣ дорад?

Рустам гуфт:

-Ҳама мусулмон ҳам бошанд, на ҳама намоз мехонад, на ҳама рӯза мегирад, на ҳама закот медиҳад. Занҳо рӯи кушода мегарданд. Дар тӯйҳо ҳамроҳи мардон мерақсанд, ки ногузир шаҳвати онҳоро меангезад.

Батко гуфт:

-Шумо харҳои бӯр, аз коммунизм гурехта, коммунизми дигар сохтаниед. Ҳамаро бо як говрона ҳай кардан мехоҳед. Занҳоро зери чодар ва мусиқиро манъ мекунед. Ҳамаро, бихоҳад ё не, 5 вақт ба масҷидҳо меронед. Ин ба монанди он аст, ки ҳамаро бангиву кукнорӣ кардан мехоҳед. Шумо тасаввур намекунед, ки дар ҷомиа як миқдор одамони боақл буда метавонанд, ки аз ҳушёрӣ зарар надидаанд ва бангӣ шудан намехоҳанд.

Шумо чунин одамонро аз кишвар меронед. Ба назари шумо касе, ки бангиву кукнорӣ набошад, ҳаққи дар мамлакати шумо зистанро надорад. Ба фикри шумо оё дар ҷомиае, ки дар он мурдашӯйҳо ҳоким буда, шабу рӯз навҳагарон нола кунанду сухан танҳо аз азоби гӯру оташи дузах дар миён бошад, зиндагӣ кардан ягон лаззате дорад? Шумо дар пеши виҷдонатон шарм намекунед, ки ҷомиаро ба мурдахона табдил медиҳед ва ҳукуматро ба дасти мурдашӯйҳо месупоред. Боз шарм накарда бузургони динии худро донишманду олиму боақл мехонед!

Рустам гуфт:

-Бо шумо, кофирҳо баҳс кардан бефоида аст. Беҳтар, ки ҳукматонро иҷро кунед!

Аз ин сухани Рустам қаҳру ғазаби Батко даҳчанд шуд ва ӯро чунон зери мушту лагад гирифт, ки баъд аз лаҳзае зинда ва ё мурда будани ӯро муайян кардан душвор буд. Баъд аз ин Батко ҳаш-ҳашкунон ба Бабр ишора кард, ки ҳукмро дар ҳаққи онҳо иҷро кунад. Чанд дақиқа баъд Бабр аз иҷрои ҳукми Батко гузориш дод.

Чанд рӯз баъд қумондон Хирс ба деҳае шабехун зада, як гуруҳ мардонро асир гирифта оварданд. Дар байни онҳо ҷавоне бо ҳусну ҷамоли фавқулодаи худ диққатҳоро ҷалб мекард. Ӯ қади баланду синаи ситабр дошт. Танҳо роҳ рафтанаш ҳаваси касро меангехт. Абрӯвони дарози сиёҳ, чашмони гиро, бинии росту борики мутаносиб, лабони зебо ва манаҳи росткунҷааш нишонаи нажоди пок ва омезишнаёфтаи ориёиҳои қадим буд.

Бачаҳо ҳамагӣ шефта ва мафтуни ҷамоли он ҷавон шуда, бо ҳамдигар зеригӯшӣ мегуфтанд, ки куштани чунин ҷавон ҳайф аст. Аз ҳама бештар дили ман ба ӯ месӯхт. Аз сӯрохи дар медидам, ки рӯзи дароз ба як нукта чашм дӯхта, маҳзуну хомӯш менишаст. Ба суҳбати ҳамроҳонаш шарик намешуд. Номаш Саидаҳмад буд. Боре, ки ӯро аз халоҷо бармегардонадам, ба ӯ гуфтам:

-Саидаҳмад, дили ҳамаи мо ба ту месӯзад. Агар аз роҳи худ баргардӣ, туро наҷот додан мумкин аст. Ӯ баргашту бо лабханди ғамгинона гуфт:

-Аз кадом роҳам баргардам?

Гуфтам:

-Магар ту вовчик нестӣ?

Гуфт:

-Вовчик чӣ чиз аст?

Гуфтам:

-Магар ту намоз намехонӣ?

Гуфт:

-Ҳанӯз нахондаам.

Ман ҳайрон шуда пурсидам:

-Пас туро бо кадом гуноҳ ин ҷо оварданд?

Гуфт:

-Намедонам.

Қазияро ба сарқумондон Батко арз кардем.

Вай гуфт:

Ин ҷо гунаҳдорӣ ва бегуноҳии асиронро ман муайян мекунам, на шумо. Магар ҳамин «угам» гуфтанаш гуноҳ нест? Хулоса, ҳар кас кори худашро кунад, вагарна сарашро муфт мехурад!

Ин сухани Батко баробар ба ҳукми қатл буд ва аҳаде ҷуръати онро дигар кардан надошт. Ман ҳар гоҳ, ки ба симои зебо ва марггирифтаи ӯ нигоҳ мекардам, дилам аз оташи андуҳ кабоб мешуд.

Дар фурсатҳои муносиб ба ӯ мегуфтам:

-Саидаҳмад, дилам ба ту месӯзад, вале чи кор кунам, ки туро халосӣ диҳам?

Ӯ мегуфт:

-Аз дилсӯзии ту минатдорам, вале аз он ба ман чӣ суд?

Чанд рӯз баъд қарор шуд, ки гуруҳи онҳоро берун аз шаҳр дар байни теппаҳо тирборон кунанд. Вақте, ки Саидаҳмадро ба мошин савор мекардем, аз ӯ пурсидам:

-Ба хешонат чӣ бигӯям?

Гуфт:

-Аз хешонам касе зинда нест. Вале, ба зиндагон бигӯ, ки Саидаҳмадро бегуноҳ куштем.

Ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Рӯямро гадондам, то туғёни олами даруниямро дар рӯям набинанд.

Мошин дар ҷодаи байни теппаҳо истод. Асиронро пиёда кардем. Қумондонҳо Бабр, Хирс ва Ханҷар вазъиятро зиракона назорат мекарданд. Ниҳоят асиронро дар як қатор рост намуданд ва моро дар муқобили онҳо. Хирс қасдан маро дар муқобили Саидаҳмад ба истодан водошт. Ногаҳон чашмам ба чашми Саидаҳмад бархурд. Дар нигоҳаш як дунё маъноро хондам. Беихтиёр чашмамро ба замин духтам. Гӯё ман ӯро на, ӯ маро мепаронд. Худро гунаҳкортарин башари рӯи дунё мепиндоштам. Вазъияти маро ҳис карда, Хирс ба пешам омад ва оҳиста гуфт:

-Батко амр кард, ки агар ту аз худ сустие нишон диҳӣ ҳардуятонро бипаронем. Бинобар ин ҳушёр бош! Нагӯ, ки хабарам накардӣ!

Дасту поямро ларза гирифт. Дар миёни маргу зиндагӣ будам. Дар ин лаҳза фармони «омода бош» баланд шуд. Сарбозон автоматҳои худро ба синаи бародарони ҳамхуну ҳамнажод ва куҳистонии худ рост карданд. Гуноҳашон асосан ҳамин буд, ки ҳангоми сухан гуфтан «угам» мегуфтанд. Ба ҳар сурат, гуноҳи Саидаҳмад, ки ман ба ӯ дил бохта будам, аз ин зиёд набуд. Ногаҳон фармони «оташ» баланд шуд. Ангушти ман ҳам беихтиёр кулангро фишор дод. Ба назарам се ё чор тир холӣ шуд. Ҳамаи асирон ба шикам ва паҳлӯ афтиданд. Танҳо Саидаҳмад рост меистод ва бо дидаи ҳайрон ба ман нигоҳ мекард.

Хирс ба сари ман дод зад:

-Падарлаънат ҳозир худатро ҳам мепаронам. Бизан мегӯям! Рост ба синааш бизан!

Ман гуфтам:

-Рост ба синааш задам. Намебинед аз синааш хун ҷорист?

Хирс ҳамчунон фарёд мезад:

-Боз бизан. Дароз бизан!

Ангушти ман ин дафъа кулангро дуру дароз фишор дод ва тамоми тирҳо холӣ шуд, вале Саидаҳмад ҳамчунон рост меистод ва ба ман бо табассум нигоҳ мекард. Хун аз сари синааш ҷорӣ  ва заминро сурх карда буд.

Хирс боз дод зад:

-Лаънатӣ, бизан мегӯям!

Ман гуфтам:

-Магазинро холӣ кардам, дигар тир надорам.

Он гоҳ ӯ автоматро рост кард ва ҳамаи тирҳояшро ба синаи ӯ холӣ кард. Вале, Саидаҳмад ҳамчунон рост меистод ва бо чашмони маҳзун гиламандона ба ман нигоҳ мекард. Ман дигар тоқат накарда дод гуфтам ва худро ба замин партофта нола кардам. Хирс дар ин вақт магазини дигарро дар автоматаш ҷо мекард. Ман гӯшҳоямро бо ду ангуштам маҳкам карда будам. Дар ин вақт садои дарози боридани тир шунида шуд, аммо Саидаҳмад ин дафъа ҳам ба замин наафтид. Хирс ҳаросону ваҳшатзада автомат дар даст ба сӯи Саидаҳмад рафт ва бо қундоқ ба сари  ӯ зад. Фақат баъди ин зарба Саидаҳмад ба пушт афтод. Бачаҳо тарсону ҳаросон бадани ӯро даст-даст карданд. Ҳамин вақт диданд, ки пеши синаи Саидаҳмад ба андозаи як ваҷаб сӯрох буд ва ҳамаи тирҳо аз пушташ гузашта буданд. Вале чашмонаш ҳанӯз ҳам боз буд. Лабханд дар лабонаш нақш баста буд. Аз нигоҳ ва лабхандҳояш танҳо як калимаро мехонадм, ки мегуфт:

-Номардҳо…

Аз дидани ин саҳнаи ваҳшатнок ман ба бемории руҳӣ дучор шудам. Шабу рӯз гиря мекардам. Гоҳҳо механдидам. Билохира, қумондон Бабр розӣ шуд, ки маро аз хизмат ҷавоб диҳанд.

Инак, чанд сол аст аз он ҳодисаи даҳшатнок мегузарад, вале симои Саидаҳмад, нигоҳҳои таънаомезу гиламандонаи ӯ, лабханди зебояш як лаҳза аз пеши назарам дур намеравад. Тақрибан шабе нест, ӯро дар хоб набинам. Ҳар дафъа бо тамоми қувва ба пешвозаш медавам, вале ба назди ӯ расида наметавонам. Мехоҳам ӯро дар оғӯш бигирам, сар ба поҳояш монда узр пурсам. Вале ӯ дур меравад. Танҳо садои пасту заифе аз ӯ шунида мешавад:

 «Номардҳо»!

 Ман ҳарчанд, ки медавам, пойҳоям мисли ин ки дар кунда ва занҷиранд. Он гоҳ мисли абри навбаҳор зор-зор гиря мекунам ва дар ин ҳол бедор мешавам. Мебинам, ки болиштам аз оби дидаам тар шудааст ва дилам дар оташи андуҳу алам месӯзад.

Дар ин ҷо мехоҳам васияти Саидаҳмадро ба гӯши зиндагон бирасонам, ки гуфта буд:

-Ба зиндаҳо бигӯ, ки Саидаҳмадро бегуноҳ куштем!

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №23, 05 ноябри соли 2013



Шарҳҳо   

 
0 #1 RE: Талаби омурзишGuest 23.01.2014 13:24
То хануз мегирям ва ба ин миллати гарибу бепанох дилам месузад. Худоё, ин чи дахшат буд, ки ба сари мо оварди? Имруз хам мо натавонистем якдигарро бишносем. Эй ба гафлатмондахо! Ба точик дигар аз руи махал бахо надихед. Имперотурии Ирони бузург хам бо дасти махалагроёни ирони тавассути арабхои бодянишин шикаст ва пош хурд. Эй вой аз чахолату нодонии мо!!!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi