09:43:14 18-уми Ноябри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Латифӣ: Дарди миллаткушро даво ҳаст

(Аввалаш дар шумораи гузашта)

Латифӣ ва Протоколи Хустдеҳ

Отахон Латифӣ аз сӯи сарвари мухолифин устод Нурӣ роҳбари гурӯҳи корӣ оиди таҳия кардани асноди ин мулоқот таъин гардид. Аз ҷониби ҳукумат Иброҳим Усмонов чунин масъулиятро ба уҳда дошт. Албатта ҳуҷҷатҳое, ки баъди ҳар як музокироти ҳайатҳои гуфтушунид ва ё мулоқоти сарони ҷиноҳои сулҳкунанда омодаи имзо мешуданд, бешак бо дарназардошти фикру андешаи раҳбарияти олимақоми ҳарду ҷониб таҳия мегардиданд.

1-latifi_666565.jpg

Вале аъзои гурӯҳи корӣ, махсусан раҳбарони онҳо дар чи гуна характер пайдо кардани мазмуну мундариҷа ва чи гуна тобиш доштани ин ҳуҷҷатҳо бешак нақши муассире доштанд. Таҳияи чунин ҳуҷҷатҳо ҳам назокату фасоҳати хешро дошт. Отахон Латифӣ ҳамчун як журналист ва сиёсатмадори соҳибтаҷриба ва ҷаҳонгашта аз ин нозукиҳо ба хубӣ бохабар буданд. Устод Нурӣ низ ин бартарии Отахон Латифиро хуб медонист.

Ӯ инчунин мефаҳмид, ки марҳум Отахон Латифӣ ба маънои мусбаташ миллатгаро ҳаст ва ҳар тасмиме, ки ҳини омодасозии аснод мегирад, албатта ба манфиати миллат аст. Ба манфиати миллат будан ин маънои ба манфиати ҳарду ҷониби сулҳкунанда буданро дошт. Яъне дар умум ба манфиати мухолифин, ки даъвои ватанхоҳиву ватандорӣ мекунанд, низ буд. Аммо дар байни нирӯҳои мухолифин буданд сиёсатмадорони алоҳидае, ки дар чунин мулоқоту гуфтушунидҳо бештар ба инобат гирифтани манофеи гурӯҳӣ ва ҳизбиро талаб доштанд. Онҳо низ далелҳои муассиқ пеш меоварданд, ки чаро чунин кор бояд сурат бигирад.

Онҳо низ мегуфтанд, ки талаботашон дар ҷамъбасти кор ба манфиати миллат аст. Масалан, дар Хустдеҳ дар мулоқоти сарони ҷонибайн пешравиҳои хеле чашмгире ба вуқӯъ пайвастанд. Азҷумла, дар ҳамин Хустдеҳ аввалин бор ҳукумат зарурати дар оянда дар қудрат саҳим шудани мухолифинро эътироф кард. Таъсиси комиссияи оштии миллиро ваъда дод. Бозгашти шарафмадонаи муҳоҷиринро бо баргардондани ҷои зисту кору фаъолияташон кафолат дод. Вале ҳамзамон дар ивазаш аз мухолифин хост, ки ҷангро дар ҳамаи манотиқ кишвар қатъ кунанд.

Нирӯҳои низомияшонро аз минтақаи Ховалинг (кони тиллои Шугнов дар дасти размандаҳои мухолифин буд) бароварда аз он тарафи ағбаи Каранак гузаронанд. Имконият диҳанд, ки дар манотиқи Қаротегину Тавилдара сохторҳои ҳукуматӣ, яъне ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки амалан суқут карда буданд, боз аз сари нав ба фаъолият шурӯъ кунанд. Беш аз сад низомии ҳукуматӣ, ки дар Қаротегин дар асорати размандаҳои мухолифин буданд, бе ягон қайду шарт озод карда шаванд.

Табиист, ки иҷрои ин талабҳои ҳукуматро на ҳамаи сиёсатмадорони мухолифин одилона, мунсифона ва пеш аз ҳама мантиқан қобили қабул медонистанд. Махсусан сиёсатмадороне, ки дар ин мулоқот шахсан ширкат надоштанд. Азҷумла муовини аввали раҳбари мухолифин устод Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода рӯзи дигари тариқи матбуот эълон шудани натоиҷи мулоқоти Хустдеҳ онро ба ҳеҷ ваҷҳ барои оппозисиюн қобили қабул надонист.

2-latifi_666565.jpgБаръакс эълом дошт, ки Протоколи Хустдеҳ зери фишори Раиси Ҷумҳури Афғонистон профессор Раббонӣ ва вазири дифои он Аҳмадшоҳи Масъуд аз сӯи раҳбарияти мухолифин қабул шудааст, ки «як навъ хиёнат аст ба ормонҳои шаҳидон». Рости гап, ин вокуниши устод Тӯраҷонзода миёни мардуми муҳоҷири дар Афғонистон будаи тоҷик сару садоҳои зидду нақизеро ба вуҷуд овард. Бархе агар барои ин мавқеаш устод Тӯраҷонзодаро интиқод мекарданд, қисмати дигар ҷонибдори ӯ буданд.

Дар умум мардуми ғариб аз сар задани ихтилоф миёни роҳбаронашон дар биму ҳарос буданд. Худое накарда ин ҳодиса сар бизанад в-онгаҳ зиндагии мушкили онҳо боз мушкилтар хоҳад шуд. Ҳама интизори рӯзи 13-уми декабр буданд. Қарор буд дар ин рӯз пеш аз намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеъи минтақаи муҳоҷирнишини «Боғи ширкат»-и Қундуз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Отахон Латифӣ, Худобердӣ Холиқназаров, Ҷумъбой Ниёзов ва дигарон суханронӣ карда мардумро аз моҳияти Созишномаи Хустдеҳ огаҳ бисозанд. Устод Нурӣ дар сӯҳбати хеш бештар сари масъалаи зарурати сулҳ кардан ва аҳамияти Созишномаи Хустдеҳ барои миллат ва кишвар ҳарф зад. Касе аз ӯ пурсид:

-Устод, чаро мо сулҳ кардем? Охир дар ҷабҳа пешравиҳо доштем?

- Наҷоти мо танҳо дар сулҳ аст. Натанҳо наҷоти мо, балки наҷоти миллати мо, кишвари мо дар сулҳ аст. Мо ба ҷуз сулҳ роҳи дигар надорем. Роҳи дигар худкушист, нобудист. Худованд ба дасти худ худро ба ҳалокат супориданро наҳй кардааст. Ин пешравие, ки шумо мегӯед, ин муваққатист. Фардо тарафи дигар пешравӣ мекунад. Ҳамин силсилаи «пешравиҳо»-и фоҷиабор беохир давом хоҳад кард. Чуноне ки имрӯз ин ҳолатро дар Афғонистон мебинем.

Устод Нурӣ чун сиёсатмадори дурандеш дар суханрониаш дар робита ба вокуниши Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода чизе ҳам нагуфт. Аз ин рӯ вақти суханронии Отахон Латифӣ яке аз ҳозирин аз ӯ фикрашро дар бораи баёнияи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода пурсон шуд.

-Ман мусоҳибаи устод Тӯраҷонзодаро бо радиои Би Би Си шунидам. Рости гап, фикр мекунам, устод Тӯраҷонзода аз сабаби надоштани иттилои дақиқ ва ҳаматарафа як каме ба эҳсосот роҳ доданд. Умуман, устод Тӯраҷонзода сиёсатмадори нозукбин ва дурандешанд. Хизматҳои он кас дар пеш рафтани раванди музокороти сулҳ хеле калон аст. Ва он кас боз хизматҳои аз ин ҳам бештаре хоҳанд кард.

Фикр мекунам, ба наздики дар Маскав бо он кас вомехӯрем ва аз асли гап он касро хабардор хоҳем кард ва он кас ҳам моро хоҳанд фаҳмид. Касе, ки фикр мекунад, ки дар байни мо- роҳбарони мухолифин ихтилоф шуд, хато мекунад. Мо дигар ба ин хатоҳо роҳ намедиҳем. Чи хеле ки устод Нурӣ мегӯянд, ҳиҷрат моро дарси ваҳдат омӯхт.

Он ки дорад чашми тар андар намоз

Вақти намози ҷумъа шуд. Меҳмонон ҳама дар сафи аввал буданд. Тифоқо ман дар паҳлӯи устод Латифӣҷой доштам. Устод ба қафо нигоҳ карданд. Қариб ҳазор нафар дар сафҳо рост истода ба ӯ нигоҳ мекарданд. Устод дар ин вақт ба тарафи ман гаштанду оҳиста гуфтанд:

- Чӣ кор кунам?

- Намоз хонед, устод.

-Охир ман то ҳоло… гуфту сукут карданд.

-Устод, аввал чор ракат намози суннати пеш аз намози фарзи ҷумъа, баъд ду ракат намози фарзро бо ҷамоъат мехонем ва дар охир чор ракат намози суннати пас аз намози фарзро дар алоҳидагӣ мегузорем.

3-latifi_666565.jpgВа ман шурӯъ кардам ба ибодат. Баъд аз адои чор ракат намози суннати пеш аз намози фарзи ҷумъа дидам, ки устод ҳанӯз дар намозанд. Ба ёдам расид, ки напурсидам таҳорат доштанд ё на. Хостам ин чизро аз он кас бипурсам. Дар ҳамин вақт устод аз ибодат хориҷ шуданд. Аҷаб ҳолатеро дидам дар чеҳраи он кас. Аз ашк ришу рӯяшон тар буд. Чашмони пуробашонро дидаму ин байти як ғазали машҳури Ҳофизи малакутӣ ба ёдам расид:

Ғусл дар ашк задам к-аҳли тариқат гӯянд,

Пок шав аввалу пас дида бар он Пок андоз!

Дигар ҷуръат накардам, ки аз он кас пурсам таҳорат доштанд, ё на.

Ҳангоми баромадан аз масҷид суханҳое ба мисли «Хайрият, ки Латифӣ дорем», «Мегуфтанд, ки Латифӣ намоз намехонад, мехондаст-ку?»… ба гӯшамон мерасиданд…

Фоҷиаи Мушкиниссо

Баъди хӯроки нисфирӯзӣ устод Латифӣ аз ман хоҳиш карданд, ки ӯро ба зиёрати қабристони муҳоҷирин бубарам. Ҳамин ки вориди қабристони ғарибон шудем устод қабреро ба ман нишон дода пурсиданд, ки ин қабри кист, мардаст ё зан.Тифоқо ман медонистам, ки ин қабри кӣҳаст. Гуфтам:

- Қабри Мушкиниссо ном як ҷавонзани нокоми 33-солае, ки ҳамагӣ чанд моҳқабл бо се фарзандаш аз Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи шавҳараш ба инҷо омада буд. Тахминан ду-се моҳ пеш аз бемории домана вафот кардааст.

- Оё ҳукумат иҷозат медод, ки занон ба ин ҷо ба ҷустуҷӯи шавҳаронашон биёянд?

- На, онҳо ва фарзандонашон ба таври кочоқӣ марзро убур мекарданд. Ин гуна занҳо дар ин чор соли муҳоҷират хеле зиёд буданд. Вале дар байнашон Мушкиниссо тақдири фоҷиаборе доштааст.

- Мешавад, ки қиссаи ӯро ба мо нақл кунед?

-Бале, устод. Хонаводаи Мушкиниссоино дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон зиндагӣ мекард. Баъди шурӯъи ҷангҳои дохилӣ шавҳар ва бародаронаш ба тарафи ҷанубтари кишвар, ки қиёсан ҷои амнтар буд, гуреза мешаванд. Мушкиниссо аз сабаби он ки модар ва махсусан як бародари 18-солаи бемори рӯҳӣ дошт, натавонист мисли дигарон бо ҳамроҳии шавҳараш биравад. Азбаски се фарзандаш ҳам хурдсол буданд, онҳоро бо худ гирифту ба ҳавлии модараш рафт.

Баъдан даргириҳо тамоми манотиқи ҷануби кишварро ҳам фаро гирифтанд. Мардуми зиёде, ки аз навоҳии мухталифи мамлакат ба ин ҷо гуреза шуда буданд, ба умеди пуштибонӣ ёфтан аз сӯи марзбонҳои рус худро ба манотиқи сарҳадӣ мезаданд. Силоҳбадастон мардуми бесилоҳро дар ин ҷо низ қатлу ғорат мекарданд. Мутаассифона, марзбонҳои рус ба ҷуз аз кушодани сарҳади Афғонистон дигар дар дифои гурезаҳо коре карда натавонистанд. Шавҳару се бародари Мушкиниссо ба Афғонистон паноҳанда шуданд.

Мушкиниссо бо се фарзанди хурдсол, модари пиру бародари бемораш дар ҳавлии волидайн мемонад. Масъулияти бузургеро тақдир ба дӯшаш бор мекунад. Ин инсонҳои дармондаву бечораро ӯ бояд мехӯронду нигоҳубин мекард. Барои пайдо кардани қути лоямут ҳосили обчакории замини назди ҳавлиашро ба бозор мебаровард. Аз пули фурӯши гашничу пиёз асосан нон, баъзан чою шаккар харида ба хона меовард.

Рӯзе силоҳбадастон ба манзили зисти онҳо омада бародарашро, як шахси ноқисулақлро, «боевик» гуфта дар шоҳидии ӯ лату кӯб мекунанд. Бар асари ин лату кӯби шадид бародараш ҷон ба Ҳақ месупорад. Дар шароити бемардинагӣ дар деҳа бо як мушкилоти зиёду даҳшати гӯшношунид барои ҷасади фарзанди падарро қабр канда ӯро ба хок месупорад. Баъд аз ин худаш низ мубталои маризиҳои гуногун, азҷумла доманаву малариё мегардад. Аз байн ду- се сол мегузарад. Аз мардуми деҳа чанд хонаводае аз муҳоҷирати Афғонистон бармегарданд.

4-latifi_666565.jpgАз онҳо мефаҳмад, ки шавҳараш дар Толуқон сиҳату саломат зиндагонӣ мекунад ва ба ин наздикиҳо баргаштанӣ нест. Аммо дар бораи тақдири бародаронаш хабаре дарёфт намекунад. Бисёриҳо дар вақти пурсиш аз онҳо изҳори беиттилоӣ мекунанд. Вале ӯқариб ҳар шаб онҳоро дар хоб мебинад. Ва ҳамеша хоб мебинад, ки онҳо дар як мавзеи хушобу ҳавое манзил доранду ӯро ба онҷо бо исрор даъват мекунанд.

Аз муҳоҷирони аз Афғонистон баргашта инчунин мефаҳмад, ки бархе аз занон бо роҳҳои кочоқӣ ба он ҷо рафта шавҳарон ва бародаронашонро ба Ватан баргардондаанд. Ба ӯ низ тавсия медоданд, ки ҳамин корро агар бикунад, шояд аз тақдири бародаронаш низ худаш огаҳ шавад. Дар ин байн саломатии модараш каме хубтар мешавад. Модар розӣ мешавад, ки Мушкиниссо фарзандонашро гирифта ба назди шавҳараш ба Афғонистон биравад. Ва дар як вақт бифаҳмад, ки бародаронаш дар куҷо ҳастанд ва чаро аз худ то ҳол дарак намедиҳанд.

Мушкиниссо бо амри модараш ягона чорвои дар хона буда- модаговро фурӯхта раҳпулӣ мекунад. Тибқи маслиҳати ашхоси огаҳ  фарзандонашро гирифта аввал ба Бадахшони Тоҷикистон меравад. Дар он ҷо одамони бо мухолифин ҳамфикру ҳамкор ӯро бо фарзандонаш шабона аз дарёи Панҷ ба соҳили Афғонистон мегузаронанд ва ба дасти шахсони боваринокашон месупоранд.  Он ашхос Мушкиниссо ва фарзандонашродар зарфи ду рӯз бо азобу машаққатҳои зиёде ба Толуқон мерасонанд.

Дар Толуқон бошад Мушкиниссоро хабарҳои нохуше интизор буданд. Нахуст хабари дар Толуқон набудани шавҳараш. Шавҳараш, ки ба хотири таҳия кардани маводи хӯрока барои муҳоҷирин ба Кобул рафта будааст, ба сабаби шиддат гирифтани ҷангҳои дохилии Афғонистон ва банд шудани роҳҳо муддатҳо наметавонистааст ба Толуқон баргардад. Дуввум хабари марги ҳар се бародараш. Занони ҳамдеҳааш бехабар аз он ки Мушкиниссо аз марги бародаронаш огаҳ нест, дар яке аз сӯҳбатҳояшон ба ӯ изҳори тасаллият мекунанд.

Баъдтар Мушкиниссо мефаҳмад, ки бародаронаш пас аз чанд муддат дар Афғонистон заҳмат кашиданҳо бо маблағи чанде аз роҳи қочоқӣ мехоҳанд ба Ватан, ба назди модар ва хоҳарашон баргарданд. Дар сарҳад мавриди тирборони марзбонҳо қарор мегиранд ва ҳар сеашон кушта мешаванд. Инак, кадом як гӯшаи хоки муқаддаси Ватан манзили охирати онҳо шудааст. Вале, мутаассифона, касе он ҷойро аниқ гуфта наметавонад, ки куҷост.

Мегӯянд Мушкиниссо нақл мекардааст, ки баъди шунидани қиссаи марги бародаронаш дар ин ҷо ҳам боз ҳамон хоби дар Ватан дидаашро қариб ҳар шаб медидааст. Хоб медидааст, ки бародаронаш дар як ҷои хушобу ҳавои сабзу хурраме макон доранду ӯро бо исрор ба онҷо даъват мекунанд. Баъди ин бемории доманааш аз нав хурӯҷ мекунад. Дардашро то дер ба касе намегӯяд. Вақте, ки аз пой меафтад, ӯро аз Толуқон ба шифохонаи муҳоҷирини ҳамин «Боғи Ширкат»-и Кундуз меоранд.

Мушкиниссо дар се рӯзи дар беморхона буданаш чашмонашро танҳо ҳамон лаҳзае мекушояд, ки садои барояш азизу шиноси шавҳарашро мешунавад. Ӯ бо як табассуми зӯракӣ кӯшиши ба пешвози шавҳараш хестан мекунад. Ӯро намегузоранд аз ҷой хезад. Ба рӯйи шавҳараш нигоҳкунон маънидорона сар меҷунбонад. Сипас ба тарафи фарзандонаш, ки дар наздаш бо чашмони ашкбор қатор нишаста буданд, нигоҳ мекунад. Бо имо нигоҳи шавҳарашро ба сӯи кӯдаконаш мекашад. Мехоҳад бигӯяд, ки инак фарзандонатро бигиру маро биҳил кун… Вале наметавонад. Забон дигар дар фармонаш набуд.Чашмонаш низ пӯшида мешаванд. Барои охирин бор, абадан…

Устод Латифиро дидам, ки наздики қабри Мушкиниссо рафтанд. Дасти дуо кушоданду чизе гуфтанд. Даст ба рӯй кашиданд. Худо раҳматаш кунад, гуфтанду сипас идома доданд:

- Фоҷиаи Мушкиниссо қиссаҳои занони декабристонро ба ёдам овард. Дар замони Александри 1 дар Русия як иддаъ зиёиён алайҳи шоҳ тазоҳурот карданд. Баъдан онҳоро ба ҷурми хиёнат ба шоҳ боздошт намуда ба Сибир бадарға намуданд. Занони декабристон ба мақсади рӯҳан дастгирӣ кардани шавҳаронашон ҷои зисти ободи худро гузошта ба назди онҳо, ба Сибир, ба он ҷое, ки чор фаслаш зимистон аст, довталобона мерафтанд. Албатта ин ҷо ҳодиса дигархелтар аст. Фоҷиаи Мушкиниссо ин фоҷиаи танҳо як зан ё гурӯҳе нест. Ин фоҷиаи миллат аст. Балки дарди миллат аст. Дарди миллаткуш. Дардест, ки танҳо як даво дорад. Мусолиҳа, мусолиҳа, мусолиҳа…

Султони ҲАМАД

Бознашр аз ҳафтаномаи «Миллат», 25-уми сентябри соли 2008.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1