12:39:09 01-уми Июли 2025 сол

«ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛӢ» – БАНДЕРА, ТЕМУРИ ЛАНГ ВА БОСМАЧИҲО

(Ё ПОСУХЕ БА МИРЗОИ САЛИМПУР)

Бадтарин амал он аст, ки вақте шахси ғайриҳирфавӣ даст ба кори дигар мезанад. Маҳз натиҷаи ҳамин амалро дида, пешгузаштагони мо рӯ ба истеҳзову ханда овардаанд, ки «Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан». Манзурам нигоштаи хабарбари радиои «Озодӣ» Мирзои Салимпур мебошад, ки 15-уми январи соли ҷорӣ дар сайти интернетии ин радио хондам.

 

БОСМАЧИТавре аз мӯҳтавои навиштааш бармеояд, номбурда вобаста ба таърихи дирӯзаю имрӯза ё танҳо тасаввуроти рӯякӣ дорад, ё танҳо баҳри гирифтани ҳаққи қалам аз «Озодӣ» ин сафсатамақоларо эҷод кардааст. Кӯшиш кардааст, ки узв ва пешвои Созмони миллатгароёни Украина дар солҳои 30-40-уми асри бист Степан Бандера, Темурланги қотил, Кӯри Шермат ва босмачиҳои тоҷикро дар як радиф гузошта, бо истинод бо чанд шахсияти дигари дур аз таърих тақозо кунад, ки «кулли он ҳазорон нафаре, ки бо нирӯи қавие, чун Шӯравӣ, набард кардаанд (манзураш босмачиёни тоҷик мебошад) – қаҳрамон шинохта шаванд». Муаллиф бо суоле, ки «Чаро дар Тоҷикистон то кунун ҷиҳати бозбинии нақши «босмачиҳо» дар таърихи  асри  бистуми ин кишвар иқдоми ҷиддие нашудааст?» оғоз намуда, таваҷҷӯҳи хонандаро ба он ҷалб мекунад, ки чаро дигар кишварҳои пасошӯравӣ,  миллатгароёни собиқи худро қаҳрамони миллӣ эълон кардаанду Давлати Тоҷикистон дар қаҳрамони миллӣ хондани босмачиёни тоҷик хомӯш аст.

 

Степан Бандера – қаҳрамони миллист?

Барои Мирзои Салимпур ҳамин далел басанда аст, ки Ҳукумати Украинаи замони Ющенко тамоми навиштаю гуфтаҳоро нисбати узв ва пешвои Созмони миллатгароёни Украина Степан Бандера «таблиғоти шӯравӣ» эълом намуда, ба номбурда унвони қаҳрамони миллии Украинаро додааст. Чӣ қадар осон, оддӣ ва содалавҳона? Оё таърихро метавон бо як амр аз байн бурд ва мувофиқи хости худ таҳриф намуд? Оё бо «қаҳрамон» хондани Степан Бандера ӯ дар асл қаҳрамон хоҳад шуд? Далелу бурҳонҳои мавҷудаи бойгониҳоро чӣ гуна тағйир медиҳӣ? Дидаю шунидаи садҳо ҳазор иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шоҳидони воқеаҳоро, ки имрӯз зиндаанд чӣ?

 

Степан Бандера дар таърих аллакай ҳамчун қиркунандаи миллати Полша ва ҳаммилатони украинии худаш, ки сохти шӯравиро дастгирӣ карда буданд, агенти разведкаи низомии немисҳо «Абвер» маълуму машҳур аст. Ҳамин Степан Бандера буд, ки бо 2, 5 миллион маркаи аз ин ниҳод гирифтааш, аз ҳисоби миллатгароёни украинӣ ду баталёни разведкавии тахрибкор-«Нахтигал» ва «Роланд»-ро ташкил намуда, ба ҳайати артиши фашистҳо ворид намуд ва якҷоя бо онҳо вориди хоки Шӯравӣ гардид. Маҳз сарбозони ҳамин баталонҳо дар ҷустуҷӯ ва нобуд кардани сокинони минтақаҳои ишғолшуда, дастаҳои партизанӣ ба немисҳо кӯмаки ҳалкунандаро мерасониданд. Маҳз ҳамин сарбозони Степан Бандера дар шаҳру деҳоти таҳти тасарруфи немисҳо даромада, ҳамчун пулис хизмат мекарданд ва бо дасти онҳо садҳо ҳазор партизан, пиру ҷавон, зану мард ба дор овехта шудааст, бо ваҳшигариҳои мудҳиштарин ба қатл расонида шудааст.

 

Дар куҷост он хизмате, ки Степан Бандера барои миллати Украина анҷом додаст? Ягона далели додани унвони қаҳрамони миллӣ ба Бандера, ба сари қудрат омадани аҷдодони баъдии аъзои Созмони миллатгароёни Украина аз қабили Ющенко ва Тимошенко буданд. Степан Бандераро дар Полша қиркунандаи мардуми поляк медонанду Парлумони Аврупо ӯро ҳамдасти Гитлер эълон кардааст. Пас тарғиби шӯравӣ ин ҷо чӣ нақше мебозад? Ҳақиқати таърих аст омиле, ки ба манъи амри додани унвони қаҳрамонӣ ба Степан Бандера гардид.

 

Аз «қаҳрамони миллӢ» - амир Темур то КӮри Шермат

Бо он ки ҳукуматдорони имрӯзаи Узбекистон Темурлангро қаҳрамони миллии хеш эълон карданд, ҷою мақоми ӯ дар таърихи инсоният тағир нахоҳад ёфт. Зеро ҳеҷ кас ва бо ҳеҷ усул наметавонад дар мағзҳои сокинони сайёра таҳавуллоти якборае ворид намуда, нисбати ин амири хунхор, ки пояш ба ҳар хоке мерасид ғорат мекарду месӯхту аз каллаи мардуми бумӣ манора месохт, симои мусбӣ бисозад. Ӯро  қаҳрамони миллӣ хонданд, аммо номаш то ҳол дар баробари Чингизхону Гитлер ҳамчун хунхортарину ваҳшитарин давлатдорони давру замон ёдоварӣ мешавад.

 

«Қаҳарамоиаш» ин буд, ки бар сари ҳар  кишваре метохт, боигариашро ғорат мекард, зану марди пир, кӯдаконро сар мебурид, ҳунармандонро ҳамчун ғулом ба ватани аслии худ оварда то дами марг ҳамчун ғулом истифода мебурд. Ва бо ин роҳ гӯё ба пешрафти шеваи давлатдорӣ, рушду тараққиёти иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги миллии узбекҳо мусоидат кардааст.

 

Дар бораи «қаҳрамониҳои» Кӯри Шермату Ҷӯрабекқурбошӣ ва ба «номи охирин гузоштани яке аз кӯчаҳои шаҳри Китоб» навишта, Мирзои Салимпур рӯ ба муаррихи узбек Гога Ҳидоятов меорад, ки яке аз таҳрифсозони асосии таърихи Осиёи Марказӣ ва тавлидгари таърихи нави Узбекистон мебошад. Ва агар ин муаррих ифтихор аз он дорад, ки номи Кӯри Шермату Ҷӯрабекқурбоширо зинда мегардонад барои Мирзои Салимпур чӣ ҷои фахр аст? «Қаҳрамон»-ии ин ду низ аз «қаҳрамон»-ии Темурланг кам нест.

 

Онҳо низ бо баҳонаи мубориза бар зидди Артиши Сурх дар ҳудуди Тоҷикистони шӯравӣ ба тоҷиккушӣ машғул буданд. (Чуноне, ки имрӯз ин амалро Ҳаракати Исломии Узбекистон такрор карда истодааст). «Қаҳрамон»-ии онҳо мумкин аст маҳз ҳамин тоҷиккушӣ дониста шудааст.  Агар Мирзои Салимпур аз таърих андаке бохабар мебуд, огоҳ мебуд, ки Кӯри Шермат қаҳрамон нею балки дузд, ғоратгар ва одамкуш будааст. Вақте, ки нимаҳои дуюми феврали соли 1921 амир Олимхон осемасар роҳи гурезро ҷониби Афғонистон мегирад, сарвари дастаи босмачиҳои водии Фарғона Шермуҳаммад (Кӯри Шермат), ки аз наздиконаш буд, аз тарсу ваҳми амир истифода бурда, дар ҳудуди Кофарниҳон, як қисми корвони ӯро дуздида ба самти Қаротегин меравад ва бо Фузайл Махсум мепайвандад ва ба зулму истибдоди мардуми маҳаллӣ машғул мешавад.

 

Наздики Фузайл Махсум бо Кӯри Шермат низ аз ҳисоби ҳамин сарватҳои амир буд, зеро Кӯри Шермат ба ӯ низ «сафедӣ» дода буд. Пас аз гурехтан ба хоки Афғонистон дар соли 1923 ва омодагириҳо барои ҳуҷуми навбатӣ, мувофиқи маслиҳат бо Фузайл Махсум, 15 апрели соли 1923 дастаи Кӯри Шермат сарҳадро убур намуда ба минтақаи Дарвози боло, ба ноҳияи Ванҷ ҳуҷум карда, муовини раиси кумитаи иҷроия, як духтур, мудири мағоза ва се муаллимро ба қатл расонида, 11 нафар мардуми маҳалиро захмдор мекунад. Баъди ба Ванҷ омадани сарбозони сурхи отряди Хоруғ Кӯри Шермат бо дастааш боз ҷониби Афғонистон фирор мекунанд. Ана, ҳамин аст таърихи «қаҳрамонӣ»-ҳои Кӯри Шермат!

 

«ҚаҳрамонӢ»-ҳои босмачиҳои тоҷик

Мирзои Салимпур бо истинод ба яке аз босмачипарастони муосири тоҷик  Ҷонибеки Асрориён менависад, ки «кулли ин мардум, ки бо неруи қавие чун шӯравӣ набард кардаанд бояд чун қаҳрамон шинохта шаванд». Барои кадом қаҳрамонӣ? Дар куҷост нишонае аз қаҳрамонии эшон? Пеш аз ҳама, ба як нуқта аслӣ, ба шахсият ва ҳуввияти поягузорону сарварони ҳаракати босмачигарӣ, мансубияти миллӣ ва қавмии онҳо таваҷҷӯҳ мебояд кард.

 

Дар саромадӣ ва сарварии ҳаракати босмачигарӣ ки қарор дошт: Амир Саид Олимхон, Анварпошшо  (Исмоил Анвар), Салимпошшо, Муҳиддинбек, Иброҳимбек, Абдулқаюм Парвоначӣ, Эшони Исохон, Туянқул, Тошмат, Туғайсарӣ, Абдураҳим, Ҷаббор, Боймурод Додхоҳ, Абдуллобий, Алимардон-додхоҳ, Мулло Қаракул, Утанбек, Баротбой, Тағайбек, Хуррамбек, Мирзоазиз Тӯқсабо, Эгамбердӣ, ки ҳама турку туркони манғитӣ, намояндагони қавму қабилаҳои лақай буданд. Мавқеи асосӣ ва пешоҳанг дар ҳаракати босмачигарӣ ба туркнажодон, алалхусус лақайҳо тааллуқ дошт ва онҳо аз ҷониби амир имтиёзоти зиёдеро дар Бухорои Шарқӣ бархурдор буданд.

 

Сабаби аслиаш он буд, ки дар пахш кардани эътирозу шӯришҳо ва норозигиҳои мардуми кӯҳистон амирони Бухоро маҳз лақайҳоро ҳамчун  дастгоҳи ҷазодиҳанда истифода мебурданд. Чанд нафар қурбошиёни  тоҷик, ки ҳам буданд, дар дараҷаҳои сеюму чаҳоруму ғайра, бевосита таҳти фармонбарии турку лақайҳо қарор доштанд ва он қадар нуфузи асарбахше дар ин ҳодисаҳо надоштанд, зеро онҳо танҳо нақши иҷрогари амрҳоро мебозиданд.  Онҳо ашхосе буданд, ки танҳо дар доираи маҳал, қавм, қишлоқ ва хешу табори худ эътибор доштанд.

 

Чунончӣ, Давлатмандбий дар Балҷувон, Фузайл Махсум дар Ғарм, Раҳмон-додхоҳ дар Масчоҳ, Темур-додхоҳ дар Ҳисор, Абдураҳмон дар Қаратоғ, Эшони Султон дар Вахё ва ғ.. Шахсони номбаршуда ягон ҳадафи оддӣ ва сиёсии миллӣ надоштанд. Ғараз аз муборизаашон бо сохти шӯравӣ, пеш аз ҳама, амалдори амир буданашон мебошад. Онҳо ҷойгоҳи мувофиқ дар ҷомеа, зиндагии бофараҳу сер доштанду дигар сокинони минтақаи таҳти фармонашон, дар хизмати онҳо буданд ва табиист, ки намехостанд ҳукмфармоӣ ва молу сарваташон бар фоидаи мардуми пойлучу камбағал аз даст равад.

 

Муборизаи онҳо ҳеҷ робитае бо ватанхоҳӣ ва ҳимояи манофеи миллати тоҷик надошт. Онҳо дар хизмати бегонагоне қарор доштанд, ки баҳри баргардонидани амири Бухоро Саид Олимхони манғит ба тахти «вожгунаш» ва ё амали сохтани мақсади Анварпошшо дар бунёди «Туркистони бузург» хизмат мекарданд. Нафаре аз ин гурӯҳ ҳуқуқ надошт, ки мустақилона сари масъалае тасмим гирад ва бечуну чаро фармудаҳои амир, Иброҳимбек ва Анварпошшоро иҷро мекарданд. Дар ягон маъхази мутааллиқи давраи босмачигарӣ, вақте сухан аз боби манофеъи тарафҳои даргир меравад, вожаҳои Тоҷик ва давлати Тоҷикон вуҷуд надоранд!!!

 

Бигузор Ҷонибеки Асрориён  ва ҳукмати ноҳия Балҷувон, ки барои бунёди оромгоҳи Давлатмандбий назари Вазорати фарҳангро пурсидаанд, аз маъхазҳои таърихӣ, ки ҳама дар бойгониҳои мухталиф маҳфузанд, ҳарферо барои собит намудани «ҷонбозӣ»-ҳои Давлатмандбию дигарон дар роҳи миллату давлати тоҷик пайдо кунанд, он гоҳ тамоми миллат сари суҷуд ба ин қаҳрамонҳо фурӯ хоҳад овард. Босмачипарастони муосир ҳасад мебаранд ва ба тааҷуб меоянд, ки чаро туркҳо боқимондаҳои ҷасади Анварпошшоро бо иззату икром ба Ватанаш баргардониданду манзили ҳамсангари ӯ Давлатмандбий дар ҳолати харобию валангорӣ  қарор дорад.

 

Наход ин мардум то ҳол дарк накарда бошанд, ки ин ду нафар барои кадом ҳадафҳо кушта шуданд? Анварпошшои авантюрист бо вуҷуди он, ки аз ватани аҷдодиаш гурехта буд ҳазорон фарсах дур аз Ватан тавонист, ки мардуми бегонаро фиреб дода зери итоати худ дарорад (ҳудуди 15-20 ҳазор босмачии лақаю тоҷик таҳти фармони ӯ буданд) ва ба хотири густариш додани ҳудуди давлати Туркия (ҳадафи аслии Анварпошшо ҳамин буд – эъмори Туркистони бузург) ҷонбозӣ намояд. Ана ин аслан қаҳрамонист! Ӯ барои ҳимояи манфиатҳои миллати худ ҷон додаст! Давлатмандбийу дигар бийҳои тоҷик чӣ?  Хизмати аҷнабиеро чун Анварпошшо, амири манғит ва Иброҳимбеки лақайро ба ҷо оварда, дар роҳи ҳимояи манфиати дигарон ҷон додаанд.

 

Ин ашхосе, ки аз босмачиён симои қаҳрамони миллат сохтан доранд, фикр мекунам боре  наандешидаанд, ки пирӯзии босмачиҳо тақдири миллат ва давлати Тоҷикро чӣ мекард. Боз асрҳо бардагии турк, ҳамон таассуби динӣ, ҷаҳолату торикӣ ва исёну шӯришҳои ваҳшиёна пахшшуда. Албатта, дар ҳамон давру замон, миллати рус низ чун дигарон барои мо бегона буд, вале мо нодида гирифта наметавонем, ки паю қадами онҳо тоҷики ғуломро озодӣ дод ва соҳибмиллату соҳибдавлат кард.

 

Аз баракати сотсиализм, зербинои Тоҷикистони имрӯзаи  соҳибистиқлол дар солҳои 1924 ва 1929 бо дасти фарзандони соҳибмаърифату бохирад ва диловараш Садриддин Айнию Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсуму садҳо ҳаммаслакони фарзонаи онҳо сохта шуд. Ана киҳоянд қаҳрамони ҳақиқии миллат! Албатта бо тақлид ба дигарон метавон босмачиҳоро чун бандераю темурҳо қаҳрамони миллӣ хонд, вале таҳрифи таърих ҳамеша хусусияти муваққатӣ дошта, ҳақиқат боз бар дурӯғ пирӯз хоҳад шуд.

 

Эҳсони Шариф 

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/tarih/4238-l-r------.html

 

Шарҳҳо   

 
+2 #3 Guest 24.01.2011 15:35
Holon ki Anvarposho bo Lenin rafikii hub dosht.Hudi urus mekhost Turkistoni buzurg shavad dar in mintaka.
Dar nom tojikon Samarkandu Bukhoro az tarsu vohimara uzbka elon karda budand hudashona.Tanho in mardi Baljoovon sar poyon nakarda bud.
 
 
+2 #2 Guest 24.01.2011 15:35
Ehsoni Sharif hudat az uzbakhoi ki molu mulki Tojikonro sanatu farhangi tojikonro uzbaki meshomorand farkiyate nadori bo in makolaat.Bale baze jumlahoyat asos dorad.Ammo Anvarposho kahramoni nishon nadodast.Baraks ham bo Imperia okhari Turkhoi Usmoni kheshu tabori doshtaast ham bo Ataturk rafiki nazdik budaast.U dar kuhoi Alloh Akbari Turkiya ziyoda az 60-90 hazor afsaronro baroi guzashtan az kuhoi Kavkaz ba katl rasoniddast.Yan e sababgori margashon gashtaast.
Tarihro hama bo kalami khesh dar manfiati khes menavisad.Bacha vu navasahoi Davlatmnd tojikand.Hama vakt puldor fikri hudasha mekunad dar har zamonavu vakt.
Yak kim kadom alkashro chekist elon karda ursho rafta vayhoro kuashtaast falon v g.
Ak kujo medoned ki sababi muradni Anvarposho ki bud?
 
 
-2 #1 Guest 24.01.2011 12:46
"Ehsosoti" Sharif...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ