18:32:21 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НАСРИНИ ҒАФФОРИЁН: "ҚАБРИ ПАДАРБУЗУРГАМ ДАР МАШҲАД АСТ"

nasrinНасрини Ғаффориён, набераи Амир Олимхон, иддаъо дорад, ки падарбузургаш аз ватан ҳаргиз фирор накарда, вале ночор шудааст хоки Бухороро тарк кунад. Хонуми Ғаффориён, ки дар Эрон зиндагӣ мекунад ва ба тиҷорат машғул аст, чанде пеш аз Тоҷикистон дидан карда ва дар мусоҳибае бо ҳамкорамон Искандари Фирӯз гуфтааст, ки Амир Олимхон ҳамеша ишқи бозгашт ба ватанро доштааст: 

-Насрини Ғаффориён исми комил аст ё номи Шумо изофаҳои дигаре ҳам дорад? 

-Исми шиносномаии ман Бибиашраф аст, ба хотири ин ки дар қадим ба маликаҳо бо исми “бибӣ” муроҷиъа мекарданд. Ва чун модарбузурги ман “Бибӣ” буд, исмаш ба ман ҳам расидааст. Ман аввалин фарзанди писарашон ҳастам. Вале ҳама маро бо исми Насрин садо мекунанд. 

-Метавонед дар бораи иртиботи худ бо хонаводаи Амир Олимхон иттилоъи бештаре диҳед? 

Ин тур ки падарам бароям таъриф кард, замоне ки тибқи аҳднома замини Бухоро дар ихтиёри Русия қарор гирифт, Амир Олимхон кӯч мекунад ба самти Эрон, вале аз роҳи Афғонистон. Дар он замон Амир Олимхон як писари панҷсола дошт, ки падари ман аст. 

-Исми падари Шумо? 

-Маҳмуд. Маҳмуди Ғаффориён. Вале ҳамсари Амир Олимхон, яъне модарбузурги ман, дар синни ҳаждаҳсолагӣ бидуни беморие мефавтад. Он замон падари ман сесола буд. Як субҳ модарбузургам аз хоб баланд мешавад ва дастур медиҳад, ки барояш ҳаммом омода кунанд. Баъдан либоси арӯсӣ пӯшида ва бо падарбузургам худоҳофизӣ мекунад ва дубора мехобад. Ва дигар бедор намешавад. 

-Исми модарбузурги Шумо чи буд? 

-Исми модарбузургамро дақиқан намедонам, вале шунидаам, ки ҳама аз ӯ бо исми “Бибӣ” ном мебаранд. Фавти модарбузургам Амр Олимхонро хеле ва хеле нороҳат месозад, чун сахт ошиқаш будааст. Бояд бигуям, ки Амр Олимхон фориғуттаҳсили донишгоҳи Страсбург буд ва ба ин далел ӯро Амир Олимхон мегуфтанд, чун таҳсилкарда буд. Ва ба ин далел низ атрофиёнаш талош мекарданд, ки духтарони зебо чи аз дохил ва чи аз хориҷро биёранд назди падарбузургам. 

Ва он тур ки мегӯянд, Амир Олимхон бузургтарин ҳарамсарои он замонро доштааст. Вале ба ҳеҷ кадоме аз ин бонувон таваҷҷӯҳи хоссе надоштааст. Амир Олимхон гоҳе ки онҳоро медидааст, мегуфтааст, ки аз ман мутмаин бошед, ҳар кадоме ки мехоҳед биравед, ман ҳеҷ кадоме аз шуморо ба ҳамсарӣ интихоб намекунам. 

Баъд аз фавти модарбузургам, Амир Олимхон бо духтаре ба исми Марям, ки аз фомили худи падарбузургам буд, издивоҷ мекунад. Зимнан, падарам ин занро хеле дӯст медошт. Ва ин хонум ҳамроҳи Амир Олимхон озими Эрон мешавад. Падарбузургамро дар ин сафар ҳудуди 50 нафар аз наздикон ва пайвандонаш ҳамроҳӣ мекунанд. 

Аз Бухоро эшон нахуст ба Кӯлоб меоянд. Гӯё, ганҷи хеле бузургеро дар яке аз ғорҳои ин минтақа мегузоранд ва посбонҳоро низ муваззаф мекунанд. Ман худ то ҳол аз ин минтақа дидан накардаам. Вале бархе аз тоҷикон мегӯянд, ки агар ту биёӣ ин ҷо, шояд ҳеҷ иттифоқе науфтад. Зеро то ҳол ҳар касе, ки он ҷо рафта, тилисм шуда ва ё солим барнагашта берун. 

-Пас, маҳалли он ганҷ мушаххас аст? 

-Бале. Вале гӯё то ҳол ҳеҷ кас ба он дасташ нарасидааст. Баъд, Амир Олимхон сафари худро идома медиҳад ва аз тариқи Кобул вориди Машҳад мешавад. Замоне ки ман се сол доштам, падарбузургам, яъне Амир Олимхон фавт мекунад. 

Сафари Амир Олимхон аз Бухоро ба Эрон ду сол тӯл мекашад. Дар ниҳоят, дар Машҳад соҳиби шиноснома мешавад. Ба ин далел, фомили мо Ғаффориён аст. Ғаффор ба арабӣ бахшанда аст, яъне бахшида омадааст. Ба дунболаш "Турбатии Муҷовир" дорем. Яъне на танҳо сарзамини Турбат, ки дар Хуросон аст, балки ба маънии хок аст. Хоки канори Имом Ризо. Яъне мо дар муҷовирати хоки Машҳад ҳастем. 

-Вале дар гузашта мегуфтанд, ки Амир Олимхон дар Афғонистон фавт кардааст? 

-На. Қабл аз фавт Амир Олимхон сокини Машҳад буд. Ва ҷанозааш низ дар Машҳад аст. Бояд бигӯям, аз Марям, ки ҳамсари Амир Олимхон буд, ҳаргиз эҳсоси нотанӣ накардаам. Ва фикр доштам, ки модарбузурги воқеъии ман аст. Марям падари маро аз писарони худ бештар дӯст медошт. 

Падарамро мебӯсиду мегуфт, ки аз ту бӯйи ҳамсарам меояд. Аз Марям ман ҳоло чаҳор амак дорам – Муҳаммад, Меҳдӣ, Ҳасан, ки фавт кардааст, Ҳусейн ва Содиқ. Як амма низ дорам, ки исмаш Бибифотима аст. 

-Вале теъдоди хонаводаи Амир Олимхон бузург хонда мешавад. Бархе аз онҳо дар кишварҳои мухталиф ба сар мебаранд. Оё бо онҳо иртиботе доред? 

-Танҳо бо як нафар дар Омрико иртибот дорем, ки духтарамаки падари ман аст. Дуродур бисёриҳоро медонем, вале иртибот надорем. Чун пароканда будем, натавонистем мисли сулолаҳои дигари шоҳӣ созмоне таъсис бидиҳем. Аз ҳам дур уфтодем. 

-Оё аз сӯҳбатҳои падари худ дар бораи Амир Олимхон қиссаҳое шунидаед? 

-Падарам ки хеле кӯчак буд ва ба ин далел хотироти зиёде аз он замон надорад. То ҷойе шунидаам, ҳарчанд Амир Олимхон меҳрубон ҳам буд, вале ҳамзамон хашин ҳам буду хеле ҷиддӣ. Бояд бигӯям, ки падарбузурги модариам, яъне падарзани Амир Олимхон, пизишки дарбори имперотурии Русия буд. 

-Боре ҳам шунидаед, ки баъд аз фирор аз қаламрави аморати Бухоро Амир Олимхон эҳсоси пушаймонӣ карда ва ё чӣ иштибоҳотеро далели ин амр хонда буд? 

-Ин тур бароям таъриф карданд, ки Амир Олимхон ҳамеша афсурда буд. Пайваста мисраъҳои “Бӯи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме”-ро бо овоз мехонд. Хеле сахт ба Бухоро алоқа дошт. Падарам, ки ҳоло 86 сол дорад, ҳар боре ки ин исми Бухоро ё ин мисраъҳоро мешунавад, мегиряд. Ёди падараш мекунад, ёди аҷдоду сарзамин мекунад. 

Вале Амир Олимхон ҳамеша афсурда буд. Шояд аз ғусса ҳам зуд фавт кардааст. Баъд аз иқомат дар Машҳад бештари вақташро ба хондани китоб мегузаронд. Вале дигар ҳеҷ вақт ба Бухоро барнагашт. Ӯ наметавонист қабул дошта бошад, ки хоки Бухоро дар дасти як кишвари аҷнабӣ аст. 

-Дар рӯзҳои ахири умри Амир Олимхон киҳо дар паҳлӯяш буданд? 

-Абдуллои Муталлибнажод, як дӯсти бисёр наздикаш, ки падарбузурги модарии ман буд. Ин шахс тоҷири маъруфе буд. Бо Амир Олимхон дӯстони самимие буданд ва бештари вақти худро бо ҳам мегузаронданд. 

Зимнан, ба далели дӯстии онҳо, писару духтарашон издивоҷ карданд. Ва падарам бо духтари эшон дар синни 11-солагӣ ақд кардаанд. Намедонам, шояд ишқ дар хонаводаи мо ирсӣ аст. Зеро падару модарам ҳоло дар ин синну сол наметавонанд бидуни ҳамдигар ғизо хуранд ё ҷойе сафар кунанд. 

-Вале дар охирин лаҳазоти зиндагии Амир Олимхон аз хонумон ки дар канораш буд? Чун мусаллам аст, ки эшон хонумонро зиёд дӯст медоштанд. 

-Ба унвони ҳамсар ҳамроҳи падарбузургам ба Машҳад ду духтарро оварда буданд, ки гӯё аз фомили он кас буданд. Алъон, ки онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, вале фарзандонашон ҳастанд. Ин ду хонум чеҳраи тоҷикӣ надоштанд, фикр мекунам рагу решаи русӣ доштанд, чун чашмҳои обиву мӯйҳои бӯру сафеду қадди баланду дурушт доштанд. 

-Шумо ишорае дар бораи дороиҳои Амир Олимхон кардед. Аз лиҳози иқтисодӣ зиндагии Амир Олимхон дар Эрон чи гуна пеш мерафт? 

-Боз ҳам бароям таъриф карданд, ки падарбузургам вақте Эрон омаданд, дуруст аст, ки хеле аз ганҷи худро ҳамроҳ доштанд. Хурҷинҳои зиёди тилову ҷавоҳирот ҳамроҳи худ овардаанд. Ба ин далел дар Эрон зиндагии хеле хубе доштанд. 

-Барои Шумо низ қисмате аз он сарватро ба мерос гузоштанд? 

-Чаро гузоштанд? Алъон дар дасти модарам аст, чун барои арӯсаш гузошта буд. Ҳоло намедонам, ки модарам ба кӣ мехоҳад онро бигзорад. Вале мо ҳар гоҳе онро мебинем. Ва аз он чизе, ки дидаам, як ангуштари бузурге ҳаст, ки бо нӯҳ адад сангҳои мухталифи гаронбаҳо ороста шудааст. 

-Вале сару садоҳое ҳаст, ки дороиҳои Амир Олимхон тавассути пайвандонаш то ба кишварҳои дигар рафтааст. Шумо дар ин бора иттилоъе доред? 

-Он гуна ки гуфтам, ҳудуди 50 нафар падарбузургамро дар сафар аз Бухоро ба Эрон ҳамроҳӣ кардаанд. Ва ба ҳамаи онҳо расидагӣ шудааст. Ба чашми худ чизе надидаам, вале фикр мекунам, ки ба ҳар нафаре аз онҳо расидагӣ шудааст. Мутмаинам, ки ба ҳама аз он сарватҳо додаанд, чун Амир Олимхон дар Эрон низ ба онҳо чун ба атбоъи худ менигарист. 

Хеле мехохам замоне бирасад, ки ҳамаи онҳоро бубинам. Чун, дар ниҳоят, фомили ман ҳастанд. Шояд ҳатто дар Душанбе низ аз пайвандони мо ба сар бубаранд. Вале ман онҳоро намешиносам. 

-Ба ҷуз аз дороиҳо, шояд Амир Олимхон кутубу дастнависҳо ва ё номаҳоеро низ ба мерос монда бошад? 

-Дар дасти мо танҳо як дона қоби акси бузурге, ки аз аксҳои худи Амир Олимхон иборат аст, боқӣ мондааст. Дар пушти ин акс шаҷараномаи моро навиштаанд. Чизи дигаре надорем. 

-Шояд аз падари худ боре ҳам шунидаед, ки Амир Олимхон қасди дубора ба сари қудрат баргаштанро дошт ё хайр? Шояд амир чунин интизориҳо дошт? 

-Интизориҳо ки доштанд. Ин орзуи ҳар кас аст, ки аз ватан дур меафтад. Бавижа, подшоҳон, умаро, уламо ва амирон ишқи фавқулъода ба хоку оби сарзамини худ доранд. Бубинед, падарам, ки аз бачагиаш Бухороро надидааст, вале бо шунидани исми Бухоро гиря мекунад. Ин чизест, ки дохили жену рагу вуҷудаш ҳаст. 

-Оё боре ҳам шунидаед, ки Амир Олимхон дар бораи иштибоҳоташ, ки боъиси тарки ватан карданаш шуд, изҳори назар карда бошад? 

-Дарвоқеъ, эшон фирор накардааст. Амир Олимхон Бухороро ба хотири он ки ғасб карда буданд, тарк кард. Эшонро таҳдиду таъқибе ҳам набуд. Худи эшон тарки ватан кард, чун дӯст надошт бубинад, ки бегонаҳо дар хокаш ҳастанд. 

Шояд дар худ ин қудратро намедид, ки тавонад бо бегонагон мубориза кунад. Чун ба ҷуз аз Бухоро, тибқи он аҳднома шаҳрҳои дигари аморат низ аз сӯйи аҷнабиён тасарруф шуда буданд. Боз ҳам мегӯям, ки эшон ҳаргиз фирор накард ва дилаш ҳамеша мехост ба Бухоро баргардад. 

-Вале шумо худро тоҷик меҳисобед ё эронӣ? 

-Ҳарчанд дар ин бора зиёд андеша кардаам, вале наметавонам бигӯям, ки кадом ҳастам. Ёдам омад, ки ҳамсарам ҳар боре ки ман коре мекунаму вай мехоҳад шухӣ кунад, мегӯяд, ки буру, ту хориҷӣ ҳастӣ ва расму русуми моро намедонӣ. Вале воқеъан ин тур нест. Ба он нимае, ки моли падарам аст, сад дарсад худро тоҷик меҳисобам. Ва ба он нимаи дигаре, ки аз модар дорам, худро моли Эрон медонам. Дар афкорам ин ду ҳаргиз марз надоштанд ва як ҳастанд. 

-Шумо намехоҳед ба Бухоро ба унвони малика баргардед? 

-Ба ростӣ, ҳаргиз орзуи ҳамчунин чизро надорам. Ба ин мавзӯъ ҳатто фикр ҳам накардаам. Ҳарчанд, аввалин фарзанди писари Амир Олимхон ҳастам. Вале дар гузашта як мусоҳиба бо хабарнигоре аз Тоҷикистон доштам, ки наздик буд ба ҷанги байналмилалӣ анҷомад. Ба ин далел намехоҳам, ки ҳамчунин иттифоқе дубора сурат бигирад. 

Он вақт изҳор дошта будам, ки аз раиси ҷумҳури мӯҳтарами Ӯзбакистон хоҳиш мекунам, ки ин ду хоки Бухорову Самарқандро ба Тоҷикистон баргардонад. Аз фардош занг мезаданд ва мегуфтанд, ки куҷост он набераи Амир Олимхон, ки мо ҳозирем ҳамроҳаш биравем ва биҷангем, то хокро пас бигирем. 

Вале, ман намехоҳам, ки сари ин мавзӯъ ҷанг шавад. Хуб нигаҳдорӣ бикунанд, айбе надорад. Ҳоло талош дорам, ки дар рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон саҳм гузорам. 

Ҳоло эрониҳо зиёд ба Дубай сафар мекунанд. Аммо дили ман мехоҳад, ки Тоҷикистон ҳаётхалвати Эрон бошад. Ба ҳар ҳол, ин дӯстиҳо дӯстии ду хонавода, ду узви як бадан аст. 

-Сипосгузорам аз сӯҳбат. 

Искандари Фирӯз, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/tarih/4352-kabri-padarbuzurgam-dar-mashhad-ast.html 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi