20:15:11 13-уми Майи 2026 сол

Аҳмад Зоҳир ва Тоҷикистон – ишқе, ки бе вохӯрӣ ҳам шукуфон монд

(Бо истинод ба китоби «Султони қалбҳо», Душанбе, 2012, саҳ. 122-167)

Дӯстӣ бе дидор тамом намешавад, аммо…

ahmad zahir 2 6545542454545Аҳмад Зоҳир ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон наомадааст. Бо вуҷуди ин, ӯ дар дили мардуми тоҷик чунон ҷой дорад, ки ҳар шаб садояш аз радиову телевизионҳо садо медиҳад. Сабаб? Тоҷикон дар ӯ овози ҳамзабони гумшударо шуниданд.

Аввалин сафарҳои ҳунармандони тоҷик ба Кобул. Солҳои 1958–1968 гурӯҳҳои ҳунарии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев, Ҷӯрабек Муродов, Нуқра Раҳматова ба Кобул сафар карданд. Дар он ҷо сурудҳои "Субҳи Кобул", "Аз ғамат ай нозанин" шунида шуданд (саҳ. 122-127). Аҳмад Зоҳир ин сурудҳоро хуб медонист.

Ҷӯрабек Назриев ва Аҳмад Зоҳир. Олими тоҷик Ҷӯрабек Назриев дар Кобул бо Аҳмад Зоҳир дӯст шуд. Баъдтар, мақомоти шӯравӣ Назриевро аз Афғонистон берун карданд, зеро робита бо Аҳмад Зоҳирро «шубҳанок» меҳисобиданд (саҳ. 135-136).

Чӣ гуна "Туро сад бор" ба оҳанг даромад. Ҷӯрабек Назриев Аҳмад Зоҳир дар хонаи Шаҳбоз Кабиров ва Меҳриниссо (олимони тоҷик) меҳмон шуданд. Дар ин меҳмонӣ аз рӯи фоли китоби «Мушоира» шеъри Мирзо Турсунзода «Туро сад бор гуфтам…» Аҳмад Зоҳир интихоб намуд. Ӯ ваъда дод ки то Наврӯз ба оҳанг медарорад (саҳ. 153-154). Наврӯзи соли 1976 ин суруд аввалин бор дар хонаи онҳо садо дод.

Мулоқоти Ҷӯрабек Муродов. Соли 1979 Ҷӯрабек Муродов дар Кобул «Дили модар»-и Мирзо Турсунзодаро хонд. Аҳмад Зоҳир аз толор боло баромад, гулро ба Ҷӯрабек Муродов дод ва гуфт: «Ман дар бораи модар бисёр сурудаам, вале ин суруди шумо ҷигарамро реш кард» (саҳ. 133). Ин шиносоӣ 45 дақиқа давом кард.

Маҳфилҳои Душанбе ва осорхонаи Ромит. Ҳар сол 14 июн дар Душанбе чорабиниҳои ёдбуди Аҳмад Зоҳир баргузор мешавад (саҳ. 174-176). Дар деҳаи Амоншайхӣ (дараи Ромит) Ғаниҷон Мӯминов дар ҳавлии худ як утоқро ба осорхонаи Аҳмад Зоҳир табдил додааст. Он ҷо аксҳо, кассетаҳо ва ҳатто созҳое, ки шоҳиди эҷоди ӯ будаанд, ҷой дода шудаанд (саҳ. 98-101).

Тоҷикистон Аҳмад Зоҳирро аз худ кард, зеро ӯ бо забони модарии тоҷикон суруд мехонд, аз шоирони тоҷик шеър интихоб мекард, ва дар ӯ на танҳо овозхон, балки шарики дард ва умедро меҷустанд. Сафари ӯ ба Тоҷикистон сурат нагирифт, аммо садояш то абад дар ин сарзамин мемонад.

Субҳиддини Султон, "Рӯзгор" 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ