Ёди рӯзгори ширин
МУСИҚИШИНОСИ РУС АҲМАД ЗОҲИРРО МУАЛЛИФИ «ЭЛ-БИМБО» МЕДОНАД
Александр Василев, яке аз мусиқашиносони рус, дар яке аз пажӯҳишҳои илмӣ- оммавиаш, ки дар сайти «История одной песни» (http://www.historyonesong.com) овардааст, Аҳмад Зоҳирро муаллифи суруди машҳури "Эл-Бимбо" хондааст. Ба навиштаи ӯ «Аҳмад Зоҳир, «Шоҳи мусиқии Афғонистон», таронаи «Эл-Бимбо»-ро ҳанӯз соли 1971 эҷод карда онро худи ҳамон сол вориди албоми «Лайлиҷон» мекунад. Баъдан ин сурудро гурӯҳи созиву овозии фаронсавии «Bimbo Jet» ба барномаи консертии худ дохил мекунад.
Ин суруд махсусан соли 1974 ба дӯстдорони мусиқӣ бештар ошно мегардад. Зеро дар ин сол ширкатҳои садосабткунии баъзе аз кишварҳо як албоми ансамбли «Bimbo Jet»-ро ба нашр мерасонанд, ки дар он ду вариати ҳамин суруд ҷойгир кунонда шуда будааст. Як камбудии ноширон он замон аз ҳамин иборат буд, ки онҳо муаллифи сурудро на Аҳмад Зоҳир, балки Клод Морган (Claude Morgan) ном бурдаанд. Суруд дар як муддати кӯтоҳ хеле маъруфу машҳур гардид.
Ин суруд дар Фаронса дар сабқати таронаҳо ҳамон сол ҷои аввалро гирифт, дар Англия дар қатори 10 таронаи беҳтарин шинохта шуд. Танҳо дар як Фаронса беш аз як миллион нусхаи диски ин суруд бароварда мешавад. Дар ҷаҳон се миллион нусхаи ин диск ба фурӯш бароварда шудааст. Испания, Италия, Дания, Туркия ва Лубнонро ин тарона тасхир карда буд… Бояд тазаккур дод, ки худи Клод Морган бо ҳамроҳии Лоран Росси (Laurent Rossi), ки дар ҳайати ансамбли «Bimbo jet» буданд, танҳо се суруд эҷод кардаанду халос: «El bimbo»-ро дар соли 1974, «La Balanga»-ро дар соли 1975 ва «Love To Love»-ро дар соли в 1974».
Хонандаи гиромӣ, шояд баъди хондани ин иқтибос шумо бипурсед, ки «Эл-Бимбо» ин кадом суруди Аҳмад Зоҳир аст. Бале, бо ин ном дар рӯйхати таронаҳои Аҳмад Зоҳир сурудеро пайдо кардан ғайриимкон аст. Мусиқашиноси рус вақте, ки дар бораи суруди «Эл-Бимбо»-и Аҳмад Зоҳир сухан меронад, дар қавсайн ҳамеша таронаи «Танҳо шудам, танҳо шудам»-ро ёдовар мешавад. Пас «Эл-Бимбо» гуфта Александр Василев суруди «Танҳо шудам, танҳо шудам»-ро дар назар дорад. Оё дар ҳақиқат оҳанги суруди «Танҳо шудам, танҳо шудам»-ро Аҳмад Зоҳир эҷод кардааст?
Тибқи маълумоте, ки дар дасти мо ҳаст, албоми «Лайлиҷон»-и Аҳмад Зоҳир, яъне ҳамон албоме, ки мувофиқи навиштаи муҳаққиқи рус суруди «Танҳо шудам, танҳо шудам» дар он аввалин бор сабт гардидааст, соли 1971 не, балки соли 1977 мунташир шудааст. Яъне албоми «Лайлиҷон» замоне ба нашр расидааст, ки ин суруд аллакай се сол боз дар ҷаҳон, махсусан дар Аврупо, шӯру валвалаеро барпо карда будааст. Ин аз як тараф.
Аз тарафи дигар суруде, ки Аҳмад Зоҳир мехонад, яъне суруди «Танҳо шудам, танҳо шудам» ягона суруди ӯ мебошад, ки оҳангаш аз тарафи мутрибони афғонӣ навохта нашудааст ва бо эҳтимоли зиёд гуфтан мумкин аст, ки дар берун аз Афғонистон аз тарафи мутрибони аврупоӣ, шояд оркестри симфоние, навохта шуда бошад. Зеро дар ҳайати оркестре, ки ин оҳангро навохтааст, садои скрипкаро мешунавем. Садои скрипка дар дигар сурудҳои Аҳмад Зоҳир тамоман шунида намешавад.
Ин ҳолат ба мо ҳақ медиҳад ҳадс бизанем, ки ин таронаро Аҳмад Зоҳир бо истифода аз фонограмма сурудааст. Яъне оҳангро ё ансамбли «Bimbo jet» ё оркестри Пол Мариа алоҳида навохтаанд ва Аҳмад Зоҳир бо истифода аз ин оҳанг (аниқтараш фонограмма) суруди «Танҳо шудам, танҳо шудам»-ро дар яке аз студияҳои сабткунии овоз сабт намудааст. Ба гуфтаи баъзе аз муҳаққиқон ин таронаро Аҳмад Зоҳир соли 1976 ҳини сафараш ба Фаронса дар яке аз студияҳои ин кишвар сабт кардааст.
Бархеи дигар бар онанд, ки чунин кор, яъне бо истифода аз фонограмма суруд сабт кардани Аҳмад Зоҳир, метавонист дар худи Афғонистон низ сурат бигирад. Зеро солҳои 70-уми асри гузашта дар Афғонистон чунин таҷҳизоте, ки бо истифода аз фонограмма суруд сабт намояд, аллакай вуҷуд дошт. Дар репертуари Аҳмад Зоҳир, ки феълан дастраси алоқамандони садояш мебошад, танҳо ҳамин як варианти ин суруд вуҷуд дораду халос.
Ҳатто дар кассетаҳои маҳфилии ӯ дигар ин сурудро мо пайдо карда натавонистем. Бо эҳтимоли зиёд танҳо ҳамин як вариант боқӣ мондааст. Ҳарчанд дар яке аз кассетаҳои Аҳмад Зоҳир, ки дар он оҳангҳои сурудҳои ӯро гурӯҳи созиву овозии «Ситораҳо» навохтааст, оҳанги ҳамин суруд дар охири кассета дар иҷрои гурӯҳи «Ситораҳо» оварда шудааст, вале суруди «Танҳо шудам танҳо шудам»-ро, ки оҳангашро мутрибони афғонӣ навохта бошанд, мо дар иҷрои Аҳмад Зоҳир нашунидаем.
Ҳамин тариқ тибқи таҳлилҳои мо Аҳмад Зоҳир ин сурудро бо истифода аз фонограммае, ки оҳангашро гурӯҳи созиву овозии «Bimbo jet» ё оркестри Пол Мариа навохтаанд, хондааст. Чизи дигари ҷолиб дар робита бо ин тарона ин аст, ки матни онро Аҳмад Зоҳир аз эҷодиёти шоири эронӣ Абулҳасани Варзӣ гирифтааст.
Ин шеър аз 28 мисраъ иборат аст. Қофияи ин шеър дар шакли маснавӣ эҷод шудааст. Аҳмад Зоҳир бо истифода аз ҳамин шеър ду суруд эҷод кардааст. Якум ҳамон суруди «Танҳо шудам , танҳо шудам» ва дуввум суруди «Шодӣ кунед, ай дӯстон, ман шодаму осудаам». Ҳангоми эҷоди суруди «Танҳо шудам, танҳо шудам» Аҳмад Зоҳир танҳо 6 мисраи аввали шеърро истифода кардааст:
Танҳо шудам, танҳо шудам, осуда аз ғавғо шудам,
Азбаски хӯрдам хуни дил чун ғунча аз ҳам во шудам.
Боз аст дарҳои қафас, ай мурғи дил парвоз кун,
Гулҳои ин гулзорро мадҳуш аз овоз кун.
Ман ошиқи танҳоиям худ маҳрами рози худам,
Бо нағмапардозон бигӯ ман худ ҳамовози худам.
Аҷиб ин аст, ки Аҳмад Зоҳир ба хотире, ки аз чаҳорчӯбаи ҳамон мусиқӣ берун набарояд, ҳини сурудан аз хондани ҳамон ибораҳое, ки бо курсив ишора шудаанд, худдорӣ кардааст. Яъне аз шеър ин ибораҳоро партофтааст. Вале дар ҳеҷ куҷое нахондаем ва нашунидаем, ки ӯро барои ин кораш сарзаниш карда бошанд. Дар таҷрибаи Аҳмад Зоҳир дигар кардани калимаву ибораҳо и шеър ҳангоми сурудан аҳён-аҳён вомехӯрад. Аммо ин бори аввалу охир аст, ки аз як мисраъи шеър нисфашро хонда бошаду нисфашро не.
Дар эҷодиёти Аҳмад Зоҳир ин ҳодисаи истисноӣ мебошад ва он ҳам ба он хотир рух додаст, ки дар қолаби оҳанги хеле машҳур бояд суруде эҷод мешуд бо забони форсӣ. Ба ақидаи бархе аз муҳаққиқон ин тағйирот мазмуни шеърро чандон коста накардааст.Ҳарчанд ҳастанд бархе, ки акси инро мегӯянд.
Агарчӣ мо дар ин мақолаи худ нуқтаи назари муҳаққиқи рус, мӯҳтарам А. Василевро, рад кардем, вале бояд бигӯем, ки ба он самимияте, ки ӯ дар бораи ин овозхони нотакрори Машриқзамин сухан рондааст ва ӯро бузургтарин сарояндаи асри 20 донистааст, мо бо як эҳтироми калон арҷ мегузорем.
Ӯ хато накардааст, ки дар бораи Аҳмад Зоҳир як мақолаи густурдаи илмӣ-оммавӣ навиштааст, балки кори савоберо кардааст. Дар ин кори ӯ рамзе нуҳуфтааст. Зеро Аҳмад Зоҳир ҳамон овозхонест, ки беш аз дигар ҳамтоёни худ талош варзидааст то мусиқии Ғарбро бо мусиқии Шарқ ба ҳам оштӣ бидиҳад. Ду тамаддунро то тавонистааст ба ҳам наздик кунад.
Султони Ҳамад, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/yodi-ruzgori-shirin/3245------l-r-.html
Шарҳҳо
Ташаккури зиёд Чамшедчон барои вокунишатон ба маколаи банда. Дар посух ба суоли Шумо чаро фикри мусикашиноси русро рад кардам, гуфтаниям, ки ба фикрам кори бад накардам, зеро хакикатро ошкор кардам. Гараз аз тушбера гушт хурдан аст. Ман вакте маколаи Василевро хондам, хеле хурсанд шудам, ки як мусикашиноси рус дар бораи Ахмад Зохир чунин суханони хуб навиштааст. Мехостам, ки харчи тезтар мухлисони садои Ахмад Зохир ин чизро бифахманд, ки як журналист ва мусикашиноси рус дар бораи Ахмад Зохир чи гуна маколаи оли навиштааст ва ин бузургии овозхон аст.Чун далелхои дар макола овардашуда хилофи хакикат буданд, ман наметавонистам инро нодида бигирам. Рад кардани фикри носахехи мусикашиноси рус ба хеч вачх бузургии Ахмад Зохирро коста намекунад.Ба фикри банда мусикашиноси русро на танхо иштибохи техники (ба чои соли 1977 соли 1971 хондааст), балки хунар ва садои Ахмад Зохир, ки хубтар аз дигарон ин сурудро хондааст, водор ба навиштани чунин макола кардааст.
Ба хар хол аз маколаи Шумо низ шахомату шукухи Ахмад Зохир ба чашм мехурад. Яъне маколаи Шумо боз як бори дигар аз бузургии Ахмад Зохир дарак медихад.
RSS Обуна