«ЧАКОМАИ ГЕСӮ» - ЭҲЁИ ФАРҲАНГИ ОРОИШОТИ БОНУВОНИ ТОҶИК
Соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон зинаи нави камолоти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ аст. Дар робита бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвар ҳамасола ҷашнвораҳои бошукӯҳу симпозиумҳои байналмилалӣ, фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявию машварат-семинарҳои минтақавӣ баргузор мегарданд. Яке аз чунин чорабинӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» аст, ки он бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода мешавад.
Дар робита ҷиҳати баргузории ин чорабинӣ сӯҳбате доштем бо муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Қиматгул Алибердиева, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
-Қиматгул Алибердиева, мегуфтед, ки мақсад аз баргузории ин Фестивал дар чист?
-Ҳадафи асосии баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» намоиш, ороишу парвариши мӯй, ҳунари волои машшотаҳо ва ба ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии саршӯёну арӯсбаророн, муйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ буда, дар он кулли сокинони шаҳру навоҳии кишвар иштирок мекунанд.
Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини Фестивал баланд бардоштани мақому манзалати сарулибоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли намудҳои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, чакану алоча, гулбасту чит, тоқӣ ва ғайра мебошад. Тавассути баргузории чунин Фестивалҳо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолкунандаи матоъи миллӣ боз ҳам беҳтар мегардад.
Инчунин ҳадафи дигари ин чорабинӣ тарғибу ташвиқи ашъори баландпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ бахшида ба ҳусну тароват, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ мебошад. Ҳаминро бояд тазаккур дод, ки дар ҳар минтақаи Тоҷикистон парваришу ороиши муй ҳарранг буда, он дар расму оини ҳамон маҳал рӯшан инъикос ёфтааст ва дар маросими тӯю тамошо бо ҳунари волою сарояндагию раққосӣ, таронаву бадеҳахонӣ ва дигар амалҳои тӯйҳои арӯсию домодӣ манзури мардум мегардад.
-Фестивали «Чакомаи гесӯ» дар чанд давр сурат мегирад ва киҳо иштирок карда метавонанд?
-Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» бо фарогирии тамоми манотиқи Тоҷикистон дар се давра сурат мегирад. Даври аввал дар мактабу муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳо, даври дуввум бо муайян намудани беҳтарин бонуи гесӯву машшотаҳо ва ҳунармандони халқию санъаткорон дар шаҳру ноҳияҳо, вилояту водиҳо ва ниҳоят даври саввум дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.
Дар маҳалҳо дар баргузор шудани даври аввалу дуввуми фестивал шӯъбаҳои кор бо занон ва оила, фарҳанг, маориф, созмони ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо масъул буда, бо ташкил намудани кумитаҳои тадорукот, роҳандозӣ кардани фаъолияти муттасадиёну роҳбарон ва қазовату пешниҳоди мутахассисони варзидаи соҳа, барои иштирок дар даври саввуми Фестивал беҳтаринҳоро муайян мекунанд.
Бояд, қайд намуд, ки давраи аввали Фестивал аз 1 то 20 август дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, даври дуюм аз 5 август то 30 сентябр дар маркази вилоятҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ ва даври сеюм 24 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар ҳар бахш ба намоиши ороиш ва зебоии мӯйҳои кӯдакон эътибори хоса дода мешаванд. Иштирокдорони Фестивал метавонанд кӯдакони синнашон аз 5 сола боло ва ашхоси сину солашон бемаҳдуд бошанд.
Ҳунармандони ҳар як вилоят ва шаҳру ноҳияҳо метавонанд дар доираи Фестивал бахшҳои хоса, аз қабили «Арӯси хушқади чилкокули ман», «Санами чилкокула», «Таровати мӯй», «Олами шабранг», «Ҷингилак мӯй дорӣ» ва ғайра омода намуда, ҳунари волои сарояндагию раққосӣ, таронаву бадеҳахонӣ ва дигар амалҳои тӯйҳои арӯсию домодиро манзури мардум гардонанд.
-Гузаронидани Фестивал хароҷоти хеле зиёдро талаб мекунад, ин хароҷот ба зиммаи кӣ гузошта мешавад?
-Тамоми хароҷоти марбут ба баргузории даври ниҳоии Фестивал сабту намоиши телевизионию радиоӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, омода кардани дипломҳои хотиравӣ, буклет, барнома, эълону овезаҳо, тӯҳфаҳо, таҷҳизоти саҳна, баргузории барномаи фарҳангӣ ба зиммаи Кумитаи тадорукоти фестивал вогузор аст. Инчунин, тамоми хароҷоти сафари иштирокчиён аз вилоят, шаҳру ноҳияҳо ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо вогузор карда мешавад.
-Беҳтаринҳо бо чӣ гуна ҷоизаҳо қадрдонӣ мегарданд?
-Бояд зикр кард, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» бо таҳлилу қазовати мутахассисони соҳа натиҷагирӣ гардида ва беҳтаринҳо бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.
Ибодат Давлатова, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/2702-l-r-----.html