"ҲУҚУҚИ ЗАН ДАР ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ ҲАМ НАҚЗ ШУДААСТ"
Дар фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан", ки дар моҳи декабри соли 1999 тасвиб шудааст, ду мавриди табъиз нисбат ба занон ба мушоҳида мерасад. Ин матлабро Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос, рӯзи ҷумъаи 30 июл дар нишасти вижаи фаъолони умури зан, кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ки ба ибтикори маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар шаҳри Душанбе доир шуд, баён кард.
Дар ин нишаст фаъолони умури занон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз давлати Тоҷикистон тақозо карданд, ки ба ҷомеъаи маданӣ дар бораи шароите, ки барои қабули тарҳи қонуни мубориза бо хушунати хонаводагӣ фароҳам кардааст, гузориш бидиҳад.
"Порлумони мардсолор"
Тарҳи қонуни мубориза бо хушунати хонаводагиро панҷ сол пеш гурӯҳе аз созмонҳои ғайридавлатии занон таҳия ва ба давлат пешниҳод карда буданд, вале давлат ва порлумони Тоҷикистон то кунун аз тасвиби ин тарҳи қонун худдорӣ кардаанд. Дар нишасти рӯзи ҷумъа баҳсҳое перомуни қабул нашудани ин тарҳи қонун сурат гирифт. Бархе аз ширкаткнандагон башиддат аз порлумон барои баррасӣ накардани ин санад дар тӯли панҷ соли гузашта интиқод карда ва гуфтанд, ки далели аслии ин амр "мардсолор будани" порлумони Тоҷикистон аст.
Дар ҳоле ки танҳо чаҳордаҳ дарсади порлумони ин кишварро занон ташкил медиҳанд, фаъолони ҳуқуқи зан аз ворид набудани аъзои зани порлумон ба мушкилоти занон пайваста интиқод мекунанд. Ба эътиқоди Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруф, ҳатто дар фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан", ки ёздаҳ сол пеш тасвиб шуда буд, ду мавриди "нақзи ҳуқуқи зан" ба назар мерасад.
Вай гуфт дар ин фармон омадааст, ки ҳар раис ва ё вазире бояд ҳадди ақал як ҷонишини зан дошта бошад, ки ин амр шоистагии занон барои ба ӯҳда гирифтани симати аввалро зери савол мебарад. Мавриди дувум, ки ҳуқуқи занонро нақз мекунад, ба гуфтаи хонуми Бобоназарова, ин аст, ки дар ин фармон таъкид бар он шудааст, ки занон дар ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ "ба ғайр аз мақомоти (ниҳодҳои) қудратӣ" ба мақоми ҷонишинӣ мансуб шаванд, ки дар ин ҷо ҳам истеъдод ва лаёқати занон барои дарёфти симатҳои баланд дар ниҳодҳои қудратӣ нодида гирифта мешавад.
Ҷурм, на амре хусусӢ
Бо вуҷуди ин ки омори расмӣ ва гузоришҳои байналмилалӣ ба вуҷуди густардаи хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон ишора мекунанд, Лола Отабоева, яке аз масъулони вазорати умури дохилӣ, мегӯяд, ки қонунгузории ин кишвар дар муҷозоти муҷримони хушунати хонаводагӣ нотавон аст.
Хонуми Отабоева, ки нахустин ва танҳо рисолаи илмӣ дар бораи хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистонро дифоъ кардааст, мегӯяд: "Бояд дарк кунем, ки хушунати хонаводагӣ, кори хонаводагӣ нест, балки ҷиноят аст. Ҷиноятест, ки бояд дар сатҳи давлатӣ ҳал шавад. Зеро аз ин ҷиноят, на танҳо як зан, балки тамоми хонавода, бо шумули кӯдакон, зиён мебинанд."
Ин масъули вазорати умури дохилӣ мегӯяд агар давлат қонун дар бораи хушунати хонаводагиро ба далоили мухталиф қабул карда наметавонад, пас "бояд ҳадди ақал дар қонуни ҷиноӣ моддае дар мавриди хушунати хонаводагӣ қабул шавад."
Хонуми Отабоева афзуд, ки дар ҳоли ҳозир танҳо василаи мумкин барои мубориза бо хушунати хонаводагӣ дар кишвар пешгирии чунин маворид аз роҳи фаъолияти маъмурони пулиси маҳаллии "ҳушёру огоҳ" ва дахолати онҳо дар чунин қазоё дар сурати зарурист. Пулиси Тоҷикистон мегӯяд чанд сол қабл хушунати хонаводагӣ аз сӯй маъмурони пулиси маҳаллӣ (участковий) ҳамчун "кори хонаводагӣ" ё "хусусӣ" дониста мешуд ва дар сурати огоҳ шудан аз лату кӯби як узви хонавода тавассути узви дигари он, маъмурон дар ин қазияҳо дахолат намекарданд.
Аммо аз соли 2006 бад-ин сӯ бештари кормандони пулис ва донишомӯзони окодемии пулис дар давраҳои омӯзишии вижа равишҳои бархӯрд бо хушунати хонаводагиро меомӯзанд. Ба гуфтаи хонуми Отабоева, акунун маъмурони пулиси маҳаллӣ хушунати хонаводагиро ҳамчун ҷиноят алайҳи як шаҳрванд арзёбӣ карда ва бештар моиланд дар ин гуна қазияҳо дахолат кунанд. Тибқи тасмими тозаи вазорати кишвари Тоҷикистон, маъмурони пулиси маҳаллӣ дар сурати беэътиноӣ ба шикояти занон дар бораи хушунат (ҳатто шикоёти лафзӣ) аз кор ихроҷ мешаванд.
Маншаъи худкушии занон
Ба далели ин, ки қонун ё банди қонун дар бораи хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, оморе дақиқ дар бораи мизони хушунати хонаводагӣ дар кишвар низ дар даст нест. Аммо омори худкушӣ метавонад ҷиддияти мушкили хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистонро бозгӯ кунад. Тибқи таҳлилҳо, мавориди зиёде аз худкушиҳо дар кишвар тавассути заноне сурат мегирад, ки ҳадафи хушунатҳои мукаррари хонаводагӣ қарор гирифтаанд.
Ойниҳол Бобоазарова, ҳуқуқдон ва раиси созмони ғайридавлатии "Перспективо плюс", дар ин нишаст омори худкушӣ дар вилояти Суғдро ироа кард. Омори худкушӣ дар ин вилоят, ки бештарин мавориди худкушӣ дар кишвар дар ин ҷо сурат мегирад, дар муқоиса бо соли гузашта 62 дарсад афзоиш ёфтааст. Хонуми Бобоназарова мегӯяд: "Афзоиши худкушии занҳо аломати афзоиши хушунати хонаводагӣ аст. Ин ҷо на танҳо занон, балки духтарони ноболиғ низ ҳастанд."
Вай мегӯяд афзоиши бекорӣ ва бадтар шудани вазъи иқтисодӣ аз мушкилотест, ки ҳатман афзоиши хушунати хонаводагиро ба ҳамроҳ дорад. Замоне ки мардҳои муҳоҷири тоҷик аз Русия ба хона маблағ намефиристанд ё дар он ҷо зан мегиранд ва мондагор мешаванд, занони онҳо дар ватан мавриди озору азияти бештари аъзои марди хонаводаҳо қарор мегиранд.
Хонуми Бобоназарова шарҳ медиҳад, ки хушунат на танҳо ҷисмонӣ, балки равонӣ ва иқтисодӣ низ мешавад, ки ҳамаи ин омилҳо занони озордидаро ба тасмимгириҳои маргбор, назири худкушиву худсӯзӣ ва худро ба об андохтану ба дор овехтан, водор мекунанд. Бар асоси пажӯҳиши маркази "Перспективо плюс", қаблан дар навоҳии атрофи Душанбе, назири Ҳисор ва Турсунзода, худкушӣ камтар ба назар мерасид, аммо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ин маворид дар ин ҷоҳо низ ба таври нигаронкунандае афзоиш ёфтааст.
Тарбияти орӢ аз хушунат
Қонуни мубориза бо хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон, ки панҷ сол боз мунтазири назари эътинои порлумон аст, дар канори муҷозоти афроди хушунатпеша дар хонавода, шомили шароите барои таъмини амнияти осебдидагон ҳам мешавад. Аз ҷумлаи ин шароит таъсиси марокизи бӯҳронӣ ва паноҳгоҳҳо барои занон ва кӯдакони осебдида аст, ки давлат бояд онҳоро фароҳам кунад ва маболиғе ҳам барои ин умур ихтисос диҳад.
Дар ҳоле ки мақомҳои давлатӣ пайваста гарон будани ҳазинаи иҷрои ин қонунро сабаби аслӣ барои тасвиб нашудани он мехонанд, созмонҳои байналмилалӣ омодагии худро барои маблағгузорӣ дар чунин тадобире дар солҳои нахусти иҷрои ин қонун иброз доштаанд.
Дар чунин сурате ҳеч баҳонаи дигар барои худдории давлат ва порлумони Тоҷикистон аз тасвиби тарҳи қонуни мубориза бо хушунати хонагӣ боқӣ намемонад. Вале фаъолони умури занон мӯътақиданд, ки таъхир дар тасвиби ин қонун ба далели мардсолор будани порлумони Тоҷикистон сурат гирифтааст, на ба хотири камбуди маблағ ё набуди шароити иҷрои он.
Ба гуфтаи онҳо, аъзои порлумон маъмулан қонунҳои зиёдеро дар кишвар бидуни фароҳам шудани меконисмҳои иҷро ва ё тахсиси буҷети кофӣ барои иҷрои онҳо басуръат тасвиб мекунанд ва ҳаргиз баҳонае пеш намеоранд, ки шароити иҷрои ин қонунҳо мавҷуд нест. Бо ин ҳама, ширкаткунандагони нишасти САҲУ дар Душанбе таъкид карданд, ки тарбияти дурусти фарзандон аз роҳҳои муассири ҷилавгирӣ аз хушунат дар хонаводаҳост, ки он ба маболиғи давлат ва созмонҳои хориҷӣ вобаста набуда, балки аз фарҳанги ҷомеъа маншаъ мегирад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/2803-q-------q.html