ЗАНОНИ ФАЪОЛ ДАР БОРАИ ҲАВОДИСИ РАШТ
Ба гуфтаи иддае аз фаъолони зан дар Тоҷикистон, хатароти фаротар аз чаҳорчӯби амалиёти вижаи нерӯҳои интизомӣ алайҳи афроди тундрав ва терурист рафтани даргириҳо дар Шарқи ин кишвар вуҷуд дорад. Бештари занон аз он нигаронанд, ки хатари таъсири даргириҳо дар Камароб ба минтақаи дигара аз Тоҷикистон вуҷуд дорад. Аз сӯйи дигар ба гуфтаи занон ба ҷуз аз чанд расонаи хабарии мустақил расонаҳои дигар аз минтақаи Камароб иттилоъоти дақиқ ва воқеъиро пахш намекунанд ва дар натиҷа дар миёни сокинони шаҳри Душанбе ва манотиқи дигар дар мавриди ҳаводиси минтақаи Шарқ шоеъоти зиёд паҳн мегардад.
Ҳамчунин ба гуфтаи бонувон аз ҷумлаи намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ, ки феълан аз Шарқи Тоҷикистон бозгаштаанд, даргириҳо дар Камароб ба зиндагии мардумони оддии водии Рашт низ таъсироти ногуворе бар ҷой гузоштааст. Бештари бонувон умедвор ҳастанд, ки давлати Тоҷикистон дар ҳамроҳӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои таъмини сулҳу субот дар Шарқи ин кишвар кушиши бештаре ба харҷ хоҳад дод.
Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси созмони ғайридавлатии “Занони таҳсилкарда”

“Он ҳодисоте, ки дар Шарқ рух медиҳанд ба афзоиши бесуботӣ дар Тоҷикистон таъсири амиқе хоҳад гузошт. Аммо ман фикр мекунам, ки ин нооромиҳо ба бесуботии солҳои 1992-1993 монанд ҳастанд. Ман хеле ҷонибдори онам, ки нерӯҳои интизомӣ ба зудӣ пеши ин нооромиҳоро хоҳад гирифт. Ба ақидаи ман дар марҳалаи кунунӣ занони тоҷик ҳеҷ иқдомеро барои оромӣ бахшидан ба ин вазъият карда наметавонанд. Ҳарчанд заноне, ки аз Шарқ омада буданд худашон ҷонибдори ба зудӣ таъмин шудани амнияти водии Рашт ҳастанд. ман ба он боварам, ки дар вуқӯъи ин ҳодисот ҷониби сейум даст дорад ва давлат бояд ба зудӣ ин афродро безарар гардонад. Давлат ва Созмонҳои байналмилалӣ тамоми кушишашонро барои таъмини сулҳ анҷом доданд. Вале агар давлат дар он замон бархе аз афродеро, ки баъд аз истиқрори сулҳ ҳам аз худ норозигӣ нишон медоданд ва силоҳ доштанд халъи силоҳ мекард, имрӯз чунин воқеъа рух намедод.
Ман фикр мекунам, ки яке аз роҳҳои аслии ҳалли ин мушкил истифода аз он таҷрубае аст, ки тоҷикон дар истиқрори сулҳ ба даст оварданд, ҳалли ин мушкил аз роҳҳи гуфтушунид аст. Вале ман бовар надорам, ки онҳое, ки бо нерӯҳои давлатӣ меҷанганд, терурист нестанд ва барои гуфтугӯ розӣ хоҳанд шуд. Ман фикр мекунам, мо занҳои бедор шояд бо ирсоли нома ба мақомот ва ё суханрониҳои худ дар расонаҳо садо баланд кунем ва ҳарчи зудтар ҷилави ин нооромиҳоро гирем.
Ман ба он боварам, ки ки ин даргириҳо муҷиби бурузи суитафоҳум миёни сокинони минтақаҳои мухталифи кишвар яъне маҳалгароӣ нахоҳад шуд. Ман ҳамчунин бар ин ақидаам, ки дар рух додани ин ҳодисот ҳамчунин дасти севум вуҷуд дорад, яъне нерӯҳои берун аз Тоҷикистон мехостанд вазъи кишварро ноором кунанд.”
Олга Тутубалина, хабарнигор, сокини Душанбе

“Нооромиҳо дар Рашт муҷиби нигаронии натанҳо занон шудааст, ман низ чун сокини Тоҷикистон ва хабарнигор аз он ки баъд аз муддате сулҳу оромиш боз дар минтақае дар ин кишвар даргирӣ сурат мегирад шадидан нигарон ҳастам. Мо бояд вуқӯъи ин ҳодисаро нодида нагирем, ман дар мавриди хатароти ба ҷангӣ дохилӣ кашида шудани ин ҳодиса намегӯям, умедворам то он дараҷа нахоҳад расид. Вале суолоти матраҳ он аст, ки чи тавр вазъияти мавҷуд дар Рашт ба миён омад ва чи тавр 25 нафар тавонистанд аз зиндоне, ки ба гуфтаи мақомот хуб муҳофизат мешавад гурезанд? Ҳамчунин чи тавр куштани 25 афсар ва сарбоз дар рӯзи равшан имконпазир шуд? Посух ба ин суолҳо он аст, ки вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон аз контрол баромад ва рух додани ин ҳодисот танҳо интизори замон буд. Ҳарчанд бисёре аз коршиносон ва мақомоти давлатӣ мегӯянд, ки дар вуқӯъи ин нооромиҳо ҷониби сеюм ё дасти хориҷӣ вуҷуд дорад, вале фикр мекунам, ки ҷониби сеюм вуҷуд надорад ва мушкили аслӣ дар дохил аст.
Яъне бедиққатии ҷиноии мо тоҷикистониён ва бархе аз мақомоти давлатӣ, фасоди молӣ дар миёни мақомоти давлатӣ, бекифоятии мақомот дар сутуҳи вузаро ва раисони кумитаҳои давлатӣ аз ҷумла раиси қаблии кумитаи амнияти миллӣ ва заъфияти давлат дар таъмини амнияти сокинони кишвар аст.
Ба назарам мо бояд ҳоло ғурурамонро як тараф гузорем ва барои кумак ба кишварҳои дигар ва аз ҷумла Нерӯҳои вокуниши сареъи Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ё СПАД барои аз миён бурдани онҳое, ки терурист хонда мешаванд, муроҷеъат кунем, то барои афроди тундрави гурӯҳҳои дигар дарси ибрат шавад. Зеро бидуни кумак аз берун фикр намекунам, ки ин мушкил ба зудӣ ҳалли худро пайдо кунад.
Ҳоло занони рӯшанфикр ва ё сиёсӣ дар канори мардҳо метавонанд баробар барои қатъи даргириҳо саҳим бошанд, фарқе намекунад чи тавр. Ман ба ҳамин онҳое, ки имрӯзҳо пайвандони худро аз даст додаанд, изҳори тассалият мекунам.”
Зарафо Раҳмонӣ, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
“Ман аз он афсӯс мехӯрам, ки сулҳе, ки солиёни зиёд мардум интизораш буд бо вуқӯъи ин нооромиҳо хадашадор шуд. Зеро барои ба даст омадани ин сулҳ чи мушкилотеро афроди зиёд аз ду тараф ба харҷ дода буданд. Даргирӣ дар Шарқ маро нахуст чун зан ва модар нигарон мекунад. Зеро ҷанги дохилие, ки дар гузашта дар кишвар рух дода буд, ҷони садҳо нафарро гирифт, аз ҷумла ҷавононро аз миён бурд. Ин ҳодисот боз моро ба ёди он солҳое, ки дар авоили соҳои 1990 буд мебарад, ва мо занҳоро водор мекунад, ки коре бикунем, ки нооромиҳо идомадор набошанд. Мо занҳо метавонем, бо бетараф набудани худ ба ин хунрезиҳо дар аз миён бурдани ин ҳодисот нақш ифо кунем. Ба ақидаи ман занон бояд коре бикунанд, ки ҷониберо, ки ҳоло дар мухолифат қарор дорад бо суханони меҳрубонона дар расонаҳо ва ё баромадҳои худ бовар кунонем, ки туфанг роҳи ҳалли масоиле наст, ки дар қарни кунунӣ аз он истифода шавад.
Ман ҳамчунин аз расонаҳои хабарӣ дархост дорам, ки зимни пахши гузоришҳо дар мавриди ҳодисоти Шарқ воқеъбинона иттилоъ диҳанд. Албатта бархе аз расонаҳои мустақил кушиш мекунанд, ки зимни пахши гузоришҳо то андозае воқеъиятро нишон диҳанд. Зеро нақши расонаҳо барои равшанӣ андохтани ин вазъият хоса аст, вале то ҳол ман аз бештари расонаҳо инъикоси воқеъбинонаи нооромиҳо дар Шарқро надидаам. Ман наметавонам бигӯям, ки давлат ва ё аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барои барангехтани ин вазъият чи иштибоҳоте доштанд, вале бо дарназрдошти он хатогиҳое, ки дар гузашта рух дод, ин бор бояд аз онҳо даст кашем ва сулҳро дар кишвар барқарор кунем.”
Ҳуринисо Ғаффорзода, раиси созмони ғайридавлатии “Оштии миллӣ”
“Ман фикр намекунам, ки занон дар Тоҷикистон метавонанд барои беҳбуд бахшидани вазъият дар водии Рашт коре кунанд, ба ҷуз аз ирсоли номаҳо унвонии президент ва ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бештар метавонанд нақшеро дар ин ҷода ифо кунанд. Агар ба зудӣ барои таъмнин сулҳ дар ин минтақа иқдоме бештар аз истифода аз силоҳ анҷом нашавад, ин нооромиҳо метавонад дар минтақаи бештаре дар кишвар паҳн шавад. Занон қабл аз ҳама модаранд ва дар ҷараёни ин нооромиҳо ҷигарбандонашонро аз даст медиҳанд. Ман феълан аз водии Рашт бозгаштаам аз вазъияте, ки мардум дар он ҷо ба сар мебаранд, нигаронам. Зеро аксаран мардуми он минтақа, ки ҳанӯз даҳшати ҷанги қаблиро аз ёд набаровардаанд бо бими идомаи ин нооромиҳо дар сартосари водии Рашт ба сар мебаранд.
Ман ҷонибдори он ҳастам, ки давлат ҳарчӣ зудтар вазъиятро дар он минтақа ба сулҳу субот оварад, вале дар мавриди амнияти мардум низ бояд иқдом кард. Ман аз он дар ҳайратам, ки дар ҳоле ки дар он минтақа талафоти ҷонии зиёде ҳаст, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва диплумотҳои кишварҳои хориҷӣ ҳеҷ вокуниш ва ё иқдоме дар қиболи ин ҳодиса намекунанд.”
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/3299-2010-10-06-17-03-19.html