“МУСТАҚИЛИЯТРО НАМЕТАВОНЕМ БО КАЛӮШҲОИ РЕЗИНӢ БУНЁД КУНЕМ"
Баъд аз иҷлоси 16 порлумон дар охири соли 1992 ва ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон бисёре аз мухолифони ӯ қаламрави Тоҷикистонро тарк карда ва ба кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурданд.
Аммо Улфатхонум Мамадшоева, рӯзноманигоре, ки шоҳиди айнии бисёре аз таҳаввулоти он замон дар Бадахшон буд, мегӯяд ин вилоят дар солҳои 1992-1997 танҳо макони амне дар Тоҷикистон буд, ки мухолифон дар он ҷо озодона мезистанд ва ба кишварҳои хориҷӣ фирор накарданд.
Ба гуфтаи вай, интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1994 дар қаламрави Бадахшон орӣ аз ҳар гуна тақаллуб сурат гирифта буд, зеро бар ҷараёни интихобот намояндагони ҳарду ҷониб назорат мекарданд. Дар мусоҳибаи ихтисосӣ, ки ҳамкорамон Заринаи Хушвақт анҷом дода, хонуми Мамадшоева аз он ибрози таассуф мекунад, ки бо гузашти 20 сол аз истиқлоли Тоҷикистон ҳануз ҳам дар ин кишвар теъдоди фақирон беш аз панҷоҳ дарсад аст:
-Ба назари Шумо, оё истиқлол ба Тоҷикистон ва ҷамоҳири дигари собиқ Шӯравӣ имкон надод, ки ба аҳдофи худ барои бунёди кишварҳои комилҳуқуқ ва демукротик бирасанд?
-Оре, дуруст аст. Вале бисёре аз мардум дар солҳои ахир барои Иттиҳоди Шӯравӣ нустолжӣ (эҳсоси дилтангӣ) доранд. Зеро барои афроди зиёди камбизоъат, ки расман аз панҷоҳ дар сад бештаранд ва бар асоси гузоришҳои ғайрирасмӣ, беш аз 70 дар садро ташкил медиҳанд, истиқлол ба маънои пайдо кардани як пора нон аст. Яъне барои ин қишри ҷомеъа бештар зарурист, ки тавонанд шиками фарзандонашонро сер кунанд ва барои як рӯзи зиндагӣ сармояе пайдо кунанд.
-Улфатхонум, ба назари Шумо, баъд аз истиқлол чи нуктаи муҳимме вуҷуд дошт, ки дар ин 20 сол дар бораи он сӯҳбат ё гуфтугӯе нашудааст?
-Ба назари ман, он чи ки дар бораи он то имрӯз дар ҳеҷ ҷо ёдовар нашудаанд, он аст, ки мухолифони давлат, ки дар Бадахшон ба сар мебурданд, фаъолияти ошкор доштанд ва ба берун аз кишвар фирор накарданд. Он замон, яъне ман дар назар дорам то соли 1997-ро, тамоми намояндагони мухолифони давлат дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият мекарданд.
Вале дар шаҳри Хоруғ ситоди мухолифон буд ва мухолифон ба таври ошкор ақидаҳои худро изҳор мекарданд. Дар ин ситод ду гурӯҳ фаъол буданд - гурӯҳи низомӣ, ки бар он фармондеҳон шомил мешуданд ва ҳоло бархе аз онҳо дар ниҳодҳои интизомӣ ва артиши Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Ман дар ниҳоди низомӣ кор мекардам ва ҳатто рутбаи низомии подполковник (сарҳангду)-ро гирифтам.
-Вале замоне, ки нахустин бор мардум дар Тоҷикистон ба майдонҳо рехтанд, Шумо дар бораи ин ки оянда чи хоҳад шуд, чи фикр мекардед? Оё он замон дар бораи авоқиби он ки чи мешавад фикр мекардед?
-Ман ҳануз замоне, ки нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуда буд, дарк кардам, ки институти интихоботи озоди раҳбари як кишвар барои мардуми мо барвақт аст. Зеро бо вучҷуди он ки миллати мо дар шиноснома тоҷик навишта шуда буд, мардум аз ҳам хеле ҷудо буданд, яъне мо ба унвони як миллати том вуҷуд надоштем. Бештар мардуми тоҷик дар муҳити навоҳӣ ва як қавм андешаронӣ мекард.
Ва ҳангоми интихобот низ барои мардум зарур нест, ки номзад чи ақида ва ё чи барнома дорад. Мардум бештар барои он номзаде раъй медод, ки номзад аз минтақаи зисти онҳо бошад. Ва яке дигар аз душвории мардуми мо дар он буд, ки ба ақидаи ҳамдигар гӯш намедиҳем. Ва ман фикр мекунам, ки ҳоло ин мушкилро аз миён бурдан лозим аст.
-Ба назари Шумо интихоботи он замон аз интихоботи солҳои баъдӣ чи тафовут дошт? Оё фирк мекунед, ки интихоботи нахустини раёсати ҷумҳурӣ дар муқоиса бо интихоботҳои дигар дар муҳити бештари демокросӣ доир шуда буд?
-Фирк намекунам, ки ин ин интихоботҳо аз ҳамдигар ин қадар тафовути зиёде доштанд. Вале дар соли 1994 дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Бадахшон беш аз 93 дар сад барои Абдумалик Абдулоҷонов раъй дода буд ва тақаллуб дар он ғайриимкон буд. Зеро шумориши оро таҳти назорати намояндагони давлат ва мухолифон анҷом гирифта буд. Ва ман фикр мекунам, ки дар интихоботи аввохири солҳои 1990-и раёсати ҷумҳурӣ, мардуми Тоҷикистон раъйи худро ба Эмомалӣ Раҳмон доданд, зеро ҷанги тӯлонии дохилӣ тамом шуда буд ва мардум ба оқои Раҳмон бовар доштанд.
-Вале бозгардем ба истиқлолияи Тоҷикистон ва имрӯз мо 20 солагии истиқлолиятро таҷлил мекунем ва ба назари Шумо чи қадар Тоҷикистон ин истиқлолиятро дастёб шудааст? Оё гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон истиқлолияти воқеъиро доро шудааст?
-Бибинед, мо дар расонаҳо менависем, ки кишварамон демукротик, соҳибистиқлол ва дунявӣ аст. -Пас агар ин тавр бошад мо бояд ҳамаи ин қонуни демукросиро бояд риъоят бикунем ва онро нақз накунем. Бавижа қонуни марбут ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонро риъоят кунем.
Ва қабл аз ҳама, модоме, ки мо кишвари демукротик ҳастем, пеш аз ҳама мо бояд, институти президентиро, ки яке аз фарзҳои аслии ҷаҳони демукросӣ аст, мушаххас бикунем. Барои он раиси ҷумҳури барои як давра ва ё ду давраи чаҳорсола сол интихоб мешавад. Вале агар президент барои бештар аз он сари қудрат бимонад ин нақзи демукросӣ аст ва мо набояд қонунро ва ба вижа қонуни асосии кишварро нақз кунем. Мо ба қонуни асосии кишвар итоъат мекунем ва раиси ҷумҳурии ҳар кишвар замонати иҷроиши қонун аст.
Фарзи мисол барои дигарон низ бояд фурсат дод, ки онҳо ба ҳайси раиси ҷумҳур фаъолият кунанд. Ва ҳамчунин интихоби раиси ҷумҳурии навбатӣ ба мардум қадамҳои ҷадид барои омӯзиши демокуросиро медиҳад.
-Вале бо таваҷҷӯҳ ба он ки мардум дар Тоҷикистон таҷрибаи майдонишиниро доштанд ва акнун гуфтан мумкин аст, ки мардум дигар асло ба роҳи майдонишинӣ нахоҳанд рафт ва агар он замон мардум медонист, ки майдонишинии солҳои 1990 бо ҷанг анҷом меёбад, ба ин роҳ мерафтанд ё хайр? Яъне мардум агар фурсат даст диҳад, бори дигар бо демукросие, ки дар авоили солҳои 1990 мардум ба он бовар доштанд, бозхоҳанд гашт?
-Демокросӣ ин такомул аст. Такомул ин қадам ба қадам, марҳала ба марҳала иваз кардани ҷомеъа аст. Мо мехостем ба таври сареъ яъне бо шеваи инқилобӣ ҷомеъаро иваз кунем.
-Ин маънии онро дошт, ки он замон як шитобзадагӣ роҳ дода шуд ва ё ин тақозои замон буд?
-Ман гуфта метавонам, ки он замони майдонишинӣ аз оғози ҷанг нишонае набуд. Вале дар муддати кутоҳ шояд дар муддати ним моҳ тавозуни қудрат иваз шуд.
-Яъне дастҳое дар сар задани ҷанг дар Тоҷикистон вуҷуд дошт?
-Фикр мекунам, ки вуҷуд дошт. Он замон бархе аз кишварҳои ҳамсоя аз бим аз мазҳабгароии мо омода буданд, ки ба вазъияти мавҷуд дар Тоҷикистон таъсиргузор бошанд. Ва бештар кишварҳои хориҷӣ бо ақоиди демукросӣ мубориза намекарданд, онҳо алайҳи авомили ислом дар Тоҷикистон мубориза мекарданд. Аммо ҳоло ба ақидаи ман давлати Тоҷикистон бояд барои ҷилавгирӣ аз сар задани низоъи дубора бештар равандҳои демукросиро ривоҷ диҳад ва иқтисоди кишварро тақвият бидиҳад.
Ва аслан давлате ки истиқлолиятро доро шуд, барои нигаҳ доштани қудрат ва тавозун, тавоноии иқтисодии кишварро бояд тақвият бибахшад. Агар ба таърихи ҷаҳон нигоҳ кунем, бархе аз диктотурҳо аз ҷумла Ҳитлер бо истифода аз ноустувории иқтисодӣ дар Олмон муваффақ шуд, ки ба қудрат биёяд. Ҳитлер аз бекории шадид дар Олмон ва бӯҳрони иқтисодии он кишвар истифода кард ва ба мардум ваъда кард, ки ин навоқизро ислоҳ мекунад ва давлатро ба осонӣ гирифт.
Ва ман гуфта метавонам, ки ҳар гуна диктотурӣ хоҳ вай мазҳабӣ бошад ва хоҳ ба гунаи дигаре агар замина барои ба сари қудрат омаданро дошта бошад, ба осонӣ ба ин ҳадаф хоҳад расид. Бибинед, дар Тоҷикистон қишри осебпазир омӯзгорони макотиб ва донишгоҳҳо ва пизишкон ҳастад. Яъне онҳое, ки саломат ва маъориф ба онҳо бастагӣ дорад дар сатҳи паси иҷтимоъӣ қарор доштаанд.
-Вале аз касби истиқлоли Тоҷикистон 20 сол сипарӣ шуд ва 13 сол боз ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон хотима ёфт. Ба назари Шумо чи беҳбудие дар Тоҷикистон дар ин солҳо ба даст омад?
-Ман дар ин бора бисёр андеша мекунам. Бибинед ҳоло кадоме аз қишри ҷомеъа зиндагии маъмулӣ доранд ва аз сатҳи камбизоъатӣ берун омадааст? Ин он идда аз афроде ҳастанд, ки сарнавишташонро худашон идора мекунанд. Агар ман даврони Шӯравиро ба ёд биёрам. Фарзи мисол аз зиндагии худам.
Баъд аз он ки аз донишгоҳ фориғ шудам ва издивоҷ кардам бо шавҳарам ба вилояти Қурғонтеппа барои кор рафтем ва дар соли аввали фаъолиятамон давлати вақт моро бо манзили як утоқа таъмин кард. Ва ҳамзамон моро бо ҷои кор ва фарзандонамонро бо дабиристон таъмин кард. Яъне мо дар бораи ояндаи худ камтар нигарон будем. Ва ҳоло ин теъдоди сокинон бештар аз ҳама ранҷ мебаранд.
Дар он вақт дар вилоят олмониҳо, русҳо, ӯзбакҳо ва мо тоҷикон зиндагӣ мекардем ва касе дар ақоиди миллатгароӣ дар миёни мардум набуд. Яъне мардуме, ки дар даврони Шӯравӣ ба сар мебурданд ба ин тарҳрезиҳои давлат одат карда буданд. Ин теъдоди мардумро бояд аз дасташ бигирӣ ва зиндагӣ дар даврони истиқлолро ёд диҳӣ. Ман шоҳиди он будам, ки яке аз устодони қаблии мактаб, ки ҳуқуқи бознишастагии ночизе дарёфт мекунад, ҳоло дар хиёбонҳо даст ба гадоӣ мезанад.
Ба ақидаи ман истиқлолият ин қабл аз ҳама нерӯмандии иқтисодиётии як кишвари мустақил аст. Мустақилият ин сатҳи миёни зиндагии иҷтимоъии аксари сокинони кишвар ва ҳифозати иҷтимоъии мардум мебошад. Вале ҳоло мо дар Тоҷикистон ин ҳамаро намебинем ва ба вижа мардум аз ояндаи иҷтимоъии хеш нигарон ҳастанд. Вале дар давраи Шӯравӣ мардум ҳифозати иҷтимоъӣ доштанд ва ҳоло ин аз миён рафтааст.
-Ва бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар даҳ солаи ахир дар бархе аз кишварҳое, ки дар баробари Тоҷикистон мустақил шуданд инқилобҳое рух дод. Таври мисол яке аз онҳо дар минтақа аст, ман Қирғизистонро дар назар дорам, ки мардуми он дар даҳсолаи ахир шоҳиди ду инқилоб шуда буд. Ва агар ба ояндаи Тоҷикистон нигарем. Оё имкони рух додани иқилобе дар Тоҷикистон дар оянда вуҷуд дорад ё хайр?
-Ман аз як фарди бузурге иқтибос меорам, ки гуфтааст, ки афроде, ки инқилоб мекунанд гунаҳкор нестанд, муқассирони аслии инқилобҳо онҳо ҳастанд, ки мардумро барои даст задан ба инқилоб оварда мерасонанд. Ман фикр мекунам, ки ин сар задани инқилоб аз ману шумо ва ё аз мардуми оддӣ бастагӣ надорад. Ин ҳама ба онҳое бештар бастагӣ дорад, ки ҳукумат дар дасташон аст. Аз аввал бояд фикр кард, ки ҷомеъаро ба сӯйи беҳбудӣ баранд ва он замон аз рух додани ҳар гуна инқилоб нигарон нахоҳанд буд.
-Ва фикр намекунед, ки ҳоло ҳам дер нашудааст, ки ҷомеъаро ба сӯйи беҳбудӣ баранд. Ба назари шумо чи авомиле вуҷуд дорад, ки барои даст ёфтан ба беҳбудии ҳама ҷониба дар Тоҷикистон давлат онро бояд дар марҳиллаи аввал маҳв кунад?
-Агар Шумо ба мавҷудияти фасоди молӣ дар Тоҷикистон ишора мекунед?
-Хуб! Ин ҳам дар назар аст?
-Маҳв кардани фасоди молӣ хеле душвор аст, зеро фасод як омили усулӣ ҳаст. Мо то ҳол мегӯем, ки мо ҷанги дохилиро пушти сар кардаем. Ман фикр мекунам, ки мо бояд он чиро ки дар таърих буд каме фаромуш кунем ва дар бораи оянда фикр кунем. Ман аз онҳое, ки сулҳро ба кишвар овардам сипосгузор ҳастам. Ва ин сулҳро ду ҷониб ба Тоҷикистон оварданд. Ҷанг низ аз ду ҷониб сар мезанад ва сулҳ низ бо ризоият ва ҷаҳдҳои ду ҷониб анҷом мегирад. Ва бунёди кишвари мустақил низ бояд бо ширкати ин ҷонибҳо дар Тоҷикистон анҷом гирад.
Зеро истиқлолият ва мустақилиятро мо наметавонем бо калӯшҳои резинӣ ва либсоҳои маснуъӣ бунёд кунем. Имрӯзҳо мардум бештар дар бораи пайдо кардани пораи нон фикр мекунад. Ҳангоме, ки зиндагии ҳафтод дарсади мардуми Тоҷикистон беҳбуд меёбад он замон мо метавонем кишварамонро комилҳуқуқ ва мустақил бихонем.
Сипос аз сӯҳбат
Би-Би-Си
Шарҳҳо
RSS Обуна