ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН
Ҳамватанони азиз!
Фардо дар Тоҷикистони азизи мо яке аз идҳои шарифи мардуми мусулмон - иди Қурбон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон аз даргоҳи илоҳӣ саломативу хушрўзӣ, хонаи ободу дастурхони пурфайз ва оромиву осоиши рўзгор орзумандам. Боиси хушҳоливу хушбахтии ҳар кадоми мост, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ мардуми мусулмони кишвар аз арзишҳои фарҳангиву динӣ ва ҳуқуқу озодиҳои эътиқодӣ ба таври васеъ баҳравар гардида, маросиму суннатҳои динии худро озодона ба ҷо меоранд.
Имрўз мусулмонони кишвари мо ба истиқболи иди қурбон тараддуд ва омодагӣ мегиранд; дастурхони идона ороста, бо дуову фотиҳа арвоҳи гузаштагонро ёд мекунанд. Анъана ва суннати неки дигар, ки дар рўзҳои ид анҷом дода мешавад, хайру саховат ба ниёзмандон мебошад. Мардуми шарифи мо хуб медонанд, ки амалҳои хайри дар ин рўзҳо анҷомдодаи онҳо, яъне дароз кардани дасти мадад ба ҳоҷатмандону мўҳтоҷон, хурсанд кардани ятимон, аёдати беморону куҳансолон ва кўмак ба оилаҳои камбизоат боиси мустаҳкам шудани меҳру муҳаббат дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа мегардад ва онҳоро ба ҳамдигар наздиктар менамояд.
Дар шароити кунунӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва ниёзмандиҳои ҷиддии ҷомеаи мо тарбияи насли солим ва дур аз фасоди ахлоқӣ, ба камол расонидани шахсияти таҳаммулгарову нексиришт, ороста бо ахлоқи ҳамида, мусаллаҳ бо донишу ҷаҳонбинии муосир ва омодаи хизмат ба Ватан ва ҷомеа мебошад. Аз ин лиҳоз, мехостам бо истифода аз фурсати муносиб - арафаи иди шарифи қурбон доир ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти падару модарон, зиёиён, ходимони масҷидҳо ва умуман аҳли ҷомеа дар ин раванд ибрози ақида намоям. Бузургони гузаштаи мо фармудаанд: «Агар хоҳӣ, ки номат ҷовидон монад, фарзандро хирадмандиву илму фарҳанг биёмўз!»
Бешубҳа, пешрафти ҷомеаи башарӣ, тараққӣ ва шукуфоии халқу миллатҳо, гузоштани асоси тамаддунҳову эҷоди фарҳангҳо ва суботу устувории ҷамъияту давлатҳо ба тарбияи солим ва таълими дурусти фарзандони ҳар аср вобастагии зич дорад. Тавре аз таърих медонем, миллатҳое, ки ба ҷаҳониён номи нек ва илму ҳикмати пурифтихорро ба ёдгор гузоштаанд, ба масъалаи тарбияи насли наврас бо масъулияти ҷиддӣ муносибат доштаанд.
Ба ин сабаб дар хусуси тарбияи фарзандон, дуруст ба воя расонида, ба роҳи дурусти ҳаёт равона кардани онҳо саҳлангорӣ намекарданд; то ҳадди имкон ҷидду ҷаҳд мекарданд, ки ба ҷомеа афроди тарбиятдида ва таълимгирифтаро тақдим намоянд. Дар яке аз ҳадисҳои набавӣ низ омадааст, ки «агар мард фарзандро адаб биёмўзад, беҳтар аз он аст, ки садақа бидиҳад». Яъне тарбия ва таълими фарзанд беҳтарин садақа буда, вазифаи виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди мусулмон маҳсуб мешавад.
Зеро бе тарбияи насли ҷавони дорои ахлоқи ҳамида, донишҳои касбии замонавӣ ва забондон эъмори ҷомеаи мутамаддин ва давлати пешрафта аз имкон берун аст. Аз ин рў, аз ҳар як падару модар тақозо мешавад, ки масъулият ва қарзи худро дар назди фарзандонашон амиқан дарк карда, ба хотири фароҳам овардани шароит барои донишандўзӣ ва тарбияи солими онҳо ҳамеша кўшиш намоянд. Ҳадафи асосии давлат тарбияи наврасону ҷавонони соҳиби илму ҳунари муосир, донандаи техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва мутахассисону кадрҳои ҷавобгў ба талаботи рўз мебошад.
Дар баробари ин давлат ва ҳукумати Тоҷикистон омўзиши илмҳои диниву мазҳабиро инкор накарда, тибқи ниёзи ҷомеа ва ба тариқи расмӣ танзиму ташкил кардани онро аз вазифаҳои муҳими хеш медонад. Танзими ин раванд ба фоидаи ҳар донишҷў, ҷомеа ва Ватани азизи мо мебошад. Зеро давлат дар баробари таъмини озодии таълим масъули назорати таълим ва донишомўзии ҳар шаҳрванди ҷомеаи озод мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо хуб медонед, ки бо шукўҳу шаҳомат гузаронидани чорабиниҳои идона фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва иттиҳоду сарҷамъии ҷомеа муяссар мегардад. Дар шароити суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ иқтисоду иҷтимоиёти кишвар рў ба тараққӣ оварда, пояҳои давлатдории миллии мо таҳким меёбанд. Танҳо дар чунин шароит мо ба яке аз мақсадҳои асосии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори давлати пешрафтаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ расида метавонем.
Лекин дар хотир бояд дошт, ки барои ҳифзи ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа бояд ҳамаи мо ва ҳар як фарди бонангу номус, аҳли зиё, аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, падару модарон ва рўҳониёну ходимони масҷидҳо, хулоса кулли шаҳрвандони давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона саъйу талош намоем. Мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои давлати озоду соҳибихтиёр, сулҳу суботи сиёсӣ ва сарзамини ободу зебои худ расем ва шукронаи онҳоро ба ҷо орем.
Мо бояд шукрона кунем, ки имрўз мусулмонони кишварамон тамоми рукнҳои дини мубини исломро озодона иҷро менамоянд, зеро қонунгузории демократии давлатамон дар баробари эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд озодии эътиқод ва виҷдонро кафолат медиҳад. Бовар дорам, ки мардуми тоҷик ва дар навбати аввал наврасону ҷавонони мо бо пайравӣ аз анъанаҳои неки ниёгонамон ҳарчи бештар ба омўзиши илму маърифат ва азхуд кардани касбу ҳунар рў оварда, дар ободии имрўзу ояндаи Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон ва таҳкими мақому обрўи он дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Шубҳае нест, ки хусусан дар ин айёми шариф ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номуси ҷомеа бо анҷом додани аъмоли хайру савоб ва бо шукрона аз неъмати истиқлолу озодӣ ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сарзамини аҷдодӣ ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон саъю талоши ватандўстонаро вусъат мебахшад. Соли оянда давлати соҳибистиқлолу ҷавони мо бистсола мешавад ва барои истиқболи сазовори ин санаи мубораку муқаддаси миллӣ ҳар кадоми мо вазифадорем, ки бо дилу нияти нек ва умеди қавӣ ба фардои осудаи халқу давлатамон дучанд заҳмат кашем.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар фарорасии иди шарифи қурбонро ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз ва кулли мусулмонони ҷаҳон муборакбод гуфта, бароятон аз даргоҳи Худованди мутаол хонаи обод, сари баланд, ризқу рўзии фаровон ва тандурустиву имони комил орзумандам.
Идатон муборак бошад!
President.tj
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3577-2010-11-15-11-30-16.html
-
04.09.2026 00:51
507
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: Аз ормони ниёгон то Тоҷикистони муосир
-
02.09.2026 01:14
741
Истиқлол: оғози марҳалаи нави давлатсозӣ
-
02.09.2026 01:09
617
Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+
-
08.05.2026 19:24
652
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
631
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
630
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
21.08.2026 11:04
474
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
334
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
07.08.2026 14:04
278
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
-
11.07.2026 11:51
586
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1198
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
1128
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
04.09.2026 00:55
285
Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе
-
02.09.2026 01:12
350
Орзуи Дубай ё қафаси тилоӣ?
-
29.08.2026 13:25
477
Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
-
03.09.2026 12:30
402
Сотим Улуғзода ва қадршиносии Пешвои миллат
-
02.09.2026 12:56
345
Нури хилвати шеър: мавлуди Шаҳрия муборак!
-
31.08.2026 15:51
274
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
-
16.08.2026 14:01
580
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.08.2026 14:01
407
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
-
07.08.2026 14:16
269
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
-
28.08.2026 22:33
457
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
27.08.2026 11:55
355
Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша
-
15.08.2026 13:06
316
Назофат ва беҳдошт дар ахлоқи Пайғамбар (с)
-
28.02.2026 22:46
811
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2178
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2340
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
496
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2305
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1382
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
01.09.2026 01:47
389
Поёни як даврони таърихӣ: Лионел Месси тими миллии Аргентинаро тарк кард
-
31.08.2026 10:14
314
ҶҶ 1982: Италияи мағлубнашаванда дар замини Испания
-
27.08.2026 12:06
410
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
-
31.08.2026 10:19
366
Фёдор Михайлович Достоевский: Рӯҳшиноси амиқтарини башар
-
26.08.2026 09:58
426
Леонардо да Винчи: Намунаи беҳамтои инсони универсалӣ
-
17.08.2026 01:19
442
Экзоскелетҳо: Сарбози супермен ё кӯмаки тиббӣ?










































