ИНТИХОБИ 60 МАВЗӮЪ БАРОИ "АМРИ МАЪРУФ"
Кумитаи дини Тоҷикистон бо мақсади танзими мӯҳтавои мавъиза ё «амри маъруфҳо» дар масҷидҳои кишвар мехоҳад, ҳудуди 60 мавзӯъро муқаррар ва ба имом-хатибони масоҷиди кишвар пешниҳод кунад, ки дар тӯли сол суханрониҳои оммавии хешро аз рӯи ин мавзӯъҳо омода намоянд. Дар пайи густариши равандҳои мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон дар муддати чанд соли ахир мақомот дар ин авохир дар роҳи тавзеъи адабиёт ва наворҳои мазҳабӣ ва ҳам таҳсили толибилмони тоҷик дар мадориси мазҳабии хориҷӣ як силсила маҳдудиятҳо ҷорӣ кардаанд, ки ба бовари таҳлилгарон, баёнгари нигарониҳои Душанбе аз мизони афзояндаи мазҳабишавии ҷомиа аст.
Омодагиҳои Кумитаи дини Тоҷикистон
Ҳарчанд қарор буд, сар аз соли ҷорӣ «амри маъруф» ва ё маъвизаҳо аз сӯи имомхатибони масҷидҳои Тоҷикистон бар асоси як дастурамал ба мардум ироа шаванд, аммо ба таъкиди масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон то ҳол ин иқдом ба марҳалаи ниҳоии хеш нарасидааст. Ҳамзамон мақомоти Кумитаи дин мегӯянд ин дастурамал дер ё зуд таҳия ва ба тамомии имомхатибони масҷидҳои кишвар тавзеъ хоҳад шуд, то онҳо битавонанд тибқи ин дастур «амри маъруф ва ё маъвизаҳоро ба мусалмонон ироа кунанд.
Мухтор Мавлонов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон давр сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин феҳраст бештар аз мавзӯъҳои панду андарзӣ, эҳтироми волидон ва ҳаққи ҳамсояҳо иборат аст, «мавзӯъҳое, ки ба дини мубини ислом, ахлоқи ҳамидаи исломӣ марбут аст. Тарбияи фарзандон ва ҷавонон дар роҳи рост, некӣ ва хайру муҳаббат».
Ба таъкиди ҷаноби Мухторов ҳадафи аслӣ таблиғи исломи ноб ва ҳикматҳои ин дини муқаддас ва ҳамзамон маҳкум кардани падидаҳои номатлуби ҷомеа, назири терроризм ва ифротгароӣ аст. Ҳамакнун, ки дастандаркорони Кумитаи дин ва Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар талоши амалӣ кардани ин мақсад ҳастанд, Ҳамдулло Раҳимзода, имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе мегӯяд, «амри маъруф» дар ин масҷид бар асоси мувофиқа бо Маркази иломӣ сурат мегирад, «аз тарафи Кумитаи дин чизе ба мо нарасидааст, аммо бо бо Шӯрои уламои маркази исломӣ ҳамкорӣ дорем ва маъвизаҳоро якҷоя интихоб карда ва ба мардум ироа мекунем. Маъвизаҳое, ки мо мекунем, ахлоқӣ ҳастанд. Зеро ислом худаш саропо ахлоқ аст, одоб аст ва ягон чизи зиёдатӣ надорад».
Назари шӮрои уламои Маркази исломӢ
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳар намози ҷамоат, ҳафтае як мартаба ва он ҳам рӯзҳои ҷумъа дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе қабл аз намоз «амри маъруф» мекунад ва мардумро ба сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ даъват мекунад. Афроди намозгузор ҳам мегӯянд, вай оромона ва бидуни садо баланд кардану шиор партофтан маъвиза баён медорад.
Ба ин тартиб аксари имомхатибони масҷидҳои Тоҷикистон аз тасмими Кумитаи дин ва Шӯрои уламои маркази исломӣ барои танзими «амри маъруфҳо» ҳимоят мекунанд ва мегӯянд, қаблан низ дар солҳои пеш ҳарчанд дастурамали хоссе дар ин замина вуҷуд надошт, аммо Маркази исломӣ номгӯи мавзӯъҳои «амри маъруф» ва ё маъвизаҳоро барои имомхатибонро ироа мекардааст.
Ин дар ҳолест, ки Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон танзими «амри маъруфҳо» -ро муғойир ба муқаррароти Қонуни асосии кишвар медонад ва мегӯяд, «дар он ҷо озодии виҷдону имону дину ақида танзим шудааст. Вале бо як таассуф ин як суннат шудааст, ки ба ҳама он озодиҳои конститутсия додагӣ бояд ки мо қоил набошем ва онҳоро маҳдуд кунем ва онҳоро аз диди худамон бояд ки ба мардум ироа бидорем. Аз сӯи дигар дар ҳоле, ки иддао дорем, ки дин аз давлат ҷудо аст, пас бояд ниҳодҳои давлатӣ бояд аз лиҳози ҳуқуқӣ ба ташкилотҳои динӣ кумак кунанд, на ин ки ба фаъолияти онҳо дахолат дошта бошанд».
Ҷаноби Ҳусайнӣ бо таваҷҷӯҳ ба иҷоди маҳдудиятҳо дар роҳи фаъолияти масҷидҳо ва мусалмонони Тоҷикистон тавассути ниҳодҳои давлатӣ аз пайомади он нигарон аст ва мегӯяд, бояд ҳукуматдорон аз ин гуна амалкард даст бардоранд.
Аммо ҳадаф чист?
Дар ҳар сурат барои таҳлилгарону бештари ҷомеа он чӣ норӯшан аст, ки ҳадафи ниҳоӣ аз иқдоми Кумитаи дин ва Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон чист. Дар ҳоле, ки аксарияти имомхатибон мегӯянд, онҳо дар «амри ба маъруф ва наҳӣ аз мункар» мардумро ба покиву накукорӣ ва фазилатҳои неки инсонӣ даъват мекунанд. Иддае аз соҳибназарон мӯътақиданд, ки ҳадафи аслӣ аз талоши Кумитаи дин ва Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон барои танзими «амри маъруфҳо» зери контрол доштани чанд имомхатибё шахсони рӯҳоние ҳастанд, ки дар миёни ҷомеа маъруф шудаанд.
Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода, коршиноси маркази таҳлили «Диалог» дар ин бора гуфт, «дар ин ҷанба ҳадаф ин аст, ки дар ҷомеа дискҳое паҳн шудаанд ва дар миёни мардум маҳбубият доранд. Яъне худи маъвизагарон ин корро накарданд, балки мардум таваҷҷӯҳ нишон додаанд ва наворҳои «амри маъруф» -и Эшони Нуриддинҷон, Ҳоҷӣ Мирзо ва дигаронро паҳн кардаанд. Пас ин гуна ниҳоди давлатӣ намехоҳад, ки ин шахс ва ё шахсият фаромиллӣ ва ё дар маҳдудаи миллат обрӯи шахсӣ касб кунад. Ҳадаф он аст, ки ин гуна шасхро бояд ба як чорчӯбаи хеш биоранд ва ба он низ як варақеро бидиҳанд, ки дар маҳдудаи 15 дақиқа аз он берун набарояд».
Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир Эшони Нуриддлинҷон ва Ҳоҷӣ Мирзо барин шахсиятҳои рӯҳонӣ дар миёни иддае аз мардум аз маҳбубияти хосе бархӯрдоранд ва на танҳо наворҳои «амри маъруф» ва ё маъвизаҳои онҳо серхаридоранд, балки ҳатто ҳоло ҳам ба мушоҳида мерасад, ки бештари афрод кӯшиш мекунанд то бо тай кардани роҳи дарозе намози ҷамоатро дар масҷиди Эшони Нуриддинҷон, ки дар деҳаи Туркободи ноҳияи Ваҳдат бигзоранд.
Ҳамакнун мақомот мутмаинанд, ки иддае аз рӯҳониён, ки шомили Шӯрои уламои маркази исломӣ нестанд, дар "амри маъруф"-ҳои худ ба масоили сиёсӣ ҳам даст зада, афроди алоҳидаро мавриди таҳқир ва бадгӯӣ қарор медиҳанд. Ба ин далел, кумитаи умури дин иддао дорад, ки акнун рӯҳониён бояд барои пахшу нашр ва фурӯши дискнаворҳои мазҳабии худ аз ин ниҳоди расмии марбут ба умури дин иҷоза гиранд ва ё аввал "амри маъруф"-ҳои худро аз ташхиси диншиносӣ гузаронида, сипас, ба бозор бароранд. Дар акси ҳол ин масъулон мегӯянд бар асоси қонун сарпечӣ аз ин амл муҷозотеро дар пай дорад.
Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4082--60---q-q.html
-
20.10.2026 15:45
213
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
200
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
369
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
320
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
828
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
790
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
16.10.2026 22:15
350
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
175
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
10.10.2026 12:45
208
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
12.10.2026 00:59
437
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
355
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
448
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
20.10.2026 15:33
183
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
19.10.2026 22:17
194
Иттиҳоди сабзи Душанбе ва Ереван: Тоҷикистону Арманистон экосистемаҳо ва пиряхҳоро якҷоя ҳифз мекунанд
-
19.10.2026 22:15
195
Экология ва амнияти озуқаворӣ: Мавқеи Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург
-
19.10.2026 22:20
171
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
247
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
14.10.2026 23:06
378
Ишқи заминӣ ва осмонӣ: Сирри ғазалиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
-
30.09.2026 11:18
311
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
423
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
231
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
396
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
344
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
570
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
217
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
256
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
867
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
630
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2449
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1513
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
12.10.2026 00:57
414
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
312
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
04.10.2026 20:51
374
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
14.10.2026 23:13
478
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
390
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
380
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































