ҚУРЪОНСӮЗӢ ДАР АМРИКО ВА «ШOҲНОМАСӮЗӢ» ДАР ТОҶИКИСТОН
Хабаргузории русии «Лента.ру» бо ишора ба ҳамтои фаронсавии худ «Франс пресс» хабар дод, ки як рӯҳонии якфуғаи Амрико аз штати Флорида бо исми Терри Ҷонс, барои бори дуввум 27 апрел даст ба оташсӯзии китоби Худо - Қуръон задааст.
Роҳиб якчанд нусхаи Каломуллоҳро бо тасвирҳои паёмбари Худо Муҳаммад алайҳимуссалом сӯхт. Бо ин роҳ якфуға алайҳи додгоҳи ҷумҳурии Ирон, ки як рӯҳонии дигари масеҳӣ Юсуф Надархониро ҳукми қатл дода буд, эътироз кард. Қуръонсӯзӣ дар назди масҷиди Гейнсвилд сурат гирифтааст.
Ин дар ҳоле, ки соли 2010 ин рӯҳонӣ барои чунин амали ғайриинсониаш маҳкум шуда буд. Барои ин ҷоҳилии ӯ, ҳамон сол дар бархурдҳои мусалмонон ва низомиёни Амрико 100 нафар ба ҳалокат расида буданд. Ҳамон сол додгоҳи штати номбаршуда ба ӯ ҳушдор дода буд, ки наздик шуданаш ба масоҷид қатъан мамнӯъ аст.
Ин бор барои китобсӯзиаш хадамоти оташнишонии штати Флорида ӯро ба миқдори 271 доллар ҷарима баст. Кодекси ҷиноятии Амрико ҳамин ҷазоро барои китобсӯзӣ муқаррар кардааст.
Ба иттилои хабаргузории «Франс Пресс» Юсуф Надархониро соли 2009 хадамоти амнияти ҷумҳурии Эрон барои қабул кардани дини Масеҳӣ боздошт карда буд. Дар асл ин рӯҳонӣ бо амали ҷосусӣ бар зидди давлати Эрон маҳкум шуда буд.
Моҳи марти соли 2011 баъди қуръонсӯзии Терри Ҷонс мусалмонони Афғонистон ба бинои намояндагии Милали Муттаҳид ҳуҷум карда буданд, ки дар натиҷа 12 нафар аз ду ҷониб ҷони худро аз даст доданд. Вазорати хориҷаи Эрон қуръонсӯзӣро “таҳқир ва иғвоомез” номида, аз Амрико хост, то аз ҷаҳони Ислом узр бихоҳад.
Оташсӯзӣ замоне сурат гирифтааст, ки тибқи иттилои «Озодӣ»: «Давлати Афғонистон мегӯяд, музокирот бо Толибон ба хотири хатми ҷанги даҳсола дар ин кишвар “идома дорад.” Сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон Ҷонон Мӯсозай гуфт, “раванди сулҳ бо Толибон ҳанӯз идома дорад.” Аммо Толибон бори дигар азсаргирии музокирот бо Амрико ва давлати Ҳомиди Карзайро радд кардаанд. Толибон тамосҳои муқаддамотӣ бо Амрикоро дар Қатар дар моҳи март қатъ ва Вошингтонро ба надоштани мавзеъи рӯшан айбдор карданд. Бо ин ҳол, сафири Амрико дар Покистон Камерон Мантер гуфтааст, бидуни ҷалби Толибон ба музокирот наметавон ба сулҳ дар Афғонистон даст ёфт.»
Аз ин рӯ коршиносон ақида доранд, оташсӯзии қуръон амали гурӯҳи муғризони махсусест, ки яке аз ҳадафҳояшон барҳам задани музокироти сулҳи Афғонистон аст.
«Шоҳномасӯзӣ» дар Тоҷикистон
Анқариб дар як вақт Нашрияи «Имрӯз Нюс» аз ҷумла дар бораи динситезии Зафари Мирзоюф дар маҳфили «Зеҳн», дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон навиштааст. Шахсан банда ин амали зиддиисломии ин олимро пурра маҳкум мекунам. Аммо бо ин навишта худро ҳомии дин ё Қуръон донистанӣ нестем, Соҳиби Қуръон Худо аст ва дар ҳифзи китобаш ниёз ба банда надорад.
Аммо вақте «Шаҳнома» месӯзанд хомӯш нишастан оини ҷавонмардӣ нест. Бале, дуруст фаҳмидед аз минбари баланди Донишгоҳ маҳз «Шоҳномасӯзӣ» кардаанд. Чунки қиёси китоби заминӣ ва офаридаи як инсон бо китоби Худованд амали ҷанг андохтани шишаро мемонад бо санг. Дар онҷо гуфтаанд «байтҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро аз оятҳои «Қуръон» болотар медонанд».
Чун нек назар афканӣ ин фикри як шахс аст ва агар онро баён дорад боке нест. Аз дигар ҷониб, аз минбари баланд баёни ақидае, ки боиси ташаннуҷи авзо мешавад дастикам ҷиноят аст. Дар ҳамон толор, донишҷӯён алайҳи ин ақида эътироз кардаанд. Чӣ расад ба беруни толор, ки 95 фисадаш мусалмон аст.
Ҳатто агар «Шоҳномасӯзон» бовар надорад, ки Қуръон китоби Худост бок нест. Китоби Худо будани Қуръонро тамоми мардуми олам ба вижа мубаллиғони динҳои дигар низ эътироф кардаанд.
Ҳотамшоҳ Асозода як донишманди тоҷик мегӯяд: «Дар тамоми мамолики дунё аз ҷумла ғайриисломӣ, чанд донишгоҳи омӯзиши Қуръон вуҷуд дорад, ки дар онҳо мӯъҷизоти ин китоб то ҳанӯз батадриҷ кашф шуда истодаанд».
Магар ҳазору чорсаду чанд сол қабл як инсон, он ҳам бесавод ва дар пурҷаҳлтарин ҷомеа, метавонист китобе нависад, ки то ҳанӯз мавриди омӯзиши олимони ҷаҳон қарор дошта бошад? Дар он замон араб анқариб навишта наметавонист.
Агар китоби Худо аст, пас муқоисаи «Шоҳнома» барин асари баробар ба ҷони миллати тоҷик амали «Шоҳномасӯзӣ»-ро намемонад?
Ин дар ҳоле, ки худи Фирдавсӣ агар ба Худо бовар надошт, онро бо садои баланд мегуфт. Фирдавсии миллати ман аз касе бок надошт. Ҳамонгуна, ки дар паҳлӯйи Маҳмуди Ғазнавӣ истода гуфта буд:
Агар шоҳро шоҳ будӣ падар
Маро барниҳоди ба сар тоҷи зар.
Агар модари шоҳ бонӯ будӣ
Маро симу зар то ба зонӯ будӣ.
***
Чу андар табораш бузургӣ набуд
Наёраст номи бузургон шунуд.
Маҳмуд бошад ҳамон турки одамхоре буд, ки аз бими ӯ хун дар рагҳои ҳатто халифаи ислом дар Бағдод хушк мешуд.
Яъне Фирдавсии миллати ман ба Худо имон дошт ва дилу гурда карда, боре ҳам китоби худро бо китоби Худо ҷанг наандохта буд, чунки на танҳо аз рӯйи имон ба Худо доштанаш, балки ҳифзи китобаш ин корро намекард, то миллат зарар набинад.
Ва аммо ман аз донишҷӯёни бономуси Донишгоҳи миллиям ифтихор дорам, ки аз декан ва ҳатто ректор наҳаросида дар бораи ботил будани ин афкор садо баланд карданд. Онҳо мардона на танҳо савоб гирифтанд, балки «Шоҳнома»-ро ҳифз карданд ва рӯҳи Фирдавсиро шод. Аҳсан ба шумо!
«Шаҳномасӯз» дар «Озодӣ» мегӯяд таъкиди дигари ӯ «ба зарурати ҳифзи ҳофизаи таърихӣ ва фаромӯш накардани таърихи то Исломи мардуми тоҷик буд ва ҳам ба зарурати миллӣ кардани Ислом дар шароити имрӯзаи ҷомиаи Тоҷикистон ба хотири ҳифзи арзишҳои миллӣ дар муқобили таҳоҷуми фарҳангҳои бегона».
Ин ҳам дар шароите, ки давраи ба яғмо рафтани фарҳанги тоҷик кайҳо пушти сар шудааст. Замони истиқлолият асту рушди фарҳанг ва эҳёи ташаккулӣ миллат.
Агар мехоҳед ислом миллӣ бошад, пас бояд кадом миллат? Ислом бояд русӣ, тоҷикӣ, узбакӣ, туркӣ, фаронсавӣ ва ё бритонӣ бошад? Агар Қуръонро ҳар миллат бо забони худ тарҷума карда, онро дастур барои намоз қарор медод, имрӯз касе намозро тибқи фармудаи Худо гузошта наметавонист. Шумо ба Худованд эрод мегиред? Ҳамон Худое, ки агар як лаҳза нафасатонро боздорад, ҳалок мешавед!?
Агар арабро бад мебинед, пас ин фикри шахсии шумо аст, фикри миллати тоҷик нест! Худо араб набуд, пас чаро алайҳи Худо мешӯред?
Ҳамагон хуб медонанд, ки муносиботи миллӣ ҳамагӣ дар асри 17-18 милодӣ ташаккул ёфтааст. Пас магар Худованд метавонист дар асри 7 дар китоби худ аз муносиботи миллӣ ҳарф занад, ё ба кадом миллате арҷ гузорад? Албатта не ва нагузошт, балки гуфт афзалият онҳое доранд, ки поктару ботақвотаранд, зарарашон ба мардум камтар мерасад.
Домулло Холмурод як рӯҳонии хело мӯҳтарам дар минтақаи Кӯлоб аз динситезии мусалмонон маъюс гашта, ҳадиси паёмбар Муҳаммад (а) ба хотир овард:
«Дар Қуръон ва дар ҳадисҳои пайғамбар ягон миллатро фазл надодаанд. «Инно халақнокум мин закарин ва унсо ва ҷаъалнокум шуубан ва қабоилали таорафу инна акрамакум ъиндаллоҳи атқокум». (Халқ кардем шуморо аз як падар ва модар ва шуморо қабила ба қабила ҳар забон гардонидем, арабу форсу дигару дигар.) Аммо боре ҳам нагуфтааст, ки араб бар аҷам ва ё қавми дигаре афзалият дорад. Балки мукаррамтарини шумо касоне ҳастанд, ки аз Худо метарсанд ва тақвои бештар доранд. Барои мардум раҳму шафқат мекунад, инсоф дорад, дӯстӣ мекунад».
Мусаллам аст, ки дар он замон, арабҳои ҷоҳил ҳам кам набуданд. Садҳо бутро парастиш мекарданд, фарзанд мекуштанд. Дар ҳамин маврид фозилтарин қавм форсҳо буданд. Мутаассифона дар ҳамон даврони ҷоҳилият буданд арабҳои миллатгарое, ки кӯшиш карданд заъфашонро бо арабӣ будани Қуръон пӯшонанд, аммо Худованд зуд онҳоро хору залил кард.
Дигар касе аз арабҳои боимон худро болотар аз қавми дигаре надониста буд, чунки аз рӯйи Қуръон мезистанд ва ҳадисҳои пайғамбар. Аҷдоди паёмбари Худо аз шарри арабҳои ҷоҳил паноҳ ба форсҳо бурданд, аммо касе аз форсҳои фозил боре аз муҳоҷирони олирутба хоҳиш накард барои миллӣ кардани дини ислом фатво бидиҳад, чунки зарурат набуд.
Агар Худованд хостааст, ки Қуръон бо забони арабӣ бошад, пас бигзор, боке нест. Соҳиби ҳама забонҳост. Аммо мутмаинам, забони арабӣ будани китоби Худо муаммои дигарест, ки мутмаинам, солҳои баъдӣ сирри онро худи Қуръон собит месозад.
Шумо, уламои муҳтарам, арабӣ будани Қуръонро мебинед, аммо суханони паёмбари Худоро ки «форсӣ забони аҳли ҷаннат аст»-ро дидан намехоҳед, чунки муғризона фикр меронед ва ташаннуҷ тавлид кардан мехоҳед. Чун курсии мулоими мансабро аз тагатон кашида гирифтанд бо ҳар роҳу восита мардумро алайҳи якдигар мешӯронед.
Алайҳи Қуръон сухан гуфтан тафриқа андохтан аст. Маънии барҳам задани сулҳу салоҳи кишварро дорад. Имрӯз кишвари мо аз динситезӣ дида корҳои муҳимтаре дорад. Махсусан дар шароите, ки ҳамсояҳои рӯзарду чашмтанг бо ҳар роҳу восита моро кушиши буғӣ кардан доранд. Динситезии мо маънии аз худ дур кардани мамолики исломиро дорад.
Онҳо бошанд дар ин набарди нобаробар нерӯйи моянд. Ҳар он кас, ки дар ин марҳила кушиши халалдор кардани иттиҳоди миллати тоҷик мекунад душмани миллат аст. Ҷаҳлро бинед, ки фақат ба хотири ғарази шахсӣ- дарёфти мақоми беҳтар дар ҷомеа тафриқа меандозанд.
Аҳмади Иброҳим, аз Кӯлоб барои «Рӯзгор»
-
20.10.2026 15:45
213
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
199
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
369
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
320
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
828
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
790
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
16.10.2026 22:15
350
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
174
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
10.10.2026 12:45
208
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
12.10.2026 00:59
436
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
355
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
448
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
20.10.2026 15:33
183
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
19.10.2026 22:17
194
Иттиҳоди сабзи Душанбе ва Ереван: Тоҷикистону Арманистон экосистемаҳо ва пиряхҳоро якҷоя ҳифз мекунанд
-
19.10.2026 22:15
195
Экология ва амнияти озуқаворӣ: Мавқеи Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург
-
19.10.2026 22:20
170
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
247
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
14.10.2026 23:06
378
Ишқи заминӣ ва осмонӣ: Сирри ғазалиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
-
30.09.2026 11:18
311
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
423
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
231
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
396
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
344
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
570
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
217
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
256
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
867
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
630
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2449
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1513
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
12.10.2026 00:57
413
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
312
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
04.10.2026 20:51
374
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
14.10.2026 23:13
478
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
390
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
380
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
У як муъмин ва муслими комил буда, дар баробари ин аз фархангу маданият ва маърифату таърихи ориёиён ва точиктаборон дифоъ кардааст. Фирдавси чун яке аз муассиртарин идеологхои таълимоти "шуубия" шинохта шудааст! "Шуубия" ва шуубихо бошанд хатто дар Куръони азимушшаън хамчун "мардуми гайриараб"(ачам иён) зикр шудаанд." Факат замони сулолаи арабии Уммавиён аъроб аз хад гузаштанд ва даст ба фархангсузию маърифаткушии ориёин ва точиктаброн заданд, ки хеч иртиботе ба Худованду Куръону Паёмбари Акрам (с) надоштанд. Бояд махсус зикр кард,ки факат Фирдавси нисбати мою шумо таносуби динияту миллият (соотношение религиозного и национального)- ро хубтар дарку фахм мекард! Вассалом!
Бо эхтиром, Чумъахон АЛИМИ, Кулоб (91907865)
Салому дуруди бандаро окои Султони Хамад бипазиред! Хохишмандам назари бандаро дар хошияи маколаи Ахмади Иброхим чой дихед!
Ин ки Зафари Мирзоён байтхои "Шохнома"-ро афзалтар аз оятхои куръони дониста бошад, бовар надорам, чаро ки Зафари Мирзоёнро чун як устоди мумтоз ва шахсияти барчастаи фархангию маърифати мешиносам! Ахмади Иброхим - дуст ва бародари мо хам кам нестанд, у яке аз часуртарин рузноманигорон, мутарчим ва публитсисти бехамтост! Фирдавси тамомии консепсияи офариниши Оламу Одамро дар "Шохнома" сирф дар асоси таълимоти куръони ба калам дода, тасдик хам кардааст! Хакими Тус тамомии шикасту пирузихои сулолаи Сосониёнро хам мансуб ба казою кадар, сарнавишт ва хукми иллохи донистааст!
Устод Зафар Мирзоёнро гоибона хуб мешинохтаму аз маколахояш дар нашрияхои даврии чумхури огох будам. Бисёр окилонаву одилона эчод мекарданд. Аммо мутаассифам, ки хафтаи гузашта аз чунин марди бузург, чунин сафсатахо шунидам... Афсус, ки чунин шуд, устод Зафар Мирзоён.
Аз ахли эчоди сомонаи Рузгор арзи сипос мекунаму хохишманди он хастам, ки навиштахои манро бе ягон тахриру илова нашр кунанд.
Худованд гунохои хамаи мову шуморо авф кунад.
Офарин Рузгор!!! Ба мушхона об андохти.
Хар ки н-омузад зи сайти Рузгор,
Хеч н-омузад зи хеч омузгор
RSS Обуна