ҶАҲОН АЗ КАЙҲОН СӮҲБАТ МЕКУНАД, МО ТО ҲОЛ - АЗ РИШУ САЛА
Суръати мазҳабишавии ҷомиа дар Тоҷикистон зоҳиран кундтар шудааст. Рӯзи 20 июл мардуми мусалмони Тоҷикистон вориди моҳи шарифи Рамазон мешаванд. Аммо фазои динии кишвар имсол дар ин моҳи рӯзаву намоз назар ба солҳои қаблӣ як каме фарқ мекунад. Ба ақидаи коршиносони масоили дин, раванди мазҳабишавии ҷомиа дар Тоҷикистон баъди чанд соли парвози пурсуръат ҳарчанд ҳанӯз пурра ист накардааст, вале зоҳиран кундтар шудааст.
“Муллобезорӣ”-и намоишӣ
Ҳудуди 4000 масҷиди панҷвақтаву ҷомеъи фаъол дар кишвар, ки дар солҳои охир барои гунҷондани намозгузорон бошитоб ба сохтани қабати дувуму севум пардохта буданд, дигар ҳатто дар рӯзҳои намози ҷумъа чунон пур нестанд, ки дар ду ё се соли пеш. Ва бахусус дар миёни қишри ҷавон ва равшанфикри ҷомиа шумори онҳое меафзояд, ки иҷтиноби худ аз адои намоз ё гирифтани рӯзаро ошкоро ба намоиш мегузоранд.
Ин ҳама, албатта, ҳанӯз чандон густарда нест, ки аз кадоми раванди шаклгирифтаи динбезорӣ дар ҷомиа дарак диҳад. Вале дар байни ҷавонони умдатан дар хориҷ таҳсилкарда ва огоҳ аз фанновариҳои муосир ва неъматҳои дунёи модерн алакай як тамойюли “муллобезорӣ” шакл мегирад. Аҳмад, як ҷавони тоҷик, ки мегӯяд, имсол рӯзаашро нахоҳад гирифт, дар ин робита ба мо гуфт:
”Муллоҳое ҳастанд, ки гапҳои беасос мезананд, исбот карда намедиҳанд гуфтаҳояшонро ва ин ҷавононро нисбат ба онҳо беэътимод мекунад. Порагирии намояндагони дин ҳам сарусадоҳое ба миён овард, ки “Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.” Албатта, фасод ва чунин фазо ҷавононро аз онҳо дилсард мекунад.”
7 фоизи мардум ҳамоно орзуи давлати исломӣ доштааст
САҲА моҳе пеш натоиҷи назарсанҷиеро муаррифӣ кард, ки мегӯяд, 87 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз ифротгароии исломӣ нигаронӣ дошта, беш аз нисфи ин мардум мухолифи сохтани давлати исломӣ дар ин кишвар будаанд. Танҳо 7 дарсад орзуи зиндагӣ дар давлати исломиро дошта, ҳамагӣ 30 фоизи пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ҷомиаи Тоҷикистон дар 10 соли охир мазҳабитар шудааст. 24 фоиз нақши Исломро бахусус дар мубориза бо фасод муҳим хонда ва ҳамагӣ 21 дарсад эътироф кардаанд, ки барои ҳалли мушкилоти худ рӯ ба дину мулло меоранд.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси назарсанҷии ду сол пеши созмони IFES, 19 дарсад дар Тоҷикистон тарафдори нақши муҳими Ислом дар сиёсати ин кишвар буда, 62 дарсади дигар мегуфтанд, ки дин дар сиёсат бояд ба сурате ҳузур дошта бошад. Ду сол пеш танҳо 16 дарсад мухолифи додани ҷои по ба дин дар майдони сиёсат буда, вале 46 дарсад мӯътақид буданд, ки тақвияти мақоми дин дар тасмимгириҳои раҳбарон умури давлатиро беҳтар хоҳад кард.
Ба назари коршиносон, кундтар шудани суръати мазҳабишавии ҷомиа дар Тоҷикистон аз ҷумла натиҷаи иқдомоти ҷавобии давлат аст, ки бо нигаронӣ аз ин тамойюл даст ба иқдомоти превентивие, чун манъи пӯшидани ҳиҷоб дар макотибу манъи ҳузури ноболиғон дар намози масоҷид зад ва бо тақвияти салоҳиятҳои Кумитаи дин фаъолияти муасссисаҳои диниро низ зери назорати шадидтар гирифт. Аз сӯи дигар, гароиш ба дин бештар хоси ҷомиаҳои фақрзада аст ва ба таъбири маъруф, “машъуқаи рӯзи бенавоист Худо.”
Фаррух Умаров, таҳлилгари масоили дин ҳам мегӯяд, таваҷҷӯҳи бештар ба масоили иқтисодӣ низ дар амри коҳиши мизони мазҳабишавӣ коргар будааст: “Таҷрубаи таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои динии хориҷӣ нишон дод, ки фақат такя ба дин барои рушди ҷомиа самарабахш нест. Аз сӯи дигар, маҳдуд шудани фаъолияти гурӯҳҳои қаблан фаъоле, чун салафиҳо ё ҳизби Таҳрир, низ созмонҳое, ки чанд сол пеш фаъол буданд, чун салафиҳо, низ шояд яке аз сабабҳои дигар сусттар шудани гароиши хусусан қишри ҷавон ба дин шуда бошад.”
Сухан дониста гӯ...
Бо лаҳни дурушт ва гоҳо ҳатто бо алфози қабеҳ аз сӯи рӯҳониёни хурофотӣ гуноҳу ҳатто куфр ҳукм шудани ҳар амали хурду резаи ғайришаръӣ, дар банди баҳсҳои қадими фиқҳие, чун тарзи адои таҳорату намоз ва хондани дуо, ё шеваи бастани саллаву ҳатмӣ будан ё набудани риш барои марди мусалмон, ё баҳси ҳуқуқи зан ва тафсири ин ҳама бар пояи ҳадису ривоятҳои ҳазору чандсад соли пеш, аз як сӯ, ва ҳамдастии бархе рӯҳониёни маъруф дар фасод, аз ҷумла дар тиҷорати корхонаҳову заминҳо ва ҳатто дар мансабфурӯшӣ як қисми мардумро аз аҳли дин мутанаффир ва каме “муллобезор” кардааст.
Фаррух Умаров мегӯяд, шумори корбарони Интернет дар Тоҷикистон аз марзи 2 миллион гузаштааст, ки аксараш ҷавононанд ва ин тоифа дигар лаҳни дурушти сӯҳбати рӯҳониёнро намебардорад.Омили дигари дилсардии қишри ҷавон аз диндорон, ба гуфтаи ин коршинос, то ҳол дар даҳони насли рӯҳонии бозмонда аз замони шӯравӣ мондани арсаи таблиғоти мазҳабист:
“Истифодаи алфози қабеҳ дар маъвизаҳо ва назари радикалӣ ба ин ё он падидаи дунявии ҷомиа мардум, бавижа ҷавононро аз дин дур мекунад. Аз ҷониби дигар, қишри рӯҳоние, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ба вуҷуд омада буд, онҳо дигар ба дили ҷавонон заданд. Чӣ раҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ, чӣ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ё Ҳоҷӣ Мирзо. Онҳо ягон фикри нав надоранд, ки ба ҷомиа бидиҳанд. Як омил набудани рӯҳониёни насли нав бо диди нав аст. Рӯҳониёни қадиманд, ки раванди модернсозии динро дар Тоҷикистон ба душворӣ печондаанд.”
Зубайдуллоҳи Розиқ, раҳбари Шӯрои уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ эътироф мекунад, ки лаҳни дурушти маъвиза ва даъватҳои рӯҳониён ба мазоқи қишри ҷавон намефорад ва натиҷаи баръакс меорад. Вале ӯ мегӯяд, дилсардӣ аз ин ё он рӯҳонӣ набояд баҳонаи иҷтиноби мардуми боимон аз Ислом шавад:
“Ин як баҳона аст, вагарна касе ки мусалмон асту имон дорад, на аз дуруштии мулло андеша мекунаду на аз дуруштии эшон. Мулло меъёр шуда наметавонад. Ҳақиқати Исломро набояд дар сурати як мулло ё як эшон дид. Ӯро меъёр қарор додан кори хубу дуруст нест. Меъёри мо “Қуръон” асту Паёмбар ва ҳадисҳояш. Меъёри мусалмонии мо ин ё он мулло шуда наметавонад.”
Ҷаҳонишавӣ – чолиши наве барои мазҳаб
Аҷамшоҳи Калонзод, донишманди тоҷик, ки дар Олмон дар мавзӯъи “Ифрот дар дин ва дар дунявият дар намунаи Тоҷикистон” рисолаи докторӣ менависад, мегӯяд, рӯҳониёни тоҷик дар қайди баҳсҳои хурофотӣ аз ҷаҳонишавӣ, ки як муҳаррикии бедории фикрии ҷавонони тоҷик шудааст, бехабар монданд. Ва ончӣ ки онҳо бар пояи донишҳои бозмонда аз солҳои аввали зуҳури Ислом тафсир мекунанд, ба гуфтаи ин муҳаққиқ, дигар ҷавобгӯи пурсишҳои насли нави огоҳ аз неъмату донишҳои дунёи муосир нест.
Аҷамшоҳи Калонзод меафзояд: “Як сабабе ки мардум боварҳои суннатии худро ба чолиш мекашад, ҳамин ҷаҳонишавист. Имрӯз ҷавонон ҳар масъаларо дар тарозуи ақл бармекашанд. Ва вақте онҳо маъвизаҳоро мешунаванд, мебинанд, ки ҷузъитарин масоил дар ин тарозу намегунҷад. Масалан, рӯҳониён то ҳол мегӯянд, ки касе шароб нӯшид, салом бо ӯ ҳайф аст, ё дар масъалаи ҳуқуқи зан, ки бояд аз шавҳар итоат накунад, либоси аврупоӣ пӯшад, пас ӯ мусалмон нест ва ба ҷаҳаннам меравад. Ё алфози қабеҳе, ки дар ҳаққи афроди дунявиандеш раво мебинанд, дар тарозуи ақли ин ҷавонон, ки дар дунёи модерн шакл гирифтааст, қобили қабул нест.”
Компутар барои... мулло
Ба ақидаи Аҷамшоҳи Калонзод, зарурати бознигарӣ ба бархе масоили фиқҳӣ, ки аз дарёи хурофот об мехӯрад ва посухгӯи пурсишҳо ва чолишҳои зиндагии имрӯза нест, кайҳо пеш омадааст, вале дар Тоҷикистон як насли нави рӯҳониёни донишманду огоҳ, ки битавонад ба ин чолишҳо расидагӣ кунад, ҳанӯз ба вуҷуд наомадааст:
“Барои ба ин дараҷа расидан ва тарбияи фақеҳон дар ин сатҳ шароити Тоҷикистон хеле дур аст. Масалан, муҳоҷирони мо дар Русия агар бихоҳанд зани насронӣ бигиранд, ё хӯрдани гӯшти гови бо дасти насронӣ кушташуда барояшон иҷозат ҳаст ё не, суолҳое ҳастанд, ки имрӯз ба миён омадаанд ва аз рӯҳониён посухҳои модерн мехоҳанд. Барои оғози чунин кор ба фақеҳон дониши қавии муосир лозим аст. Мо ба равшанфикрони динӣ ва ислоҳталабии динӣ сахт ниёз дорем, вале муттаассифона, имрӯз дар байни равшанфикрии динӣ ба маънои томаш ҳанӯз ташаккул наёфтааст.”
Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, дар “Қуръон” ва ҳадисҳо ба масоили зиндагии имрӯза низ метавон тамоми посухҳоро ёфт, вале мушкил ин аст, ки бахши аъзами рӯҳониён дар банди қадимгароӣ монда, оёту аҳодисро дархӯри хостҳои рӯзгори муосир тафсир карда наметавонанд:
”Домуллоҳои мо бояд худро ба шеваҳои зоҳирии фиреби замон не, балки ба усулҳои пешрафти маърифати замонавӣ мувофиқ кунонанд. Баъзе муллоҳо то ҳол суханҳои хурофотиеро мебофанду нақлу афсонаҳое мекунанд, ки ба мафкураи мардуми ҷавон мувофиқат намекунад. Аз олами компутару Интернет хабар надоранд. Онҳо ба талаботи замон ҷавоб гуфта наметавонанд, ки ин сабаби нафрати мардум мешавад. Бояд сарфи назар аз синну сол рӯҳониён аз фанновариҳо ва донишҳои муосир ва бо услуби зиндагии имрӯзаи мардум бештар ошно бошанд, хубтар аст.”
Бо ин ҳол, ба бовари мусоҳибони мо, бо вуҷуди кундтар шудани суръати раванди мазҳабишавӣ, Ислом дигар дар ҷомиаи Тоҷикистон чунон реша гирифтааст, ки фишорҳои давлат шояд ҷояшро танг кунад, вале дигар аз майдон рӯфтааш наметавонад. Вале боз ҳам зарурати ислоҳот ва модернсозии дин дар Тоҷикистон ҳақиқатест, ки касе аз ин мусоҳибони мо инкораш намекунад.
«Озодӣ»
-
20.10.2026 15:45
212
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
195
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
369
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
318
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
828
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
789
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
16.10.2026 22:15
349
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
173
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
10.10.2026 12:45
205
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
12.10.2026 00:59
431
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
355
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
448
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
20.10.2026 15:33
182
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
19.10.2026 22:17
190
Иттиҳоди сабзи Душанбе ва Ереван: Тоҷикистону Арманистон экосистемаҳо ва пиряхҳоро якҷоя ҳифз мекунанд
-
19.10.2026 22:15
191
Экология ва амнияти озуқаворӣ: Мавқеи Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург
-
19.10.2026 22:20
169
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
246
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
14.10.2026 23:06
377
Ишқи заминӣ ва осмонӣ: Сирри ғазалиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
-
30.09.2026 11:18
311
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
423
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
230
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
396
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
344
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
570
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
214
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
255
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
867
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
630
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2447
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1513
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
12.10.2026 00:57
410
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
311
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
04.10.2026 20:51
374
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
14.10.2026 23:13
478
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
389
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
380
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
RSS Обуна