09:33:45 12-уми Ноябри 2026 сол
"Рособрнадзор" ба Донишгоҳи славянӣ (РТСУ) иҷозаи фаъолият надод 18.10.2014 20:32 1361
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, Хадамоти назорати таълиму парвариши Русия ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шаҳодатномаи фаъолият надодааст. Аммо масъулони донишгоҳ инро радд мекунанд.
Ҳабси пешакии Муаттара Ҷӯраева ва шарҳи Оҷонсӣ 18.10.2014 20:27 1139
Оҷонсии мубориза бо коррупсия мегӯяд, Муаттара Ҷӯраева дар чанд ҳолат аз роҳи фиреб аз сокинон пул гирифта, аммо қарзи худро барнагардондааст. Аммо модараш бо ин иттиҳом розӣ нест.
Боздошти ду "узв"-и ноболиғи "Гурӯҳи 24" дар Душанбе 18.10.2014 20:24 1119
Ду сокини ҷавони Душанбе ба гумони таблиғи “Гурӯҳи 24” ва шиорашон алайҳи ҳукумати Тоҷикистон боздошт гардидаанд. Ин гурӯҳ рӯзи 10 октябр мардумро ба тазоҳурот хонда буд.
“Ҳоҷибарак” - бо Лимузин. Ҷаримаи ду зоири тоҷик барои “мӯд”-и нав 18.10.2014 20:21 1122
Кумитаи дин ду ҳоҷии тоҷикро барои пешвози бодабдаба аз сӯи наздиконашон, ки бо “Лимузин” ба фурудгоҳи Душанбе омада, онҳоро ботантана ба хонаҳояшон бурдаанд, ҷарима кардааст.
Қарори Саудӣ дар бораи гирифтани фақат 5 литр оби "Зам-зам" 18.10.2014 20:20 1169
Дар номаи Арабистони Саудӣ, ки дастраси мо шуд, гуфта шудааст, "интиқоли оби "Зам-зам" манъ карда мешавад, ба ҷуз 5 литре, ки ҳар иштирокчии мавсими Ҳаҷ-2014 ҳаққи бурдани онро дорад.”
Қонуни гирдиҳамоиҳо боз шадидтар мешавад 14.10.2014 00:56 1106
Як вакили парлумони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ба гирдиҳамоиҳо овардани силоҳ ва маводи тарканда ва заҳролудкунанда қонунан манъ шавад.Саттор Холов, вакили Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон ...
Қорӣ Абдуллоҳ дар масҷид афюн мефурӯхт? 14.10.2014 00:54 1170
Мақомоти Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон имомхатиби як масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппаро бо гумони даст доштан дар фурӯши афюн дастгир кардаанд.
Паллаҳои пасту болои тарозуи адолати додгоҳҳои Тоҷикистон 14.10.2014 00:53 1093
Сокинони оддӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ба адолати додгоҳҳои ин кишвар эътимоди чандоне надоранд. Аммо мақомоти Додгоҳи олӣ бар инанд, ки ягон ҳукме нест, ки ҳарду тарафро розӣ бигузорад - баранда аз толор қонеъ ва бозанда ҳатман норозӣ берун мешавад.
Корманди додгоҳ бо $52 ҳазор ба чанг уфтод 12.10.2014 00:52 1210
Кормандони Оҷонсии зидди корупсия котиби Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон Азимҷон Асроровро боздошт карданд, ки бо роҳи фиреб ба бовари кормандони театри “Гаҳвора” даромада, барои ба фоидаи ин театр бекор кардани ҳалномаи ...
Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Гурӯҳи 24" дар Рашт пуштибон надорад 12.10.2014 00:48 1350
Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони саршиноси мухолифони пешини тоҷик дар пасманзари сару садоҳо дар мавриди баргузории гирдиҳамоии ҷонибдоророни Гурӯҳи 24 гуфт, ки ин гурӯҳ дар минтақаи Рашт пуштибон надорад.
Сӯхтор дар маркази савдои "Содот" 08.10.2014 20:53 1725
Мақомоти умури дохила эҳтимоли фарзияи ҳамлаи террористӣ дар сӯхтори рӯзи 8 октябр дар таҳхонаи Маркази савдои "Содот" дар Душанберо рад мекунанд. Дар ин сӯхтор як марди 45-сола ҳалок шудааст.
Бастаҳои ҳероин бо Манижаву Аҳмад Зоҳир 08.10.2014 20:51 1201
Агентии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷои мору каждум ҳоло аксҳои Манижаи Давлат ва Аҳмад Зоҳир болои бастаҳои ҳероини қочоқӣ аз Афғонистонро "зеб" медиҳанд.
Генерал: “Касе бо нияти бад ба Тоҷикистон ояд, нобуд хоҳад шуд” 08.10.2014 00:04 1062
Дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон мегӯяд, ниҳодҳои қудратии кишвар ба ҳадде тавону омодагӣ доранд, ки нахоҳанд гузошт, нерӯҳои тахрибкор вориди хоки Тоҷикистон шаванд.
Гумонбарони қатли "таксист"-и тоҷикро ба Русия фиристоданд 04.10.2014 21:35 1107
Наздикони Раҳимҷон Тешабоев мегӯянд, ташхиси равонии ду сарбози пойгоҳи 201 дар Екатеринбург ҳудуди якуним моҳ идома карда, маълум нест, кор ба фоидаи онҳо ҳал хоҳад шуд, ё инҳо.
Дарёфти мурдаи Беҳрӯз Акаҷонови ҳаштсола 04.10.2014 21:29 1256
Ҷасади Беҳрӯз Акаҷонов, хонандаи синфи дувуми яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, ки ҳашт рӯзи қабл аз манзилашон берун баромада, беному нишон шуда буд, аз зери пул ё купрӯки дарёи Душанбе дар наздикии бинои “Шарқи Озод”, маъруф бо номи ГЖК ёфт шудааст.