19:36:11 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Тоҷикони Қирғизистон дар мактабҳои олии Тоҷикистон

Мусоҳиб Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Дар соли таҳсили солҳои 2013-2014 беш аз 50 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷики кишвари ҳамсояи Қирғизистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба омӯзиш  фаро гирифта хоҳанд шуд. Ин ҷавонон аз ҳисоби бурсияи Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, ки барои ҳамзабонони бурунмарзӣ пешбинӣ шудаанд, аз ин имкони муносиб истифода мебаранд. Ба манзури ошноии бештари хонандагонамон бо ин раванди таҳсил, мусоҳибаеро бо Қодиршои Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ анҷом додем, ки инак пешкашатон месозем.

-Шумо аз соли 1995 узвияти Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷиконро пазируфта ва аз соли 2003 ба унвони муовини раиси ин созмон фаъолият доред. Лутфан дар мавриди таърихчаи ҷалби хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон мухтасар нақл мекардед.

1 qodir-muruvat 546545-Қабл аз ҳама бояд ин нуктаро таъкид намуд, ки дар даврони побарҷо будани Шӯравии собиқ гуруҳҳoи калони ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷики муқими Қирғизистон дар донишгоҳу омузишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил намуда, пас аз хатми он дар мактабу синфҳои тоҷикии вилоятҳои Ӯшу Бодкан ба сифати омӯзгор фаъолият мекарданд. Дар ҳоли ҳозир ҳам аксари кулли омӯзгорони мактабҳои тоҷикии ин ҷумҳурии ҳамсояро хатмкардагони донишгоҳи омузгории ба номи С. Айнии Душанбе ва донишгоҳи  шаҳри Хуҷанд ташкил медиҳанд.

Пас аз таъсиси ҷумхуриҳои мустақил, ба манзури халал ворид нашудан дар масъалаи омодасозии кадрҳои педагогӣ барои мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ва мактабҳои кирғизии воқеъ дар Тоҷикистон, масъулони ду кишвари дӯсту ҳамсоя Созишномаи байниҳукуматӣ оиди ба таври муштарак тайёр намудани кадрҳои педагогиро ба имзо расониданд. Тибқи бандҳои ин санад тарафҳо ӯҳдадор шуданд, ки ҳар сол 25 нафарӣҷавононро аз ҳар ду ҷумҳурӣ барои фарогирии таҳсил табодул менамоянд.

-Аз ин посухи шумо чунин бармеояд, ки созишнома асосан масоили тарбияи кадрҳои соҳаи маорифро танзим мекунад. Ҳамин тавр аст?

-Бале. Ҳадафи аслӣ аз ин тавофуқ тавре дар аввал ҳам зикр гардид , омодасозии омӯзгорон барои мактабҳои тоҷикӣ ва қирғизии амалкунанда дар ду ҷумҳурӣ мебошад. Хушбахтона, дар моҳи сентябри соли 2007 дар Бишкек мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони созмони тоҷикон ба номи устод Рудакӣ баргузор шуд. Дар ин нишаст, пас аз шунидани хоҳишу дархости мо, Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор дошт, ки бурсияи таҳсил барои тоҷиктаборони Қирғизистонро то 50 нафар дар сол афзоиш медиҳад. Ин тасмими Эмомалӣ Раҳмон  имкон дод мавзуъи фиристодани ҷавонон ба донишгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд ҷанбаи навро касб кунад.

Танҳо дар чор соли ахир бо хамкории  наздики Созмони тоҷикон ба номи Рӯдакӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон 160 хатмкардагони мактабу синфҳои тоҷикӣ аз ҳисоби ин бурсия ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ин имкон дод, ки кору фаъолияти Созмони Рӯдакӣ миёни аҳолии тоҷиктабор таҳким ёфта,  шавқу завқи мардум ба забону фарҳанги миллиамон афзуда гардад. Худо хоҳад, соли оянда аввалин гуруҳи ҷавонони тоҷик донишгоҳҳои Тоҷикистонр хатм карда ва ба шаҳру рустоҳои худ бармегарданд. Бовар дорам, ки онҳо ба сафи фаъолони Созмони тоҷикон шомил шуда, дар зинда нигоҳ доштани забону фарҳанги ниёгонамон дар ин кишвар саҳмгузор мешаванд.

-Дар саҳмияе, ки барои имсол ҷудо карда шудааст, қариб дар ҳамаи муасиссаҳои олии Тоҷикистон барои ҷавонони тоҷики Қирғизистон як ё якчанд ихтисос пешбинӣ шудааст.

-Комилан дуруст аст. Дар баробари касбҳои омӯзгорӣ, инчунин дар донишгоҳи технологии Тоҷикистон, донишгоҳи техникии ба номи академик Осимӣ, донишгоҳи аграрӣ ва донишгоҳи санъати Тоҷикистон низ барои бачаҳои тоҷики Қирғизистон ҷой пешбинӣ шудааст. Муҳимтар аз ҳама имсол дар донишгоҳи тиббии ба номи Абуалӣ Сино 8 ҷой ва дар коллеҷи тиббии  Хуҷанд бошад 7 ҷой бароямон ҷудо карда шуд.

Дар мулоқоте, ки аввали баҳори имсол Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон бо сокинони деҳаҳои Андарак ва Коргони ноҳияи Лайлак дар ҷануби Қирғизистон дошт, мардум дархост намуданд, ки барои тарбияти ҳамшираҳои шафқат дар Хуҷанд барояшон мусоидат шавад. Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ноҳияи Лайлак дар шафати вилояти Сугд қарор дорад, сафорати Тоҷикистон ин мавзуъро ба Ҳукумат дар миён гузошт ва имсол қарор аст 7 нафар ҷавондухтарони тоҷик ба коллеҷи тиббии Хуҷанд қабул карда шаванд.

-Қабул ба донишгоҳи тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино аз кай оғоз гирифтааст?

2_qodir-muruvat_546545-Дар ҳамон соли аввал ( 2008) чор нафар хатмкардагони мактабу синфҳои тоҷикии ҷануби Қирғизистон ба донишгоҳи тиббӣ фиристода шуданд. Қобили зикр аст, ки қабул ба ин донишгоҳ хеле ҷиддӣ сурат гирифта ва талош мешавад ҷавононе ба он роҳ ёбанд, ки воқеан дониши ҳаматарафа доранд. Хушбахтона, фиристодаҳои мо то кунун бо баҳои аъло дар донишгоҳи тиббӣ таҳсил намуда ва мавриди ризояти устодон ва ифтихори созмони тоҷикон ва волидайнашон мебошанд.

-Чун дар мавриди пазириши ҷавонон гуфтед, ин раванд чи тавр анҷом мегирад?

-Мо дар оғози ҳар сол аз тариқи сафорати Тоҷикистон дар Бишкек дархост оиди ихтисосҳои мавриди ниёзро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо равон мекунем. Маъмулан дар моҳи июл боз ҳам тавассути сафорат қарори Ҳукумати Тоҷикистн оиди ҷудо намудани ҷойҳои буҷетиро дарёфт менамоем. Бинобар хоҳиши созмони Рӯдакӣ Вазорати маорифи Қирғизистон институти техникии  шаҳри Қизил Кияро вазифадор мекунад тест ва мусоҳиба бо довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистонро баргузор намояд.

Чаро Қизил Кия? Ба он хотир, ки ин шаҳраки санъатӣ дар вилояти Бодкан, дар 5 километрии деҳшурои Учқурғон воқеъ шудааст. Чун аксари кулли довталабон дар ҳамин вилоят зиндагӣ доранд, омаданашон ба шаҳраки Қизил Кия қулай ва арзон мебошад. Имсол низ баррасии дониши хатмкардагони мактабҳои тоҷикӣ дар пояи ҳамин институт роҳандозӣ шуд.

-Оё танҳо ҷавонон аз вилоятҳои ҷануби Қирғизистон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ҷалб мешаванд?

-Аз ҷумлаи 55 ҳазор тоҷикони ин ҷумҳурӣ беш аз 35 ҳазор дар вилояти Бодкан ба сар мебаранд. Боқӣ дар вилоятҳои Уш ва Ҷалолобод иқомат доранд. Бинобар ин аксари довталабон аз ҳамин қисматҳои ҷумҳурӣ мебошанд. Дар вилояти Чуй, дар шимоли мамлакат теъдоде аз ҳамзабонон ба сар мебаранд, ки айёми мушкили солҳои 90-ум аз Тоҷикистон ба ин ҷо омада ва муқим шудаанд.

Чун дар ин ҷо мактабу синфҳои тоҷики амал намекунад, ҷавонони тоҷик асосан дар мактабҳои русӣ таҳсил доранд. Мо падару модаронро оиди бурсияи Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон воқиф гардонида ва ҳар сол аз онҳо даъват мекунем, дар сурати доштани майл метавонанд фарзандонашонро ба донишгоҳҳои Тоҷикистон фиристанд. Тайи ин муддат якчанд нафар аз ин ҳисоб ба Душанбе ва Хуҷанд равона шудаанд.

-Сипос барои суҳбат. Ба тоҷикони Қирғизистони ҳамсоя пешрафту осудаҳолиро таманно дорем. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi