02:45:54 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Баҳриддин Камолиддинов: "Аҳли матбуот мардуми тақлидкоранд" – II

Идома суҳбат

-Корбурди истилоҳот ба ҳар сурат дар матбуоти мо гуногун аст. Масалан дар рӯзномае комилан он истилоҳотеро истифода мебаранд, ки дар Эрон роиҷ аст, дар рӯзномаи дигар истилоҳоти байналмилалиро, ки ба воситаи забони русӣ ба забони мо мунтақил шуда. Дар ин бобат чӣ мегӯед?

ustod-kamoliddinov 3656- Истилоҳоти байналхалқӣ илми моро бо илми дунё наздик мекунад. Махсусан дар соҳаи тиб, чун бисёр истилоҳот лотинӣ ҳастанд ва тамоми аҳли тиби дунё онҳоро медонанд. Масалан, ман ба ҷои "стенокардия" агар "диққи нафас" гӯям, ҳатто аксар тоҷикон инро намефаҳманд. Бинобар ин дар ин маврид мо бояд як равияи матлубро интихоб кунем, яъне аз ҳамаи истилоҳоти байналмилалӣ даст накашем. Аҳли матбуот мардуми тақлидкоранд. Аз чизи худӣ дида, чизи бегона ба назарашон зебо метобад. Навпарастӣ мекунанд, бегонапарастӣ мекунанд. Ман ба ин розӣ нестам. Лекин дар як суҳбат журналисте ба ман эрод гирифт, ки "он чизе, ки Шумо дар соҳаи забон пешниҳод мекунед, куҳна шудааст. Замона нав шуд ва чизҳои нав тақозо мекунад."

Ман ба вай имконияти ҷавоб додан наёфтам, лекин аз дилам гузашт, ки ин забони ҳазорсола давоми тағйир наёфта, дар даҳ бист сол ҳамин қадар тағйир ёфт? Ман аз даҳони нафаре шунидам, ки тарҷумон ва журналист Бачаев, ки дар Шветсия зиндагӣ мекардааст, мактуб навиштааст, ки "Шумо бо забони матбуоти мо чӣ кор кардед?" Яъне душворфаҳм карданд забони моро. Чизи худӣ ҳаст, аммо онро як канор монда, чизи бегонаро истифода мебарем. Охир маънои публисистика ин аст, ки ту бо мардуми гуногунмаълумот, аз рӯйи синну сол гуногун ва гуногунмаърифат сару кор дорӣ. Гапе бояд гӯӣ, ки публика онро фаҳмад. Забони матбуот бояд аз забони адабиёт содатар ва оммафаҳм бошад. Доираи васеи омма онро бо як хондан фаҳмад.

-Мо аслан истилоҳотро аз рӯйи тарзи талаффузашон дар забони русӣ иқтибос кардаем. Аммо эрониҳо истилоҳотро аз забони асл гирифтаву онро ба забони худ мутобиқ намудаанд. Мисли энергетикаи мо ва энержӣ дар забони имрӯзи Эрон. Дар ин мавридҳо ба андешаи Шумо мо ба забони имрузи Эрон такя кунем ё ба ҳамон истилоҳҳое, ки ба воситаи забони русӣ вориди забони мо шудаанд?

-Анъанае, ки онҳо интихоб кардаанд, равиши табиии забон аст. Вақте як забон аз забони дигар калима вом мегирад, он калима бояд дар ин забон ҳазм шавад. Агар ҳазм нашавад, қабул намешавад. Ҳазм шудан чӣ маъно дорад? -Аз ҷиҳати таркиби овозӣ ба қонунияти фонетикии забони иқтибосгиранда бояд мутобиқ шавад. Дар инҷо гап омаду ман дар бораи "вови маҳҷул" ҳам чанд сухан мегӯям. Дар навишти арабӣ ҳамин ҳарфи "вов" навишта намешавад, бинобар ин дар имлои нави имрӯзаи мо ҳам гуфтанд, ки навишта нашавад. Ман чӣ кор дорам ба навишти арабӣ, вақте ки он калима дигар арабӣ нест. Ин калимаи ман аст.

Ин калимаи тоҷикӣ аст ва ба тамоми қонуниятҳои забони тоҷикӣ бояд мутобиқ бошад. Масалан калимаи "тӯҳфа" ва "сӯҳбат",-ро мо аз забони арабӣ гирифтем. Мисли ин дар тоҷикӣ калимаи "Сӯҳроб" аст. "Сӯҳбат" ба мисли "Сӯҳроб" шуд. Акнун барои чӣ боз вайро баргардонем, онро бе "ӯ" ва бо "у" нависем? Ин даъво асоси илмӣ надорад. Дар ҳамон мизи мудаввар ҳам гап ба миён омада буд. Касе гуфт, ки забони туркӣ аз забони форсӣ калимаҳои зиёдеро иқтибос кардааст, лекин ҳамаашро тағйир дода, баъд қабул кардааст. Ман савол додам, ки забони туркӣ калимаҳои форсиро ба забони худаш мутобиқ карда гирифта бошад, чаро Шумо моро маҷбур мекунед, ки калимаҳои арабиро бо навишти арабӣ қабул кунем. Ҷавоб нашуд. Чунки ба ин савол ҷавоб нест.

Дар тамоми забонҳои дунё калимаи иқтибосшаванда ба забони иқтибосгиранда мутобиқ бояд шавад. Худи забони арабӣ чӣ қадар калимаҳои забони моро тағйир дода гирифтааст. Чунки як миқдор овозҳое, ки дар забони форсӣ ҳаст, дар забони арабӣ нест. Бинобар ин "гавҳар"-и моро "ҷавҳар" кард. Масалан калимаи "попӯшӣ"-ро арабҳо "бобушӣ" қабул карданд, "пиёдаро" хеле тағйир дода, "байдақ" гуфтанд. Онҳо калимаҳои моро тағйир дода гирифтанд, чаро мо наметавонем, ки баъзе калимаҳои онҳоро ба қонунияти забони худамон мутобиқ карда гирем?

-Ба ҳар сурат мисли эрониҳо иқтибосҳоро ба забони худамон мутобиқ карда, баъд қабул кунем беҳтар аст. Ҳамин тавр?

-Албатта, бе чуну чаро.

-Чанд сол пеш ман қиссаеро барои нашр ба маҷаллаи "Садои Шарқ" бурда будам ва устод Ҷонибек Акобир онро хонданду ба ман эрод гирифтанд, ки "ба ҷойи зинапоя поғунда ё ба ҷойи тиреза панҷара гуфтан ба хонанда чиро нишон медиҳад? Доно будани Баҳманёрро???" Яъне баъди ҳамин буд, ки дигар ман ин калимаҳоро ба кор набурдам. Аммо дар матбуоту адабиёти мо ин падида хеле доман густарда, ки нависандагону рӯзноманигорони мо аз калимтои арабии дар забони тоҷикӣ роиҷ набуда, зиёд кор мебаранд. То он ҷойе, ки як нависандаи саршиноси мо дар романи маъруфаш чанд ҷойе "туи"-ро ба ҷойи пешоянди "дар" истифода бурдааст. Дар ин маврид чӣ назар доред?

-Як гуруҳ фирориёни эронӣ, ки дар Австрия зиндагӣ мекардаанд, луғате сохтаанд бо номи "Порсиро пос дорем" ва дар он ивази ҳама калимаҳои арабӣ ва аврупоӣ калимаҳои форсӣ пешниҳод шудааст. Лекин дар онҷо ҳам чизи матлуб ва ҳам номатлуб ҳаст. Чизи матлубро бояд қабул кунем, чизи номатлубро канор гузорем. Масалан вақте ки дар худамон калимаи пештар аст, истифодаи калимаи қаблан шарт нест. Вожаи "қаблан" ҳам бигзор дар як гӯшаи забони мо бошад, ҳеҷ набошад барои гурез аз такрор, ки услуб талаб мекунад, ба кор меояд. Яъне ба як дарди услубии забон мехӯрад. Аз ҳамаи ин гуна калимаҳо мутлақо даст кашида, корбаст накардан ҳам комилан ғалат аст.

Масалан дар ҳамон луғати "Порсиро пос дорем" ба ивази калимаи "сайёд"-и арабӣ вожаи шикорчӣ ё моҳигир пешниҳод шудааст. Бигзор шикорчӣ ҳам бошад, аммо аз сайёд дил канда намешавад. "Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро"-мегӯяд Лоҳутӣ. Ҳамин шеъри Лоҳутӣ магар зебо нест? Ҳарду ин вожа ҳам ба забони мо даркор аст. Ба наздикӣ дар суҳбате як арабшинос гуфт, ки забони арабӣ дар қадим аз ҷиҳати луғат хеле камбағал буд. Баъд аз забони форсӣ, туркӣ , забонҳои аврупоӣ ва ҳатто аз забонҳои лотиниву юнонӣ калимаҳоро гирифта, дар натиҷа як забони муқтадир шуд. Мо фақат бо калимаҳои худамон иктифо кунем, кори мо пеш намеравад.

-Дар мавриди забони адабиёти имрӯзи мо чӣ мегӯед? Забони адабиёти мо имрӯз бояд чӣ гуна бошад?

-Забони адабиёти мо бояд забони намуна бошад. Бояд беҳтарин анъанаҳои гузаштагонро идома бидиҳад. Лекин аз ҳад зиёд калимаҳои мушкилфаҳмро ворид кардан лозим нест. Алалхусус калимаҳои лаҳҷагиро. Шумо дар боло аз Ҷонибек Акобир ёдовар шудед, ман ҳам инҷо мисол меорам. Масалан Ҷонибек Акобир дар ҳикояе, дар як муколамаи набера бо бибӣ калимаеро кор бурдааст, ки аввалин бор хонда нафаҳмидам, лекин аз маънии матн пай бурдам. Барои ман калимаи бегона буд ва гумон мекунам ба забони адабии мо ҳам ин қадар мувофиқ нест. Набера бо бибӣ талош карда, мегӯяд, ки "Маро сиҷинг гуфтед?- Гуфтед." Ҳамин калимаи "сиҷинг" -ро дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон намефаҳманд. Нависанда барои як маҳал асар наменависад.

Нависандаи мо ҳам дар корбурди лаҳҷа ва ҳам истифода аз калимаҳои забони ғайр ҳамин масъулиятро ҳис кунад, ки барои кулли тоҷиконе, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он зиндагӣ мекунанд, асар менависад. Соли 1934 дар Анҷумани нахустини нависандагони умумииттифоқ Лоҳутӣ, Садриддин Айнӣ, Ҳаким Карим ба ҳайси тарҷумон иштирок мекунанд. Дар ҳамон анҷуман Горкий баромад мекунаду Серафимовичро танқид мекунад. Ин нависанда як роман навишта буд бо номи "Сели оҳанин" ва дар ҳамин асараш калимаҳои шевагиро фаровон карда буд. Горкий мегӯяд, ки "унсурҳои шевагӣ забони адабиро назар ба он ки бой кунанд, ба вайрон кардан қобилтаранд." Устод Айнӣ ҳам ин чизро сахт дар хотир гирифта буданд. Як маротиба ба ҷойи "гусел кардан" "узот кардан"-и туркиро истифода бурда, баъдан худашон иқрор карда буданд, ки ман надониста ин калимаро истифода бурдаам.

- Аммо баъзеҳо мегӯянд, ки нависандаҳо дар замони Шӯравӣ барои оммафаҳм шудан сатҳи забони осори бадеиро хеле поён фароварданд, ки ин боиси то андозае хароб шудани забони адабии мо гашт…

-Ба ҷуз оне ки калимаҳоеро ба тариқи зӯрӣ дар забони мо иваз карданд, ба мисли ба ҷойи "инқилоб" вожаи "револютсия", ман дигар харобиеро надидам. Дуруст, дар замони Шӯравӣ аз нашр кардани китобҳои динӣ сахт эҳтиёт мекарданд. Ҳатто ҳамон луғатҳои классикиро ҳам барои баргардондан ба хатти кириллӣ аз боло иҷозат намедоданд.

-Бубинед, осори устод Айнӣ ва Аҳмади Донишро. Ду забони комилан аз ҳам мутафовит. Забони Айнӣ забони адабиёти бадеӣ аст ё забони Аҳмади Дониш?

- Устод Айнӣ забони адабиро ба забони мардум наздик кард. Ҳамин "ба забони мардум наздик кард"-ро журналистон ба маънои забонро сода кард мефаҳманд. Хайр, хуб кард, ки сода кард. Агар вай ба мисли Аҳмади Дониш менавишт асарҳои устод Айниро кӣ мехонд? Албатта, хонанда пайдо намекард. Бинобар ин забони осори адабӣ ҳам ба завқи хонанда бояд мутобиқ бошад.

-Шояд як сабаби хонандаи зиёд надоштани адабиёти мо ҳам имрӯз дар ҳамин бошад? Чун ман аз чанде аз ҳамсабақонам мепурсам барои чӣ китоби бадеӣ намехонед, ҷавоб медиҳанд, ки намефаҳмам. Шояд як нависандаи дар забон алломае чун устод Айнӣ имрӯз дар адабиёти мо лозим аст, ки дар доираи имконоту қавонини забон забони адабиро ба забони хонанда наздик бикунад?

-Ба ҳамаи нависандагони имрӯз ин гуна баҳо додан мумкин нест. Ман ба забони нависандаҳо бисёр диққат мекунам. Масалан дар гузоштани дурусти нуқтаву вергул ягон нависандаи мо ба Фазлиддин Муҳаммадиев баробар шуда наметавонад. Чунки ӯ пеш аз ба майдони адабиёт омадан чанд сол дар нашриёту рӯзномаҳо кор карда буд. Аммо дар насли нав агарчӣ инҳо ҳам аксар аз мактаби матбуот гузаштаанд, дуруст гузоштани нуқтаву вергулро як тараф монем, дар инҳо ҳатто ғалати ҷумлабандӣ ҳаст. Яъне дониши сохтори ҷумларо ба мисли Айнӣ намедонанд. Онҳое ки Айниро наҳ мезананд, ҳанӯз ӯро наомӯхтаанд, нашинохтаанд. Ман бисту ҳашт ҳазор картотека дорам. Ҳар як ҷумлаи Айниро дар ин картотекаҳо часпонида, онҳоро таҳлил карда, аз рӯйи ҳамон кори дипломӣ навиштам.

-Дар ин чанд соли ахир аз адабиёти мо чӣ чизҳои тоза хондед, ки аз нигоҳи забони шево доштан писанди Шумо гаштанд?

-Аз ҳама бештар ман Фазлиддин Муҳаммадиевро меписандам. Аз нависандагони имрӯз Абдулҳамиди Самадро. Лекин Абдулҳамиди Самад ҳам баъзан андаке гароиш ба лаҳҷа мекунад. Масалан дар якҷо гуфтааст, ки "каллапо рафтем". Ин калима имконияти умумиистеъмолӣ надорад. Дар забони адабӣ фуруд омадан мегуфтанд, баъд фуромадану фаромадан шуд. Вақте ки ин калима аст, "каллапо рафтан" чӣ даркор? Баъд ин як чизи бемантиқ ҳам ҳаст. Аммо дар ҷумлабандӣ Абдулҳамид Самад хеле бомаҳорат аст. Қариб ки ғалат намекунад. Ҷонибек Акобир ва Баҳманёр ҳам хеле қаламашон хуб аст.

-Ташаккур устод барои суҳбати самимӣ.

Баҳман, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №31, 30 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi