05:05:46 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25
27 28 29 30      

Файзалӣ Ҳасанов: "Ҳеҷ гоҳ сурудҳои фармоишӣ насароидаам"

Маҳорати касбии сарояндагӣ, оҳангсозӣ ва шахсияти шинохтааш Файзалӣ Ҳасановро дар байни мардум муаррифӣ намудааст. Вай зодаи ноҳияи Даштиҷуми вилояти Хатлон аст. Баъи хатми омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (соли 1968) ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон дохил шуда, соли 1972, пас аз хатми он ба ноҳияашон ба кор рафт. 

faizali-hasan-0001203Се  сол ба сифати директори мактаби мусиқии ноҳия фаъолият намуд. Аз соли 1975 то соли 2003 роҳбари Театри халқии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буд. Бо пешниҳоди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойтахт омад ва ҳамчун роҳбари бадеии ансамбли "Дарё" як муддат фаъолият кард. Алҳол дар ансамбли давлатии "Фалак" ба сифати солист, омӯзгори ансамбл, ҳамзамон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи  Талабхӯҷа Сатторов муаллими дарси "Фалак" мебошад.

Барои хизматҳои назаррасаш дар соҳаи санъати мусиқӣ (ҳанӯз дар сисолагиаш) бо унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон, ордени "Шараф" дараҷаи якум, (соли 1999) қадрдонӣ шудааст. Барои силсилаи сурудҳои ватандӯстонааш (соли 2013) бо Ҷойизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардид.

Суҳбати мо бо ин устоди варзидаи санъат сари фаъолияти эҷодии ӯ ва баъзе паҳлӯҳои санъати касбии миллӣҷараён гирифт.

-Беш аз чил сол аст, ки рӯйи саҳна, дар ҳалқаи мардуми суханшунаву аҳли дил қарор доред. Барои ҳар як шунавандаи суруди асил номатон шинос аст. Мехостам бигӯед, ки чӣ гуна ба ин пайраҳа дохил шудеду раҳнамоятон кӣ буд?

-Аксари ҳунармандони Хатлонӣ шукрона аз он мекунанд, ки аз файзу баракат ва дасти сахо, ҳунари волои хунёгари бузург Одинаи Ҳошим бархурдор шудаанд. Аз ҷумла, ба банда низ ин шарафи бузург насиб гардид ва зиёда аз бист сол бо ин марди нотакрори олами санъат шогирдию  ҳамкорӣ доштам.

-Кадом хусусиятҳои хосаи эшон дар хотири шумо нақш бастаанд?

-Устод дар ниҳояти шикастанафсию серкорӣ ва сахтгирӣ (албатта, барои манфиати кор) қарор доштанд. Бисёр  заҳмат мекашиданд. Сари ҳар як мисраю байт андешаманд мешуданд. Ҳам худашон ва ҳам мо, шогирдонашонро, барои хондани суруди пурмаъно раҳнамун месохтанд. Агар тасодуфан аз ягон ҳунарманде суруди андаке каммазмунро мешуниданд, ба қавле бемор мешуданд ва ҳамон лаҳза ваҷоҳаташон тағйир меёфт. Одати дигарашон ҳамин буд, ки матни шеъреро, ки муаллифаш маълум набуд, намехонданд.

-Мегӯянд, ки устод Одина Ҳошим як миллион мисраъ шеърро азёд медонистанд. Оё ин рост аст?

-Ба шеършиносию маънифаҳмӣ ва пурдонии эшон ҳеҷ як шакку шубҳае набуд. Аммо дар ин маврид шояд андаке муболиға ҳам ҷой дошта бошад. Фикр мекунам, шояд зиёда аз ҳазор байт медонистанд. Аҷибаш ин аст, ки устод ҳар чизи хондаашонро аввал худашон ба умқаш мерасиданду баъд пешкаши шунавандагон мегардониданд. Эшон мисли дарёе буданд, ки нахуст худашон дар он ғарқ мешуданд, дурри маънӣ меҷустанд ва боз мисли ғаввосони гавҳаршинос ба соҳил мебаромаданд. Мутмаинам, ки касе аз аҳли санъати мо ба шодравон баробар нахоҳад шуд. Банда хушбахтиамро дар тарбияи ӯ мебинам. Агар таълими ӯро намегирифтам, шояд имрӯз касе маро чун санъаткор намешинохт.

-Ҳама медонад, ки шумо ба пайроҳаи устодатон равонаед ва дар ҷодаи ғазалсароӣ хеле шинохтаед. Аз нигоҳи шумо санъаткори асил бояд чӣ гуна бошад? Зиёд донистан касро машҳур мегардонад ё маъниофарӣ?

-Банда ҳам кӯшидаам, ки ҳар чӣ мехонам, аввал худам онро ҳазм намоям, то дигарон аз он ғизои маънавӣ бигиранд. Ҳофиз бояд ҳатман табъи баланди шеърфаҳмӣ, оҳангшиносӣ дошта бошад, вагарна нахонданаш беҳтар аст. Шеъру суруд, ки бо ҳам тавъам омад, гӯш роҳат мекунад ва табиист, ки ҷисми инсон низ ҳузур мекунад. Мутаассифона, ҳатто баъзе шахсони мансабдор низ дар баъзе нишастҳо пас аз шунидани як - ду ғазал овоз баланд мекунанд: "Моро ин қадар насиҳат накунед, ягон шӯхашро гиред". Дар ин мавридҳо ҳатман ғазали устод Ашӯр Сафарро мехонам, ки як байташ чунин аст:

Суханронии мо гоҳо ба баъзеҳо намефорад,

Заған гуфтори булбулҳои шайдоро чӣ медонад?

-Воқеан ҳам, тахминан 10 - 15 соли охир ба хондани силсилабайтҳо машғулед. Инро шаҳдхонӣ ҳам мегӯянд, ки бо истифода аз беҳтарин шоҳбайтҳои шоирони маъруф иҷро мегардад. Ин чӣ гуна сабки мусиқист?

- Дар гузашта ин амал роиҷ буд. Маълум, ки ҳоло замони илму техника аст. Ин, албатта, хуб аст, вале баъзе касонро аз аз дурри маънӣҷустан аз осори классиконамон фосилагузорӣ менамояд. Биноан, байтҳои сараро ҷудо карда, ба самъи мухлисонам мерасонам. Бубинед, Соиби Табрезӣ чӣ хуш фармудааст:

Дуруштӣ умрро кӯтоҳ месозад, мулоим шав,

Забон аз нармии худ пеш бошад, марги дандонро.

Ё Мирзо Бедил гуфтааст:

Оҳану пӯлод аз як қура меоянд бурун,

Он яке шамшери шоҳон дигаре наъли хар аст.

Дар ғазали дигар боз Соиби хушсухан таъкид менамояд:

Дуруштиро на осон аст бо нармӣ бадал кардан,

Дили кӯҳ об мегардад, ки санге мумиё гардад.

Ба фикрам, боварӣ ҳосил кардед, ки шунидани чунин шоҳбайтҳо инсонҳоро ба одамгарию  покӣ, росткорию хушсуханӣ ҳидоят менамояд.

- Аз шоирони муосир ҳам чунин байтҳоро интихоб кардаву сароидаед?

- Албатта, алҳол як байтро хотиррасон карданиам, ки шояд бовар накунед, ки он моли шоири муосири тоҷик Алимуҳаммади Муродист: Байт чунин аст:

Ба дунёе, ки мардонаш асои кӯр медузданд,

Мани нодони хушбовар ҳақиқат ҷустуҷӯ дорам.

Як шоири дигар ҳам дорем, Олимхон Исматӣ. Дар як ғазалаш, ки аз Худованд раҳму шафқат хостааст, чунин байте дорад:

Аз маҳалбозии мо иллат ба миллат мерасад,

Миллати моро аз ин иллат нигаҳ дорад Худо.

Ин ғазал замони даргириҳо гуфта шуда буд ва банда низ дарҳол ба он оҳанг баставу сароидам, ки ба қавли бархе аз мухлисонам мардумро ҳамон шабу рӯз  ба ватандӯстӣ даъват намудааст.

-Аслан, шеваи коратон чӣ гуна аст? Шеъру оҳанг ё умуман, суруд чӣ тавр пайдо мегардад? Оё ягон шоир аз шумо хоҳиш кардааст, ки бар матни ӯ оҳанг биофаред?

-Бояд бигӯям, ки дар интихоби матн соҳибихтиёрам. Шеъри хуб ҳатман оҳанги хуби худро дорост. Агар матн пурмаъно бошад, ҳофиз мекӯшад, ки ба он мусиқии шунидание бинависад. Банда ба аксари сурудҳоям худам оҳанг эҷод намудаам. Аммо дар баробари ин, бо бастакороне чун устодон Зиёдулло Шаҳидӣ, Хайрулло Абдуллоев, Абдуфаттоҳ Одинаев (рӯҳашон шод бод!) ҳамкорӣ кардаву ба оҳангҳои эҷоднамудаи эшон сурудҳо иҷро кардаам. Воқеан, онҳо устодони ҳақиқии мананд, ки дар ДДСТ ба номи устод Мирзо Турсунзода аз онҳо сабақ омӯхтаам.

-Оё оҳангҳои офаридаи худатонро ягон маротиба шумурдаед?

-Ба фикрам аз 150 оҳанг зиёдтаранд.

-Аз назари шумо чӣ гуна соҳибҳунаронро бояд устод гуфт? Зеро ин мафҳум солҳои охир зиёд истифода мешавад. Умуман, устоди воқеӣ кист?

-Фикр мекунам, ки унвони баланди ҳунарӣ доштан маънои устод буданро надорад. Масалан, дар ҷумҳуриҳои ҳамзабонамон - Эрону Афғонистон ҳеҷ гуна унвоне бо номи "Ҳунарпешаи шоиста" ё "Ҳунарпешаи халқӣ" - ю "Ҳофизи халқӣ" вуҷуд надорад. Баландтарин унвони онҳо "Устод" аст. Дар мо чӣ? Шахсе, ки чор суруд хондааст, худро ситора номидааст, ки хуб нест.

-Дар ҷумҳурии худамон кадом сарояндаҳоро бояд устод гуфт?

-Ба фикрам А. Ҷӯраев, М. Баҳодуров, Б. Исҳоқова, Б. Ниёзов, О. Ҳошим, Ҷ. Муродов, З. Нозимов, Ҷ. Набиев  ва чанд тани дигарро устоди ҳақиқии касби худ гуфтан меарзад.

ӯли солҳо, албатта, сафарҳои ҳунарӣ ҳам доштед?

-Аз тақдир ва касби интихобкардаам розиам. Шодам аз он, ки мардум маро мешиносанду эҳтиромам мекунанд. Дар баробари ин, туфайли ҳунарам ба мамолики хориҷӣ, аз қабили Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Покистон, Лаҳистону Олмон, Фаронсаву Ироқ, Сурияву Лубнон, Қатар ва ғайра сафар кардаву суруди тоҷикиро танинандоз намудаам.

-Лаҳзаҳои хотирмон дар ҳаётатон зиёд буданд?

-Албатта, хеле зиёд буданд. Танҳо ба Эрон ҳашт маротиба сафар доштам. Соли 1996 дар Табрез ҳамроҳи устод Ҷӯрабеки Мурод будем. Бо донишманди шинохтаи эронӣ Муҳаммад Ризо, ки дар Париж  мезистааст, суҳбат намудем. Дар давоми суҳбат эшон аз Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ғазале қироат карданд, ки матлааш ин буд:

Ҳам ба афъолу ба кирдори Муҳаммад салавот,

Ба лабу лаъли шакарбори Муҳаммад салавот.

Аз ӯ хоҳиш кардам, ки ҳамин ғазалро  пурра навишта гирам, рад накард. Ба Ватан баргаштаму оҳанг бастам. Иттифоқо, соли 2003 - юм боз сафари Эрон пеш омад. Он замон Театри ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо асари Муҳаммад Ғойиб - "Шоҳи Ҳамадон" дар Фестивали байналхалқии (дар шаҳри Аҳвоз) театрҳои драмавӣ иштирок мекард. Пас аз анҷоми ин намоишнома аз Мавлоно Ҷомӣ, Ҳофиз, Саъдӣ чанд ғазал сароидам. Вақте ки ғазали "Бар Муҳаммад салавот" - ро шуруъ кардам, мардуми дар толорнишаста ба ваҷд омада, дар поёни ҳар банд ба ман ҳамроҳ мешуданд: "Салавот, салавот, бар Муҳаммад салавот!".

-Бемуҳобот, шумо низ имрӯз дар ҷодаи санъати касбӣ ба дараҷаи устодӣ расидаед. Кадоме аз ҳунармандонамон лоиқи шарафёбии шогирдиатон гардидаанд.

-Онҳо, албатта хеле зиёданд. Маъруфтаринҳояшон Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон О. Муҳтарамова ва М. Ғаниев, С. Раҳмон, О. Азимов ҳастанд, ки ҳар кадомашон роҳи худро дар соҳаи санъат ёфтаанд.

- Ба шумо хушбахтии оилавӣ ва комёбиҳои беназирро таманно дорем. Бигузор ба бахти мухлисонатон ва хонандагони ҳафтаномаи "Рӯзгор" ҳам, ки иншооллоҳ, муштоқи ҳунари шумоянд, солиёни зиёд болои саҳнаи ҳунар бошед.

 Мусоҳиб Ҳотами Ҳомид, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №08, 26 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi