17:43:59 20-уми Июни 2019 сол
ХАБАР:
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Июн 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҳамоиши байналмилалӣ ба хотири бузургдошти 700 - умин солгарди таваллуди Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар Теҳрон

25 октябри соли ҷорӣҲамоиши байналмилалии 700 - солагии зодрӯзи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ - мутафаккир, шоир ва олими барҷастаи форсу тоҷик дар шаҳри Теҳрон бо ҳузури мақомоти масъул, шахсиятҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, фарҳангиён ва донишмандон баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо ибтикор ва талоши Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон доир шуд ва дар ибтидои маросим Суруди Миллии Тоҷикистон ба садо даромад.


baromad-544545 Сипас, сабти видео
ӣ аз оромгоҳи ин орифи раббонӣ дар шаҳри Кӯлоб, бо шарҳи муфассал  ҳамроҳ бо мусиқии тоҷикӣ пахш гардид, ки барои аҳли нишаст мақбул афтод. Дар идома, Абӯзари Иброҳимии Туркмон - Раиси Созмони фарҳангии ҶИЭ, Неъматулло Эмомзода - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, профессор Ифтихор Ҳусейн Ориф - Раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО), Саидободӣ - Мудири кулли минтақаии ЮНЕСКО, Муҷтаҳиди Шабистарӣ - Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дар бораи ҷойгоҳ ва мақоми ин шахсияти илмӣ ва фарҳангӣ суханронӣ намуданд.

 Неъматулло Эмомзода дар суханронии хеш зикр намуд, ки оромгоҳи ин Шайхи бузург дар Тоҷикистон зиёратгоҳи хосу ом аст ва давлати Тоҷикистон барои ҳифзу посдошти мероси ин олими барҷаста талошҳои фаровон ба харҷ дода ва медиҳад. Аз ҷумла, дар рӯи пули миллии 10 сомонӣ шеъри машҳури Мирсаид Алии Ҳамадонӣ: "Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар - ӯро ёр бод, Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод. Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ, Ҳар гуле к - аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод. Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор, Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод" дарҷ гардида ва низ мардуми тоҷик ба хотири эҳтироми фаровон эшонро "Ҳазрати Амирҷон" мегӯянд. Аз саропои ин мисраъҳо ваҳдату ҳамдилӣ, муросо ва гузашту бахшандагӣ бармеояд ва ормони ҳар яки мову шумо, ҳамчунин ормони волои тоҷикон сулҳу осоиштагӣ аст.

Неъматулло Эмомзода илова намуд, ки дар хазинаи Институти Ховаршиносии Тоҷикистон 52 асар аз Мирсаид Алии Ҳамадонӣ маҳфуз аст ва бештари онҳо бо ҳуруфи сириллик баргардон шудаанд. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, - афзуд Сафир, - давлати Тоҷикистон ба Созмони илмӣ - фарҳангии Милали Муттаҳид - ЮНЕСКО барои эъломи соли бузургдошти ин абармарди соҳаи илм дархост дод ва хушбахтона бо ҳимояти бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ин пешниҳод пазируфта шуд ва қарор аст дар соли 2015 маросими бузургдошти ин абармарди шинохта дар ҶТ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор карда шавад.

Дар рузгори имрӯзаи мо омӯзиши осор ва таълифоти ӯ як амри зарурӣ ва муҳим ба шумор меравад.

Дар поёни ҳамоиш ба суханронон, аз ҷумла ба Сафири Тоҷикистон дар Эрон лавҳи тақдир бо акси Мирса Алии Ҳамадонӣ тақдим гардид.

Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО)

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho