Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
Соли 1930. Замони буҳрони бузурги иқтисодӣ (Great Depression). Соли 1904 таъсис ёфтаи ФИФА сарфи назар аз ҷангу ҷидолҳои зиёд, ниҳоят ба орзуи худ расид. 13 тими миллӣ дар кишвари Уругвай ҷамъ омаданд. Интихоби Уругвай тасодуфӣ набуд. Аввалан, ин кишвар соли 1930 садсолагии истиқлолияти худро ҷашн мегирифт; дуюм, дастаи миллии Уругвай дар ду Олимпиадаи охир соли 1924 ва соли 1928 қаҳрамон шуда, он замон яке аз пурқувваттарин дастаҳои ҷаҳон ба ҳисоб мерафт.
Чемпионат 13 июл ифтитох гардид ва то 30 июли соли 1930 идома пайдо кард. Уругвай кишвари мизбон буд. Тамоми бозиҳо дар пойтахт Монтевидео баргузор шуданд. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои "Сентенарио" (Estadio Centenario, 90 ҳазор ҷой), "Гран Парке Сентрал" ва "Поситос" доир гардиданд.
Дар ин мусобиқа 13 даста иштирок кард, зеро бисёр дастаҳои аврупоӣ аз сабаби дурӣ ва буҳрони иқтисодӣ сафар кардан натавонистанд. Бозиҳо дар 4 гурӯҳ гузаронида шуданд: 3 гурӯҳи седастагӣ ва як гурӯҳи чордастагӣ. Ғолибони гурӯҳҳо ба нимфинал роҳ меёфтанд.
Дар маҷмӯъ 18 бозӣ сурат гирифт ва дар онҳо 70 гол зада шуд. Аввалин гол дар таърихи Чемпионатҳои ҷаҳонро бозигари фаронсавӣ Люсьен Лоран ба сабт расонд.
Уругвай дар гурӯҳи 3 аввал шуд, дар нимфинал Югославияро 6:1 шикаст дод. Аргентина дар гурӯҳи 1 пешсаф шуд, дар нимфинал ИМА-ро 6:1 маглуб кард.
Финал 30 июли соли 1930 дар варзишгоҳи навбунёди "Сентенарио" баргузор гардид. Ҳамаи интизори ҷанги воқеии ду рақиби қадимӣ буданд.
Гарчанде ки варзишгоҳ ба 90 ҳазор нафар пешбинӣ шуда буд, дарвоқеъ зиёда аз 93 ҳазор мухлис ба финал барои тамошо омода буданд. Пеш аз бозӣ ду даста барои интихоби тӯб баҳс карданд. ФИФА роҳи ҳалимонаеро пайдо кард. Дар нимаи аввал бо тӯби Аргентина, дар нимаи дуюм бо тӯби Уругвай бозӣ кунанд.
Нимаи аввал бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Аргентина анҷом ёфт. Аммо дар нимаи дуюм Уругвай се голи беҷавоб зад ва бо ҳисоби 4:2 ғалаба карда, аввалин қаҳрамони ҷаҳон гардид. Голи чорум ва охирини ин финалро Ҳектор Кастро зад, ки дар кӯдакӣ дасти чапашро гум карда буд ва бо номи "танҳодаст" (El manco) машҳур шуд.
Аввалин Чемпионати ҷаҳон дар ҳоле баргузор шуд, ки ҷаҳон дар буҳрони шадиди иқтисодӣ қарор дошт. Бо вуҷуди ин, он тавонист ҳама гуна монеаҳоро шикаста, зебоӣ ва маҳбубияти футболро ба миллионҳо одамон нишон диҳад. Уругвай на танҳо дар майдони худ, балки дар қалби тамоми ҷаҳон ғолиб омад. Ин чемпионат бори дигар собит кард, ки футбол як бозии оддӣ нест, балки воситаи иттиҳоди халқҳо ва забони умумибашарӣ мебошад. То имрӯз ҳам ин чемпионат ҳамчун сарчашмаи бузургтарин ҳаяҷонҳои футболӣ дар ёдҳо мемонад.
Cубҳиддини Султон, "Рӯзгор"
















