15:52:44 24-уми Апрели 2026 сол

«Забони мо ҷаҳони мо!»

Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои давлатдории тоҷикон имкониятҳои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам овард. Бо ин роҳ мо тавонистем як қатор масъалаҳои аз мадди назар дур мондаро дубора таҷдиди назар намуда, бар замми ин асолати таърихии онҳоро дар назди давлату миллат барқарор созем.

2 zaboni davlati 6554451212Яке аз чунин рукнҳои маънавию фарҳангӣ бешаку шубҳа ин забон буд, ки дар ҳамон шабу рӯз беш аз ҳарвақта ба ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзун ниёз дошт. Забоне, ки дар муддати зиёда аз ҳазор соли таърих фишору таъқибҳои зиёдеро пушти сар намуда, бо фарҳангу маданияти халқиятҳои бегона дар сангарҳои муқобил мардонавор истодагарӣ намудааст. Забоне, ки доираи истеъмоли он дар паҳнои таърих гоҳо маҳдуд гардидаву зери теғи хуношоми душманони миллат хатари аз миён рафтанро ба сар дошт. Лек бо вуҷуди ин ҳама фишору нотавонбиниҳо забони тоҷикӣ тавонист аз имтиҳони таърих гузашта, ба сифати як забони тавонманд ва баҳамоварандаи миллат то ба замони мо омада расад.

Маълум аст, ки дар замони истиқлол забони тоҷикӣ ба марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул ворид гардид. Пеш аз ҳама, дар ин давра забон ба сифати як унсури муҳимми миллатсоз ҳусну қубҳи хешро дарёфта, зери пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат ва давлату ҳукумат қарор гирифт. Дар партави чунин ғамхориҳо мо тавонистем ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами вобаста ба забон оғоз намоем ва дар як муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои шоён ноил гардем.

Бешак, Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар афзалиятҳои миллӣ мавқеи забонро дар ҷомеа устувор намуд. Истиқлолияти комили забонӣ аз он бармеояд, ки имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ масъулияти худро дар назди давлату миллат комилан ва бе ягон таъсири омилҳои беруна иҷро намуда истодааст. Он дар ҳама қишрҳои ҷомеа баробар истифода шуда, ҳамчун забони муоширати байнифарҳангҳо низ корбурд мегардад. Падидаи мазкур хеле муҳим арзёбӣ мешавад, зеро ҳамагон медонем, ки то замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ зери таъсири сиёсати вақт натавонист доираи амалкарди худро муайян созад. Кор ба ҷое расида буд, ки забони мо ба ҳадди забони хонаводагӣ маҳдуд гардид ва пайваста зери фишори сиёсӣ қарор дошт ва чи тавре,ки насли калонсол иброз медорад, солҳои 80-уми асри гузашта, доираи истифодаи ин забони асосии собиқ ҶШС Тоҷикистон ба тангнои кӯҳистон бурдаву ҷой карда шуда буд. Давоми солҳои 80-уми асри гузашта аҳли зиё кӯшиш намуданд,ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Ниҳоят дар сессияи Совети Олии РСС Тоҷикистон баъди баҳсҳои хеле тӯлонӣ 22 июли соли 1989 Қонуни забони Тоҷикистон қабул ва ба он мақоми давлатӣ дода шуд. Аммо бо сабабҳои хеле зиёд ин қонун мавриди амал қарор нагирифт ва дар рушду ҳимояи он натавонист таъсиргузор бошад.

Танҳо бо даст овардани Истиқлолияти давлатӣ. Санаи 9-уми сентябри соли 1991, шароите ба вуҷуд омад,ки ҷиҳати боз ҳам боло бурдани мақому нуфузи забони тоҷикӣ мушкилиҳои ҷойдошта бартараф гардиданд ва имрӯз забони тоҷикӣ дар минтақаи муайяни ҷуғрофӣ ҷой ва мавқеъи волои худро дорад.

Дар ин асос моро зарур аст, ки истиқлолияти забониро ҳифз намуда, барои беҳбудии вазъи забон дар ҷомеа ҳама вақт пайи кор бошем, зеро ба қавли Роҳбари давлат: “Соҳиб ва пуштибони аслии забони тоҷикӣ танҳо миллати тоҷик аст”.

Аз рӯзҳои аввали ба сари давлат омадан Пешвои миллат сиёсати рушди забони давлатиро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доданд ва вобаста ба беҳ гардидани вазъи забон дар ҷомеа ва бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдоштаи забонӣ як қатор ибтикороти судмандро амалӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки Пеш аз ҳама, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 5-уми октябри соли 2009 қабул гашт ва он тавонист, доираи амалкардаи забони тоҷикӣ- забони расмии Тоҷикистони мустаъқилро ба стандартҳои мувофиқ ба давлати соҳибихтиёр мувофиқ намояд. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони тоҷикиро муқаррар сохта, рушди онро дар қаламрави Тоҷикистон таъмин кард. Дар асоси он минбаъд ҳамасола таърихи 5-уми октябр ҳамчун “Рӯзи забони давлатӣ” дар саросари кишвари азизамон бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Дар ин давра бо мақсади назорати сиёсати забонии давлат Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки фаъолияти он дар доираи қонунҳои мавҷуда ба тадбирҳои мушаххас андешидан дар самти равнақи забони тоҷикӣ нигаронида шудааст.

Қабули “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” аз шумори он барномаҳоест, ки “татбиқи давра ба давраи сиёсати давлатӣ дар бораи забонро аз роҳи таҳия ва танзими санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва таҳияи барномаҳои давраҳои гуногуни омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои дигар дар бар мегирад”.

Ин барнома метавонад мақоми забони тоҷикиро боз ҳам мустаҳкам намуда, рушди бемайлони онро дар ҳама сатҳҳои ҳаёти ҷомеъаи кишвар ба давраи наву рушди бесобиқаи худ боло барад. Дар дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба масъалаҳои забонӣ ва нақши он дар ҷомеаи муосири тоҷик он қадар афзун гардид, ки назирашро ҳеҷ як давраи таърихӣ ёд надорад. Дар ин марҳилаи тақдирсоз забоншиносону адибони ватанӣ тавонистанд бо таълифотҳои арзишманди илмиву бадеӣ меъёрҳои истеъмолии забони тоҷикиро муқаррар созанд ва риояи бечунучарои онҳоро дар ҷомеа ба роҳ монанд.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳимми худшиносии миллӣ шакл гирифт. Ба тавассути он як қатор масъалаҳое матраҳ гардиданд, ки, бешак, дар шинохт ва ташаккули миллияти халқи тоҷик таккони нав бахшиданд. Яке аз чунин падидаҳои тозае, ки маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ боиси сару садоҳои зиёд ва бознигарӣ қарор гирифт, баргаштан ба насабсозии анъанавии тоҷикӣ мебошад. Хушбахтона, гоми нахустин дар ин самт аз ҷониби Пешвои муаззами миллат гузошта шуд, ки дар ниҳоят ному насаби худро аз қолаби анъанавии шӯравӣ ба қолаби тоҷикӣ баргардониданд.

Дар ҳоле ки Истиқлолияти давлатӣ ба мо истиқлолияти забониро фароҳам овард, мақом ва нуфузи забони тоҷикӣ низ дар арсаи байналмилалӣ сол ба сол беҳтар гардид. Тасдиқи он баромадҳои Пешвои миллат аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, кашфиётҳои олимони тоҷик, тарҷума ва баргардони асарҳои зиёди илмиву бадеӣ бо забони тоҷикӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди сиёсиву фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамсояву ҳамзабон, фаъол гардидани забони тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ ва дигар омилҳо мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ садо дода, аз пешрафту тараққиёти давлат ва хушрӯзгории мардуми тоҷик мужда медиҳад. Ба ин тариқа, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириву ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат вазъи истеъмол ва нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони меъёрӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло рафт. Зери чунин таваҷҷуҳҳои пайваста имрӯз забони мо пояҳои мустаҳқами инкишофро соҳиб аст, ки метавонад дар даҳсолаҳои оянда низ ба сифати як ҷузъи калидии устувории давлату миллат боз ҳам таҳким ёбад. Дар ин роҳ ва расидан ба дигар ормонҳои миллӣ, ки яке аз онҳо ба рушди забони модарии мо алоқамандии бевосита дорад, моро мебояд ҳамеша дар пайи беҳдошт, тозагӣ ва риояи меъёрҳои истеъмолии забон бошем. Танҳо дар ин сурат метавонем забонамонро ҳамчун забони рақобатпазир ва тавонманд ба наслҳои оянда мерос гузорем.Ба ҳар яки мо зарур аст,ки забони давлатии кишваррро на танҳо хуб,балки аъло донем,аз таърихи шукӯҳманди он бохабар бошем ва бо он ба дараҷаи баланд суханронӣ карда тавонем. Донистани забони давлатӣ масъулият аст.

Бояд гуфт, ки макомоти прокуратура ба риояи иҷрои қонунгузориҳо вобаста ба забони давлатӣ санҷишҳои зиёдеро пиёда ва дар ин асос чораҳои зиёди эътиноии прокурорӣ барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргашта дар ин асос роҳандозӣ менамояд ва ҷиҳати шарҳу тавзеъи ин қонунӣ муҳим низ бо шаҳрвандон пайваста вохӯриҳо анҷом медихад.

Аз фураст истифода бурда ҳамаи сокинони вилоят ва ҷумҳуриро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик ва муборак гуфта, ба ҳама саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Забони модариам - давлати ман,
Ғуруру ифтихору қудрати ман.
Забонам ҳасту ман ҳам зинда ҳастам,
Забони ман нишони миллати ман.

Варқаи Зайниддин,ёрдамчии калони прокуроривилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ