07:22:53 23-уми Январи 2026 сол

Вазири маориф ва илм дар ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф иштирок намуд

Аз 3 то 5 декабри соли равон дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳамчун аъзои Шурои директорон аз ҳавзаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик иштирок намуд.

7 shuroi direktoron 986558787Дар кори ин ҳамоиши сатҳи баланд намояндагони давлатҳои аъзо, донорон ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои калидии марбут ба рушди устувори маориф, таҳкими ҳамкории бисёрҷониба ва афзалияти стратегӣ барои давраи то соли 2030-ро баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни муҳокимаҳо ҷонибҳо таъкид намуданд, ки афзоиши сармоягузории устувор ба соҳаи маориф, беҳсозии сифати таҳсил, рушди инфрасохтори таълимӣ, истифодаи инноватсия ва таъмини дастрасии баробар ба таҳсил барои ҳамаи ҷомеа, аз ҷумла кӯдакони маъюб муҳимтарин вазифаҳои давраи наздик мебошанд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки тағйирёбии иқлим яке аз омилҳои асосии таъсиргузор ба раванди таълим, инфрасохтори мактабӣ ва имконияти дастрасӣ ба таҳсил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Иброз намуд, ки барои таҳияи барномаҳои мутобиқсозӣ, таҳкими устувории муассисаҳои маориф ва ҷалби маблағгузории устувор аз ҷониби шарикони байналмилалӣ ҳамкорӣ бо GPE аҳаммияти хосса дорад.

Вазири маориф ва илм хотирнишон кард, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо GPE якчанд лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла ислоҳоти барномаҳои таълимӣ, таҳкими касбияти омӯзгорон, беҳсозии инфрасохтори таълимӣ ва густариши барномаҳои фарогирӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдудро амалӣ кардааст. Ба таъкиди вазир, тақвияти муносибатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо GPE метавонад дар рушди инноватсия, рақамигардонӣ, боло бурдани сифати таълим ва татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф нақши муассир гузорад.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ