ЧАРО МУХЛИСИ «ҲОМИЁН» ЗИЁД АСТ?
Соли гузашта соли «Юсуф» буд. Силсилафилми иронии «Юсуф» қалби аксарияти мухлисони синаморо тасхир кард ва серхаридортарин филм маҳсуб шуд. Имсол силсилафилми туркии «Ҳомиён» ҳаводорони зиёд дорад ва онҳо дар бораи филм бештар донистан мехоҳанд. Бояд тазаккур дод, ки ин филм силсилафилми телевизионӣ буда дар телевизиони «Саманёлу»-и Истамбул ба навор бардошта мешавад. Ин шабака ғайр аз филми «Ҳомиён» чандин филмҳои дигарро ба монанди «Рӯ ба сӯи маърифат», «Меҳвари ҳақиқат» ва «Мисли Юсуф»-ро рӯи навор овардааст.
Солҳои пеш маркази продюссерии «Ҳамсадо» бо созмон додани консертҳо ва ба навор бардоштани клипҳо машғул буд. Соли гузашта бародарон Фарҳод ва Комил Сафаровҳо ба сайёҳати Туркия мераванд ва чанд шаб тавассути телелевизион филми «Ҳомиён»-ро тамошо мекунанд, ки ба онҳо бисёр писанд меафтад. Дар охири сафар аз роҳбалад хоҳиш мекунанд, ки аз наздик бубинанд ва акс бигиранд. Хушбахтона, хоҳишашонро рад намекунанд ва онҳоро ба студияи шабакаи телевизиони «Саманёлу» мебаранд.
Бародарон аз роҳбарияти телевизион ин хоҳишро ҳам мекунанд, ки иҷоза бошад нусхаи ин филмро ба Тоҷикистон бурда ба забони тоҷикӣ тарҷума кунанд. Роҳбарият ин фикрро мепазиранд ва нусхаи аслии филмро ба онҳо тӯҳфа мекунанд. Ҳамин тариқ филм ба Тоҷикистон омад. Дар умум агар бигирем филм панду ахлоқӣ аст. Агарчӣ як сюжети муайян надорад, вале қаҳрамонони филм қариб ҳамон як ашхосанд. Ҳар филми ин силсилам тамошобинро аз аввал то лаҳзаи охир ба худ ҷазб менамояд. Дар Туркия ҳаводорони зиёд дорад.
Коргардони филм яке аз коргардонҳои боистеъдоди синамои Туркия Ҷамила Тирмизи Карадаш мебошад. Муаллифи сенария Бузлугон аст. Дар нақши Наҷиб ҳунарпеша Меҳмет Узгюр, дар нақши Йигит ҳунарпеша Орҳан Бйикли ҳунарнамоӣ кардаанд. Нақши Ҳалимаро Ойгин Туюн бозидааст. То имрӯз дар Туркия 95 серияи ин филм ба навор гирифта шудааст. Ҳамзамон бо тамошои филм наворбардории он ҳанӯз ҳам идома дорад. Филм то он даме ба навор бардошта мешавад, ки харидор пайдо кунад. Таҳиягарони филм мегӯянд, ки агар талабот ба ин филм кам шавад, онро ҳатман хотима мебахшанд.
Акнун дар бораи он ки филм чӣ гуна дар Тоҷикистон дубляж мешавад чанд сухан мегӯем. Боре дӯстам ҳунарпеша, коргардони варзидаи театр Давлати Убайдуллоҳ ба ман гуфт, ки бародарон Сафаровҳо мехоҳанд филм дубляж кунанд ва дар ҷустуҷӯи мутахассиси соҳа ҳастанд, ки банда ба онҳо туро тавсия додам. Ҳамин тариқ корро шурӯъ кардам. Муваффақияти филм аз он аст, ки мо дар корамон саҳлангорӣ намекунем. Аввал ба сифати тарҷума аҳамият медиҳем. Баъдан банда онро таҳрир менамоям ва ҳамчун коргардон кӯшиш менамоям, ки овози ҳунармандони тарҷума мекардагӣ бо овози ҳунармандони туркӣ, ки нақшҳоро меофаранд, мувофиқ афтад.
Ҳунармандон на танҳо бо сухан, балки бо зоҳир кардани эҳсосоти худ ҳолати қаҳрамонҳои филмро низ ифода кунанд. Ҳангоми ба тоҷикӣ гардондани филм Ҳунарпешагони Халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров нақши Наҷиб, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодиров нақши Йигитро дубляж кардаанд. Ҳунарпешаи Мардумии Тоҷикистон Нисо Муҳаммадҷонова бошад нақши зани Наҷибро овоз додааст. Малоҳатбону ном ҳунарпешае дорем, ки дар ин филм бо як маҳорати ба худ хос дар се нақш овоз додааст.
Ба амалӣ шудани ин кори бесобиқа агар аз як тараф истеъдоди худи Малоҳатбону кӯмак карда бошад, аз тарафи дигар танзимгарони мо бо истифода аз имкониятҳои компютер дар ин кор саҳм гирифтаанд. Аз нигоҳи техникӣ низ коргардонҳои овоз ва танзимгарон Латифи Заурбек ва Умедҷони Алӣ садоҳо ва мусиқии аслии филмро бо тамоми ҷузъиёташ нусхабардорӣ мекунанд. Сабаби дигари писанд омадани филм аз он аст, ки урфу одат ва зиндагии мардуми турк ба урфу одат ва зиндагии мо тоҷикон хеле наздик аст.

Онҳо нисбат ба дигар мардуми мусалмон, яъне арабҳову урдуҳо, мардуми Филиппин, ба мо наздикии хосе доранд. Аз нигоҳи мазҳаб низ ҳанафимазҳабанд. Дар дин низ хурофотӣ ва тундравӣ надоранд, таҳаммулпазиранд, ки ба фиқҳи Имоми Аъзам дуруст меояд. Гузашта аз ин масъалаҳое, ки дар филм гузошта мешаванд, ба ҳаёти воқеии мо наздиканд. Албатта образҳои полисҳои фидокор, содиқ ва муборизи беадолатиҳо низ ба афкори бинанда бе таъсир намемонанд. Наворбардории филми «Ҳомиён» соли 2008-ум шурӯъ шуда то ҳол давом дорад.
Албатта филм то он замоне, ки мухлис дорад, идома хоҳад ёфт. То имрӯз мо 29 серия филмро тарҷума кардем. Ҳар ҳафта қариб як филм тарҷума мекунем. Мухлисон нағз медонанд, ки ин филм то имрӯз аз тариқи ягон шабакаи телевизиони тоҷик намоиш дода нашудааст. Онро мардум танҳо аз дӯконҳо пайдо карда харида тамошо мекунанд. Маблағгузории дубляжи филмро ширкати «Ҳамсадо» ба ӯҳда гирифтааст. Ҳамин ширкат қариб ҳар ҳафта як серияи онро дар диск гирифта ба фурӯш мебарорад. Шукр, ки филм имрӯз харидор дорад.
Танҳо аз мухлисон хоҳиш мешавад, ки филмҳои қалбакиро харидорӣ накунанд, зеро сифати онҳо хеле паст аст. Чӣ гуна метавон филмҳои қалбакиро аз филмҳои аслӣ шинохт? Филмҳои аслӣ дар болои муқова галлаграмма дорад, ки он дастӣ часпонда мешавад. Яъне дар болои ҳар як филм як галлаграмма часпонда мешавад. Ин галлаграммаҳо дар ширкати «Ҳамсадо» ба ҳисоб гирифта шудаанд ва онҳоро касе сохта наметавонад.
Агар муқоваи филмҳое, ки ба фурӯш бароварда мешаванд, галлаграмма надошта бошанд ё акси галаграммаро дошта бошанд, пас ин филмҳо бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба фурӯш бароварда шудаанд. Аз харидани ин гуна филмҳо худдорӣ кунед, ки ин қабил филмҳо ҳатман ҳам аз ҷиҳати садо ва ҳам аз ҷиҳати сифати видео харобанд.
«ИмрӯзNews»
Ғаюр Ашӯри Растагор, драмнавис, коргардон ва муҳаррири дубляжи филми «Ҳомиён».
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3224---lr--.html