19:33:34 22-уми Майи 2025 сол

ОЛИМОНИ ТОҶИК ДАР РУШДИ КАЙҲОННАВАРДӢ САҲМ ДОРАНД

Маҳмадалӣ Сафаров, профессор, доктори илмҳои техникӣ, мудири кафедраи гармотехникӣ ва дастгоҳҳои гармидиҳии фаултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дирӯз аз як сафари хидматӣ ба Федератсияи Россия ба ватан баргашт. Ӯ дар як конференсия-машварати байналмилалӣ, ки дар мавзӯи «Омӯзиши техникаи гармо ва мубодилаи гармӣ» дар Қазон баргузор гардида буд, ширкат карда дар байни олимони соҳаи мазкури  собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойи намоёнро ишғол кардааст. Пеш аз он ки бо ӯ ба сӯҳбат пардозем, мехоҳем каме дар бораи зиндагиномааш маълумот бидиҳем.

 

Маҳмадалӣ Сафаров 5-уми майи соли 1952 дар деҳаи Найзираки шаҳри Нораки вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Соли 1969 мактаби миёнаи рақами 5-и шаҳри Норакро хатм карда ҳамон сол ба факултети физикаву математикаи Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченкои пойтахт дохил ва онро соли 1974 хатм  мекунад. Фаъолияти кори ӯ дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ аз соли 1975 оғоз мешавад. Рисолаи номзадиро дар Институти механика ва оптикаи дақиқи шаҳри Санкт-Петербург соли 1986, докториро соли 1994 дар институти проблемаи энергетикии шаҳри Минск ҳимоя кардааст.

 

Муаллифи беш аз 500 кори илмӣ, дастурҳои таълимӣ, 17 шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтироот, 36 монографияву брошюра, Аълочии маорифи ҶТ, дорандаи медали «Хизмати шоиста» (2006), аъзои Шӯрои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳи химияи ба номи В.Н.Никитини АИ ҶТ (1996-2000), котиби Шӯрои диссертатсионии ин пажӯҳишгоҳ (2003-2007), акдемики Академияи Ню-Йорк, акдемики Акдемияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси машҳури ҷаҳон тибқи хулосаи Энсиклопедияи Лондон, 2001, дорандаи медали тилои «Одами сол» (Ню-Йорк,2003), аъзои кумитаи ташкилии конфронсҳои байналмилалии «Мактаби гармофизикони ҷавон», барандаи ҷоизаи ҷаҳонии мамлакатҳои мусалмонӣ JSESCO (2008).

 

-Устод, оё мумкин аст, ки дар бораи ин конференсия  ва умуман сафаратон ба Русия маълумоти бештар бидиҳед?

 

-Конференсия дар Маркази тадқиқотии АУ ФР дар Қазон баргузор гардид. Дар он асосан олимони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат карданд. Мавзӯи маърӯзаи ман кори илмии яке аз шогирдонам «Тадқиқот  оиди тағйирёбии гармиинтиқолдиҳандаҳо дар коллекторҳои офтобӣ» буд. Маърӯза писанди ҳакамон гардид ва ба он ҷойи саввумро сазовор донистанд. Баъдан дар мактаби гармофизикони собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Тамбов дар мавзӯи «Тадқиқоти хосиятҳои гармофизикӣ ва истифодаи онҳо дар соҳаи гармитаъминкунӣ ё энергиятаъминкунӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ шуда гузашт. Ин конференсия дар ҳар се сол як бор мегузарад. Дар он шаш маърӯзаи шогирдони ман мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Дар конференсия намояндаҳои беш аз чил давлат, азҷумла аз давлатҳои исломӣ низ ширкат варзиданд. Дар ҷамъбасти конференсия олимон ба хулосае омаданд, ки соли 2012 конференсияи мазкурро дар пойтахти давлати мо шаҳри Душанбе гузаронанд. Дар Тамбов бо олими машҳур Ткачев А. Г., мудири кафедраи маводшиносӣ аз наздик шинос шудем, вай зодаи Душанбе будааст. Солҳои 40-ум падараш котиби дуввуми комсомолии ҷумҳурӣ кор мекардааст. Ин олим бо нанамаводҳо (нананайча) сару кор дорад. Нананайча истеҳсол мекунад. Намунаи ин нананайчаҳоро овардам, ки дар оянда бо шогирдонам машғули кори илмӣ шавем.

 

-Нананайча чист? Он барои чӣ лозим аст?

 

-Ин пайвастшавии карбон аст аз рӯйи нанатехнология истеҳсол карда мешавад. Чунин пайвастшавии маводҳоро метавонанд аз алмос тайёр кунанд, аз пайвастагиҳои оксидҳо тайёр кунанд. Як мисоли оддӣ дар шаҳри Тамбов аз шинни автомобиле, ки аз кор баромадааст, аз рӯйи технологияи махсус нананайча истеҳсол кардаанд. Ва ин нананайчаҳоро дар маводҳои полимерӣ ба бетон дохил намуданд. Тақрибан се километр роҳро бо ҳамин мавод асфалтпӯш карданд. Бо истифода аз ҳамин мавод донишҷӯёни Донишгоҳи Тамбов як варзишгоҳ сохтаанд, асфалти роҳрави он нананайчаҳо дорад. Ба эътиқоди олимон ин мавод раҳравҳоро мустаҳкамтар, босифаттар кардааст. Дар зимистон ба хунукӣ тобовар мешаванд.

 

-Тибқи маълумоте, ки дар даст дорем, шумо аз ҷумаи беҳтарин ихтироъкорони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравед. Мешавад, дар ин бора чанд сухан бигӯед?

 

-Ман беш аз 24 ихтироъ дорам. Масалан яке аз ихтироотро «Таҳқиқи гармигузаронии маҳлулҳо ё худ элоктролитҳо» мегӯем. Мо бо ҳамроҳии шогирдам Давлатшоев, ки феълан дар НБО-и Роғун кор мекунад, як методи ченкунии элекрогузарониро пешниҳод намудем ва патенти хурди ҷумҳуриро низ гирифтем, ки вобаста ба консентратсияи маҳлулшаванда ва маҳлулкунанда электрогузаронӣ ва муқовимати хоси маҳлулҳоро тадқиқ менамояд.

 

Ихтирооти дигари ману ҳамин шогирдам ин муайян кардани коефитсенти васеъшавии хатии ҷисмҳои сахт, азонҷумла, хулаҳои алюминий ҳаст, ки патенти хурд гирифтем. Боз яке аз дастгоҳҳои дигар, ки ҳозир шогирдонам васеъ истифода мебаранд, бо истифодабарии нури лазерӣ чен кардани ҳароратгузаронии маҳлулҳо ва инчунин гармигузаронӣ ва гармиғунҷоиши онҳо мебошад.

 

Хулоса аз 7-8 патенти хурде, ки мо гирифтем бо ҳамроҳии шогирдон аксарияташон дар соҳаи илм истифода бурда мешаванд. Моҳи сентябри соли ҷорӣ Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушду иқтисод ва савдои ҶТ дар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон»  шаҳодатномаи «Нишони фахрии миллӣ» дар солҳои 2008-2009-ро ба ман супурд.

 

-Натоиҷи таҳқиқотҳои илмии Шумо асосан дар кадом соҳаи хоҷагии халқ тадбиқи худро пайдо кардаанд?

 

Аз натоиҷи таҳқиқотҳои мо ҳангоми сохтани муҳаррики  киштиҳои кайҳонӣ, муҳаррики киштии зериобии «Курск» истифода бурда шудааст. Ба мо санаде додаанд ва дар он ёд шудааст, ки аз хулосаҳои рисолаи номзадии ман, аз хулосаҳои кори доктории профессор Абдулҳамид Маҷидов, аз натиҷаҳои кори номзадии Мунира Зарифова бо роҳбарии профессор, ҳангоми сохтани ҳамин муҳаррикҳо истифода бурда шудааст.

 

-Шуморо чӣ гуна академики Академияи НюЙорк интихоб карданд?

 

-Дар давраи шӯравӣ мақолаҳои ман дар журналҳои хеле бонуфуз, азҷумла, дар журналҳои «Физикаи ҳароратҳои баланд», «Маҷалаи муҳандисии физикӣ» чоп мешуданд. Ин журналҳоро бошад дар ИМА ба забони англисӣ тарҷума карда чоп мекарданд. Аз ҳамон замон номи ман дар доираи олимони физики амрикоӣ маълум буд.

 

-Ба Шумо яке аз ҷоизаҳои хеле бонуфизи кишварҳои исломӣ дода шудааст. Мехостам дар ин бора ҳарф бизанед.

 

- Дар кишварҳои исломӣ ба монанди ЮНЕСКО ташкилоте ҳаст, ки онро JSESCO мегӯянд ва мақараш дар пойтахти Марокаш мебошад. Ин ташкилот сари ҳарчанд вақт дар кишварҳои исломӣ ҳамоиши олимони соҳаҳои гуногунро созмон дода аз байни онҳо дар ин ва ё он соҳа олими барҷастаро муайян мекунад. Соли 2008 ҳамоиши ин созмон дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку баргузор гардид. Ҳуҷҷатҳои маро аз тариқи взорати маориф ва вазорати хориҷа барои ширкат кардан ба ин конференсия ҳамчун олими физики пажӯҳишгар  фиристоданд. Хушбахтона, дар байни физикҳо маро сазовори медали тилоии ин созмон донистанд.

 

Султони Ҳамад, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3259-2010-10-02-06-54-26.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ