15:57:52 04-уми Июни 2025 сол

МУШКИЛИ ЗАБОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ОСОНӢ ҲАЛ НАМЕШАВАД

Қисмати аввал

Қисмати дуввум

Қисмати саввум

Қисмати чаҳҳорум

Қисмати панҷум

 

Мехоҳам аз фармони махсусе, ки ба дасти аҷнабиёни мансабдори РСС Тоҷикистон ба манзури хору залил кардани забони тоҷикӣ қабул ва ҷорӣ кардаанд, чанд мисолро пешкаши шумо кунам. Ин фармон (Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ, Фармони № 1 Комиссариати Халқии Маорифи РСС Тоҷикистон аз № 2-июни соли 1939) ном дорад ва дар рӯзномаи Тоҷикистони Сурх, 25 январи соли 1939 ба нашр расидааст. (Баргирифта аз навиштаи доктор С.Назарзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, дар нашрияи «Ҷумҳурият», аз 06.11.2010 ва Торнигори Зафари Мирзоён).

 

Доктор Назарзода дар оғози мақола ҳадафи ин фармонро хеле дуруст таъкид кардааст: «Азбаски ин санад дар таърихи забони тоҷикӣ нақши ҳалкунанда бозида, аксари унсурҳои номатлубе, ки имрӯз аз тарафи бархе аз забоншиносон ҳамчун хусусиятҳои хоси забонӣ шумурда мешавад, дар асоси ҳамин санад ба забони мо дохил шудаанд…». (Ин қарор моддаҳои зиёд дорад, вале мо чанд намунаи онро мисол меорем – таъкид аз мост, А.К.):

 

Ахмадшохи Комилзода– Расмӣ кардани истифодаи пасванди «ангӣ» дар ҷумласозӣ.

– Дар мавридҳои муайян кардани замон ва макон дар қатори шаклҳои дигар, истеъмоли абароти сифати феълии суффикси «ангӣ» катӣ сохта шудагӣ ҳам дуруст ҳисоб карда шавад. Одами шабангия (шабангиро) имрӯз боз дидам – одами шаб дидагема имрӯз боз дидам – одамеро, ки шаб дида будам (ки ба вай вохӯрда будам…) имрӯз боз дидам.

– Номи шаҳри Горкий зоида шудагӣ Нижный Новгород аст».

– Истифодаи шакли лаҳҷавии сохти «нарафтанба» дар забони адабӣ.

– Аз истифода баровардани шаклҳои адабии пешванди «би-» ва феълҳои «метавон гуфт, метавон кард». (…префикси «би» азбаски шакли архаистӣ буда, ба забони зиндаи имрӯзаи тоҷик бегона аст, кор фармуда нашавад.

– Дар навиштани исмҳо ҷорӣ кардани ҷамъбандиҳои шакли ахборотҳо, Мисол: Ташкилот-ташкилотҳо, аъзо-аъзоён-аъзоҳо, ҳуқуқ-ҳуқуқҳо.

– Расмӣ кардани шакли «Аҳмада китобаш» ва ба ҷои пасванди-ро истифода кардани -а, -я

– Бо пешояндҳои «то», ҳам суффикси «а- я». Мисол: То куҷоя рафтӣ? То Фарғоная рафтам.

– Ба ҷои шумораи тартиби «дуввум» ва «севвум» доимо «дуйум» ва саййум кор фармуда шавад.

– Шакли «чаҳор», «чаҳордаҳ», «чиҳил» кор фармуда нашаванд, ба ҷои ин шакли «чор, чордаҳ, чил» кор фармуда шаванд.

– Шакли махсуси ҷонишинҳои шахсӣ, ки ба суффиксҳои «ҳо, ён» сохта шуда, ҷамъро ифода мекунанд, қабул карда шавад. Мисол: Моҳо мехонем – моён мехонем.

– Шаклҳои эҳтимолии поёнангӣ ҳам кор фармуда шавад. Мисол: Аҳмад омадагист. Вай ҳам мерафтагист.

– Ба вазифаи гузаштаи мутлақ ин шаклҳои феълӣ ҳам кор фармуда шавад. Ман китоб хондагӣ, Ман то ҳол хондагим не.

– Дар шахси дуйум дар баробари «ед» ҷамъ бо «етон» ҳам сохта шавад.

– Аз истифода хориҷ кардани шаклҳои адабии «бояд кард» ва «хоҳад кард». Шакли «бояд кард» ҳамчун шакли архаистӣ кор фармуда нашавад.

– Калимаҳои интернатсионалӣ ва советизмҳо ба забони тоҷикӣ аз русӣ ва ё ба воситаи забони русӣ даромадагӣ айнан бо ҳарфҳои тоҷикӣ навишта мешаванд. Мисол: Колхоз, комсомол, коллектив, план, аэроплан, кооперация ва монанди инҳо. (Поёни иқтибос)

 

Ба ҳамин сабаб, агар имрӯз мардуми мо дар сари ҳар гапи худ вай-вайю он-он барин калимаву ибораҳои номафҳум ва даҳҳо пешванду пасвандҳои бегонаро аз қабили ҳолангӣ, рафтагӣ, омадагӣ, мурдагӣ, дар ҳар ҷойи ҳатто нозарур ба кор бурдани пасванди исмсози «ӣ», ҷамъбандиҳои болохонадори «ҳо» истифода мебаранд, решаи ин кор дар ҳамон ҳаракати бадхоҳони забону миллат нуҳуфтааст. Дар навиштаи донишманди закӣ ва пуркори мо Зафар Мирзоён ба ин раванд баҳои арзишманд дода шудааст: «Забоншиносони шӯравии яҳӯдиасл дар ҳамёрӣ бо маҳалгароёни тоҷик (бешак дар миёни онҳо пантуркистон низ ҷой гирифта буданд), дар роҳи харобсозии забони форсии Вароруд ва аз он барсохтани забони аз решаи форсӣ ҷудои тоҷикӣ, бар ҳадафи маккоронаашон расидаанд».

 

Идомаи хиёнат ба забон

Магар ин мушкилоти пешин камтар буд, ки ба муқобили забон боз раванди нави мубориза оғоз шудааст. Акнун ин бор сели калимаҳои бегона ва тақлидӣ дару девори шаҳру рустои кишварро фаро гирифтааст. Номҳои тозавориде чун «Фурӯшгоҳи Эдик», «Фурӯшгоҳи Айдин», «Ороишгоҳи Шахноза», «Мағозаи Гулноза», номҳои аҷибу ғариби «Эдем», «Кайнак», «Мерве», ки шуморааашон торафт афзоиш ёфтааст, хеле фаровонанд. Кор ба ҷойе кашидааст, ки дар паҳлӯи Фурӯшгоҳи марказӣ овезаҳои аҷибу ғарибе ба назар мерасад, ки ҳангоми тамошо бовар наметавон кард, ки дар маркази шаҳри Душанбе – пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳастӣ.

 

Ман танҳо номи ин овезаҳоро номбар мекунам: «Мағозаи Эмир», «Маркази савдои Дивидишка», «Детские потребности», «Парда «Қисмат»», «Суратбарорӣ» (Манзураш чопи акс аст), «Мағозаи коллексияи хонагӣ», «Модные детки», «La cite», «Bessini», «Маркази ҳусн», «Elegant», «У Аллы», «Avesta», «Jordini», «Trend-N»… Ҳам чиз ҳаст, ғайри овезаҳои тоҷикӣ. Агар тасодуфан ягон овезаи тоҷикӣ бошад, он ҳам номафҳум аст. Мисли: «Парда «Қисмат»», «Маркази ҳусн», ва «Мағозаи коллексияи хонагӣ».

 

Мушкили умдаи мо ин аст, ки ба далели надоштани истиқлолияти давлатӣ дар сад соли ахир истилоҳоти коргузории миллӣ ба шакли меъёр ба вуҷуд наомадааст. Ҳоло мо воқеан, дар як давраи таҳаввулоти ҷиддии шакл гирифтани давлатдорӣ, фарҳанги миллӣ, дар паҳлӯи он забон ва истилоҳоти ҳама арсаҳои зиндагӣ қарор дорем. Ин як амри қобили қабул аст ва ҳукумату мардуми мо бояд бо таҳаммул ва бо истифода аз луғату истилоҳоти забони классикӣ ва ҳамзабононамон низоми истилоҳот ва забони меъёрро ба вуҷуд биёваранд.

 

Номҳои ҷуғрофӢ

Номгузориҳои ҷуғрофӣ низ дар кишвари мо ба хараҷу мараҷ рӯбарӯст. Иқдоми ҳукумат барои табдили номи мавзеъу макон (дар забоншиносӣ онро топонимика мегӯянд), яъне исмҳои ҷуғрофӣ пардохт, ки воқеан гоми ватандӯстона аст. Самимона бояд гуфт, ки Ҳукумати кишвар дар ин замина корҳойи шоистае анҷом додаст. Аммо дар ҳамин раванди волои ватандӯстӣ ҳам чанд камбуди ҷиддӣ мушоҳида мешавад: нахуст, дар фарҳанги ҳазорсолаи мо хеле кам ба назар мерасад, ки номҳои ҷуғрофӣ – номи шаҳру вилоят, ноҳияву деҳкадаҳо ба номи шахс гузошта шаванд.

 

Мисли ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Фирдавсӣ, Сино ва садҳо номи дигар. Воқеан, бо ҳукми девонсолоронаи бархе ба забон овардани «Ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ» кори сангинест. Хуб мебуд, агар бар пояи фарҳанги арзишманди гузаштагон номи шаҳру деҳот бо исми ҷуғрофӣ гузошта шавад: Суғд, Хуросон, Бохтар, Гулистон, Баҳористон… Дуввум, бо дастдарозӣ ва пешоҳангии муғризонаи касоне, ҳукумат ба иваз кардани номҳои хеле арзишманду торихие чун Кофарниҳон, Дарбанд ва Ғарм даст зад. Ба хусус, ба ҷойи исми таърихии «Кофарниҳон» сифати «Ваҳдат»-ро ҷойгузин кардан лойиқи пайравӣ нест.

 

Бо ин ҳама, раванди поксозӣ ва ислоҳот дар забони форсии Варорӯд (забони тоҷикӣ ин масъулиятро ба дӯш дорад), ки аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ва аз сӯйи мардуми ҳавзаи забони форсии тоҷикӣ оғоз шудааст, заминаеро барои анҷоми корҳои назаррас ва ислоҳоти бунёдӣ муҳаё кардааст. Барои ин самимият ва қатияти ҳукумат, ҷилавгирӣ аз дахолати ғаразхоҳон ва дилсӯзии бештари аҳли донишу фарҳанг лозим аст.

 

Имрӯз дар миёни матбуоти тоҷикнависи дунё роҷеъ ба истифодаи дурусти вожаву калима ва истилоҳоту ҷумла мо аз радио ва сайти Би-би-сӣ намунаи беҳтаре надорем. Ҷавонмардона бояд эътироф кард, ки интихоби калима ва истилоҳот, тарзи навишт ва ифодаи вожаҳо, дар ҷумла дар ҷойи худ истифода бурдани онҳо, сохти ҷумлаи дуруст (дар маҷмуъ, покии забони тоҷикӣ) ва муҳимтар, муҳтавои як навишта ё як хабар дар ин хабаргузорӣ барои хабарнигорон, аҳли донишу пажӯҳиш беназир аст.

 

Ман намехоҳам дар мавриди ҳунари журналистии ин даргоҳ, ки бевосита ҳунари истифодаи хеле солими забони тоҷикӣ ё худ форсӣ аст, домани баҳс бигирам, вале хеле ҷанбаҳои барҷастаи гуфтору навиштори забони форсии тоҷикиро метавон дар ин хабаргузорӣ дид, ки дар ҷойи дигар ёфтани ин покизакориҳо аз имкон берун аст. Забони ин хабаргузорӣ ба ҷараёни тозаи ҳамгун сохтани се гӯйиш: форсии Ирон, форсии тоҷикӣ ва форсии дарӣ, ки ҳукуматҳои ин се кишвар низ талошҳоеро дар ин замина рӯйи даст гирифтаанд, мутобиқати арзишманде дорад.

 

Саранҷом

Хеле бад аст, ки дар сатҳи раҳбарӣ ва дастрасӣ ба мудирияти корҳо дар кишвари мо касоне ҳам роҳ ёфтаанд, ки ба пешравии кору рӯзгори мардум халал мерасонанд. Ин гӯрӯҳи одамон дар ҳар амали мардуми тозаандеш ва гоҳе дар нақшаҳои хуби ҳукумат ҳам дастдарозӣ мекунанд. Барои мисол, ҳар боре ки мавзӯи ислоҳи алифбо ё табдили алифбо рӯйи забонҳо биёяд, базудӣ мушкилоти гарон ва тарсбарангезе чун «маблағи беандозае барои ин кор», ё «табдили алифбо сабаби бесавод шудани мардум» ва чандин даъвоҳои дигарро, ки барои одамони камтаҷриба воқеан дар оғоз мушкил менамояд, пеш мегузоранд. Дар Ӯзбакистон ба алифбойи лотинӣ гузаштанд, вале дунё чаппа нашуд.

 

Ҳоло пурсиши мантиқие пеш меояд: Имрӯз дунё дигар шудааст, мо бояд камбудиҳоямонро ислоҳ кунем ё накунем? Ислоҳот дар оғоз бо чандин мушкил ҳамроҳ аст, вале чун як муддат, ки гузашт, бештарин мушкилоташ пушти сар мешавад. Мисоле дорем. Дар миёнаи солҳои 80 ва 90-и садаи гузашта марҳилаи тозаи иваз шудани бештарин калимаву вожаҳои русӣ (тавре мегуфтанд – интернатсионалистӣ) ба забони форсии тоҷикӣ оғоз шуд. Мо, ки иштирокдори ин таҳаввулот будем, ҳамеша мавриди сарзаниш ва таънаву маломат мешудем, ки чаро мардумеро, ки бо ҳамон калимаву вожаҳо (манзурашон калимаҳои русӣ-интернатсионалистӣ буд) одат кардаанд, аз роҳ мезанем, чаро мо калимаҳои ирониву афғониро истифода мебарем?

 

Вале имрӯз дигар касе барои истифодаи садҳо луғатҳои форсиву тоҷикӣ, ки захираи луғавии забони моро хеле поку тоҷикитар кардаанд, мисли он рӯзҳо ба тӯҳмату сарзаниш гирифтор намешавад. Чунки ин калимаву вожаҳо ба забони меъёр (норматив)-и миллати мо ворид шудаанд ва дигар бар сари истифодаи онҳо иғво андохтан ғайримумкин шудааст. Аз ин рӯ, нахуст: худи мо аз ислоҳот набояд битарсем ва дуввум, ба иғвогарон бигӯем, ки моро аз ислоҳот натарсонед.

 

Ташаббуси Ҳукумати кишвар дар мавриди омӯзиш ва поксозии забони давлатӣ қобили дастгирӣ ва эҳтиром аст. Мушкили умдае, ки дар ин ҷода ба назар мерасад, муқобилияти сарсахтонаи касонест, ки худро русзабон медонанд, агарчи амалан бештарини онҳо аз ҷумлаи мардуми рус нестанд. Пойтахтнишинон хуб медонанд, ки ин гурӯҳҳо дар ташкилу омӯзиши мактабҳо ба забони ғайр, ташвиқу корбурди худсаронаи забони бегона дар муқобили забони давлатӣ, ҳатто бедор кардани эҳсоси бадбинӣ дар миёни кӯдакону наварасони тоҷик ва мардуми Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ дар парваришгоҳу мактабҳо талоши фаровон ба харҷ медиҳанд.

 

Яке аз ин гуна талошҳо ҳамон андешаи дурӯғин аст, ки мактабҳои русзабон (аз ҷумла, литсейҳои туркӣ) дониши хубатар медиҳанд, то мактабҳои тоҷикзабон – ва мардуми соддаву ноогоҳ ба ин дурӯғбофиҳо хеле соддалавҳона бовар мекунанд. Бехабар аз он ки, агар як тифл соҳиби дарку салиқаи солим, маҳорату муҳаббати дуруст ба коре ва ё шуғле надошта бошад, ҳарчанд ӯро ба рӯйи тахти зарин бинишонӣ, ақлу донишаш афзун нахоҳад шуд. Магар донишмандону бузургони гузаштаи мо, хеле аз онҳо шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд, дар мактабҳои русӣ ва ё литсейҳои туркӣ таҳсил кардаанд?

 

Мушкилиҳо дар забони мо хеле зиёданд. Каҷрафториҳо дар сохтани истилоҳот, номгузориҳо, истифодаи барғалати калимаву вожаҳо, номавзунӣ дар навиштор ба ҷойе кашидааст, ки мо ба ҳолати сардаргумӣ дарафтодаем. Бегонахӯйӣ ва ситезаҷӯйии мардуми мо бар пояи фарҳангҳои бегона – танҳо як тарафи масъала аст. Мо дар дохили кишвар душманони ҷиддие дар баробари забони худ дорем, ки воқеан дасти дароз доранд. Вагарна ба ҷойи вожаи тоҷикии «пул», ки дар тамоми қаламрави забони форсӣ, ба шумули ҳама деҳкадаҳои кишварамон истифода мешавад, мақомдорон калимаи туркии «копрук ё купрук»-ро мавриди истифода қарор намедоданд.

 

Ҳамчунин корбасти вожаву истилоҳоте чун «қушун», «прократура», «суд» аз ҷумлаи ҳамон рафтори ҷаҳли мураккаб аст, ки ҳукуматдорони мо бар сари мардум бор кардаанд. Ва ин ҳама, дар ҳолест ки мо шабонарӯз дар васфи иттиҳоду истиқлол, арзишҳои миллӣ, Ориёнои Бузург суруду тарона ва ҳатто «ашӯла» мехонем. Ҳоло ки Кумитаи забон ва истилоҳоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, зарур аст, ки салоҳияти он ҳар чи болотар бурда шуда, масъулияти муҳими он мушаххас ва ҳама сохторҳои ғайриҳукуматӣ, ҳукуматӣ, дар маҷмуъ давлатӣ дар масъалаи забон дар назди ин сохтор ҷавобгӯ бошанд.

 

Ба назари ман, ин Кумита бояд масъулияти ҳифзи асолати забон, покнигаҳдории он аз унсурҳои бегона ва тақлидӣ, масъули назорати бахусус китобу нашрияҳо дар мавриди корбурди луғату истилоҳот ва вожаҳои навро дошта бошад. Дар ин маврид дар Ирони ҳамзабони мо таҷрубаи арзишманде вуҷуд дорад, ки қобили омӯзиш ва пайравист. Яъне ин кишвар як ниҳоди муқтадире бо номи Фарҳангистони забону адаби форсӣ дорад, ки масъулити бузурги пешрафту пуштибонии забонро пурра уҳда мекунад.

 

Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА, барои «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4647-mushkili-zabon-dar-tojikiston-ba-osoni-hal-nameshavad.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854