18:43:09 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АҲМАД ЗОҲИР: «РИЁЗАТ МАРО АҲМАД ЗОҲИР КАРД!»-1

 

 

Расо нӯҳ сол муқаддам дар арафаи 21-умин солгарди ба шаҳодат расидани Аҳмад Зоҳири ҷовидонӣ яке аз дӯстони наздики ӯ нависанда ва журналист доктор Багромвол, ки бо хонаводаи марҳум равобити наздик дошт, дар жанри танз «мусоҳибае» бо рӯҳи шодравон Аҳмад Зоҳир анҷом дода буд. Ва ҳамин мусоҳибаро ҳамон шабу рӯзҳо ҳафтаномаи «Афғонистон таймз» ба нашр расондааст. Агарчӣ «мусоҳиба» «Шӯхӣ бо Аҳмад Зоҳири фақид ва сиёсатмадорон» ном дорад, вале дар он масъалаҳои ҷиддие аз зиндагиномаи ин хунёгари бузурги Шарқ матраҳ шудаанд. Мо аз ин «мусоҳиба» бисёр нуктаҳои муҳимеро аз зиндагиномаи ин овозхони нотакрор бори аввал мефаҳмем.

Масалан, Аҳмад Зоҳир чӣ гуна Аҳмад Зоҳир шуд? Талошҳои худи Аҳмад Зоҳир барои Аҳмад Зоҳир шудан чӣ гуна буданд? ӯ зиндагиномаи Эйнштейнро чаро омӯхт? Чаро ба Карл Маркс эҳтиром қоил буд? Барои чӣ қадри Горкийро аз Ленин болотар медонист? Аҳмадшоҳи Масъуд дар бораи қатли Аҳмад Зоҳир чиҳо гуфтааст? Чаро лидери Толибон мулло Муҳаммад Умар аз марги нобаҳангоми Аҳмад Зоҳир «мутаассиф» буд? Ба ин ва боз ба даҳҳо саволҳои ба ин монанд шумо аз ин навишта ҷавоб хоҳед гирифт. Дар арафаи 30-солагии рӯзи ба шаҳодат расидани Аҳмад Зоҳир ба ҳуруфи кириллӣ баргардон шудану пешкаши ҳаводорони ҳунари мусиқии сомонаи www.Ruzgor.tj гардидани ин навишта аз ҷониби яке аз мухлисони овозхон Ҷаҳонгири Султон иқдомест наҷибу савобҷӯёна. Барои Ҷаҳонгир аз Худо тавфиқу комёбиҳои бештареро орзумандам. 

Бо эҳтиром Султони Ҳамад

 

Доктор Багромвол


ШӮХӢ БО АҲМАД ЗОҲИРИ ФАҚИД
Шӯхӣ бо сиёсатмадорон «Шомили ду бахш»


Мусоҳиба бо ҳунарманди ҳамеша ҷовидони ватан
Аҳмад Зоҳир

 

 


Ҳамкори доимии «Афғонистон таймс» доктор Багромвол бо силсила шӯхиҳо ва мусоҳибаҳои худаш ин бор ба муносибати бисту якуним солрӯзӣ шаҳодати Аҳмад Зоҳир, ки мусодиф ба 24 ҷавзои 1380 мебошад, бо вай мусоҳибаи ҷолибе анҷом дода, ки хонани он барои ҳар фарди бо саводи ватани гиромии мо, Афғонистони азиз, зарурӣ пиндошта мешавад. Ин шӯхиҳо, дар ҳақиқат, ҳамон чоклетҳои талх ва ширин аст, ки ба ҳукми замон онҳоро нӯши ҷон кунем. Таъми талх ва ширини иштибоҳоти нобахшидании роҳбарони босавод ва бесаводро бичашем. Ташаккур. Масъули «Афғонистон тоймз» Ғулом Маъсуми Ихлоси Саффор



Доктор Багромвол: Аҳмад Зоҳир! Агар бетаъриф ва рафиқона бо ту сӯҳбат кунам, аз ман намеранҷӣ?

Аҳмад Зоҳир: Рафиқ Багромвол, мисле, ки ҳанӯз ҳам маро нашинохтаӣ, ки калимаи ранҷишро дар сӯҳбати худ ба кор мебарӣ.

Ранҷиш чист?

Таъриф чист?

Миллате, ки аз замин ва осмон бар фарқаш борони ҳақорат меборад.

Миллате, ки дару ҳамсояи он ба душманони махфӣ ва аланиаш табдил шудаанд.

Миллате, ки ҳомиёни сулҳ ва демокросӣ ба қабрканони он чеҳра кашидаанд.

Миллате, ки ғуломони таърих орзуи ҳукмронӣ ба онро доранд.

Миллате, ки ҳомиёни адолати иҷтимоӣ ба тамошогарони номард он даромодаанд.

Миллате, ки дар тавтиъаву фатнаҳои ҷоҳилтарин нерӯи бевиҷдони минтақа гир мондааст, ман кистам, ки дар чунин ҳолати дар ба дарии доимӣ ва парешонии меросӣ дар интизори тааруфоти соддалавҳона нишаста бошам ва ба он дил хуш кунам. Равони худро ба хотири таъаруфоти беҷо ва дурӯғин ба оташ бисӯзонам. Бе таъоруф, рафиқона, самимона бо ман сӯҳбат кун.

Калимотро бемӯҷиб ва бемаврид ба хотири фиреби ман ё фиреби мардум бакор набар.

Калимотро накуш, ки ҳамаашон ҷон доранд.

Калимоти рангин ба ман ранг нахоҳанд дод.

Ман мехоҳам чизе бошам, ки ҳастам.

Барои ҳамеша бо ман бе таъоруф сӯҳбат кун.

Доктор Баграмвол: Ташаккур, чӣ гуна Аҳмад Зоҳир шудӣ?

Аҳмад Зоҳир: Истеъдод доштам. Талош кардам ва Аҳмад Зоҳир шудам.

Чандин рӯзе, ки бароям фурсат дода шуд, дар хидмати мардуми худ қарор гирифтам.

Он гоҳе, ки табари ҷаҳолат дунимам кард, кард.

Дигар шумо ҳам пушти ман нагардед. Агар дар ман чизе ёфта будед, хонатон обод.

Ҳоло биравед Аҳмад Зоҳирҳои дигар бисозед.

Доктор Багромвол: Сохтани Аҳмад Зоҳири дигар кори осоне аст?

Аҳмад Зоҳир: Бале, рафиқ, агар кори бисёр осон набошад, кори мушкил ҳам нест.

Доктор Багромвол: Ба чӣ маънӣ?

Аҳмад Зоҳир: Изоҷат бидеҳ, ки бароят аз худ чизе бигӯям.

Падарам дар беруни хона доктор буд, сафир буд, вазир буд, Раиси Шӯро буд ва Садри Аъзам буд. Ман «ба неку бадаш ҳам коре надорам» Фарзандон ҳам наметавонанд ба падари худашон таърих бисозанд.

Балки мардум аст, ки шарафмандона ба қазовати бераҳмона мепардозанд.

Регу гандумро аз ҳам ҷудо мекунанд.

Вале падарам дар хона як рафиқи меҳрубон буд. Як марди содда ва маъмулӣ буд, як муаллими хуб буд, як меҳмоннавози сахт буд, рафиқдор ва мардумдор буд.

Дар баробари мардум мо, ки аз вилояти дур, ки ҳанӯз аз маданият дар онҷоҳо хабаре набуд, ба хонаи мо меомаданд, падарам бо онҳо монанди як марди соддаи деҳотӣ рафтор мекард. Агар утоқаке, ки барои курсинишинон доштем, утоқи дигаре барои мардум доштем, ки дар он:

Ба роҳатӣ нишаста метавонистанд.

Ба роҳатӣ нон сарф мекарданд.

Ба роҳатӣ мехобиданд.

Ба роҳатӣ гапҳои худро зада метавонистанд.

Ҳамин тавр ба ҳар як аз аъзои хонаводаи худ рафиқ ва шафиқ буд.

Фармонравоиро дӯст надошт. Балки мехост, ки тавассути як силсила қиссагакҳои маъсумона ва ширин роҳҳо ва душвориҳоро аз назари мо бигузоранд. Ҳеҷ гоҳ моро аз гург наметарсонд. Балки достони «Гург ва барра»-ро барои мо ҳикоя мекард.

Ҳар шаб дуто қисса мегуфт. Ва дуто шеъри хуб ва садоро барои мо мехонд. Баъзан ба шарҳу басти онҳо мепардохт.

Ҷолиб он, ки бисёре аз шуарои мардум ва аҳли ҳунар, дӯст ва рафиқаш буданд.

Онҳоро бародари худ медонист.

Эҳтиром ва даст бӯсиданашонро фарзи мо мешумурд.

Ҳар боре, ки дӯстони ҳунарманди падарам ба кулбаи фақиронаи мо қадам ранҷа мефармуданд, моро ба ҳузурашон металабид ва ба пои сӯҳбаташон менишонд. Ҳар боре аз ишон мехост, ки ба ман насиҳат кунанд, ишон пайваста ва ҳамеша бароям насиҳат мекарданд, ки «Аҳмад Зоҳир, риёзатро фаромӯш накун!»

Ман бача будам. Хом будам. Дарки ман аз калимаи муқаддаси «Риёзат» кам буд. Ҳатто дар ҳудуди сифр буд. Ҳайрон мешудам, ки: риёзат чӣ аст? Риёзат ба ман чӣ мебахшад? Чаро ман ин қадар риёзатро мешунавам? Оё дӯстони падарам ба ғайр аз калимаи риёзат чизи дигар намедонанд? Охир ҳавсалаам гирифт як шаб ба падарам гуфтам: 

Падар! Ин риёзат чист, ки маро девона сохтааст? Ҳар касеро, ки ба ману кокои чизфаҳм муаррифӣ кардӣ, ба ҷузъ аз калимаи риёзат чизи дигаре аз ишон нашнидам!

Падарам моҳирона ба ман гуфт. Бачам, ман низ наметавонам маънии риёзатро бифаҳмонамат. Ту худат ташбис кун. Аз рафиқон ва ҳамсафони худ бипурс! Аз муаллимини худ бипурс! Аз Қаюми Кокоят бипурс. Аз қавму хеши босаводи мо бипурс. 

Аз ҳунармандоне, ки ту ишонро коко мегӯйи бипурс. Рости мақсуди падарамро пурра намедонистам. Аммо эҳсос мекардам, ки падарам мехоҳад муаммоеро бароям ҳал кунад. Ва ҳам дарк мекардам, ки дар калимаи риёзат бояд асроре нуҳуфта бошад, ки падарам ва дӯстони хубаш мехоҳанд маро ба он ошно бисозанд.

Воқеан, ҳамин тавр буд. Вақте ман аз як дӯсти қадрманди падарам хостам, ки риёзатро бароям маънӣ кунад, вай чунин гуфт:

Риёзат дар зоҳир як калима аст. Аммо дар ҳақиқат ин як баҳри тавил аст. Ту бояд шиновар шавӣ ва дар он баҳри тавил шино кунӣ то бо Риёзат ошно шавӣ. 

Мунтазир мондам, ки кокоям дигар чи хоҳад гуфт? Аммо дигар ҳеҷ нагуфт. Рӯзи дигар аз дӯсти дигари падарам пурсидам, ки: 

Риёзат чист? 

Ун муборак гуфт: 

Достони Фарҳод ва Ширинро бихон ва бидон, ки риёзат чист?

Гуфтам: Манзурат Фарҳоди кӯҳкан аст? 

Гуфт: Бале!

Чора надоштам, рафтам достони Ширин ва Фарҳодро хондам ва Фарҳодро шинохтам. Бори дигар аз дӯсти дигари падарам пурсидам, ки:

Риёзат чист? 

Бароям гуфт:

Бирав зиндагии Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммад Балхиро бихон!

Барояш гуфтам: Номи китобе, ки зиндагии Мавлоно Балхиро шарҳ кунад, чист?

Гуфт: Пила ба пила то мулоқоти Худо. 

Гуфтам: Нависандааш?

Гуфт: Доктор Абдулҳусейни Зарринкӯб.

Чора надоштам. Рафтам, зиндагии Мавлонои Балхиро хондам.

Аз муаллими саёнси худ пурсидам, ки:

Риёзат чист? 

Бароям гуфт?

Бирав зиндагии Энштейнро мутолиа кун!

(давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi