16:38:14 23-уми Августи 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ШАВҚИ ХОНДАНИ РОГ ӮРО БА ҲИНДУСТОН БУРДААСТ

 

 

 

-Ташаккур, хеле хуб хондед, таъсирбахш. Мехостам бифаҳмам, ки баъди бозгашт ба Тоҷикистон Шумо ҳамин донишҳои андӯхта ва ҳунарҳои омӯхтаатонро истифода бурдед ё не? Дар ягон ҷо консерт додед ва ё ягон машғулияте гузаронидед?

-Мутаассифона не. Моҳи октябри соли 2008 дар Ҳиндустон рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳиндустон баргузор гардиданд. Ман дар он иштирок карда як ғазалеро аз як кинофилми ҳиндӣ, ки онро Аша Бҳослӣ суруда буд, хондам. Ба ҳама писанд омад. Хатто вазири фарҳанги Тоҷикистон ҷаноби Мирзошоҳрух Асрорӣ маро ташвиқ карданд. Баъдан дар як конферонсе ба муносибати ёдбуди устод Рӯдакӣ дар ҳамон Ҳиндустон як суруди қавволии Амир Хусрави Деҳлавиро хондам. Он суруд «Чҳапу пилак» ном дорад. Онро ҳатто Лата Мангешкар хондаанд. Баъди хондани ин суруд муаллимони мусиқии дигар манотиқи Ҳиндустон омада аз ман мепурсиданд, ки ман аз куҷои Ҳиндустон ҳастам. Вақте мегуфтам аз Тоҷикистон ҳастам бовар намекарданд. Хулоса дастандаркорони ҳунари мусиқии Тоҷикистон медонистанд, ки чунин як тоҷики мутахассиси соҳаи мусиқии классикии ҳиндӣ дар кишвар ҳаст. Вале баъди баргаштан касе маро суроғ накард. Умуман дар Тоҷикистон барои рушди ҳунармандони боистеъдоди ҷавон мушкилот зиёд аст.

Хулоса вақте мебинӣ, ки бо ҳунар рӯзатро пеш бурда наметавонӣ, маҷбур мешавӣ, ки ба дигар кор гузарӣ. Ман масалан наметавонам дар тарабхонаҳо ва ё тӯйҳо овозхонӣ кунам. Ман чунин ақида дорам, ки овозхонро дар тӯй намешунаванд. Мардум асосан дар тӯйҳо ба хӯрдану рақсидан машғуланд. Агар овозхон хато ҳам хонад, касе ба ӯ аҳамият намедиҳад. Дар Ҳиндустон давлат консертҳои овозхонҳои ҷавонро ташкил мекунад ва ба онҳо боз пул ҳам медиҳад. Ҳамин корро соҳибкорҳои боҳиммат ва туҷҷори саховатманд низ мекунанд. Мутаассифона, ин чиз дар мо расм нашудааст. Ҷун дидам, ки рӯзам аз ҳисоби ҳунари мусиқӣ пеш намеравад, ба ихтисоси аввалаам, яъне соҳаи иқтисодиёт, баргаштам. Феълан ба ҳайси менеҷер дар як ширкати формацевтӣ кор мекунам. Ман дар ин ҷо пул кор карда бахши онро ба рушду нумӯи ҳунари дуввумам, яъне овозхонӣ сарф мекунам. Дискҳои гуногунро мехарам, сурудҳои худамро сабт мекунам ва ғайраву ҳоказо.

-Ба ягон ансамбл ҳам даъват нашудед?

-Не. Ба ягон ансамбл ҳам даъват нашудам. Фақат гоҳҳо бо овозхонҳои афғонӣ дуэт мехонам. Овозхонҳои афғонӣ чун медонанд, ки ман мусиқии классикии ҳиндиро омӯхтаам, мехоҳанд, ки бо ман сурудҳои дугона бихонанд. Мусиқии афғонӣ низ аз мактаби мусиқии рогҳо маншаъ мегирад. Масалан соли гузашта бо даъвати Назир Хоро, яке аз сарояндагони маъруфи афғон як сафари ҳунарие ба Афғонистон доштам. Дар онҷо мо дар Кобул як консерти муштарак низ доир кардем. Дар он консерт чанд суруди дугона низ хондам бо Назир Хоро.

-Фикри ба дигарон омӯзондани донишҳои андӯхтаатонро надоред?

-Феълан не. Чунки барои ин кор ҳам маблағ даркор ҳаст.

-Ба фикри Шумо дар мо аз овозхонҳои ҷавоне, ки сурудҳои ҳиндӣ мехонанд, ки хубтару бехато мехонад?

- Гуфтан даркор аст, ки овозхонҳои ҷавони мо аксаран кори оқилона мекунанд. Пеш аз он ки ягон суруди ҳиндиро бисароянд, онҳо дурустии суруди таҳиякардаашонро аз нафарҳое, ки забони ҳиндиро медонанд, мепурсанд. Вале дар байни онҳо Сӯҳроби Маҳмуд сурудҳои ҳиндиро хеле хуб мехонад. Дар Ҳиндустон боре ӯ консерт дода буд, Ман ҳам дар он консерт ширкат доштам. Ба чашми сар дидам, ки мухлисон чӣ гуна ӯро гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Ҳатто устодони мо овози ӯ ва тарзи хонданашро хеле таъриф карданд. Гуфтанд, ки агар ин овозхон дар Ҳиндустон мебуд, дар ин ҷода ба муваффақиятҳои бештаре ноил мегашт.

-Ташаккур барои як сӯҳбати ҷолиб

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
+5 #4 RE: ШАВҚИ ХОНДАНИ РОГ ӮРО БА ҲИНДУСТОН БУРДААСТGuest 04.07.2011 20:16
Ин Шамсиллои аз бахилиаш намедонад чи кор кунд барои хамин ин тавр суханони кабех менависонад. Худаш алакай аз навиштачоташ маълум аст, ки бесавод аст боз дигар дигархоро механдад. Ин зан дар Хиндустон шеър мехондаст ту чи як тавлак хато зада наметони барои хамин гапой бехуда даркор нест хоб бародари азиз.
 
 
+3 #3 RE: ШАВҚИ ХОНДАНИ РОГ ӮРО БА ҲИНДУСТОН БУРДААСТGuest 02.06.2011 14:43
Шамсиллои чун бе фойда бузургон нагуфтаанд забон дони чахон дони. Пас агар ба зани дигар суруд хонем оё бе акл мешавем? ин суханхои ту сад дар сад нодуруст аст, ман ба фикри Шамсиддин розиям, ва даст гири мекунам. як матали точики аст ки мегуян ки мо дар космос гаштему ту дар пахтачи хасти Шамсиллои чун....
 
 
+4 #2 RE: ШАВҚИ ХОНДАНИ РОГ ӮРО БА ҲИНДУСТОН БУРДААСТGuest 02.06.2011 10:48
Салом Шамсилло. Бовар кунед агар вактхои охир сурудхои форсии гуфтагита гуш кунем, он кадар маззадор нест. Оне, ки Ситораи Машрикзамин Ахмад Зохир мехонд, ба монанди у садсолахои дигар Ахмаде чило нахохад кард. Ва баъдан, агар маънои хамин сурудро ки хонум Парвин зам-зама кардааст, сарфахм мерафтед, шояд чунин ибрози назар намекардед. Суруду филмхои хинди дар зиндагии мо пандомузандаанд , на он ки инсонхоро бесавод мекунанд. Агар дар хаёти шумо худи шуморо филмхои хинди бесавод карда бошад, пас он чизеро ки бояд медидеду босавод мешудед, шумо фарсаххо аз он дур рафта будед... Барои хамин тавсия мекунам, ки филмхои Шохи Кинои Болливуд Рач Капурро тамошо кунед, аклатон ба чояш бар мегардад.
 
 
-2 #1 RE: ШАВҚИ ХОНДАНИ РОГ ӮРО БА ҲИНДУСТОН БУРДААСТGuest 01.06.2011 19:46
Хамин забони форси-кати суруд хонем, бисьёр бехтар.Суруду филмхои Хинди инсона беакл мекунад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1