16:34
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
ЧОПИ АСАРИ РАИСИ ФАРҲАНГИСТОНИ УЛУМИ ЭРОН БА ХАТТИ СИРИЛЛИК
Мақолаҳо - Адабиёт ва фарҳанг
30.11.2011 21:17

Китоби “Дар бораи илм”-и Ризо Доварии Ардаконӣ, раиси Фарҳангистони улуми Эрон дар Тоҷикистон ба хатти сирилик мунташир шудааст. Дар маросими муаррифии китоби “Дар бораи илм”, ки ахиран дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон баргузор шудааст, окодемисян Маҳмадшо Илолов, раиси ин фарҳангистон, онро осори боарзиши фалсафӣ ва барои донишмандони тоҷик муфид арзёбӣ кард.

/images/stories/davari.ardakani_301111.jpgБа гуфтаи оқои Илолов, дар зарфи 50 сол Ризо Доварии Ардаконӣ ба пажӯҳиши бахши фалсафа машғул буда ва дар ин муддат мақолоту кутуби зиёдеро мунташир кардааст. Манобеъи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфтанд, китоби “Дар бораи илм”-и Ризо Доварии Ардаконӣ аз маъдуд осори илмӣ ва пажӯҳишии донишмандони эронӣ маҳсуб мешавад, ки ба таври комил ба хатти сирилик баргардон шудааст.

Ҳамчунин, оқои Ардаконӣ бо аксари кулли орои донишмандони тоҷик узви ифтихории Фарҳангистони улуми Тоҷикистон интихоб гардид. Дуктур Ризо Доварӣ Ардаконӣ аз донишмандони саршиноси Эрон буда, раёсати Фарҳангистони улуми ин кишварро ба ӯҳда дорад ва профессури Донишгоҳи Теҳрон аст.

Оқои Ардаконӣ муаллифи осори ғании илмӣ буда ва “Пушти тафаккури муъосир”, “Пояҳои назарии тамаддуни ғарбӣ” ва “Дар бораи илм” аз маъруфтарин китобҳои ӯ маҳсуб мешавад. Ин китоб нашриёти "Дониш"-и Тоҷикистон ба дасти чоп расид.

Би-Би-Си
Миқдори нигориши мавод: 183

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh