КИТОБИ НАВИ СУЛТОНИ ҲАМАД «АҲМАД ЗОҲИР ВА МУСИҚИИ ҒАРБ»
Таҳти унвони «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» нашриёти «Бухоро»-и пойтахти Тоҷикистон китоби пажӯҳишгари осор ва аҳволи хунёгари нотакрор Аҳмад Зоҳир Султони Ҳамадро ба теъдоди 1000 нусха ба табъ расонд.
Дар сабаби таълифи китоб дар муқаддима муаллиф менависад, ки «Аҳмад Зоҳир дар байни овозхонҳои тоҷик аз маҳбубияти беандоза баланд бархурдор аст. Овозхонҳои имрӯзи мо бештар аз дигарон сурудҳои ӯро ба репертуари худ ворид мекунанд ва бисёр мехоҳанд дар бораи роҳи эҷодии ӯ ҳарчи бештар маълумот дошта бошанд, аз таҷрибаи ӯ баҳра бигиранд. Аз сӯи дигар мухлисон ва алоқамандони садои Аҳмад Зоҳир дар ҳамаи қишру табақаҳои ҷомеа, аз аробакаши бозор то мансабдори сатҳи баланд, хеле зиёданд.
Онҳо низ ҳар як маълумоти роҷеъ ба Аҳмад Зоҳир ба нашррасидаро пайгирӣ мекунанд ва талош меварзанд, ки ҳар он чизеро, ки дар робита бо ӯ чоп мешавад, бихонанд. Аз ин рӯ навиштани мақолаҳо ва рисолаҳои ҷиддӣ, ки дар онҳо асрори комёбиҳои ин нобиғаи олами мусикӣ ба риштаи тасвир кашида мешаванд, ба мақсад хело мувофиқ аст. Зеро ин навъ навиштаҳо хоҳ нохоҳ ба баланд шудани сатҳи маърифати ҳам овозхонҳо ва ҳам алоқамандони мусиқии ноб мусоидат мекунад.
Дар замоне, ки як иддаъ аз ҷавонони қобили меҳнати кишварамон, ки дар байнашон дӯстдорон ва алоқамандони мусиқии ноб кам нестанд, дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷ аз кишвар, ба хусус, дар кишварҳои аврупоӣ ба сар мебаранд, донистани осори Аҳмад Зоҳир ва нақши вай дар баҳамназдиксозии мусиқии Шарқу Ғарб, ба фикри мо аз манфиат холӣ нест».
Ин китоб, ки 264 саҳифаро дар бар мегирад, аз ду қисм иборат аст. Дар қисмати аввали китоб муаллиф дар бораи кай ва чӣ гуна мусиқии ғарбӣ ба Афғонистон ворид гардидааст, аввалин мутрибони созҳои аврупоӣ аз ҷумлаи мутахассисини маҳаллӣ ва хориҷӣ дар Афғонистон киҳо будаанд, омотурон дар баҳамназдиксозии мусиқии ғарбиву маҳаллӣ чӣ нақш доштанд то андозае маълумоти ҷолиб додааст.
Сипас ӯ ба баррасии он сурудҳои Аҳмад Зоҳир мепардозад, ки онҳо дар пояи таронаҳои оҳангсозону овозхонҳои машҳури ғарбӣ таҳия гардидаанд. Дар иртибот бо ин ӯ аз оҳангсозону овозхонҳо, муаллифони матн ва таъричаи таронаҳои ғарбие ёд мекунад ва иттилои муҳим медиҳад, ки бархе аз сурудҳои Аҳмад Зоҳир бар пояи ин таронаҳо иҷро шудаанд. Масалан ӯ менависад, ки яке аз сурудҳои машҳури Аҳмад Зоҳир «Шабе зи шабҳо ману ту танҳо» бар пояи оҳанги як суруди овозхони маъруфи амрикоӣ Элвис Пресли «Its now or never» («Ҳамин ҳоло ва ё ҳаргиз»), таҳия гардидааст. ки дар навбати худ ин таронаи Элвис Пресли бар пояи суруди машҳури неополитании «O sol mio» («Офтобаки ман») эҷод шудааст.
Муаллиф дар ин ҷо дар бораи таърихчаи эҷодшудаи ин ҳарду суруди ғарбӣ ва инчунин суруди худи Аҳмад Зоҳир «Шабе зи шабҳо, ману ту танҳо» маълумот дода аз овозхонҳои машҳури ғарбӣ, русӣ ва овозхонҳои тоҷикиву афғонӣ ном мегирад, ки ин таронаҳоро сурудаанд. Аниқтараш на танҳо ёд мекунад, балки дар бораи тарҷумаи ҳоли бархе аз онҳо маълумот медиҳад. Матни таронаҳоро ҳам ба забонҳои асл ва ҳам дар тарҷумаи тоҷикӣ ҳангоми баррасии суруд меорад.
Ба ҳамин тарз дар бораи дигар таронаҳои бар пояи мусиқии ғарбӣ эҷоднамудаи Аҳмад Зоҳир, аз ҷумла «Ёди рӯзгори ширин» («Torna a Surriento», «Surrender»), «Дилбаро гар ту ёри ман бошӣ» («La Paloma», «No More»). «Зебонигорам ба ман нигоҳ кун» («Those were the days», «Дорогой длинною»), «Танҳо шудам, танҳо шудам» («Эл-Бимбо»), «Ай гулъузори ман» («Les enfants de tous pays»), «Донам чаро чашмони ту» («La femm de mon ami»), «Туро афсуни чашмонам зи раҳ бурдаст медонам» («En blu jeans et blouson d сluir») ва ғайра маълумоти хеле ҷолибу муфассал додааст.
Дар идомаи ҳамин қисмати китоб муаллиф дар бораи маҳбубияти таронаҳои Аҳмад Зоҳир дар дунё, ба хусус дар Осиёи Марказӣ, минҷумла дар Ӯзбекистону Қирғизистону Турканистон сухан гуфта аз овозхонҳое ёд мекунад, ки таронаҳои Аҳмад Зоҳирро ҳам ба дарӣ хондаанду ҳам дар пояи оҳангҳои таронаҳои Аҳмад Зоҳир ба забонҳои модариашон суруду таронаҳо месароянд. Инчунин муаллиф аз шоирон ва овозхонҳои ӯзбек гуфтааст, ки дар васфи Аҳмад Зоҳир шеър навиштаанду тарона сароидаанд. Матни ин шеъру таронаҳо ба забони ӯзбекӣ дар ин қисмати китоб низ оварда мешавад. Бархе аз ин шеърҳо бо усули тарҷумаи таҳтуллафзӣ ба тоҷикӣ баргардон низ шудаанд.
Дар ҳамин қисмати китоб муаллиф дар бораи мутрибони Аҳмад Зоҳир, дар бораи онҳое, ки ҳангоми сохтани оҳангҳои Аҳмад Зоҳир созҳои аврупоиро навохтаанд, азҷумла Фақирмуҳаммади Нангиёлай (трумпетнавоз), Муҳаммад Исмоили Аъзамӣ (саксафоннавоз), Муҳаммад Анвари Навшод (аккордеоннавоз), Абдуллоҳи Эътимодӣ (ҷозбанд ё худ ударник), Халил Роғиб (ҷозбанд) ва дигарон маълум маълумоти муфассал додааст.
Дар ин робита муаллиф аз таронаҳое ном гирифтааст, ки ин мутрибон дар навохтани онҳо ширкати фаъол доштаанд. Дар бораи ду оҳангсози машҳури Афғонистон Фазлаҳмади Найнавоз ва Шоҳвалӣ Валии Таронасоз низ маълумоти ҷолиберо дар бобҳои махсус ба онҳо бахшидашудаи ҳамин қисмати китоб хонанда пайдокарда метавонад.
Дар қисмати дуввуми китоб сад таронаи Аҳмад Зоҳир замима гардидааст. Ин бори аввал дар аҳмадзоҳиршиносӣ ҳаст, ки сад таронаи ӯ бо нишон додани ҳам муаллифони матн ва ҳам муаллифони оҳанг дар як китоб ба нашр мерасанд. Муаллиф дар авали замимаи китоб 50 таронаеро пешниҳод мекунад, ки оҳангҳояшон сохтаи худи Аҳмад Зоҳири нотакрор мебошанд. Баъдан 25 таронаи, ки оҳангҳояшон сохтаи Фазлмуҳаммади Найнавоз мебошанд, оварда мешаванд.
Боқимонда 25 таронаи дигар сохтаҳои Шоҳвалӣ Валии Таронасоз мебошанд. Муаллиф менависад, ки матни таронаҳои пешниҳодшуда бо дарназардошти тағйироту иловаҳо дар вариантҳои мухталифи ҳамон як суруд таҳия гардидаанд. Барои мисол агар шумо ҳангоми шунидани суруд ва бо матни китоб муқоиса намудани он байти изофиеро дар матни китоб пайдо намоед, бидонед, ки ин суруде, ки шумо шунида истодаед, варианти дигаре низ доштааст, ки ин байти иловагии китоб дар он вариант омадааст.
Дар боби аксҳо низ дар баробари аксҳои ҷолиби Аҳмад Зоҳир, мутрибони ӯ, овозхонҳои ғарбӣ инчунин аксҳое аз архиви шахсии бархе аз оҳангсозони тоҷик бори аввал ба нашр расидаанд. Дар рӯйхати адабиёти истифодашуда, ки дар поёни ин рисола омадааст, номгӯи қариб сад китоб оварда шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки аз ин пеш Султони Ҳамад дар бораи аҳвол ва осори ин нобиғаи олами мусиқӣ ду китоби дигар «Аҳмад Зоҳир-султони қалбҳо» (соли 2005) ва «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ» (соли 2007) ба нашр расонда буд, ки аз сӯйи ҳаводорони садои сеҳрангези ин овозхони нотакрор ба истиқболи гарм рӯ ба рӯ шуда буданд.
«Рӯзгор»
Шарҳҳо
Масалан, "баррасии суруд" иборат нест,чунки ё маънои сурудро таҳқиқ мекунанд,ё чигунагии фикре ки дар ӯст, мегӯянд ва ҳоказо. Калимаи "омотур" низ ба забони тоҷикӣ хос нест ва решааш фаронсавӣ аст, маънояш ба тоҷикӣ тақрибан "дӯстдор", ё "мафтун" аст. Чи гуна калимаҳои зебое! "Бархе" фақат дар ҳолати махсус истифода бояд шавад, чунки калимаҳои хуби тоҷикии "баъзе", "чанде" ва қабили инҳо мавҷуданд...
Калимаи нестандарҷаҳони "аҳмадзоҳиршино сӣ" барои забоншиносон чун заҳри яқин аст...
Чокари шумо дар замину осмону дарёву ҳаво Бахтоваршоев Алигавҳар.
RSS Обуна