12:25:06 23-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ЁДЕ АЗ АБДУЛҲАЙ ҲАБИБӢ, ОЛИМИ НАМОЁН, ХОДИМИ СИЁСӢ ВА ҶАМЪИЯТИИ АФҒОНИСТОН

Дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ бо ибтикори ин муассисаи илмии кишвар ва Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон таҳти унвони «Абдулҳай Ҳабибӣ-олими намоён, ходими сиёсӣ ва ҷамъиятии Афғонистони муосир» бо ҳузури олимону донишмандон ва рӯзноманигорон тоҷику афғон конференсияи илмӣ баргузор гардид.

/images/stories/2012/12/24_qosimsho-iskandarov-241212.jpgДоктори илмҳои таърих, Қосимшо Искандаров-раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон дар ибтидои кори конференсия маърӯзаеро дар бораи «Зиндагинома ва фаъолияти илмӣ-сиёсии Абдулҳай Ҳабибӣ» ироа намуд. Ӯ азҷумла гуфт, ки Абдулҳай Ҳабибӣ 112 сол қабл дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон дар оилаи донишмандоне, ки аз лиҳози табори қавмӣ ба қабилаи Кокари паштун пайвандӣ доранд, таваллуд шудааст.

Илмҳои замони хешро ба таври омӯзиши хусусӣ дар назди донишмандони алоҳида гирифтааст. Ягон Донишгоҳи расмиро хатм накардааст. Дар натиҷаи мутолиаи китобҳои таърихӣ ва илмӣ-адабие, ки дар Эрону Ҳиндустон ба нашр расидаанд, савияи дониши хешро баланд бардошта, ба қуллаҳои баланди илмӣ мерасад. Тавассути  худомӯзӣ ба забонҳои англисӣ, урду балад мешавад. Бо забонҳои авастоӣ, санскрит, форсии миёна ошноӣ пайдо мекунад.

Аз 15 солагӣ ба фаъолияти меҳнатӣ мепардозад. Дар бисту ду солагиаш ба навиштани китобҳои илмӣ шурӯъ мекунад. Абдулҳай Ҳабибӣ беш аз 115 ҷилд китоб дар илмҳои таърих, адабиёт, бостоншиносӣ ва чопи осори классикӣ аз худ ба ёдгор гузоштааст. Абдулҳай Ҳабибӣ аз давраи ҷавониаш ба ҷунбиши машрутият алоқаманд буд.

/images/stories/2012/12/24_abdulhai-habibi-241212.jpgДар соли 1948 узви Парламони Афғонистон интихоб шуд. Соли 1951 маҷбур ба ҳиҷрат ба Покистон мешавад ва дар он ҷо ҳизби «Озод Афғонистон»-ро эҷод кард. Тавассути нашрияи ин ҳизби сиёсӣ, ки он ҳам «Озод Афғонистон» ном дошт, муборизаашро алайҳи низоми шоҳӣ шиддат мебахшад. Баъди бозгашт ба Афғонистон дар солҳои 60-уми мелодӣ ӯ корҳои сиёсиро канор гузошта, ба корҳои фарҳангӣ, ба хусус навиштани китобҳои таърихӣ, машғул мешавад. Абдулҳай Ҳабибӣ дар синни 74 солагӣ аз дунё мегузарад.

Дар конференсия олими таърихшиноси муқими Норвегия Муҳаммадобиди Ҳайдарӣ дар мавзӯи «Ҳуввияти этникии Ғурриён аз нигоҳи Абдулҳай Ҳабибӣ», олими тоҷик, афғоншиноси маъруф Савлатшоҳи Мерган дар мавзӯи «Офаридаҳои маҳҷур»-и Абдулҳай Ҳабибӣ, донишманди тоҷик Сайидхӯҷаи Ализода дар мавзӯи «Таҳқиқи масъалаҳои забон ва адабиёти форсӣ дар асарҳои А. Ҳабибӣ», муҳаққиқи афғоншиноси тоҷик Раҳматуллоҳ Абдуллоев дар мавзӯи «Нақши Абдулҳай Ҳабибӣ дар таҳқиқи таърихи ҷунбиши машрута дар Афғонистон» маърӯзаҳои хеле ҷолибе ироа карданд.

Андешамандони афғон Муҳаммадҳакими Аюбӣ, котиби якуми сафорат ва Имомиддин Салҷуқӣ, аташеи фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон дар бораи паҳлӯҳои мухталифи ҳаёт ва осори ин донишманди афғон ҳикоя карданд.

Донишманди тоҷик Сайфулло Саидов, ки солҳои зиёд дар Афғонистон кору зиндагӣ кардааст, аз хотираҳои худ дар бораи сӯҳбату мулоқотҳояш бо Абдулҳай Ҳабибӣ қиссаҳои шуниданиеро барои аҳли нишаст ҳикоят кард. Ба гуфтаи Сайфуллоҳ Саидов Абдулҳай Ҳабибӣ соли 1968 ба Тоҷикистон сафаре доштааст. Ӯ дар як конференси таърихшиносон, ки ба  мавзӯи тамаддуни Кушониён бахшида шуда будааст, ширкат намуда аз ҷойҳои таърихии Тоҷикистон дидан карда, бо аллома Бобоҷон Ғафуров мулоқотҳое низ доштааст.

Дар кори конференсия Абдулғафури Орзу, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ширкат намуда дар бораи нақши ин олими маъруф, ходими ҷамъиятиву сиёсии Афғонистон дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии ин кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя фикру андешаҳои муфидеро иброз дошт.

Дар хотимаи конференсия Қадриддин Ғиёсов, муовини директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ ба онҳое, ки дар таҳия ва баргузории ин конференсия ширкати фаъол доштанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд.

Абдулҳай Ҳабибӣ, олими намоён, ходими сиёсӣ ва ҷамъиятии Афғонистон

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi