17:43:32 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИДИ НАВРӮЗ АЗ НИГОҲИ БУНЁДГУЗОРИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ

 Дар ҷомеъаи муосири Тоҷикистони азиз ҳастанд афрод ва гурӯҳҳои алоҳидаи мазҳабие, ки ҷашн гирифтани Иди Наврӯзро мухолифи талаботи дини ислом медонанд ва талош меварзанд, ки аз таҷлили ин ҷашни пуршукӯҳи аҷдодӣ, ки акнун бо тасмими СММ мақоми байналмилалиро касб кардааст, мардум худдорӣ бикунанд.

1.ustod-nuri 250313Вале бунёдгузори ҲНИТ шодравон Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳанӯз ҳини дар қайди ҳаёт буданаш ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки бофарорасии ин иди қадимаи ниёгон аъзои ҳизб, алоқамандон ва ҷомеъаи Тоҷикистонро шодбош бигӯяд.

Матне, ки ҳамакнун, муштариёни гиромӣ, пешкашатон мешавад, паёми табрикии устод Нурӣ ба муносибати фарорасии иди Наврӯзи соли 2000 мебошад, ки он ҳамон сол дар арафаи ид дар ҳафтаномаи «Наҷот» ба нашр расида буд. Дар ин паёмаш устод Нурӣ дар баробари шодбош гуфтани мухотабонаш инчунин фикру андешаҳои худро дар мавриди ҷашнгирии иди Наврӯз иброз доштааст, ки ба фикри банда, ба табъ расидани он аз аҳамият холӣ нест.

Паёми наврӯзии роҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Биисмикааллоҳума

Ё муқаллибал қулуби валабсор ва ё мудаббирал лайли ваннаҳор ва ё муҳаввилал ҳавли вал аҳвол, ҳавил ҳолано ило аҳсанил ҳол.

Эй Худои гардонандаи чашму дилҳо,

Ва эй Худои тадбиркунандаи шабу рӯзҳо,

Ва эй Худои чархонандаи сол ва ҳолҳо,

Бичархон ҳоли моро ба сӯи беҳтарин ҳолҳо.

Мусалмонони тоҷик дар гузашта мунтазири дақоиқи интиҳоии соли кӯҳна ва фарорасии соли нав шуда, ҳамзамон бо ҳулули соли нав ин дуоро мехонданд.

Воқеан, ҳар касе, ки дар он дақоиқ бо дили пок, бадани пок ва хулуси ният ин дуоро бихонад, Худованд дар тамоми умури зиндагиаш ӯро муваффақ гардонида, ҳамеша корҳояш хуб мешаванд.

Вале пайравони дигар динҳо мунтазири аввалин дақоиқи сари солашон шуда ба ин хотир ҷомҳоро пур аз арақ мекунанд ва он арақро ба саломатӣ, бахт ва муваффақияти якдигар менӯшанд.

Бо он ки ба расму оини дигар миллатҳо эҳтиром қоил ҳастам, дар ин кор ҳеҷ мантиқеро дида наметавонам. Охир арақро барои худаш менӯшад ва маълум аст, ки нӯшонӯш ҳеҷ гуна рабте ва ё таъсире дар эҷоди бахт ва саодати дигарон надорад.

Фақат ҳамон сухани хайре, ки дар ҳаққи якдигар гуфта мешавад, мантиқӣ аст, ки инро бе нӯшонӯшӣ низ гуфта мешавад. Ба назар мерасад, ки ин як бидъате аст, ки дӯстдорони арақ онро ихтироъ кардаанд. Вагарна гоҳҳо дида мешавад, ки гурӯҳе ба саломатии сари якдигар менӯшанд ва дар охир сари ҳамдигарро мешикананд ва гоҳҳо якдигарро мекушанд.

Мутаасифона, инро мардуми мо низ одат кардаанд, ба ҷои он, ки бахту саодатро, сулҳу амният, тинҷиву оромиро аз Худо бихоҳанд, аз «тост» мехоҳанд, ки ин ғазаби Худоро ҷалб мекунад ва боиси бадбахтӣ мешаванд.

Наврӯз дар ҳақиқат дар Ислом ҷойгоҳи хоса надорад. Ин дар асл иди форсизабонон аст, ки аз номаш низ маълум аст. Наврӯз – рӯзи нав аз соли нав. Воқеан агар мо аз ҳодисаҳои таърихӣ сарфи назар кунем, рӯзеро, ки тоҷикон ҷашн мегиранд, дар ҳақиқат аз ҳама ҷиҳат ба рӯзи нав ва соли нав дуруст меояд.

Зеро ҳама чиз дар табиат нав мешавад, сабзаи нав, барги нав, Хашарот, ҳайвонот аз нав ба зиндагӣ шуруъ мекунанд ва дар давоми фаслҳои сол рушд мекунанд, мепазанд, мерасанд ва оҳиста – оҳиста кӯҳна мешаванд. Яъне исм бо маъно мувофиқат мекунад. Аммо дар дигар солшумориҳо исм бо маъно ва воқият баробар намеояд.

Агарчи Наврӯз иди исломӣ нест, вале бузургони Ислом ба он рангу бӯи исломӣ дода, онро истиқбол кардаанд ва ҷашн гирифтаанд. Ниёгони мо низ бо он, ки шахсиятҳои бузурги исломӣ буданд, дар эҷодиёти худ аз он ба некӣ ёд кардаанд. Ва онро ҳамчун иди миллӣ шинохта бо мардум якҷоя дар он рӯзҳо хурсандӣ намудаанд.

Ҳатто уламои исломӣ аз Қуръони Карим ҳафт саломро гирифта дар коғазе менавиштанд ва аз Худованди Таборак ва Таъоло саломатӣ мехостанд. Ва онро чун тумор дар хона ё ашхос бо худ нигоҳ медоштанд.  

Суфраи «Ҳафтсин», ки ба ин муносибат андохта мешавад ва дар он ҳафт навъ ашёе, ки ба зиндагии иқтисодии инсон тааллуқ дорад ва ба ҳарфи син сар мешавад ҷамъ оварда мешавад. Аз як тараф ин як фазои идонаро эҷод мекунад ва аз тарафи дигар рамзи сарсабзии ҳаёт ва серию пурӣ дар соли ҷадид мебошад.

Мардум ва махсусан, кишорварзон, пул ҷамъ карда ба сари киштзор ва боғу токзорҳои худ рафта маърака меороянд ва навъҳои гуногуни хӯрок мепазанд ва ҷашнҳои гуногун меороянд. Ва аз ҳама муҳимаш он, ки ҳатман домуллоеро даъват намуда барои пурбаракт ва ҳамчунин барои тинҷӣ ва оромии мамлакаташон дуо мекунад.

Дар воқеъ, фурсати муносибест барои дуо. Ва худи дуо оини муносибест дар ин фурсат. Зеро бе лутфи Худои Таъоло донае аз хок неш намезанад ва шохи дарахте баргу гул намекунад. Ин Худованди бахшанда ва меҳрубон аст, ки шароити муносиб барои нашъунамои зироату дигар маҳсулот муҳайё месозад. Агар, Ӯ Таъоло, бихоҳад, ки биборад, он чунон меборад, ки ҳама зери об мемонад. Ва ҳеҷ касе, ҳеҷ қуввае наметавонад онро пешгирӣ намояд.

Ва агар бихоҳад, ки наборад ҳама аз хушксолӣ нобуд мешаванд ва касе наметавонад, ки бориши кофӣ барои курраи замин муҳайё созад. Пас банда оҷиз аст, ҳатто агарчи монанди Япония пешрафта ва монанди Амрико қудратманд бошад. Барои пайдо шудани абр ва интиқоли оби ширин ба ҷойҳои мухталиф ва захираи он абр дар қуллаи кӯҳҳо кори зиёде анҷомдода мешавад, то мояи ҳаёти рӯи замин ба вуҷуд ояд. Яъне Худованд тамоми афлокро ба кор меандозад, то махлуқоташ рушд ва нумӯ кунанд.

Абру боду моҳу хуршед фалак даркоранд,

То ту нони ба каф орию ба ғафлат махӯрӣ.

Ҳама аз баҳри ту саргаштаю фармонбардор,

Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ.

Воқеан бе инсофист, ки дар баробари он лутфе, ки офаридгор ба мо мекунад, мо фармони ӯро иҷро накунем.

2.ustod-nuri 250313Бубинед, лутфи Худоро ба мо ва Шумо. Рӯзи иди қурбон барф борид, ногаҳонӣ ва он қадар зиёд, ки дар баъзе манотиқ то 50 – 70 см расид. Мо бандагони ноқис тааҷҷуб кардем ва баъзе дигар ашхоси мунофиқ суханони куфромез низ гуфтанд. Вале Худованд бо баракоти иди Қурбон, бо баракоти ҳаҷи хоҷиён ин барфро эҳдо намуд то захираи оби ин минтақа кофӣ бошад.

Дар ин шабу рӯз мутахассисини марбут ба оби ҷумҳурӣ аз камбудии захираи об шикоят доштанд. Ҳатто чанд соат аз додани барқ ба мардум худдорӣ карданд, то дар айёми тобистон дучори мушкил нашаванд. Худованд, ки мутаббири лайлу наҳор аст, ин барфро ато кард, ки иншоаллоҳ, мушкилро ҳал мекунад.

Худованди таборак ва Таъоло дар ҳафт ояти Қуръон тамоми анвои хӯроки инсонро ва ҳайвонро ҷамъ оварда фармудааст:

Сайри гулзор, ки ё Раб, дар назар дорад баҳор,

Аз пари товус доман бар камар дорад баҳор.

Шабнами моро ба ҳайрат об мебояд шудан,

К- аз дили ҳар зарра тӯфоне дигар дорад баҳор.

Ранги доман чидану бӯи гул аз худ рафтан аст,

Ҳар куҷо гул мекунад, барги сафар дорад баҳор.

Ҷилва то дидӣ ниҳон шуд, ранг то дидӣ шикаст,

Фурсати арзи тамошо ин қадар дорад баҳор.

Сайри ин гулшан ғанимат дон, ки фурсат беш нест,

Дар тилисми хандаи гул болу пар дорад баҳор.

«Бояд инсон ба таомаш назар андозад!

1.Мо бо ҳикмати худ обро мерезонем.

2.Баъдан заминро пора месозем.

3.Ва ғалладонаҳоро мерӯёнем.

4.Ва ангуру.

5.Ва зайтуни нахли хурмо.

6.Ва боғоти сердарахт ва пурмева.

7.Ва меваҷот, анвои алафҳоро барои шумо ва ҳайвоноти шумо мерӯёнем.

Аз ин оятҳо маълум мешавад, ки агар Худо бихоҳад неъмат зиёд мешавад ва агар нахоҳад аз дасти касе коре сохта нест.

Шояд суфраи ҳафтсин аз сомони зиндагӣ густурда шуда бошад. Зеро дар он ҳафт син наметавон ҳамаи асбоби зиндагиро ҷамъ овард, вале дар ин ҳафт оят ҳамаи асбоби зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.

Акнун хонандагони азиз, мехоҳам нуқта назари Исломро оиди иди Наврӯз хидмати шумо арз кунам. Дар аксари китобҳои фиқҳи ҳанафӣ ин идро Наврӯз ва наорӯз ёд намуда ҷашн гирифтани онро мамнӯъ медонанд. Иллати мамнӯъияташ он аст, ки ин бадини оташпарастон тааллуқ дорад ва иди динии онҳост. Бале, аз ин нуқта назар ба эътиқоди он, ки шахс худро иҷрокунандаи як навъ ибодат бидонад, хеле гуноҳи сахт аст.

Вале ин идро ҳамчунин иди миллӣ, иди сари сол, иди деҳқон ва иди кишоварз таллаққӣ кунанд. Умед аст ҳеҷ гуна ба эмони банда зараре нахоҳад расид.

Зеро ҳазрати Расул (с) идҳои миллиро муҷоз медонист. Як ривояте ба ёдам ҳаст, ки рӯзе ҳазрати Абӯбакр (р) ба дидори духтари хеш Оиша (р) ба хонаи Расули Акрам (с) рафта буданд.Чун вориди ҳавлӣ шуд, дид, ки як села духтаракон ҳамроҳ бо ҳазрати Оиша (р) доира мезананд, сурудхонӣ ва хурсандӣ мекунанд. Ҳазрати Абӯбакр (р) онҳоро манъ кард. Ҳазрати Расуллулоҳ (с) хоб буданд, сар аз зери ридо берун карда фармуданд: «Эй Абӯбакр, бигзор хурсандӣ кунанд, имрӯз рӯзи иди миллии ҳамин қавм аст».

Ҳамватанони азиз! Ман ҳам бо пайравӣ аз сарвари коинот (с) ҳамаи шуморо ба муносибати ин иди миллӣ, иди баҳор, иди файзу баракат, иди сулҳу ваҳдат табрик намуда, дуо мекунам, ҳамеша зиндагиатон чун баҳорон зебову пурбор ва дар дунёву охират Худо ёратон бошад.

Аллоҳума ҳоввил аҳволано ило аҳсанил ҳол. 

Ҳафтаномаи «Наҷот», 20 марти соли 2000

Таҳиякунанда Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi