23:46:34 11-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

60 000 сомонӣ ҷаримаи мушовири раиси ҲНИТ барои бисёрзанӣ Хабар 27.05.2015 21:28 990
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мушовири раиси​ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Саидиброҳими Назарро бо ҷурми бисёрзанӣ 60 000 сомонӣҷарима баст. Ин хабар шоми 27 май тавассути барномаи “Ахбор”-и шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон нашр шуд.
Ду парвандаи фасод алайҳи раҳбарони ФИФА Равзана ба ҷахон 27.05.2015 21:26 1100
Додситонии Швейтсария аз оғози парвандаи ҷиноӣ дар робита ба чигуна ба даст омадани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 ва Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 хабар дод. Рӯзи 27 май ҳамчунин 6 мақоми аршади ФИФА дастгир шуданд.
38 корманди Оҷонсии зиддифасодро ба нафақа гусел карданд Хабар 27.05.2015 21:25 1079
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 26 май дар сомонааш хабар дод, ки 38 корманди ба синни бознишастагӣ расидаашро бо баргузории як ҷаласаи тантанавӣ ба нафақа гусел кардааст.
Сулаймонӣ: Ҷуз Эрон касе тавони муқобила бо "Давлати исломӣ"-ро надорад Хабар 27.05.2015 21:23 1074
Фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфтааст, ки ҷуз Эрон ҳеҷқудрат тавони муқобила бо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро надорад.
Ноиби раиси БДА: "Агар нозирон набошанд, вазъи хиёбонҳо баҳам мехӯрад" Иҷтимоъ 25.05.2015 09:22 1363
Мирзо Сафаров, муовини раиси Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки аксари ронандагон қоидаҳои ҳаракатро риоя накарда, гоҳе мехоҳанд болои нозирони БДА низ фишор оваранд.
"Таърихи Русия"-и Зафар Саидзода барои муҳоҷирони тоҷик Муҳоҷират 25.05.2015 09:10 2868
Китоби сухангӯи собиқи раисиҷумҳури Тоҷикистон бо номи "История России" чоп шуд, ки ба қавли муаллиф барои супоридани имтиҳони забону таърих ва фарҳанги Русия барои муҳоҷирон ёрӣ хоҳад кард.
Дар ҷустуҷӯи "полковник"-и Додситонии кулл Иҷтимоъ 25.05.2015 09:08 1209
​Як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, барои аз қисми низомии Хоруғ ба пойтахт овардани писараш ба як "полковник"-и Додситонии кулл 750 доллар ва 20 ҳазор рубл дода, вале ӯро пайдо карда наметавонад.
Ба таври мармуз ғайб задани як нозири Раёсати маҳбасҳо Иҷтимоъ 25.05.2015 09:04 1150
Наздикони Ҷӯрабек Дӯстов, маъруф бо лақаби "Дустум" - нозири бахши махсуси Раёсати зиндонҳои Тоҷикистонро дар кӯҳу дараи кишвар мекобанд. Аммо иддае мегӯянд, ки ӯҳам ба Сурия рафтааст.
Сафари наздики Оқохон дар айни 20-солагии аввалин дидораш аз Тоҷикистон Сиёсат 25.05.2015 08:56 1253
Аз замони аввалин сафари Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ба Тоҷикистон бист сол гузашт. Ӯ моҳи майи соли 1995 вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар Ишкошим бо сокинон сӯҳбат анҷом додааст.
Э.Раҳмон гуфт, ба ҷавонон роҳбариро бовар мекунанд Сиёсат 25.05.2015 08:48 1148
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми аз ҷалби ҷавонон ба корҳои идоракунии давлатӣҳимоят кард, аммо аз он таассуф хӯрд, ки, ба гуфтаи ӯ, бархе ҷавонон ба ҷойи илмомӯзӣ ба корҳои номатлуб даст мезананд.