Хазина аз
Узбакҳо ба касе раъй медиҳанд, ки 'равобит бо Тошкандро беҳтар кунад'
Сиёсат
03.10.2013 13:28
874
Анҷумани узбактаборони вилояти Хатлон мегӯяд, ки сокинони узбактабори ин вилоят дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба номзаде раъй хоҳанд дод, ки битавонад ба муносиботи сарди Тоҷикистону Узбакистон хотима диҳад.Аъзои ин анҷуман дар мавриди ин тасмим рӯзи шанбеи 28 сентябр дар ҷаласае раъй додаанд ...
Малола ва Сновден дар феҳристи номзадҳои ҷоизаи Сахаров
Хабар
03.10.2013 13:25
838
Парлумони Аврупо номи Малола Юсуфзай ва Эдвард Сновденро дар феҳристи номзадҳо барои дарёфти ҷоизаи Сахаров қарор додааст.Тибқи гузоришҳо, интихоби барандаи ҷоизаи имсоли Сахарови Парлумони Аврупо дар марҳилаи поёнӣ аст ва Малола Юсуфзай, фаъоли таълими духтарон аз Покистон, Эдвард Сновден ...
Бобоназарова аз эҳтимоли нарасидани имзоҳо ба тарафдориаш мегӯяд
Хабар
02.10.2013 15:53
833
Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон гуфтааст, "фазои зиддинаҳзатӣ" дар ҷомеъаи кишвар дар ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадии ӯро душвор кардаасрт.Хонуми Бобоназарова рӯзи чоршанбеи 2-уми октябр гуфт, тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ ...
Ғаффоров: «Агар имзои кофӣ ҷамъ накунам, истеъфо медиҳам»
Сиёсат
02.10.2013 15:51
804
Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сусиёлист ва номзади мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки агар натавонад имзои шумори кофии тарафдоронаш барои номзадӣ дар интихоботро ҷамъ оварад, аз раҳбарии ҳизб истеъфо хоҳад кард. Ҳамчунин, оқои Ғаффоров дар суҳбате ихтисосӣ бо ҳамкорамон ...
Исмонов: «Ман ба хотири ҳеч кас номзадиямро пас намегирам»
Сиёсат
02.10.2013 15:47
760
Раҳбари ҳизби демукроти Тоҷикистон мегӯяд, ки мардуми ин кишвар дар интизори тағйироти ҷиддӣ дар арсаҳои мухталиф буда ва эҷоди навоварӣ дар меҳвари барномаи интихоботии ин ҳизб аст.
Бадахшон барои Эмомалӣ Раҳмон 7800 имзо додаст
Сиёсат
02.10.2013 15:44
753
Созмони ҷавонони Бадахшон ба тарафдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон 7800 имзо супурдааст. Мухолифин мегӯянд, барои Бобоназарова низ аз ин вилоят то 8000 имзо ҷамъ хоҳанд овард.Як манбаъ дар мақомоти вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон гуфт, ки «нақша»-и ҷамъоварии овоз ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ...
Шабнам ва Фарзона: «Мо бо падарамон ифтихор мекунем»
Иҷтимоъ
02.10.2013 15:42
1081
Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, овозхонони саршиноси тоҷик, мегӯнд, аз марги падар сахт андӯҳгин буда, аз ин зарба то ба ҳол ба худ наомадаанд. Овозхонони маъруф дар як тамоси телефонӣ ба мо гуфтанд, падарашон як инсони хоксор буд ва онҳо аз ин инсони бузург, ки онҳоро ба воя расонда, тарбият ....
Нахустин нишасти хабарии нозирони САҲА дар Душанбе
Хабар
02.10.2013 15:40
807
Ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА бо баргузории як нишасти кӯтоҳи хабарӣ, аз оғози фаъолияти худ дар Тоҷикистон дарак доданд. Сафир Параскива Бадеску, раҳбари ҳайати нозирони интихоботии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи 2 октябр ...
Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо насиби паҳлавонони Миср ва Украина шуд
Ҷавонон ва варзиш
01.10.2013 17:20
1295
Охири ҳафтаи гузашта дар майдони варзишии Наврӯзгоҳи пойтахти кишвар нахустин мусобиқаи байналмилалии гӯштии тарзи дзюдо барои гирифтани Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа намояндагони сездаҳ кишвари олам байни ҳам дар ду вазн: вазни то 81 килограмм ва вазни болотар аз 81 килограмм қувва санҷиданд.
Шаби ёд аз устоди шаҳид Раббонӣ
Хабар
01.10.2013 17:15
828
Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ба муносибати дуввумин солгарди ба шаҳодат расидани профессор Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ Раиси Ҷумҳури Давлати Исломии Афғонистон, сиёсатмадор ва олими бузурги исломӣ шаби ёдбуди ин абармарди таърих баргузор гардид, ки дар он намояндагони аҳли зиёи Тоҷикистону Афғонистону Эрон ширкат карданд.