04:39:33 03-уми Июни 2025 сол

Шаби ёд аз устоди шаҳид Раббонӣ

Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ба муносибати дуввумин солгарди ба шаҳодат расидани профессор Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ Раиси Ҷумҳури Давлати Исломии Афғонистон, сиёсатмадор ва олими бузурги исломӣ шаби ёдбуди ин абармарди таърих баргузор гардид, ки дар он намояндагони аҳли зиёи Тоҷикистону Афғонистону Эрон ширкат карданд.

yodbudi-rabboni-2013

Доктор Абдулғафури Орзу, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон дар оғози маҳфил китоби зиндагиномаи пандбори зиндаёд устод Раббониро пеши ҳозирони ин маҳфил варақгардон кард ва зикри хайри ӯро намуд.

Дар ин маҳфил устод Мӯъмин Қаноат, Шоири Халқии Тоҷикистон, Давлат Усмон, сиёсатмадор ва ходими ҷамъиятӣ, Мирзо Шукурзода, нависандаи маъруфи тоҷик, Абдунабӣ Сатторзода, сиёсатмадор ва олими шинохта, Абдулҳаким Аюбӣ, котиби аввали Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Амир Ҳамза Саҳроӣ, атташеи тиҷорати Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Адибаи Азиз шоираи тоҷик ва Султони Ҳамад, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Рӯзгор» аз бӯстони хаёли хеш гулҳои хотираву аз гулистони ашъори худ лолаҳои доғдардилеро, ки барои  ин шаҳиди роҳи сулҳ баста буданд, тақдими ҳозирин карданд.

Дар ин маҳфили фаромӯшношуданӣ ҳама бар ин назар буданд, ки «устод Раббонӣ аз дидаҳо рафт, аммо чеҳраи мубораку нурониву хирадмандонааш дар дилҳо, корнамоиву фидокориҳояш дар ёдҳову саҳафоти таърихи Афғонистону Тоҷикистон барои ҳамеша маҳфуз монд. Марг дер ё зуд дари ҳар фардро мекӯбад, аммо гоҳо гулчин мекунад».

Ҳар гул, ки бештар ба чаман медиҳад сафо,

Гулчини рӯзгор амонаш намедиҳад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854