03:50:20 08-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

"Пират"-ҳои тоҷик дар як ҳизб гирди ҳам меоянд Ҷавонон ва варзиш 06.05.2013 12:17 2301
Ду донишҷӯи тоҷик дар Маскав аз таъсиси Ҳизби пиратии Тоҷикистон хабар доданд. Шаҳбоз Сияров ва Эҳсон Одинаев, донишҷӯёни Донишгоҳи нави Русия (РосНОУ) ба мо гуфтанд, ки ҳадаф аз ташкили ин ҳизб ҳимоят аз озодӣ ва шаффофият дар Интернет, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо ҳукумат ва истифодабарандагону мутахассисони IT - и ....
Афзоиши дахолати Исроил ба ҷанги дохилии Сурия Равзана ба ҷахон 06.05.2013 12:15 766
Дар давоми се рӯзи ахир Исроил ду дафъа хоки Сурияро мавриди ҳамла қарор додаст. Сурия Исроилро бо мушакборони пажӯҳишгоҳи низомӣ дар шаҳри Димашқ муттаҳам кард. Ин хабар баъд аз он нашр шуд, ки субҳи якшанбе пойтахти Сурияро таркишҳои нерӯманд такон доданд.
Созиши Суғду Бодканд барои назорати муштараки марз Иҷтимоъ 06.05.2013 12:12 751
Мақомоти Суғду Бодканд ба хотири пешгирӣ аз такрори муноқиша миёни сокинони манотиқи наздимарзӣ, як гурӯҳи муштараки сайёр таъсис доданд. Рӯзи шанбеи 4-уми май, дар Исфара гуфтушуниди ҳайатҳои вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон сурат гирифт.
Интихобот дар Восеъ оғоз ёфт, вале танҳо бо 3 номзад Uncategorised 05.05.2013 00:00 911
Имрӯз, 5 май, дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Восеъ-39 мардум аз миёни 3 номзад вакили худ дар Маҷлиси намояндагонро интихоб мекунанд.
ВКД боздошти афроди Мирзохӯҷа Аҳмадовро шарҳ дод Иҷтимоъ 04.05.2013 16:54 914
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабабҳои боздошти се нафари наздик ба Мирзохӯҷа Аҳмадовро шарҳ дод.Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин ниҳод ба мо гуфт, дар пайи амалиёти муштараки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ...
Тоҷикистон пахши барномаҳои радиои "Звезда"-ро манъ кард Сиёсат 04.05.2013 16:51 968
Мақомоти Тоҷикистон пахши барномаҳои радиои русии “Звезда”-ро, ки тавассути таҷҳизоти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тақвият меёфт, манъ кардаанд. Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ додааст, ки радиои “Звезда” муҷаввиз ё худ ...
Гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара Хабар 04.05.2013 16:46 949
Субҳи рӯзи шанбеи 4-уми май, дар Исфара гуфтушуниди ҳайатҳои вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон оғоз ёфт.Ҳайати Тоҷикистонро дар ин музокирот Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ва ҳайати Қирғизистонро Жениш Раззоқов, ҳокими вилояти Бодканд...
Ду устоди Донишгоҳи Кӯлобро ба сарбозӣ гирифтанд Иҷтимоъ 04.05.2013 16:43 937
Аз миёни омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи Кӯлоб, ки субҳи 2-уми май аз хобгоҳи омӯзгорони ин Донишгоҳ боздошт шуда буданд, ду нафар ба хидмати ҳарбӣ сафарбар шуд. Ҷамшед Бобохонов ва Зафари Саъдӣ, омӯзгорони факултаи физика, математика ва информатикаи ...
"Корпоратсия"- Русия дар баробари "Роҳи нави абрешим"-и Амрико? Иқтисод 04.05.2013 16:40 5604
Ҳукумати Русия мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ба воситаи кишварҳои Осиёи Миёна, ба рушди иқтисодии ин минтақа таваҷҷуҳ карда ва Корпоратсияи рушди Осиёи Миёнаро таъсис додааст.
Ҷеймс Доббинс ҷойгузини Марк Гроссман шуд Равзана ба ҷахон 04.05.2013 16:37 917
Ҷемc Доббинс ба ҳайси намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон таъйин шудааст. Раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама, ин дипломати кордидаи амрикоиро ба ҳайси намояндаи вижаи худ дар умури Афғонистон ва Покистон, муаррифӣ кард.