01:32:28 08-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Посухи Русия: Жириновский Кремл нест Сиёсат 26.04.2013 00:12 892
Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, изҳороти Жириновский бо мавзеъи расмии Маскав умумияте надорад. Вазорати хориҷаи Русия дар посухи расмиаш ба ёддошти вазорати хориҷаи Тоҷикистон навиштааст, “изҳороти муовини раиси Думаи давлатии Русия, раҳбари ҳизби либерал-демократ...
Путин: Аз Березовский ду нома гирифта будам Равзана ба ҷахон 26.04.2013 00:09 823
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 25 апрел дар як мулоқоти анъанавии солона ба суолҳои мардуми ин кишвар ҷавоб дод.Путин гуфт, ӯ бовар дорад, ки таҳқиқи бомбгузории Бостон Русияву Амрикоро дар мубориза бо терроризм ба ҳам наздик...
Соли мушкили Эмомалӣ Раҳмон Сиёсат 26.04.2013 00:06 908
Президенти Тоҷикистон шояд дар интихоботи моҳи ноябр боз ҳам баранда шавад, вале шароит дигар барояш мисли пеш нахоҳад буд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон 26 апрел дар шароите ба парлумон паём мефиристад, ки таҳлилгарон вазъи ин кишварро оддӣ арзёбӣ намекунанд ва мегӯянд, сол барои худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам соли мушкил хоҳад буд. ....
Бисёриҳо дар Қафқоз аз Тсарнаевҳо ҳимоят мекунанд Равзана ба ҷахон 26.04.2013 00:03 748
Дар ҳоле, ки Ҷавҳар Тсарнаев , яке аз гумонбарони такишҳо дар Бостон ва бародари хурдии Темурлан Тсарнаев, ба гуноҳи худ иқрор шудааст, ҳамватанони онҳо дар Махачқалъа ин қазияро иштибоҳӣ мехонанд.
Кабирӣ: «Телевизиони давлатӣ моли як шахс ё як ҳизб нест» Сиёсат 25.04.2013 11:42 897
Аҳзоби сиёсие, ки расман дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, бояд ҳаққи истифода аз телевизиони давлатиро дошта бошанд ва нуқтаи назари онҳо дар шабакаҳои телевизиюн мунъакис шавад. Ин ибрози назарро бархе аз намояндагони порлумони Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 24 апрел дар ҷараёни баррасӣ ва тасвиби ислоҳи ...
Тоҷикистон изҳороти мақомоти русро маҳкум кард Сиёсат 25.04.2013 11:39 882
Вазорати умури хориҷӣ ва парлумони Тоҷикистон изҳоротҳои ахири Владимир Жириновский ва Дмитрий Рогозинро маҳкум карданд. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз сиёсатмадорони Русия даъват кард, дар паёмҳои расмии худ аз дурустӣ ва одоб кор бигиранд.
Мақомот: Кори "Звезда" қонунӣ нест Сиёсат 25.04.2013 11:36 884
Мақомот мегӯянд, пахши «Звезда», радиои ширкати радиотелевизионии нерӯҳои мусаллаҳои Русия хилофи қонунҳои Тоҷикистон аст. Радиои ҳарбии як кишвари хориҷӣ, дар ҳоле ки бояд хоси маҳдудаи пойгоҳи низомии ин кишвар бошад, бидуни иҷозаи фаъолият ва сабти ном дар шаҳри Душанбе, қисме аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон барнома пахш мекунад.
Душанбе изҳороти Жириновскийро "тӯҳмат ва таҳқир" хонд Сиёсат 25.04.2013 11:25 865
Порлумони Тоҷикистон зимни як муроҷиъа ба Думои давлатии Русия ибрози назарҳои бархе аз мақомоти давлатӣ ва чеҳраҳои сиёсии ин кишвар дар мавриди Тоҷикистонро “таҳқир ва тӯҳмат” унвон кард.
Оё сухани мулло устувонаи ҷомеаро меларзонад? Дин ва ҷомеъа 25.04.2013 11:23 5332
Дар як деҳаи ноҳияи Мӯъминобод пас аз маъвизаи рӯҳоние 50 дарсади сокинон ҳамсарони худро дубора никоҳи мусалмонӣ кардаанд. Ин рӯҳонӣ, ки мақомот аз он ном намебаранд, гуфтааст, ҳар нафаре дар гузашта «тӯи комсомолӣ» карда бошад, “занаш талоқ ва фарзандонаш ҳаромӣ”-янд.
Хориҷиёни дар роҳ ба Душанберо аз Истанбул бармегардонанд Иҷтимоъ 25.04.2013 11:20 918
Манъи тақдими раводид дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ба барномаҳои коршарикони хориҷии Тоҷикистон ва сафари сайёҳон ба ин ҷумҳурӣ тағйири ҷиддӣ ворид намудааст. Бисёриҳо аз он шикоят доранд, ки лаҳзаи охирин: дар фурудгоҳ аснои сабтиноми парвоз ва ё ҳатто дар Душанбе, аз ин иқдом огаҳ шудаанду маҷбур шудаанд, боздиди Тоҷикистонро канор ....