Хазина аз
Додгоҳи "муллои ҷодугар" оғоз мешавад
Иҷтимоъ
17.10.2013 22:49
1445
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 18 октябр ба баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Асадулло Иброҳимов, маъруф ба "муллои ҷодугар", шурӯъ мекунад.Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фардо ҷумъаи 18 октябр ба баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Асадулло ...
ВКД: "Гунаҳкор фарзанди касе набошад, посух хоҳад дод"
Иҷтимоъ
17.10.2013 15:25
1042
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба садамаи писари раиси идораи роҳи оҳан мегӯяд, ки гунаҳкор новобаста аз онки фарзанди кадом шахси воломақом аст, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.Вазорати умури дохилӣ рӯзи 17-уми октябр бо пахши як баёния дар сомонаи расмиаш ба навиштаҳои хабаргузориҳо ...
Исмоил Талбаков: "Ман ба Зайд Саидов ҳамроҳ нашудам"
Сиёсат
17.10.2013 15:21
918
Номзад ба мақоми раисиҷумҳур аз ҳизби коммунист (ҲКТ) мегӯяд, барои ширкат дар интихобот аз касе дастур нагирифтааст ва ба 65 дарсади овозҳо умед мебандад.Ба назари ӯ, аз сабқат берун рафтани ҳатто Эмомалӣ Раҳмон ба раванди интихобот таъсире намерасонад. Исмоил Талбаков дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо мо гуфт ...
Транзити амволи низомии Британия аз қаламрави Тоҷикистон
Иҷтимоъ
17.10.2013 15:19
881
Порлумони Тоҷикистон созишномаи Тоҷикистон Британия дар мавриди транзити амволи низомӣ ва афсарони ин кишвар аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Сайфулло Ғиёсов, вакили порлумон зимни муаррифи ин санад гуфт, ки "созишномаи мазкур аз 2 сентябр барои хулоса ба ҳукумат пешниҳод ...
Баҳси "Роғун" аз Душанбе то Кобулу Порис
Роғун – ормони миллат
17.10.2013 15:17
1650
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чаҳоруми Бонки Ҷаҳонӣ дар робита ба тарҳи нерӯгоҳи Роғун ба кор оғоз мекунад. Масъулони дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки ҷаласаи видеоӣ ба ин муносибат соати 13.00 зуҳри имрӯз дар дафтари ин бонк дар Душанбе сурат мегирад ...
Иди саиди Қурбон муборак, ҳамватанони азиз!
Дин ва ҷомеъа
15.10.2013 11:24
1473
Ҳамватанони азизу гиромӣ, Шуморо бо фарорасии Иди саиди Азҳо ё худ Иди қурбон аз самими дил табрику таҳният гуфта дасти дуо сӯи Парвардигори олам мекушоему барои ҳар яки Шумо ва аҳли хонаводаи Шумо бахту саъодат, рӯзгори хушу хуррам, комёбӣ дар фаъолияти рӯзмараатон талаб мекунем.
Зинда ба зинда сӯхтани 13 муҳоҷир дар дохили мошин
Хабар
13.10.2013 15:33
1051
Бар асари як садамаи ҳалокатбор дар вилояти Самараи Русия 13 муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла аз Узбакистону Тоҷикистон, дар дохили мошин сӯхта, ҳалок шудаанд.Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба масъулини сафорат дастур додааст, то ҳарчӣ зудтар дақиқ кунанд, ки оё дар байни қурбониёни садамаи Самара шаҳрвандониТоҷикистон будаанд ё хайр?
Тошканд сабабҳои садамаи қатори Душанбе - Конибодомро худаш таҳқиқ мекунад
Иҷтимоъ
13.10.2013 15:31
938
Дар Узбакистон куммиссиюни вижае таъсис додаанд, ки бояд дар зарфи 15 рӯз иллатҳои садамаи қатори Душанбе - Конибодомро маълум кунад. Як куммиссиюни вижа дар Узбакистон бояд дар зарфи 15 рӯз иллатҳои аз роҳи оҳан берун шудани 8 вагони қатори Душанбе - Конибодомро мушаххас кунад.
Сӯхтор дар бешазори деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод
Хабар
12.10.2013 22:52
1171
Тибқи иттилои Абдураҳим Раҷабов, директори ташкилоти ҷамъятии Маркази пасткунии хавфи ҳолатҳои фавқулода, ки соати 19-и бегоҳии рӯзи 12-уми октябр бо идораи сомонаи «Рӯзгор» аз наздикиҳои ҷои ҳодиса дар тамос шуда буд, дар ҷангали атрофи деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод...
"Бо рафтани Бобоназарова "интрига"-и интихобот ҳам аз байн рафт"
Сиёсат
12.10.2013 09:58
969
Коршиносон мегӯянд, ки бо берун шудани Ойниҳол Бобоназарова аз сабқати президентӣ, рақобати интихоботӣ аз байн рафт. Ҳуринисо Ғаффорзода, раиси созмони "Оштии миллӣ ва соҳибназари тоҷик мегӯяд, "бо берун шудани Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз ҲНИТ ...