20:47:52 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Ду сокини Восеъ аз боздошти машкук раҳо шуданд Хабар 15.08.2014 22:51 801
Ду сокини деҳаи Гулисойи ноҳияи Восеъ, ки бо гумони узвият ба ҳаркати салафия чаҳор моҳи пеш боздошт шуда буданд, раҳо гардиданд. Ин нафарон дар ҳоле озод шудаанд, ки дар як барномаи телевизионӣ «ба гуноҳи худ иқро шуда буданд» ва дар охирин мурофиа аз ҳимояи вакили дифоъ даст кашиданд.
Бонки миллӣ гуфт, пулҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон нест Иҷтимоъ 15.08.2014 10:07 949
Бонки миллии Тоҷикистон иддаои вазири нафти Эронро рад кард, ки гуфтааст, Бобаки Занҷонӣ, як миллиардери зиндонии кишвараш 2 миллиарду 700 миллион долларро ба ҳисоби бонкии тақаллубиаш ба Тоҷикистон гузаронидааст.
Ислом Каримов, ҷанҷоли Бухоро ва «Манас» Равзана ба ҷахон 15.08.2014 10:05 1016
Профессори қирғиз Осмонакун Иброҳимов дар блоги худ ёддоштеро аз ҷашни 1000-солагии достони «Манас» овардааст, ки чӣ тавр раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов дар мавриди Бухоро ба ҳамтои қирғизи худ Аскар Оқоев дарафтода буд.
Сайёра Сафарӣ танҳо бо ризоияти падараш шавҳар мекунад Зан ва ҷомеъа 15.08.2014 10:03 1454
«Сайёра ҳанӯз чандон маъруф нест, аммо ҳунарманди мабҳуткунандаест. Намедонам, ки чаро кам ба навораш мегиранд, шояд гап дар чеҳраи шарқии ӯст. Барои ман Сайёра як бозёфти нодир аст» , гуфтааст Александр Котт дар мусоҳиба бо сомонаи ...
Афсарони тоҷик одоби муошират бо сайёҳонро меомӯзанд Иҷтимоъ 15.08.2014 10:01 1073
Ба иддае аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла пулис, гумрук ва марзбонон дар Тоҷикистон аз фарҳанги муносибат бо сайёҳони хориҷӣ меомӯзанд. Сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, бояд бо фарҳанги нек рӯбарӯ шаванд, на бо бадмуомилагӣ, беэҳтиромӣ ё ришваситонӣ.
Марям Мирзохонӣ "Ҷоизаи Нобел"-и математикаро соҳиб шуд Хабар 15.08.2014 09:59 819
Марям Мирзохонии 37-сола аз Эрон нахустин зане дар ҷаҳон шуд, ки як ҷоизаи мӯътабар дар риштаи риёзиро ба даст меорад. Марям Мирзохонӣ, риёзидон ё математики эронӣ ба унвони яке аз чаҳор барандаи Ҷоизи байналмилалии Fields Medal ...
Абармарди роҳи қонун Иҷтимоъ 14.08.2014 09:41 960
Номи неки нафароне, ки умри худро сарфи меҳнати ҳалол, накӯкорӣ ва адолату ростқавлӣ кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз сафҳаи таърих зудуда нахоҳад шуд.
Фирдавсӣ ситоишгари ваҳдати динӣ Адабиёт ва фарҳанг 14.08.2014 09:37 1518
Дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар барномаи "Марворидҳои бесадаф" перомуни ҳунару халлоқияти Фирдавсӣ дар таълифи "Шоҳнома"-и безавол суҳбатиҲафиз Раҳмон бо адабиётшинос ва шоири шинохта Рустами Ваҳҳоб доир гашт.
Рӯзноманигорони тоҷик меъёрҳои байналмилалӣ дар журналистикаро меомӯзанд Матбуот 14.08.2014 09:35 1850
Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR), 8 -9 августи соли 2014, дар доираи тренинги «Меъёрҳои байналмилалӣ дар журналистика» ба 14 нафар журналисти шаҳри Душанбе ва ВМКБ, меъёрҳои байналмилалӣ ва тарзи навиштани мақолаи таҳлилию хабариро таълим дод.
Қосим ҳамагӣ масти шароботи Илоҳ аст Адабиёт ва фарҳанг 12.08.2014 10:45 1661
Қосими Анвор ё Қосимуланвор аз шоирони нимаи дуюми асри 14 ва нимаи аввали асри 15 ба ҳисоб рафта, бо ашъори диловези худ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик нақши намоёне гузоштааст. Хонандаи тоҷик ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта бо намунаи осори ин шоири ориф тавассути ...