03:18:50 28-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Абармарди роҳи қонун

Бахшида ба 69-солагии фарзанди баруманди халқи тоҷик Маҳмадов Саидраҳмон Давлатович

Зиндаю ҷовид монд, ҳар к-ӯ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

01 mardi-qonun 1245Номи неки нафароне, ки умри худро сарфи меҳнати ҳалол, накӯкорӣ ва адолату ростқавлӣ кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз сафҳаи таърих зудуда нахоҳад шуд. Баръакс, бо сипарӣ гардидани солҳо оташи муҳаббати ин гуна нафарон дар қалби мардум бештар аланга мезанад. Халқ бо як самимият аз онҳо ба некӣ ёд мекунад ва хотираи онҳоро гиромӣ медорад. Ин қабил афрод намирандаанд, балки баъд аз марг онҳо аз дида ба дилҳо мераванду дар қалби мардум зиндаю ҷовид мемонанд.

Маҳмадов Саидраҳмон яке аз фарзандони ин миллати фарзона мебошад, ки умри бобаракати худро сарфи барқарор кардани адолат ва ростӣ кардааст. Маҳз ростқавлию адолатпешагиаш  буд, ки имрӯз ӯро ҳамчун прокурори адолатпеша ва накӯхислат ёд мекунанд.

Маҳмадов Саидраҳмон соли 1946 дар деҳаи Пашори ноҳияи Тавилдара, ки он замон ба ҳудуди Комсомолобод (Нурободи ҳозира) тааллуқ дошт, дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, ба воя расидааст. Ҳамсолонаш нақл мекунанд, ки ӯ аз хурдӣ дорои хислатҳои некӯ буда, ҳамеша ба ростиву адолат талош мекард.

Мавсуф дар синни ҳафтсолагӣ аввалин бор қадам ба остонаи мактаби миёнаи “Комсомол”-и зодгоҳаш ниҳода, то соли 1955 таҳсил кардааст. Аз сабаби муҳоҷир кардани мардуми ноҳия, оилаи онҳо ба ноҳияи Кировобод (Панҷи ҳозира) куч баст. Ӯ таҳсили худро дар мактаби миёнаи ба номи Телман (айни ҳол мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 5) идома дода, соли 1963 мактаби зикршударо хатм кард. Ҳамон сол ба омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ғарм дохил шуда, онро соли 1966 бо муваффақият хатм намуд. Ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Қумсангир соли 1966 ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз кард. Баъд аз се моҳи корӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР даъват шуда, то соли 1968 хизмат менамояд. Аз хизмат бо рутбаи лейтенанти хурд ба Тоҷикистон бармеградад ва дере нагузашта ӯро ба аъзогии КПСС (ҲКИШ) қабул менамоянд ва ҳамзамон ба вазифаи сардори шуъбаи кадрҳо дар ҷамоати Тугули ноҳияи Панҷ ба кор даъват мешавад.

Соли 1969 ӯро ба вакилии шӯрои маҳаллии деҳаи Тугул ва баъд ба вазифаи котиби шӯрои деҳоти Тугул пешбарӣ намуданд. Соли 1970 барои гирифтани ихтисоси дуюм ба шуъбаи ғоибонаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии ба номи В. И. Ленин дохил шуда, онро соли 1976 бомуваффақият хатм намуд.

Мувофиқи қарори прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба вазифаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Файзобод таъин намуданд. Аз соли 1980 то соли 1984 дар мақоми ҷонишини прокурори ноҳияи Файзобод адои вазифа кардааст.

02 mardi-qonun 1245Баъдан аз соли 1984 то соли 1989 ҳамчун прокурори шаҳри Хоруғи ВМКБ фаъолият кардааст. Аз соли 1989 то соли 1992 дар вазифаи прокурори ноҳияи Совети вилояти Кулоб адои вазифа намудааст. Соли 1992  Маҳмадов Сайраҳмон ба мансаби прокурори ноҳияи Панҷ таъин гардид. Шодравон Маҳмадов Саидраҳмон моҳи декабри соли 1992 дар вақти адои вазифаи хизматӣ аз тарафи гурӯҳи қотилон ба шаҳодат расид. Вале ӯ дар ёди мардум ҳамчун инсони хоксору адолатпеша абадан боқӣ хоҳад монд.

Маҳмадов Саидраҳмон барои меҳнати ҳалолу софдилонааш чандин маротиба аз тарафи роҳбарияти Прокуратуртаи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Имрӯз шаш нафар фарзанди ӯ бо ахлоқи ҳамида ба воя расида, саҳми худро дар ободию якпорчагии кишвари азизи хеш мегузоранд. Онҳо нишонае аз падари некномашон мебошанд.

Ҳукумати вилояти Хатлон хизматҳои чандинсолаи Маҳмадов Саидраҳмонро ба назар гирифта, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 21.06.2008 таҳти №457 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ноҳия Панҷ бо номи Маҳмадов Саидраҳмон гузошта шуд.

Қобили зикр аст, ки мактаби мазкур яке аз мактабҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, садҳо кадрҳои тарбияткардааш имрӯз дар соҳаҳои мухталифи мақомоти давлатӣ фаъолият менамоянд ва саҳми худро дар ободии меҳани азизамон Тоҷикистон мегузоранд. Инчунин, ҳамасола даҳҳо нафар бо дониши аъло ва ахлоқи намунавӣ ин муассисаро хатм менамоянд ва дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҳсилро идома медиҳанд. 

Номгузорӣ шудани мактаби №5 ноҳияи Панҷ бо номи ин марди наҷиб, ки  қариб даҳ сол дар ин мактаб таҳсил намуда, солҳо ҳамчун додситони одил ба мардум хизмат намудааст, басо рамзӣ ва омӯзандаю ибратбахш аст.

Руҳат шод бод марди некном, Саидраҳмон Маҳмадов!

Муҳаммаднабӣ БАЁНӢ, рӯзноманигор



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi