07:09:08 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШИКАСТИ ДАСТАИ АНГЛИЯ ВА РОҲХАТИ ДАСТАИ ИТАЛИЯ БА НИМФИНАЛӢ

Чуноне, ки мухлисони футболи сабқати Ҷоми Аврупо 2012 огоҳӣ доред, дишаб барои пайдо кардани роҳхат ба нимфиналӣ ду дастаи пурқудрат, дастаи мунтахаби Италия ва дастаи мунтахаби Англия бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

/images/stories/2012/06/25_italia-euro2012.jpgҲарчанд ҳарду даста имконияти ба самар расонидани гол доштанд, аммо ба ҳарду даста имконият нашуд, ки туб ба дарвозаи якдигар равона созанд. Ҳаминтавр дар ду қисми аввал ва ду қисми иловагӣ бозӣ мусовӣ ба анҷом расид. Тибқи дастурот агар дар ду қисм ва қисми иловагӣ бозӣ мусовӣ бошад, бояд ёздаҳметра таъйин карда шуд. Аз дастаи Англия ду бозингар, яке Эшли Янга ва Эшли Коула гол ба самар расонида натавонистанд.

Охирин голро бошад, бозингари дастаи мунтахаби Италия Алессандро Диаманти ба самар расонид. Ҳаминтариқ ҳисоб 4:2 бар фоидаи дастаи мунтахаби Италия ва ин имконият медиҳад, ки дар нимфиналӣ дастаи мунтахаби Италия бо дастаи мунтахаби Олмон барои роҳхат пайдо кардан ба финал мусобиқа намоянд.

Акунун 27 июн дастаи мунтахаби Ипания бо дастаи мунтахаби Португол ва 28-ум дастаи мунтахаби Олмон бо дастаи мунтахаби Италия барои роҳхат пайдо кардан ба финали Ҷоми Аврупо 2012 қувваозмоӣ менамоянд.

Сӯҳроби Бохтарӣ, барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi