Домуллои Сурхиён (Тоҷике, ки дар қарни нуздаҳ аз Ҳинд ба Ингилистон сафар кардааст)
Бурҳон Салмонов, барои «Рӯзгор»
Дар нимаи дуюми қарни нуздаҳи милодӣ, замоне, ки шаҳрҳои бузурги мо - Самарқанду Бухоро садҳо мадрасаҳои олӣ доштанд, писарбачаи 17-сола Муҳаммадсолеҳ ибни Муҳаммадшариф ибни Абдураҳим, зодаи деҳаи Ниҳолдараи Файзободи куҳан, дар роҳи илм ба сӯйи Ҳиндустон гом бардошт. Сафари ӯ 27 сол ба дарозо кашид. Истеъдоди фавқулодда ба Муҳаммадсолеҳ имкон дод, ки дар баробари фаро гирифтани илоҳиёт инчунин илмҳои тиб, риёзиёт, ҷуғрофия, ҳандаса ва ғайраро омӯзад. Дар Ҳиндустон ба қуллаҳои баланди илм ва тақво расид ва метавонист он ҷо бимонад ва чун ситорае бидурахшад, аммо қалбаш ҳамеша бо Ватан буд ва бо ёди ёру диёр дилаш метапид.
Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ соли 1900 аз мулки Ҳинд тавассути Афғонистон ба зодгоҳаш баргашт. Ӯ Афғонистонро ҳам ватани худ медонист. Дар дарбори шоҳони он шуҳраташ ба дараҷае расида буд, ки амир Абдураҳмонхон духтари бародараш амир Ҳайдар-Хонимҷонро ба никоҳи Муҳаммадсолеҳ даровард, то ин орифи бузург дар Афғонистон муқимӣ бимонад.
Меҳри Ватан ӯро ба зодгоҳаш овард ва зиндагии басо ҳам пуртазодеро бо ин бузургие, ки дошт, дар ин ҷо сипарӣ намуд ва дар соли 1938 дар сини 81-солагӣ чашм аз дунё баст. Мазораш дар деҳаи Сурхиёни ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдати имрӯза, дар макони биҳиштие воқеъ аст, ихлосмандони зиёрати оромгоҳи Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ кам нестанд.
Ин ҳарфҳои мухтасар бардоште буданд аз китоби "Офтоби паси абрҳо", ки ба қалами набераи Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ маъруф ба домуллои Сурхиён, шахси хеле ҳам фарҳангӣ Муҳаммадрасули Иброҳимзода тааллуқ дорад. Муҳаммадрасул дониши олии филологӣ дошта, тайи беш аз понздаҳ соли охир осору рӯзгори бобои бузургворашро омӯхта, чанд китобе ҳам ба нашр расондааст.
Шахси донишманд, ки ҳаст аз рӯйи китоби "Тибби Мавлавӣ"-и бобои бузургвораш ба табобати мардум пардохта ва табиби муваффақу шинохта ҳам мебошад. Чанде пеш ҷиҳати зиёрати оромгоҳи мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ бо ҳамроҳии наберааш Муҳаммадрасул Иброҳимзода роҳи деҳаи Сурхиёнро пеш гирифтем. Роҳи навадкилометраи Душанбе-Сурхиён бо тамоми мушкилоташ чӣ гуна пушти сар шуд, надонистем. Суҳбати мо раҳораҳ аз рӯзгори Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ буд. Муҳаммадрасул аз таҳқикоти анҷомдода, такудавҳояш дар чопи китобҳо ва сохтани мақбараи хеле зебои бобояш аз ҷониби ҳамдиёрон хеле бомеҳр ҳарф мезад.
-Бобои ман, ҳазрати мавлавӣ шахси сиёсӣ набуд,-мегӯяд Муҳаммадрасул. Дар роҳи расидан ба Ҳақ заҳмати зиёде кашид, сӯфӣ буд, мартабаи авлиёиро касб кард. Табиби хеле донишманд ҳам буд. Тибби ҳиндиро омӯхт, барои табобат осори пурқимате низ аз худ боқӣ гузошт, ки ман аз навиштаҳои бобои бузургам дар табобати мардум истифода мекунам.
Бобоям соли 1874- ум озими Ҳиндустон шуд. Дар хобаш ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадониро дида буд. Ин пири тариқат ӯро барои дониш андӯхтан ба Ҳиндустон ҳидоят мекард. Он вақт 17 ё 18 сол дошт ва ҳофизи Қуръони маҷид буд. Саводи ибтидоиашро дар ватан, дар назди домулло Одина, бобои Эшони Тоҷ бароварда буд. Дар роҳ ба Ҳиндустон се сол дар мадрасаҳои Кобул, Ҳирот ва Қандаҳор илм меомӯзад. Баъдан ба Кашмири Ҳиндустон меравад. дар Кашмир ба мартабаи авлиёӣ расид. Бояд бигӯям, ки бобоям дар Ҳиндустон асосан дар се шаҳр: Бомбай, Деҳлӣ ва Кашмир таҳсил карда буд. Забонҳои арабӣ, урду, англисӣ ва ҳиндуро хуб медонистанд.
Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ дар соли 1887 дар ҳайати 22 нафараи ҷавонони Ҳиндустон ба Англия сафар мекунад. Сафари Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ ба Лондон аз ҷониби мустамликагарони англис ҷанбаи сиёсӣ дошт, зеро онҳо мехостанд дар ниҳоди ҷавонони ҳинду меҳру муҳаббати Ғарбро амиқтар созанд. Бинобар ин, онҳо ба ин ҳайат толибилмони пешқадам ва боҳушу гӯшро шомил намуда, мехостанд дар оянда ҷонибдорону муттакои хешро тарбия намоянд.
Ҷуноне аз рӯзгори Ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммасолеҳ дар мулки Ҳинд бармеояд, ӯ бо хати иршоди дар дастдошта ва мактуби шахсии яке аз пирони тариқати сулуки сӯфия дар шаҳри Кашмир авлиё Шамсуллоҳ Мирҳасан, ки пири амирони Афғонистон низ маҳсуб меёфт, соли 1887 ба Кобул бармегардад. Амир Абдураҳмонхон аз номаи пири тариқаташ бо шахсияти Муҳаммадсолеҳ шинос шуда, ӯро табиби дарбор таъйин намуда, аз вай хоҳиш менамояд, ки чанд соле дар мадрасаҳои шаҳри Кобул чун устод ба тадрису таълими тиб ва илоҳиёт пардозад. Дар он айём табибони Кобул дар табобати Ҳабибуллохон - писари шоҳ, ки ба маризии ҷигар гирифтор буд, ноилоҷ монда буданд.
Муҳаммадсолеҳ Ҳабибуллоҳхонро табобат намуд. Бо шифоёбии валиаҳди шоҳ боварию эътиқоди дарбор, бахусус шоҳ ба табиби тоҷик боз ҳам бештар гардид. Амир Абдураҳмонхон духтари бародараш амир Ҳайдарро никоҳ карда ба ӯ медиҳад. Муҳаммадсолеҳ 13 сол дар шаҳри Кобул монд ва аз он ҷо бо ҳамсару писараш бо исми Муҳаммадаслам (таваллудаш 1898 милодӣ, Кобул) озими ватан гардид.
Бояд тазаккур дод, ки бозгашти Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ ба ватан барояш суруру шодӣ оварда бошад ҳам, ғаму андӯҳ низ дар пай дошт. Падари бузургвораш, домуллои хеле маъруф Муҳаммадшариф, ки 27 сол қабл нури дидааш Муҳаммадсолеҳро барои сафари дуру тӯлонӣ дуо дода буд, чеҳра ба хок кашида, муридону ихлосмандонаш ҳанӯз ҳам аз реҳлати ӯ ашк мерехтанд. Модари Мавлавӣ аз дидор бо фарзанди ба мартабаи авлиёӣ расида хеле шод гашт.
Муҳаммадсолеҳ марди бутун гашта, ришу салла ва қабои сабзаш ба ӯ хеле мувофиқ афтода буд. Бозгашти Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ ба ватан шуру ғиреви шодмониро дар бекигарии Ҳисор ба амал овард. Ҳазорон одамон ба дидорбинию зиёраташ омада, дуояшро мегирифтанд. Аз мансабҳои пешниҳоднамудаи бекигарӣ даст кашид. Дар зодгоҳаш Ниҳолдара ва Сурхиён ба тадрису таълими ҳамватанон пардохт ва хидмати модари бузургворашро то реҳлати ин мастура ба ҷо овард.
Баъди бозгашт ба ватан Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ танҳо як бори дигар аз ватан берун рафт. Ин соли 1907 ба вуқӯъ пайваста буд. Ҳамроҳи чанд нафар ҳамдеҳагон ба Кобул сафар намуда, зану фарзандашро ба ватанашон бурда буд. Хонимҷон, зани Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ, духтари амир Ҳайдар, бародари амир Абдураҳмонхон то соли 1960 дар қайди ҳаёт буд. Мазораш дар деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод воқеъ аст. Фарзандони Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ аз шоҳдухтар Хонумҷон ду духтару ду писар дошт.
Махдуми Аслам ва Махдуми Абдулҳак шахсиятҳои ботақвое буданд ва дар тарбияи динию маънавии сокинони ноҳия хеле ҳам ҳисса гузоштаанд. Бояд хотирнишон сохт, ки Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ се издивоҷ карда буд ва аз се зан соҳиби 6 писару 4 духтар буд. Фарзанди Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ Махдуми Абдулқуддус (тав.1924) бо тахаллуси "Даҳмарда" (рӯҳаш шод бод) на танҳо дар ноҳияи Файзободу шаҳри Ваҳдат, балки дар навоҳии гирду атроф муридону ихлосмандони зиёде дошт. Имрӯз мардум аз ӯ бо некӣ ёд мекунанд. Махсуми Даҳмарда то рӯзҳои охирини зиндагии хеш мардумро ба ободии ватан, ваҳдати миллӣ ва дӯстию бародарӣ даъват менамуд.
Меоем сари рӯзгори Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ дар замони шӯравӣ. Он чӣ гуна буд ва чӣ шуду чӣ монд, ки ин валию авлиё аз тунбоди террори сталинӣ сиҳату саломат ва эмин монд?
Ҳамсафари мо Муҳаммадрасул мегӯяд, ки бобои бузургвораш шахсияти сиёсӣ набуд ва дар тӯли зиндагиаш ба сиёсат, ба умури давлатдории сохти амирӣ ва сотсиалистии шӯравӣ дахолате ҳам накардааст.
Муҳаммадрасул Иброҳимзода дар китоби "Офтоби паси абрҳо", иқтибосеро аз таълимоти Шайх Абӯалӣ ибни Сино меорад, ки чунин аст: "Аз орифон ба гӯши ту ахборе бирасад, хилофи одат бошад ва ту онҳоро рад кунӣ, мисли ин ки гӯянд: Орифе барои мардум борон хост ва борон омад, ё бемореро шифо хост, шифо ёфтанд… ё ҷонварони ваҳшӣ эшонро фармон бурданд, ё мурғон аз он нарамиданд… албатта, инҳо комилан мумкин аст, зеро ҳаммонанди ин хел корҳо дар розҳои ғайбӣ асбобест ва бошад, ки ман бархе аз онҳоро барои ту ёд кунам". Он гоҳ бигӯянд: " Ҳам таҷриба, ҳам қиёсу истеъдоди ақлӣ собит кардааст, ки мумкин аст нафси нотиқаи инсон дар вақти бедорӣ аз мурғайибот огоҳ шавад, чунонки одам дар олами хоб онро мебинад".
Солҳои сиюми қарни гузашта таъқиботи олимону домуллоҳо ва муллоҳо дар Тоҷикистон низ оғоз ёфт, ки Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ ҳам аз имтиҳони рӯзгор дар канор намонд. Ҳама медонистанд, ки ин қутбу валӣ ба чӣ қодир аст. Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ ҳамчун пир муридону мардумро ба роҳи рост ҳидоят намуда, мегуфт, ки ҳар фарде дар кадом мақому мансабе набошад, Худои бузургро фаромӯш насозад, зеро бе ризояти субҳон Аллоҳ ҳеҷ тағйироте дар ҷаҳон рух нахоҳад дод.
Аммо оташи сиёсати атеистии замон ба домони поки ин бузургвор наздик омад ва хостанд ӯро дар ҷумлаи "бою муллою аҳли тақвою китобдор, заминдор ва феодал" ба Сибир ё Қафқоз бадарға намоянд. Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз забони шоҳидони ҳоли он замон, ки аксарашон ҳанӯз зиндаанд, шунидааст, ки дастгиркунандагони ҳазрати Мавлавӣ то деҳаи Сурхиён расидан ба сад бало гирифтор мешуданд. Ё аз асп афтида гарданашон мешикаст ё лабу даҳонашон каҷ мешуд ва ё чашмонашон аз косахонаи сарашон берун меҷаст. Мавлавӣ бошад онҳоро табобат мекард ва шифоёфтагон дар назди Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ тавба менамуданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ аз таъқибот раҳоӣ надошт, то вақте ки як комиссияи ҳукуматӣ аз Маскав барои "имтиҳонаш" наомад.
Соли 1934 Маскав ба сардори гарнизони таъйиноти махсуси НКВД дар шаҳри Душанбе Абдулло Валишев супориш медиҳад, ки сатҳи дониши Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳро бо иштироки ду шарқшинос мушаххас намуда, аз миёни мардум "душманони халқ"-ро ҷудо намоянд. (Валишев Абдулло Негмонович, "Чекистские были", Душанбе: "Ирфон", 1988) Ҳукуматиҳо мардуми якчанд деҳаҳои гирду атрофро дар деҳаи Лошхарф ҷамъ меоранд, ки дар байни онҳо низ аҳли илму муллоҳои зиёде буданд.
Абдулло Валишев, ки шахси босавод буду хатти арабиро хуб медонист, ба Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ мактуб навишта, ба деҳаи Сурхиён, ки аз Лошхарф 4 километр дуртар буд, мефиристад. Азбаски чекисти баландрутба аз кӯфти роҳи тӯлонӣ хеле хастаю шалпар шуда буд, дар масҷиди деҳаи Лошхарф дароз кашида, мехоҳад сари хобашро гирад. Дар берун 25 сарбоз ӯро посбонӣ менамуданд. Абдулло Валишев аз хоби сарироҳӣ бо доду фарёд бедор шуда, пойи пиёда ба пешвози мавлавӣ, ки аз деҳаи Сурхиён ба мулоқот меомад, мешитобад.
Чекист аз Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ барои чунин густхоҳӣ узр пурсида, ҳарду суҳбаткунон вориди масҷиди Лошхарф мегарданд. Суҳбати "меҳмонон"-у Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ панҷ соат тӯл мекашад. Ду шарқшинос, ки яке русу дигаре тотор буданд, бо дидану ташхиси чор муҳри хати иршод аз се шаҳри бузурги Ҳиндустон ва шаҳри Кобул ин бузургворро имтиҳон гирифта, ба ин хулоса меоянд, ки Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ доктори чор фан: фалсафа, риёзиёт, нуҷум ва тиб буда, ба ҳукумату давлат мисли обу ҳаво зарур аст. Бо ҳамин Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ аз таъқиботи сталинӣ раҳо ёфта, то охири умри мубораки хеш дигар касе муқобили ӯ иқдоме накардааст.
Рӯҳу равонаш шод бод!
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 02 октябри соли 2013
-
08.05.2025 15:28
153
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе
-
08.05.2025 09:32
106
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
-
04.05.2025 13:40
141
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар
-
07.05.2025 23:59
183
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
309
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
138
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
14.05.2025 23:38
66
Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳаи «CASA-1000» оғоз гардид
-
12.05.2025 23:24
112
Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷаҳони нави исломӣ: стратегияи ҳамкорӣ
-
11.05.2025 13:24
99
Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд
-
14.10.2024 18:41
711
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1409
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3101
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
22.03.2025 12:38
271
Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди кишвар оид ба об ва пиряхҳо дар СММ
-
23.02.2025 18:20
391
Фишори Трамп ба USAID ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон – оё таҳдид воқеӣ аст?
-
14.10.2024 18:43
690
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
-
20.03.2025 11:59
273
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
512
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
633
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
13.04.2025 00:00
216
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
228
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
16.07.2023 02:12
1307
Чаро Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷирони тоҷикро қабул намекунад?
-
28.02.2025 13:34
444
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
731
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1523
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:19
330
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1528
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
07.03.2022 09:26
1646
ИДАТОН МУБОРАК, МОДАРОНИ АЗИЗ!!!
-
03.09.2021 08:38
1845
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2046
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2736
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
256
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
232
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
679
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2738
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3183
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3169
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
389
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
452
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
391
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?