10:58:38 17-уми Январи 2025 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2025 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид

Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев (-73 кг) сазовори медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе гардид.

muhiddin asadullo 2025411Муҳидин Асадуллоев дар қувваозмоиҳо варзишгарон аз дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо, Полша ва Италияро мағлуб намуда ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин марҳила Муҳидин Асадуллоев аз варзишгари ҷопон Юсуке Текейчи муғлуб шуда, раҳобатро барои медали биринҷӣ идома дод.

Дар рақобат барои медали биринҷӣ Муҳиддин Асадуллоев Абубакар Исуповро аз дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо мағлуб намуд.

Дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон варзишгари тоҷик Лоиқ Қудбиддинов (-60 кг) сазовори медали нуқра гардид.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид, ки то 6 октябр идома меёбад. Дар чемпионат 531 варзишгар (290 мард, 241 зан) аз 67 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Дар ин мусобиқа варзишгарони то 21-сола иштирок менамоянд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi