ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?
Айни замон дар саросари ҷаҳон авҷ гирифтани низоъҳои шадид, бархӯрдҳои глобалӣ ва минтақавӣ ба мушоҳида мерасад. Фаластин, Ғазза ва Лубнон зери фишори таҷовузкоронаи Исроил қарор доранд ва теъдоди қурбониёни ғайринизомӣ босуръат меафзояд. Теҳрон ва Тел-Авив мубодилаи ҳамлаҳои мушакӣ ба ҳадафҳои низомии стратегӣ доранд ва масъалаи тавлиди силоҳи ҳастаӣ дар Эрон доғ аст. Русия бо суръат дар мавқеъҳои Украина пеш меравад ва танишҳо дар Мянмар, Венесуэла ва қитъаи Африқо низ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш меёбанд.
Дар чунин марҳилаи ноустувор, амалҳои кишварҳое, ки дар ҳама низоъҳои калон нақши асосиро мебозанд, ҳамеша ҷолибанд. Сухан, албатта, дар бораи ИМА меравад, ки бевосита ё бавосита дар ҳама муноқишаҳои номбаршуда иштирок мекунанд.
Дар тӯли чанд моҳи охир, Иёлоти Муттаҳида ду амали хеле муҳимеро анҷом дод, ки ба амнияти ҷаҳонӣ таъсир мерасонанд:
Дар моҳи июл, дар саммити НАТО, ИМА ва Олмон эълон карданд, ки дар яке аз пойгоҳҳои Олмон мушакҳои дурпарвоз ҷойгир карда мешаванд. Тибқи нақшаҳои ин кишварҳо, ҷойгиркунии мушакҳо соли 2026 оғоз меёбад. Дар байни силоҳҳои ба нақша гирифташуда, мушаки Raytheon SM-6, "Tomahawk", Lockheed Martin Precision Strike Missile (PrSM) мебошанд.
Аммо аз ҳама силоҳи пурқувваттаринаш мушаки гиперсадоӣ, ки бо номи “Уқоби сиёҳ” ("Long-Range Hypersonic Weapon Dark Eagle") маъруф аст. Тибқи таҳлили институти Байналмилалии тадқиқоти стратегӣ (Британияи Кабир), масофаи дақиқи система махфӣ аст, аммо мансабдорони амрикоӣ, ки таҳияи онро назорат мекунанд, онро ҳамчун системаи масофаи миёна тавсиф карданд, ки он масофаи зиёда аз 3000 км дорад. Ҳамин тариқ, тамоми Аврупо, қисми ғарбии Русия, Қазоқистон ва ҳатто Туркия дар минтақаи зарардиҳии ин мушак қарор хоҳанд гирифт.
Дар моҳи сентябр маълум шуд, ки Иёлоти Муттаҳида системаҳои мушакиро дар Филиппин боз намегардонад. Тавре хабаргузории “Reuters” хабар медиҳад, моҳи апрели соли равон аз ҷониби низомиёни амрикоӣ барои гузаронидани машқҳои муштарак ба ин кишвар маҷмӯи мушакҳои "Тайфун" оварда шуд.
Аммо пас аз машқҳои муштарак ин мушакҳо дар қаламрави ин кишвар боқӣ мондаанд ва пас аз муддате маълум шуд, ки ИМА ин мушакҳоро ба ҳеҷ ҷое интиқол намедиҳад, дар оянда низ дар кишвари Филиппин боқӣ хоҳанд монд. “Тайфун” як комплекси хеле ҷиддӣ аст, ки қодир ба партоби мушакҳои миёнапарвозро дорад. Дар зери зарбаи эҳтимолӣ соҳили ҷанубии Чин метавонад зери ҳамла қарор гирад.
Ҳамин тариқ, ИМА дар тӯли чанд моҳи охир барои тақвияти ҳузури низомӣ ҳам дар Аврупо ва ҳам дар Осиё ду иқдоми хеле шадид андешид. Ҷолиби диққат аст, ки Пентагон дар ин ҷо низ таваққуф намекунад: Ба навиштаи хабаргузории Japan Times, дар Ҷопон инчунин мушакҳои миёнапарвоз ҷойгир карда мешаванд, ки метавонанд ба қаламрави Русия, Кореяи Шимолӣ ва Чин зарба зананд.
Ҳеҷ умеде барои заиф кардани сиёсати таҷовузкоронаи ИМА пас аз интихоботи оянда низ пешбинӣ нашудааст, ҳам Камала Харрис ва ҳам Доналд Трамп дар изҳороти худ ниятҳои тақвияти ҳузури низомиро дар саросари ҷаҳон тасдиқ мекунанд.
Вашингтон ба таври возеҳ нигарем самти низоъро боло мебарад ва бо дарназардошти он ки ИМА ягона кишварест, ки силоҳи ҳастаиро истифода кардааст, амалҳои онҳо метавонанд ба амнияти ҷаҳонӣ, ки аллакай рӯзҳои бадро аз сар мегузаронанд, таҳдиди ҷиддӣ расонанд.